Додгари додгаро, дар баробари деви додшикану дардафзо; таъбири дигаре аз тақобули сардор Сулаймонӣ бо истикбори ҷаҳонист. Истикбор дар рӯзгори мо деви даҳшатнокро мемонад, ки қасд дорад оламу одамро дар коми худ кашаду бибалъад ва ҳар касе, ҳар чизе ва ҳар ҷоеро фурӯ балъад, боз ҳам серинопазир аст ва фарёди «Оё бештар ҳам ҳаст?» сар медиҳад! Истикбор хосияту моҳияти оташосо дорад. Оташ ҳарчӣ бибалъад шуълавартар мегардад. Танҳо чизе, ки оташро хомӯш мекунад, об аст. Истикбор дар ин асру миср гӯӣ оташи азиму аждаҳое буд, ки месухт, метохт, мекушт ва несту нобуд мекард. Обе, ки шуълаварии ин деви ҳаросро фурӯ косту оташу шуълаашро фурӯ куфт, сардори шаҳид ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ, ба намояндагӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ва нӯки пайкони ҷараёни муқовимат буд.
Бештарин намод ва намуди истикбор дар саҳнаи сиёсат ва дар қомати қудрат будааст, зеро саҳнаи сиёсат мақоми мудирияти қудрат асту қудрат ҳамвора фасод, ифсод ва истикбор овардааст. Магар он ки мӯъминон дар мақоми мудирияти қудрат ва сиёсат баромада бошанд, ки дар ин сурат оламу одам аз имон, адолату озодии онон дар амну амон хоҳад буд. Хосияти имону мӯъминон овардани амну амон барои худ ва дигарон аст:
«الَّذينَ آمَنُوا وَ لَمْ يَلْبِسُوا إيمانَهُمْ بِظُلْمٍ أُولئِكَ لَهُمُ الْأَمْنُ وَ هُمْ مُهْتَدُونَ»
Мӯъмин исмест муштарак миёни мабдаи амну амону амният; яъне ҳазрати Ҳақ ва худобоварони худохўй ва худоҷўй ҳамчун сардор Сулаймонӣ, ки намунаи барҷастаи мусулмони воқеӣ дар сухани Расули Худо (с) буданд:
«الْمُسْلِمُ مَنْ سَلِمَ النَّاسُ مِنْ يَدِهِ وَ لِسَانِه».
Аз рӯзе, ки истикбори ҷадид дар ҷаҳони муосир дубора мутаваллид шуд; ҳазорон дӯзахи дарду душманӣ офарид. Аз ҷаҳон ҷаҳаннаме сохт ҷонгудоз, бар сари тасоҳуби он чӣ барои худ муфид ва матлуб медонист. Рӯзе Ҳиндустонро ба хоку хун кашид то Шибҳи қорраро аз мустаъмароти маликаи мустакбирон кунад. Шохи Африқоро шикаст, Мисрро мусодира кард ва Алҷазоирро аз озору азият ошуфту Афғонистонро дар оҳу афғон нишонд. Осиёби истеъмор ба навбат мечархад. Рӯзе барои маликаи мутакаддиёни мустакбири Британия ва имрӯз барои мустакбирони ваҳшии Амрико. Он рӯзҳо бо астар, асб, уштуру қоиқ қодир ба мусофират буд, аммо инак бо нову неруи дарёиву тайёра ва сайёра ба саёҳат ва ғасбу ғорати ҷаҳон мепардозад. Фаластинро бо баҳое ночиз ба саҳюнизм бахшид.
«أَلَدُّ الْخِصام»
Одамияту саратони саъбулилоҷ; балки бедармон дар ҷони инсоният. Ба гумони ин ки ин саратон соҳибони ин ободиву ҳаволии онро нобуд кунаду қалби замин – Ховармиёна – хонаи дувумашон шавад. Инро стратегҳои худашон гуфтаанд, ки дар ин аср ин ҷо «Heart land» аст. Қалби замин, зеро мабдау маркази фикру фарҳанги ҷаҳон аст аз як сӯ; ва маъдану маркази бештарин энережии ҷаҳон аз дигар сӯ. Аксари анбиёи бузургвор, ки мо мешиносему тамоми анбиёи улулазм (а) аз ҳамин ҷо бархестаанд. Ин сарзамин гаҳвораи адёни Иброҳимӣ ва тамаддуни башарист. Нӯҳ, Иброҳим, Мӯсо, Масеҳу Муҳаммад (а) дар ҳамин гаҳвора бузург шуда ва болидаанд. Оини Ислом ба унвони муҳимтарин монеъ ва мазҳари мухолифату мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ дар ҳамин минтақа марказият дорад. Ташайюъ ба унвони мазҳаби мухолифату мубориза бо мустакбир, ки ба таъбири доктор Шариатӣ Ислому ташайюъ ҳарду бо “ло” (на) оғоз шудааст; (“ло”-и Ло илоҳа иллаллоҳ ва “ло”-и имом Алӣ (а) ба пешниҳоди Ибни Авф дар шӯрои шашнафара мабнӣ бар пайравӣ аз сираву суннати сиёсии шайхайн) дар ҳамин ҷо марказият дорад ва аз ҳамин ҷо ҳуҷум ва ҳузуру ҳайманаи ғарби истикборро ба чолиш кашидаву асбоби фурупошӣ ва нобудии эҳтимолии мазҳари истикбори олам = Амрикоро фароҳам кардааст.
