Рӯзе зи сари санг уқобе ба ҳаво хост,
Аз баҳри тамаъ болу пари хеш биёрост.
Бар ростии бол назар карду чунин гуфт:
“Имрӯз ҳама рӯйи замин зери пари мост.
Гар авҷ бигирам, бипарам аз назари шед,
Мебинам агар заррае андар таги дарёст.
Гар бар сари хошок яке пашша биҷунбад,
Ҷунбидани он пашша аён дар назари мост”.
Бисёр манӣ¹ карду зи тақдир натарсид,
Бингар, ки аз ин чархи ҷафопеша чӣ бархост.
Ногаҳ зи камингоҳ² яке сахт камоне
Тире зи қазову қадар³ андохт бар ӯ рост.
Бар боли уқоб омада он тири ҷигарсӯз,
В-аз абр мар⁴ ӯро ба сӯйи хок фурӯ кост.
Бар хок бияфтоду биғалтид чу моҳӣ,
В-онгаҳ пари хеш кашид аз чапу аз рост.
Гуфто: “Аҷаб аст ин ки зи чӯб асту зи оҳан,
Ин тезию тундию паридан-ш куҷо хост?”
Зи тир нигоҳ карду пари хеш бар-ӯ дид,
Гуфто: “Зи кӣ нолем, ки аз мост, ки бар мост”.
Ҳуҷҷат ту маниро зи сари хеш бадар кун,
Бингар ба уқобе, ки манӣ карду чиҳо хост.