• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Uncategorized

(Карбало) ифрот ё тафрит

January 2, 2023
in Uncategorized, Имон ва ваҳдат, Маҳдавият, роҳи озодӣ
0
(Карбало) ифрот ё тафрит
0
SHARES
2
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Карбало – Ифрот ва тафрит
Имрӯз, дар робита бо ҳодисаи Карбало, лозим медонам як нуктаро ёдовар бишавам, ва ба назарам зарурист.

Ва он ин ки: бештари мо, мусалмонон, дар гаройиши худ, ё роҳи ифротро пеш гирифтаем ва ё роҳи тафритро, бисёр андак ва ангуштшумор ҳастанд касоне, ки мӯътадил бошанд.

Дар мавриди моҷарои Имом Ҳусайн (а) ва шаҳодати ӯ – ки арз шуд, ин рухдод танҳо махсуси шиъаён нест, балки ҳамаи мусалмонон аъам аз шиъаву суннӣ бояд аз он дарс биомӯзанд – ҳамаи мо ин ифроту тафритро ошкоро ламс мекунем.

Гиромидошти ёди Имом Ҳусайн (а) дар ин айём, на чунин аст, ки дар ин рӯзҳо ҷиғу фарёд кашида ва барои Имом Ҳусайн (а) эҳсосоти холӣ аз маъно иброз шавад. Ва тавре вонамуд бишавад, ки гӯӣ пайравони соири мазоҳиби исломӣ қотилони Имом Ҳусайн (а) ва дунболаравони Язид ҳастанд. Ин аст ифрот.

Ва аз он сӯй ҳам, набояд роҳи тафритро пеша кард. Яъне ба баҳонаҳои воҳӣ ва пуч, саъй бишавад аслан ёде аз Имом Ҳусайн (а) нашавад ва ҳодисаи Карбало ва шаҳодати он солор, ба куллӣ ба фаромӯшӣ супурда шуда ва аз зеҳнҳо маҳв гардад. Ин тафрит аст.

Зеро, бино бар ривоёти саҳеҳа, гиромидошти ёди Ҳусайн (а) ва зинда нигаҳ доштани номи ӯ ва таъкид бар он, меросе барҷоймонда аз худи Паёмбари Акрам (с) аст.

Ва ин ҳам, ки гуфта мешавад, чаро ин ҳама исрор бар ин амр, дар ҳоле ки дигарон ҳам дар роҳи дин шаҳид шудаанд?, посухаш он аст, ки ҳодисаи

Карбало ва қиёми Имом Ҳусайн (а) ва шаҳодати ӯ – ки наҳва ва чигунагии он ҷигари инсонро хун мекунад ва ба ҳамин хотир ҳазрати Паёмбар (с) барои он ашк мерехтанд – дарсҳое барои мо, мусалмонон меомӯзад, ки бо ёди Имом Ҳусайн (а) дар ҳар сол, ин дарсҳо таҷдид мешаванд, то аз ёдамон наравад ва бидонем, рисолати мо кадом аст.

Ва он дарс ин аст, ки: Имом Ҳусайн (а) бо қиёмаш, собит кард, ки мусалмон бояд озода бошад ва ба ҳеч ваҷҳ набояд зери бори зулму ситам биравад. Мусалмон воҷиб аст, ки дар баробари ҳокими золим ва ситампеша ва ҷоир қиём кунад; бо забонаш, бо қаламаш ва ҳатто бо шамшераш. Ва дар ин роҳ омодаи фидо кардани ҷону мол ва ҳатто фарзандони худ бошад, чунонки Имом Ҳусайн (а) ҳамин корро кард.

Агар Имом Ҳусайн (а) қиём намекард, имрӯза мо на суннӣ доштем ва на шиъа, ва асосан мусалмоне дар рӯйи замин дигар боқӣ намонда буд. Ба тасреҳи манобеъ ва кутуби таърихӣ, Язид касе буд, ки Каъбатуллоҳро бо манҷаниқ гулӯлаборон кард ва ба Мадина, шаҳри Паёмбари Худо (с), юриш бурд ва ҳазорон саҳобӣ ва тобеъинро кушт ва сипоҳаш ба занони мусалмон таҷовуз карданд ва ҳазорон зинозодаҳо аз он таҷовузҳо ба дунё омаданд. Оё касе метавонад ин ҳақоиқро инкор кунад?!
Ҳол, агар алайҳи ин халифаи ситампеша қиём намешуд, оё медонед ҳоли Ислом ва мусалмонон ба куҷо мерасид?! Язид, масалан халифаи мусалмонон буд. Фарде шаробхор, маймунбоз ва фосиқ ва фоҷир. Оё касе метавонад ин ҳақиқати таърихиро инкор кунад?!
Имом Ҳусайн (а) алайҳи инчунин халифае қиём кард ва бо хунаш умматро наҷот дод.

Previous Post

Фахри ниёгони мо

Next Post

далелҳои содда барои амри ба маъруф ва наҳй аз мункар

Related Posts

Чаро Қуръон таҳрифнопазир аст?
Имон ва ваҳдат

Чаро Қуръон таҳрифнопазир аст?

October 11, 2025
Истаравшанӣ
Имон ва ваҳдат

Чаро ба кофир кофир мегӯянд?

September 17, 2025
Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ: Роҳи ҳалли мушкилоти ҷаҳони ислом ваҳдат бар меҳвари муштаракот аст
Имон ва ваҳдат

Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ: Роҳи ҳалли мушкилоти ҷаҳони ислом ваҳдат бар меҳвари муштаракот аст

September 11, 2025
Муфтии аҳли суннати Ироқ: Бояд мусалмонон яксадо дар муқобили душман биистанд
Имон ва ваҳдат

Муфтии аҳли суннати Ироқ: Бояд мусалмонон яксадо дар муқобили душман биистанд

September 11, 2025
Ваҳдат - омили иззату шавкат ва қудрати умматҳо
Имон ва ваҳдат

Ақоиди дур аз тардиду ибҳом

September 5, 2025
Чанд асли исломӣ
Имон ва ваҳдат

Ислом фарогир хоҳад шуд…

September 5, 2025
Next Post
далелҳои содда барои амри ба маъруф ва наҳй аз мункар

далелҳои содда барои амри ба маъруф ва наҳй аз мункар

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Ранҷи беҳуда

Ранҷи беҳуда

October 12, 2025
ҳофиз

Ҳофиз ва маю шароб

October 12, 2025
Ҳашт фармони Монделло

Ҳашт фармони Монделло

October 12, 2025
Роҳати ҷони дили ранҷур шав

Роҳати ҷони дили ранҷур шав

October 12, 2025

Recent News

Ранҷи беҳуда

Ранҷи беҳуда

October 12, 2025
ҳофиз

Ҳофиз ва маю шароб

October 12, 2025
Ҳашт фармони Монделло

Ҳашт фармони Монделло

October 12, 2025
Роҳати ҷони дили ранҷур шав

Роҳати ҷони дили ранҷур шав

October 12, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Ранҷи беҳуда

Ранҷи беҳуда

October 12, 2025
ҳофиз

Ҳофиз ва маю шароб

October 12, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved