Ваъзияти мураккаби ҷаҳони муосир бо сабаби ба таъбири Пешвои миллат, ки дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, «торафт доман паҳн намудани ҷуғрофияи нооромиҳо, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд”. Ҷангҳои Сурияву Ироқ, низоъҳо дар Фаластин, амалҳои террористӣ дар Афғонистону Покистон ва дигар гўшаю канори олам шореҳи ҳақиқати ин амр ҳастанд, ки паёмадҳои номатлуби экстеризм ва терроризм на танҳо ба миллат ва халқиятҳои ҷудогона, балки ба ҳаёт ва сарнавишти инсоният дар тамоми сайёра хатар эҷод менамояд. Зуҳури чандин амалҳои экстремистӣ дар кишварҳои ғарбӣ ҳатто омил бар он гардидааст, ки коршиносону сиёсатмадорони мамолики мазкур маҷмӯи чунин руйкардҳои номатлуб ва фоҷиабору хуношомро ба мусалмонон нисбат дода, аз ин роҳ ҳатто рӯи арзишҳои дини мубини ислом хати бутлон мекашанд. Ҳол он ки аз дидгоҳи дини мубини ислом, ки сарчашмаи он дар китоби муқаддаси Қуръон қарор дорад, қатлу куштори одамони бегуноҳ аз ҷумлаи гуноҳони кабира дониста мешавад ва худ ҳамин матлаб таъкид бар он дорад, ки дини мубини ислом ҳеҷ робитае ба экстремизм ва терроризм надорад. Чун худ террористу эктремист на Ватан дораду на миллат ва на дину на мазҳаб, балки онон гурӯҳе ҳастанд, ки бо истифода аз нерӯи бузурги дини ислом ва таъсири он дар ҷомеа мехоҳанд ҳадафҳои нопоки хешро пиёда гардонанд.Ин нуктаро борҳо аз минбарҳои баланди конфронсҳои сатҳи ҷаҳонии марбут ба ин мавзуъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд. Аз ҷумла, дар суханронии хеш дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзўи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» (04.05.2018) Пешвои миллати мо қайд карданд: «…боиси нигаронии амиқ аст, ки террористон ва ифротгароён бо сўиистифода аз номи поки дини ислом ба паҳншавии афкори исломситезӣ ва бадбинии мусулмонон мусоидат менамоянд».
Таваҷҷуҳ ба аслу моҳияти таълимоти дини мубини ислом баёнгари он аст, ки ҳаргиз ҷое дар китоби муқаддаси мусалмонон- Қуръон, аҳодиси Паёмбари Акрам, дигар осори барҷастаи динӣ сухан аз сарҳадгузорӣ миёни миллату мазоҳиб, ҳатто адён нарафтааст, чун дар асл дар меҳвари омӯзаҳои дини ислом шинохти мавқеъ ва манзалати худи инсон дар миёни офаридаҳои дигар меравад. Бо дарки ҳамин нуктаи муҳим ҳануз амирони Сомонӣ ба рӯзгори хеш барои эҷоди ҷомеаи осоишта ва таъмини ваҳдати комили сиёсӣ дар қаламрави хеш арзишҳои миллӣ ва диниро тавъам эҳё ва тарғибу ташвиқ намудаанд, ки ин шеваи сиёсатгузорӣ муҷиби таҳкими аркони давлатдорӣ ва қудрати сиёсии онон гардидааст. Аз як сӯ, эҳёи арзишҳои миллӣ, дар сурати ҷараёни маъруф ба “эҳёи Аҷам”, ки бар пояи он Ҳаким Фирдавсӣ бо дастури ин хонадони миллӣ бо навиштани “Шоҳнома”-и безавол “аҷамро бо порсӣ зинда кард” ва аз ҷониби дигар тақвияту тарғиби пояҳои мазҳаби бузурги ҳанафӣ ва таълифи силсилаи осори динӣ бар пояи таълимоти Имом Абуҳанифа, инчунин тарҷума ва тафсири китоби муқаддаси Қуръон ҳақиқати ин тадбири сиёсӣ ва самараҳои матлуби онро шарҳу тафсир мекунад.
Ҷои таассуф аст, ки имрӯз гуруҳҳои тундрав ва террористӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш бо ҷудоиандозиҳо миёни арзишҳои динӣ ва миллӣ ва ҳатто кашидани хати бутлон ба рӯи тамоми дастовардҳои ақлонии миллатҳо ва ҳатто эътироф накардани худи мафҳуми миллат ифротгароии диниро иртифоъ бахшида, раванди «мағзшўӣ»-ротақвият мебахшанд, ки натиҷаи он гумроҳии афрод ва сар задани қатлу куштор мегардад. Ба таври умум, мафкураи ҷудоихоҳонаи гуруҳҳои ифротӣ дар чунин зинаҳо арзишҳои миллиро инкор намуда, ғояҳои нодурусти хешро, ки сарчашма дар андешаҳои номатлуби худи онҳо, на ягон манобеу осори мустанад доранд, талқин мекунанд:
1. Эътироф накардани худи миллат ва масоили миллӣ. Ба андешаи ин гуруҳҳои раҳгумзада гӯё тақсим кардани олам ба миллатҳо кори душманони ислом асту дар таркиби дини ислом маҳфуми миллат мавҷуд намебошад, яъне мардумони олам ба миллатҳо қисмат намешаванд ва ҳама як миллат, аҳли умма ба шумор мераванд;
2. Эътироф накардани забони миллӣ ва исти

1. Эътироф накардани худи миллат ва масоили миллӣ. Ба андешаи ин гуруҳҳои раҳгумзада гӯё тақсим кардани олам ба миллатҳо кори душманони ислом асту дар таркиби дини ислом маҳфуми миллат мавҷуд намебошад, яъне мардумони олам ба миллатҳо қисмат намешаванд ва ҳама як миллат, аҳли умма ба шумор
мераванд
2. Эътироф накардани забони миллӣ ва истифодаи забони арабӣ дар муошират. Ин гурӯҳони гумроҳ аз сари андешаҳои ифротӣ маҷмуи забонҳои оламро эътироф намекунанд, ба ҷуз забони арабӣ. Аммо ин дар ҳолест, ки фақеҳони барҷастаи ҳанафӣ ҳанӯз дар замони Сомониён дар Мовароуннаҳр фатвои тарҷумаи китоби муқаддаси Қуръонро доданд, ки маҳсули он китоби “Тарҷумаи Тафсири Табарӣ” буда, ҳазорон сол аст, ки дар ташаккули афкори динӣ ва андешаи миллии мардуми тоҷик хидмат мекунанд.
3. Эътироф накардани фарҳанги миллӣ. Доираҳои манфиатҷў, мубаллиғони ақидаҳои экстремистӣ ва террористӣ бар ин назари ифротгароёна ҳастанд, ки урфу одатҳои миллӣ бидъат ва ё боқимондаи динҳои бутпарастиву оташпарастӣ ва давраи ҷоҳилӣ ба шумор меравад. Ҳамин дидгоҳҳои маҳдуд ва мунҳасир ба ҷаҳонбинии танги ифротии онҳо боис шуд, ки афкори зидду нақиз роҷеъ ба ҷашну оинҳои миллии Наврӯзу Садаву Меҳргон баён намуда, ҳатто ин русуми мубораки саршор аз ғояҳои олии инсониро бо пайванд додан ба адёни дигар, аз ҷумла дини зардуштӣ инкор ва ҳатто таҷлили онҳоро ба қавли худ “макруҳ” мешуморанд. Сарчашмаи чунин пиндорҳои ифротгароёна ҳамоно ноогоҳӣ ва дониши зарурӣ надоштани ин гуруҳҳо роҷеъ ба таъриху фарҳанги қадим маҳсуб мешавад, зеро ҳануз ҳеҷ адёне шояд набуда, ки ин ҷашнҳо дар пиндорҳои инсонгароёнаи ниёкони мо ба ҳукми ҷашнҳои марбут ба табиат, оғози офариниш ва андешаҳои созанда ҷой доштанд. Таваҷҷуҳ ба таркиби оинҳои Наврӯз худ баёнгари он аст, ки дар зимни ҳар яке аз онҳо як андешаи созанда ва ба қавле дар ниҳояти маърифати ҳар яке аз ин русуми миллӣ ҳамон се рукни барҷастаи ахлоқи башарӣ “Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек” нуҳуфтааст. Маҳз, ҳамин фарҳанги барҷастаи ахлоқии оинҳои таркиби Наврӯз омил шуд, ки бо пешниҳоди Пешвои миллати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории кишварҳои меросбари Навруз ин ҷашни бузурги миллии мо аз ҷониби ҷаҳониён истиқбол пазируфта, дар давоми чанд соли охир дар бештар аз 150 кишвари олам ҷашн гирифта мешавад. Истиқболи ҷаҳониён аз Наврӯз худ шореҳи ин ҳақиқат аст, ки ин ҷашни фархунда на танҳо дастоварди миллати мо, балки бо фарогирии арзишҳои умумиинсонӣ ба як рукни барҷастаи тамаддуни инсонӣ табдил ёфта, имрӯз ба тамоми башарият барои расидан ба ормонҳои барҷаста ва олии инсонӣ хидмат мекунад.
