Муқаддима
Ба номи Худованди Бахшоянда ва Меҳрубон
Аз дербоз тасмим доштам, шарҳе нисбатан мабсут ва муфассал бар чанд китоби эътиқодӣ аз ҷумла китоби “Тавҳид”-и Имом Абӯмансури Мотуридӣ, эътиқодномаи Имом Таҳовӣ маъруф ба “Ақидаи Таҳовия”, Ақоиди Насафӣ ва чанд асаре дигар бинависам, ки фурсат бароям даст намедод.
Соли 2008 пас аз фориғуттаҳсил шудан аз донишгоҳ дар Сурия вақте ба Эрон бозгаштам, як муддат бекор будам, тақрибан ҳудуди як сол, яъне то соли 2009. Он фурсатро муғтанам шумурда, шурӯъ ба навиштани шарҳе бар эътиқодномаи Имом Таҳовӣ (Ақидаи Таҳовия) намудам ва ба кӯмаки Худо муваффақ ба шарҳи нисфе аз ин китоб шудам ва дигар фурсат нашуд, ки комилаш кунам. Аммо инак, ки фурсат бароям ҳаст, машғул ба такмили боқии мабоҳиси ин китобам.
Ба ҳар сурат, аз имрӯз шурӯъ ба гузоштани ин шарҳ – ки нисбатан мабсут аст ва саъй шуда ба забоне сода ва равон бошад – дар сойти Кимиёи саодат мекунам, то иншоаллоҳ ҳамзамон шарҳи боқии мабоҳиси китоб низ такмил шавад ва бигузорам.
Ёдоварии ин нуктаро дар ҳамин ибтидо лозим мешуморам, ки роқими сутур бо вуҷуди ин ки бо ҷузъе аз андешаҳо ва орои матраҳ аз сӯйи Имом Таҳовӣ (р) дар ин рисола мувофиқ нестам ва ҳарҷо лозим омад он нукот тавассути банда мавриди тазаккур қарор хоҳад гирифт, вале муқтазои амонати илмӣ ин аст, ки раъйи мусанниф дар ҳар масъала ва низ орои соири донишмандон дар он чунонки ҳаст шарҳу тавзеҳ гардида ва агар эроде ҳаст, баъди тафҳими назари мусанниф матраҳ бишавад.
Тазаккури яке ду нуктаи дигар ҳам лозим буд, ки дар зимни шарҳи китоб хоҳам овард.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
* * *
Матни китоб:
بسم الله الرحمن الرحيم، وبه نستعين، الحمد لله رب العالمين. قال العلامة حجة الإسلام أبو جعفر الطحاوي بمصر (رحمه الله): هذا ذكر بيان عقيدة أهل السنة والجماعة على مذهب فقهاء الملة: أبي حنيفة النعمان بن ثابت الكوفي، وأبي يوسف يعقوب بن إبراهيم الأنصاري، وأبي عبدالله محمد بن الحسن الشيباني (رضوان الله عليهم أجمعين) وما يعتقدون من أصول الدين، ويدينون به رب العالمين
* * *
Тарҷумаи матн:
Оғоз мекунам ба номи Худои Бахшоянда ва Меҳрубон. Ва кӯмак металабам танҳо аз Ӯ. Ҳамду сипос Худойро, ки парвардигори ҷаҳониён аст.
Аллома Ҳуҷҷати Ислом Абӯҷаъфари Таҳовӣ (Раҳматуллоҳи алайҳи) (ки дар Миср буда) гӯяд: ин аст ёдоварии баёни ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат бар асоси мазҳаби фақеҳони миллат: Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собити Куфӣ, Абӯюсуф Яъқуб ибни Иброҳими Ансорӣ ва Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ (Худо аз ҳамаашон розӣ гардад!) ва усули дине, ки ба он мӯътақид буда ва ба он парвардигори ҷаҳониёнро мегараванд.
* * *
Шарҳ:
Оғози ҳар кор бо номи Худо
Дар ислом чунин аст, ки бояд ҳар кору амале ба номи Худо оғоз шуда ва ба номи поки ӯ нишонӣ гардад ва танҳо барои Худо анҷом ёбад, ки дар ин сурат он амал нобуд ва ботил нахоҳад гардид.
Имом Таҳовӣ кист?
Ҳофиз Заҳабӣ дар китоби “Сияру аъломин-нубало”-и худ (15/27) мегӯяд: “Имом, аллома, ҳофизи бузург, ҳадиспажӯҳ ва фақеҳи диёри Миср, Абӯҷаъфар Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Салома ибни Салама ибни Абдулмалики Аздии Ҳаҷрии Мисрии Таҳовии Ҳанафӣ, ки соҳиби китобҳое мебошад, аз қаряи Таҳо (яке аз вилоятҳои Миср) буда ва соли таваллудаш 239 ҳиҷрии қамарист. Ӯ аз афроди зерин донишу ҳадис баргирифтааст: Абдулғанӣ ибни Рафоа, Ҳорун ибни Саиди Айлӣ, Юнус ибни Абдулаъло, Баҳр ибни Нусраи Хулонӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Абдулҳакам, Исо ибни Масруд, Иброҳим ибни Мунқиз, Рабеъ ибни Сулаймони Муродӣ, тағояш Абӯиброҳими Мазанӣ, Баккор ибни Қутайба ва ғайра.
Имом Таҳовӣ дар илми ҳадис ва дар фиқҳ барҷаста гардида ва дар дасти Қозӣ Аҳмад ибни Имрони Ҳанафӣ илми фиқҳ омӯхта ва ҳадис ҷамъ карда ва китобҳое дар ин замина нигоштааст.
Афроди зерин аз ӯ ҳадис нақл кардаанд: Юсуф ибни Қосими Миёнаҷӣ, Абулқосими Табаронӣ, Муҳаммад ибни Бакр ибни Матруҳ, Аҳмад ибни Қосими Хашшоб, Абӯбакр ибни Муқрӣ, Аҳмад ибни Абдулвориси Заҷҷоҷ, Абдулазиз ибни Муҳаммади Ҷавҳарӣ Қозӣ Саид, Абулҳасан Муҳаммад ибни Аҳмади Ахмимӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан ибни Умари Танухӣ, Муҳаммад ибни Музаффари Ҳофиз ва ғайра аз димишқиён, мисриён ва сафаркунандагон аз барои ҷамъ ва гирдоварии ҳадис.
Имом Таҳовӣ дар Шом низ дар маҳзари Қозӣ Абӯхозим илми фиқҳ омӯхтааст. Абӯсаид ибни Юнус дар бораи Таҳовӣ гуфтааст: “Ӯ шахси сиқа (1) ва фақеҳе оқил буд.”
Имом Абӯҳанифа (Раҳматуллоҳи алайҳи) (80 – 150 ҳ.)
Имом Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, ки маъруф ба “Имоми Аъзам” аст, соли 80 ҳиҷрӣ (бино ба ривоятҳои зиёде) дар Куфа ба дунё омадааст. Ӯ ҳаёти худро ҳамчун тоҷир оғоз намуд, вале баъд аз мулоқот бо Шаъбӣ (фақеҳи маъруф) ба омӯзиши улуми динӣ, хусусан фиқҳ пардохт бе он ки тиҷоратро раҳо кунад. Устоди ӯ Ҳаммод ибни Сулаймон буд, ки Абӯҳанифа то поёни умри Ҳаммод ӯро ҳамроҳӣ кардааст. Имом Абӯҳанифа дар илми фиқҳ ба ҷойе расид, ки баъдҳо бар пояи равиши фиқҳии ӯ, мазҳаби мустақилле, ки ба “мазҳаби ҳанафӣ” шӯҳрат дорад, поягузорӣ гардид.