Сардор Сулаймонӣ бо мудирияти муқовиматгарони минтақа дар баробари истикбори ҷаҳонӣ истод ва нагузошт қалби замин дар дасти ҷаҳонхорон қарор гирад. Агар ин қалб дар ихтиёри истикбор қарор мегирифт, тамоми минтақаи Ғарби Осиё дар ихтиёраш қарор дошт ва онгоҳ эҷоди Ховармиёнаи бузург низ амалӣ мешуд ва ба дунболи он саҳюнизм, онгуна ки орзӯ карда буд ва идеолаш буд; Исроилро аз Нил то Фурот, балки бештар он тарафтар аз Нилу фаротар аз Фурот густариш медоду қалби замин бе маҳдудияту мумониат моли мустакбирон мешуд.
Исроил ба баракати ҳиммати мардони муқовимат на танҳо ҳазорон километр аз Нилу Фурот фурӯтар монд, ки ҳатто аз Каронаи руди Урдуну ал-Ҷалилу Қоно низ фаротар нарафт ва нахоҳад рафт, балки умед меравад дар ояндаи начандон дур асаре аз Исроили ғосиб намонаду Фаластин аз “наҳр то баҳр” моли моликони аслии он шавад.
Истикбори ҷаҳонӣ ба унвони Иблиси бузург; ҳарчанд дар ҳама ҷо шайтанат ва шарорат мекунад ва фитнаву фасодро фароҳам месозад, аммо дар ҳоли ҳозир деви бе дасту поро мемонад. Дасту пояш қатъ шудааст. Пас аз шаҳодати сардор Сулаймонӣ ихроҷи Амрико аз Афғонистон оғоз шуд. Амрико бо он ки омада буд бимонад, аз бими интиқом ҳаросон маҷбур ба ақибнишинӣ шуд ва эътироф ба нокомӣ кард. Дасту пои Амрикоро қатъномаи Маҷлиси Миллии Ироқ қатъ кард ва ихроҷаш аз ин кишвар низ як рӯз пас аз террори ҳоҷ Қосим ва Абӯмаҳдӣ Муҳандис калид хӯрду ҳар рӯзу ҳар соат мушаке аз пойгоҳҳои муқовимат гусели роҳаш мешавад ва ҳар лаҳза беш аз пеш мешаканд ва чун тиккаҳои сохтмони фарсӯда фурӯ мерезад.
Амрико, ки аз ғарби Осиё биравад, ҳузури зоҳирии истикбор дар ҷаҳону ҷавомеи мо хатм мешавад. Саҳюнизм низ ҳамчун дунболаи империализм дар баробари муқовимат ин мероси мондагори шаҳид Сулаймонӣ маҷоли мондан надорад. Ҷаҳони такаббуромези якқутбӣ тамом мешавад ва дар партовгоҳи таърих таҳшин мегардад ва бо зуҳӯри ҷазоири сиёсату қудратҳои гуногун дар ҷаҳон ҷое барои ҷавлони дубораи истикбор боқӣ намемонаду оламу одам ба пешвози ишқ ва адолату озодӣ мешитобад. Аз ҳамин ҳоло суруди шодиёнаи нобудӣ ва поёни умри империализму саҳюнизм, ин ҷурсумаи ҷафову ҷиноят дар ҷаҳонро мехонем, зеро маргу нобудии истикбору мустакбир ҳалвову фотиҳа ва хайрот надорад, балки нангу нафрин дорад, ки нисораш мешавад.
«وَ الْعاقِبَةُ لِلْمُتَّقين، وَ الْحَمْدُ لِلَّهِ رَبِّ الْعالَمين»