Дар фазои маънавии ҷомеаи имрӯзаи мо яке аз падидаҳои хеле ташвишовар ва ҳузнангез маҳз нигоҳи бадбинона ва бадхоҳонаи иддае аз ҷавонони кишвар нисбат ба иди миллии тоисломӣ ва тозардуштии халқамон – Наврӯзи хуҷастапай маҳсуб меёбад. Вақте аз ҷониби баъзе ҷавонон андешаи «Таҷлили иди Наврӯз дуруст нест» садо медиҳад, тамоми вуҷуди моро изтироб фаро мегирад ва чунин савол ором намегузорад, ки чаро чунин иде, ки сарупо ҳама некию ободӣ, тозагию хуррамӣ, хурсандию фараҳ аст, таҷлилаш дуруст набошад? Саволи дуюме, ки саволи якумро дарҳол дунболагирӣ менамояд, аз он иборат аст, ки дар зеҳни ҷавонони мо чунин тасаввуроти нодуруст ва душманона аз куҷо пайдо шудааст? Аз таълимоти дини ислом? Не! Қуръон дар бораи Наврӯз чизе намегӯяд. Аз тарафи домуллоҳои суннатӣ низ чунин тасаввурот наметавонад, ки интишор ёфта бошад, зеро дар даврони шӯравӣ Наврӯз пурра ҷашн гирифта мешуд, дар ин хусус аз тарафи онҳо садое баланд намегардид. Пас, чунин тасаввуроти носаҳеҳ аз тарафи баъзе ҷавонони бегонапарасти ҷоҳили дар хориҷ таҳсили дингирифта интишор ёфтааст.
Ин ҷо саволи матраҳ аз он иборат аст, ки мавқеи исломро нисбат ба иди Наврӯз чӣ тавр равшан намоем? Дар ҳолатҳое, ки доир ба ин ё он масъала Қуръон ҳамчун сарчашмаи асосии таълимоти ислом чизе намегӯяд, ҳадиси пайѓамбар мефармояд: Чизе, ки Худо ҳалол сохт, пас вай ҳалол аст. Чизе, ки Худо ҳаром сохт, пас вай ҳаром аст. Ва чизе, ки бар вай Он сукут ихтиёр кард, пас вай афв аст. Пас, аз Худо офияташро гиред. «Ҳар оина Худо фаромӯшкунандаи чизе набудааст» (сураи 19, ояти 64). Мантиқи ҳадиси мазкур минтақаи озод аз қонуни шариатро таъкид намудааст. Ба қавли дигар, чун Худо фаромӯшкунандаи чизе набудааст ва ҳамзамон дар бораи баъзе масоил чизе нагуфтааст, Ӯ огоҳона ҳалли масоили мазкурро ба ҳукми ақли инсон вогузоштааст. Қобили зикр аст, ки маънии баёнгардидаро ҳукми ҳадиси дигар – «Шумо дар умури дунёятон донотаред» тақвият мебахшад. Бинобар ин, баҳри баровардани ҳукм доир ба Наврӯз моро илоҷе нест, ҷуз рӯ овардан ба ақл, зеро тибқи ҳадис ақл бузургтарин чизест, ки Худованд офаридааст. Ӯ ба сабаби ақл бузург ва азиз мегардонад ва ба сабаби ақл хору залил. Пас, ақл доир ба Наврӯз чӣ мегӯяд?
Ба ҳамагон маълум аст, ки Наврӯз иди тоисломӣ ва тозардуштиии миллати мост. Моҳияти Наврӯзро номи он, сифатҳояш, рамзҳои ифоданамояндааш, вақти таҷлил ва орзую омоли ифоданамояндааш равшан ва барҷаста мекушояд. Номи ид бар он ишора менамояд, ки рӯзи нав бар ивази рӯзи кӯҳан фаро расидааст. Ин ҷо бояд хотирнишон намуд, ки мафҳуми «рӯз» на ба маънои 12 ё 24 соати тақвимӣ, балки ба маънои «вақт», «замон», «марҳила» омадааст. Пас, ин рӯзест, ки бар ивази сардиҳои вазнин ва дилгиркунандаи зимистон омадааст. Дар ин рӯз шахс омад-омали баҳори нозанинро эҳсос менамояд. Дигаргун гардидани табиатро бо чашмони худ мебинад. Дамидани сабзаю пайдо гардидани муѓчаю гули дарахтон ба дили карахтгардида умеди зиндагӣ мебахшад. Хуни дар зимистон ѓафсгардидаю ҳаракаташро сустнамуда бо васеътару зиёдтар дамидани шуоҳои Офтоб суръати ҳаракати худро афзунтар менамоянд. Шахс эҳсос менамояд, ки ҳатто паррандагону чаррандагон низ дар ин рӯз хушҳолӣ менамоянд. Агар шахси эҷодкор таваҷҷуҳ намуда бошад, дар ин айём қобилияти эҷодкории ӯ илҳом ва нерӯи тоза мегирад.
Наврӯзро хуҷастапай номидаанд, зеро дар сиришти Наврӯз умедворӣ барои дастовардҳои бузург дар тӯли соли сипаришаванда нуҳуфта аст. Наврӯзро оламафрӯз номиданд, зеро бо омади Наврӯз тамоми олам мунаввару мунаққаш ва зебою дилкаш мегардад. Ҳамин сифатҳои нек, хайрхоҳона ва хурсандибахши Наврӯз аст, ки халқҳои зиёди ҷаҳон новобаста ба мансубияти миллию динияшон онро пазируфтанд ва ҳар сол таҷлил менамоянд.
Наврӯз ҳамзамон як силсила рамзҳоеро ифода менамояд, ки пурра таъиноти созандагию ободкорӣ ва хайрхохию моҳияти инсонпарварона доранд. Ин рамзҳо ѓалабаи гармӣ бар сардӣ, некӣ бар бадӣ, равшанӣ бар торикӣ, ободӣ бар харобӣ, тозагӣ бар ифлосист. Дар намунаҳои овардашуда мафҳумҳои аввал мусбӣ буда, мафҳумҳои баъдӣ манфӣ арзёбӣ мегарданд. Маъно, ҳадаф ва таъиноте, ки Наврӯз пайгирӣ менамояд, бар ислом зид нестанд, балки онҳо дар Қуръон тақвият меёбанд. Аз ҷумла, доир ба мақоми некӣ мефармояд: «Оне, ки биофарид некӣ ва ҳаётро то биозмояд, ки кадоме аз шумо неккирдортаред» (сураи Мулк, ояти 2), «то шуморо аз торикиҳо ба сӯи равшанӣ бароварад» (сураи Аҳзоб, ояти 43), «Дар замин табоҳкорӣ макунед» (сураи Бақара, ояти 11). Дар Қуръон доир ба маъниҳои зикршуда оятҳо зиёданд. Далелҳои овардашуда комилан кифоя ҳастанд то мо хулосаи дуруст барорем, ки ҳадафу таъиноти Наврӯз бо таълимоти ислом ҳеҷ ихтилофе надоранд.
Ба масъалаи робитаи ислом ва Наврӯз бори дигар дахл намуда, таъкид намудан мехоҳем, ки агар дини ислом бо иди Наврӯз ихтилофе медошт, вай то замони мо омада намерасид. Аз зери шамшерҳои пурдаҳшати Искандару Қутайба ва Чингизу Темур убур намуда, то ба замони мо омада расидани Наврӯз худ аз сиришти неку поки он ишора менамояд. Ба таври илова мехоҳем ёдовар шавем, ки вақте ба халифаи чоруми мусулмонон – Алӣ дар мавсими Наврӯз шириние медиҳанд, вай мегӯяд: Ҳар рӯзатон Наврӯз бод. Халифаҳои умавӣ дар мавсими Наврӯз ба мардуми форс тӯҳфаҳо медодаанд.(Барои маълумоти васеътар ниг. Википедия. Наврӯз. Ба забони арабӣ).
Акнун хонандаи хушзавқ худ бояд қазоват намояд, ки ба кадом асос иде, ки сар то по ҳама саршори хайру саҳо аст, иде, ки мақбули Алию хулафои умавӣ гардид, иде, ки зиёда аз 3000 сол таърих дорад, иде, ки аз тарафи халқҳои зиёди ҷаҳон новобаста аз мансубияти динию миллӣ қабул гардид, аз тарафи иддае аз ҷавонони тоҷик дар ибтидои қарни XXI қабул намегардад? Бегумон ин ҷавонон чунин тасаввуроти нодуруст ва фиребгаронаро аз ашхосе гирифтаанд, ки пайрави ҷараёнҳои ифротии аз хориҷ маблаѓгузоришаванда ҳастанд. Ин ҷараёнҳо ҳадафҳои сиёҳи муайяни сиёсие доранд, ки ҳеҷ умумияте на бо арзишҳои динӣ доранд ва на бо арзишҳои миллӣ. Ин ҳам бошад эҷоди ихтилофу тафриқа дар ҷомеа ва бад-ин васила гузоштани замина барои таркишу кушторҳои бераҳмона дар манотиқи орому осуда. Бидуни шак таркишу кушторе, ки дар манотиқи мухталифи олами ислом ба вуқӯъ мепайванданд, аз таълимоти онҳо маншаъ мегиранд. Бинобар ин, ҷавони соҳибилми тоҷик бояд рӯ ба ақли хеш биорад, ки кадом исломро пайравӣ намояд: исломи созандаро ё исломи сӯзандаро?! Ба қавли дигар, исломеро, ки ба зиндагӣ назари нек дошта, ҳама гуна арзишҳои ба инсон ва ҷомеаи инсонӣ муфидро мепазирад, ва ё исломеро, ки ба сабаби тангназарӣ кӯҳнапарастиро маъвои хеш қарор дода, ба муқобили арзишҳои созандаю инсонпарварона мубориза мебарад?