Имом Абӯҳанифа, ҳам даврони хилофати Умавиёнро дарк кард ва ҳам замони хилофати Аббосиёнро. Боре Умар ибни Ҳубайра, волии Умавиён дар Куфа аз ӯ хост, ки бо вай дар амри вилоят ҳамкорӣ кунад, вале Имом Абӯҳанифа рад карда напазируфт. Ба ҳамин ҷиҳат зиндонӣ шуда ва мавриди озору шиканҷаи Умавиён қарор гирифт. Сипас аз зиндон фирор карда ва муддате дар Маккаи Мукаррама ба сар бурд. Аммо пас аз ба сари қудрат расидани Аббосиён боз ба Куфа баргашта ва ба ҳалқаҳои дарсии худ идома бахшид. Муддате ҳеч мухолифате бо Аббосиён накард, вале вақте зулму ситами халифаи аббосӣ — Мансурро дид, эътирози худро ба дастгоҳи хилофат изҳор намуд. Ва саранҷом соли 150 ҳиҷрӣ чашм аз дунё баст.
Абӯюсуф Яъқуб ибни Иброҳим (Раҳматуллоҳи алайҳи) (113 — 182 ҳ.)
Яъқуб ибни Иброҳим ибни Ҳабиби Ансорӣ дар Куфа таваллуд ва бузург шудааст. Ӯ яке аз шогирдони боризи Абӯҳанифа ба ҳисоб меояд. Қабл аз Абӯҳанифа муддате дар назди Абӯлайло (фақеҳи маъруф) низ талаби илм намудааст. Абӯюсуф яке аз барҷастатарин фақеҳони асри худ буд. Аз ӯ ба унвони фақеҳ, олим ва ҳофизи ҳадисҳои фаровон ёд шудааст. Ӯ дар замони чанд тан аз хулафои аббосӣ (Маҳдӣ, Ҳодӣ ва Рашид) мансаби қозигиро ба ӯҳда дошт. Метавон гуфт, ки дар замони қозигии ӯ равиши фиқҳии Имом Абӯҳанифа ривоҷу равнақи аҷибе пайдо кард.
Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ (Раҳматуллоҳи алайҳи) (132 — 189 ҳ.)
Абӯабдуллоҳ, ки ҳангоми вафоти Имом Абӯҳанифа танҳо 18 сол дошт, омӯзиши фиқҳии хешро бар пояи фиқҳи аҳли Ироқ, ки ҳамон равиши фиқҳии Имом Абӯҳанифа аст, аз фуқаҳои барҷастаи он рӯзгор фаро гирифт. Ҳамчунин фиқҳи аҳли Ҳиҷозро аз Имом Молик (Раҳматуллоҳи алайҳи) баргирифт ва фиқҳи Шомро аз Авзоӣ омӯхт.
Шофеъӣ (Раҳматуллоҳи алайҳи) дар бораи ӯ мегӯяд: “Муҳаммад ибни Ҳасан чашму қалбро (аз дониши фаровон) пур мекард, ӯ фасеҳтарини мардум буд, ҳар гоҳ сухан мегуфт, шунаванда чунин хаёл мекард, ки гӯё Қуръон ба забони ӯ нозил шуда бошад.”
Ӯ низ муддате ба мақоми қозигӣ пардохт. Китобҳояш ба унвони китобҳои манбаъ дар фиқҳи ҳанафӣ маъруф ҳастанд, ки муҳимтаринашон иборатанд аз: “Мабсут”, “Зиёдот”, “Ҷомеи Сағир”, “Сайри Сағир”, “Сайри Кабир”, “Ҷомеи Кабир” ва ғайра.