Ин матолиб бори дигар аз он дарак медиҳанд, ки имруз ба масъалаи шинохти арзишҳои динӣ ва миллӣ аз дидгоҳи пайванди ногусастании онҳо дар тарбияи ҷомеаи инсонӣ руҷуъ намоем. Аз ин рӯ, сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода дар мақолаи хеш «Дин ва арзишҳои миллӣ» дуруст қайд намудаанд, ки дину мазҳаб як шохаи худшиносии миллӣ мебошад”. Ҳикмати ин сухан дар он нукта дар нақши муассири миллати тоҷик дар тарвиҷи арзишҳои дини мубини ислом муҷассам мешавад. Маълум аст, ки гузаштагони шарафманди мо ба монанди Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Имоми Аъзам, Абўлайси Самарқандӣ, Мотуридӣ, Абдуллоҳи Ансорӣ, Баҳоваддини Нақшбанд, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва ҳазорҳо нафари дигар бо як даст таълимоти дини мубини ислом ва ба дасти дигар арзишҳои миллиро маҳфуз дошта, дар тарвиҷи падидаҳои нодири он саҳми бузурге аз худ гузоштаанд.
Агар мо муҳимтарин манобеъ, сарчашмаҳо ва қомусу донишномаҳои роҷеъ ба дини ислом нашршударо варақгардон кунем, номи ҳазорон нафаронеро дучор мегардем, ки аслан зодагони Мовароуннаҳру Хуросон, аҷдоди шарафманди мо буданд. Агар дини ислом дар ҳудуди Арабистону Ҳиҷоз арзи ҳастӣ карда бошад, таълимоти онро ниёгони шарафманди мо ба саросари ҷаҳон нашр намудаанд, ки хадамоти беназири Абурайҳони Берунӣ, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ ва дигарон дар ривоҷи дини ислом дар Ҳинд ва манотиқи дигар худ тафсиргари ҳақиқати ин амр аст. Аз ин ҷиҳат, беҳикмат нест, ки ҳанӯз ба рӯзгори хеш пайғамбари ислом Муҳаммад (с) ба намояндагони миллатҳои дигар, аз ҷумла ниёкони мо арҷу эҳтироми хос зоҳир намудаанд. Масалан, Салмони Форсиро, ки намояндаи мардуми тоҷик буд, бо эҳтиром «аҳли байти ман» хитоб кардаанд. Дар баробари ин роҷеъ ба аҷдоди мо тоҷикон гуфтаанд, ки агар илм бар Сурайё расад, мардумони форс (манзур аҷдоди мо тоҷикон аст) ба он даст ёбанд.
Таваҷҷуҳ ба таърихи қарнҳои аввали исломӣ низ як нуктаро равшан месозад, ки дониш
мандону соҳибназароне, ки аслан аҷдоди тоҷикону форсизабонон бубанд, бо тасаллут ба забони арабӣ дар кутоҳтарин фурсат ба хотири ҳифзи ганҷинаҳои нодири миллӣ осоре фаровонеро аз паҳлавӣ ба арабӣ тарҷума намуданд. Дар саргаҳи ин неҳзат яке аз мутарҷимони маъруф Ибни Муқаффаъ қарор дошт ва ў осори фарҳангиву адабии мардуми форсизабонро, ки пеш аз ислом таълиф гашта буданд, ба забони арабӣ тарҷума карда, ба мардуми аъроб собит намуд, ки мардуми форсу тоҷик таърих, адабиёт ва фарҳанги куҳан доранд. Аз сӯи дигар, ин арзишҳо аз ҷониби донишмандону адибон ва суханварони араб ба хушӣ истиқбол ёфта, дар баробари бароварда гардонидани ниёзҳои маънавии ин мардум ба эҷоди анвоъи осори тозае дар забони арабӣ омил гадид.
Руҷуъ ба ин рӯйдодҳои таърихӣ бори дигар ба мо ин нуктаро мусаллам мегардонад, ки танҳо ба ҳам оштӣ додани арзишҳои милливу динӣ, шинохти фарҳанги динӣ ба унвони як рукни худшиносӣ, ки устод Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода низ бар он таъкид фармудаанд, омил мегардад, ки тафаккури солиму созанда дар ҷомеа ғолиб бошад. Ин андешаи мубораку мунир пеш аз ҳама аз таълимоти таҳаммулгароёнаи Пешвои мубораки мазҳабии мо тоҷикон Имом Абуҳанифа сарчашма мегирад ва мо сокинони Тоҷикистон дар тўли асрҳо пайрави мазҳаби ҳанафӣ ҳастед, бояд имрӯзу фардо ва фардоҳои низ аз ҳамин таълимоти бузургу пешкор ва инсонсоз пайравӣ намуда, миллати созандаву бунёдкор ва андешапарвар, ҷаҳонсоз ва офаринанда ва вориси сазовори ин бузургони тамаддунсозбудани тоҷиконро ба ҷаҳониён ба намоиш гузорем.