Усули дин
Калимаи “усул” ҷамъи “асл” буда ва дар луғат ба маънои реша ва асос мебошад. Калимаи “дин” дар луғат ба маънои итоат ва подош ва дар истилоҳ ба маънои эътиқод ба офаринандае барои ҷаҳону инсон ва дастуроти амалии мутаносиб бо ин ақоид мебошад. Аз ин рӯ, касоне ки мутлақан мӯътақид ба офаринандае нестанд ва пайдоиши падидаҳои ҷаҳонро тасодуфӣ медонанд, “бедин” номида мешаванд. Аммо касоне, ки мӯътақид ба офаринандае барои ҷаҳон ҳастанд, ҳарчанд ақоид ва маросими динияшон ҳамроҳ бо инҳирофот ва хурофот бошад, “диндор” шумурда мешаванд.
Бар ин асос, динҳои мавҷуд дар миёни инсонҳо, ба дини ҳақ ва дини ботил тақсим мешавад. Ва дини ҳақ иборат аст аз: ойине, ки дорои ақоиди дуруст ва мутобиқ бо воқеъ буда, рафторҳоеро мавриди тавсия ва таъкид қарор диҳад, ки аз замонати кофӣ барои саҳеҳ будан ва эътибор доштан бархӯрдор бошанд.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин тавзеҳ, равшан гардид, ки ҳар дине аз ду бахш ташкил мегардад:
1. Ақоид ва боварҳо (монанди имон ба вуҷуди Худо, паёмбарони илоҳӣ, фариштагон, китобҳои осмонӣ, рӯзи қиёмат ва ғайра дар ислом), ки ҳукми поя, асос ва решаи динро дорад;
2. Дастуроти амалӣ, ки мутаносиб бо пояҳои ақидатӣ ва бархоста аз онҳо бошад (монанди фарз будани намоз, рӯза, ҳаҷ, закот, ҷиҳод ва ғайра дар ислом).
Бинобар ин, комилан баҷост, ки бахши ақоид дар ҳар дине “усул” ва бахши аҳкоми амалӣ “фурӯъ” (шохаҳо)-и он номида шавад.
Ислом дар усули дин тақлидро кофӣ намедонад
Ислом дар бораи усули дин (ақоид), ки вазифаи ҳар фард таҳсили ақидаи дуруст дар бораи онҳост, тақлид ва пайравии чашмбаста ва кӯр-кӯрона аз дигаронро кофӣ намедонад, балки лозим медонад, ки ҳар фарде мустақиллона ва озодона дурустии он ақоидро ба даст оварад.
Асосан, маънои калимаи “ислом” — ки “таслим будан” ва ё “таслим шудан” аст — нишондиҳандаи ин ҳақиқат аст, ки аввалин шарти мусалмон будан, таслими воқеъиятҳо ва ҳақиқатҳо будан аст. Ҳар навъ якравӣ, лаҷоҷат, таъассуб, тақлидҳои кӯр-кӯрона, ҷонибдориҳо ва худхоҳиҳо, аз он назар, ки бар хилофи руҳи ҳақиқатхоҳӣ ва воқеъгароист, аз назари ислом мардуд аст.
Дар ислом чунин аст, ки агар инсоне ҳақиқатҷӯ, беғараз ва кӯшо дар роҳи расидан ба ҳақ бошад, фаразан ба ҳақиқат нарасад ҳам, маъзур аст. Вале агар касе дар руҳи худ якравӣ ва лаҷоҷат дошта бошад, фаразан ҳақиқатро ба сабаби тақлид ва ё виросат ва амсоли инҳо пазируфта бошад ҳам, арзише надорад. Мусалмони воқеӣ, чӣ мард ва чӣ зан, ба ҳукми руҳи ҳақиқатҷӯии худ, ҳикмат ва ҳақиқатро ҳар куҷо ва назди ҳар кас ёфт фаро мегирад ва дар роҳи кашф ва таҳсили илм таъассуб ба харҷ намедиҳад. Фаразан дар дуртарин нуқтаи ҷаҳон онро биёбад, ба сӯяш мешитобад. Мусалмони воқеӣ ҳақиқатҷӯиро на ба замони муайяне аз умри хеш маҳдуд мекунад ва на ба минтақаи хоссе ва на онро дар инҳисор ва маҳдудаи ашхоси муайяне медонад. Зеро пешвои бузурги ислом ҳазрати Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармудааст: “Дар талаби илму дониш будан фаризаи ҳар мусалмонест (чӣ мард бошад ё зан).”
Пиндорҳои сатҳӣ ва якҷониба дар масоил ва ҳамчунин тақлидҳои кӯр-кӯрона аз дигарон, аз он назар, ки бар зидди руҳи таслим ва ҳақиқатхоҳии исломист ва сабабгори хато ва инҳироф ва дурӣ аз ҳақиқат мешавад, маҳкум аст ва мавриди қабул нест.
Вақте Паёмбари Ислом ҳазрати Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) исломро бар мардум арза кард, нафармуд, ки эй мардум, биёед ва чашмбаста ин ақидаро бипазиред! Балки далел, ҳуҷҷат ва бурҳон барояшон овард ва собит намуд, ки дине, ки овардааст, дини ҳақ аст ва дини мушрикон дини ботил. Он гоҳ касоне, ки замири пок ва беолоиш доштанд, бутпарастиро раҳо карда ва ба дини ислом гаравиданд, вале касоне, ки пайрави ҳавои нафси худ буданд, таъассубашон нагузошт, ки дини исломро пайравӣ намоянд. Ва ин, бад-он ҷиҳат ҳам набуд, ки далел ва ҳуҷҷатҳои Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ононро қонеъ насохта бошад, балки таъассуб ва тақлид аз дину ақоиди гузаштагонашон будааст, ки монеъ шуд пайрави ҳақ бишаванд. Онҳо ошкоро мегуфтанд, ки эй Муҳаммад! Падару бобоёнамон дину ақидае доштанд ва мо худро вазифадор мебинем, ки аз эшон пайравӣ намоем. Худованд чунин бархӯрди онҳоро сахт сарзаниш карда ва мазамматашон менамояд ва мегӯяд, ки агар дину ақоиди падаронатон ботил бошад ва онҳо дар гароиш ба он, ақли худ ба кор нагирифта ва далелу ҳуҷҷат ҳам дар ҳаққонияти он надошта бошанд, оё боз ҳам шумо пайрави онҳо хоҳед буд?
Худои Таоло мефармояд: “Ҳар гоҳ ба онҳо (яъне мушрикон, баъд аз овардани бурҳон ва далел бар ҳаққонияти дини Ислом) гуфта шавад, ки биёед ба тарафи он чи Худо нозил фармуда ва ба тарафи Паёмбар, онҳо дар посух гӯянд: “Басанда аст моро он дине, ки падаронамонро бар он ёфтаем”. (Ва савол аз онҳо ин аст, ки) оё агар падаронашон чизе надонанд ва ҳидоят наёфта бошанд, (боз ҳам аз он падарон пайравӣ мекунанд?)” (2)
Пас, аз дидгоҳи Ислом, ақидаи инсон бояд бар асоси далел ва ҳуҷҷат устувор бошад, на тақлиди кӯр-кӯрона аз дигарон.
Албатта таваҷҷӯҳ дошта бошем, ки баҳси мо дар мавриди масоили эътиқодист, на масоили фиқҳӣ, ки он худ баҳси дигаре дорад ва хоҳем гуфт, ки дар масоили фиқҳӣ, мо чорае ҷуз пайравӣ аз як фақеҳи муҷтаҳид надорем.
Тавзеҳ ин ки: дар масоили фиқҳӣ (ва ё фурӯъи дин) ҳарчанд асл бар он аст, ки мукаллаф (3) бояд худ таклифҳои шаръияшро аз манобеъ (Қуръон, суннат, иҷмоъ ва ақл) истинбот (4) намояд, вале аз онҷо, ки чунин амале кори душворе буда ва барои ҳар касе анҷоми он муяссар нест, (5) аз ин рӯ ислом чунин амалеро танҳо бар порае аз мусалмонон воҷиб гардонида ва бақияро вазифадор сохтааст, ки дар заминаи фурӯъи дин (аҳком), аз гурӯҳи мутахассис пайравӣ намоянд, бе он ки вақте муҷтаҳид барояшон фатвое диҳад (ки масалан фалон кор фарз ва ё фалон кор ҳаром аст), аз ӯ бипурсанд, ки чаро фарз аст ва ё чаро ҳаром? Дуруст мисли онҷо, ки бемор чашмбаста назари табибро дар ташхиси беморӣ қабул ва ҳеч эътирозе ба ӯ намекунад. Дар масоили фиқҳӣ масъала аз ҳамин қарор аст, ба хилофи масоили ақоидӣ, ки пурсуҷӯ накардан ва кӯр-кӯрона қабул кардан нописанд аст.
Аз ҳамин ҷост, ки уламои исломӣ гуфтаанд, ки омӯзиши илм дар заминаи усули дин (ақоид) бар ҳар фарди мусалмон — чӣ мард ва чӣ зан — фарзи айн аст, вале дар заминаи фурӯъи дин (ё аҳком) фарзи кифоя. (6)
Албатта ба ин нукта ҳам ишора намуда бошем, ки фарзи айн будани дониш дар заминаи усули дин ин нест, ки яко-яки афроди ҷомеаи исломӣ кору зиндагии худро раҳо карда ва барои талаби илми ақоид камар баста ва дар ҳамаи масоили ақоидӣ, ҳатто резтарин масоили он, соҳибназар гарданд. Ҳаргиз чунин манзуре мавриди назар нест. Зеро тадқиқ дар ҷамиъи масоили ақоидӣ ҳам, ки баъзеи онҳо хеле печида аст, кори мутахассис аст. Балки манзур аз фарзи айн будани он ин аст, ки инсон асоситарин ва муҳимтарин масоили ақоидиро (чун имон ба Худо, имон ба паёмбарон ва имон ба рӯзи қиёмат), бо далелҳои қонеъкунандае — ҳарчанд сода ҳам, ки бошанд — пазируфта бошад. Ва чунин омӯзише мояи зиёде намехоҳад.
Маъруф аст, ки аз пиразане, ки машғули ресандагӣ буд, пурсиданд: “Чӣ далеле барои исботи вуҷуди Худо дорӣ?” Ӯ бедиранг даст аз чархи ресандагӣ бардошт ва ҳамин ки чарх аз ҳаракат истод, гуфт: “Ҳангоме ки чарх ба ин кучакӣ бидуни гардонанда нагардад, чӣ гуна метавон гуфт, ҷаҳон ба ин бузургӣ ва ин ҳама манзумаҳои боазамат, ки дар гардишанд, бидуни гардонанда ва мудаббире ба гардиш даромада ва ё бидуни гардонандае ба гардиши худ идома медиҳанд?!”
Идома дорад
* * *
Поварақӣ:
(1) Сиқа, яъне шахси мавриди эътимод.
(2) Сураи Бақара, ояти 104.
(3) Мукаллаф ба касе гӯянд, ки амал ба таклифҳои шаръӣ аз қабили намоз хондан, рӯза гирифтан, ҳаҷ анҷом додан ва ғайра бар ӯ фарз бошад.
(4) Истинбот (ва ё иҷтиҳод) дар истилоҳ ба амале гӯянд, ки фақеҳ ба василаи он, метавонад таклифҳои шаръиро аз манобеъ ва далелҳояш (Қуръон, суннат, иҷмоъ ва ақл) берун оварад.
(5) Чун барои ба даст оварии малакаи истинбот ва иҷтиҳод, инсон бояд мароҳили тӯлоние аз омӯзиши улуми диниро тай намояд. Ва илова бар он, бояд ороста ба ахлоқи исломӣ ва аз тақво ва парҳезгории комиле бархӯрдор бошад.
(6) Фарзи айн он аст, ки бар яко яки афроди ҷомеаи исломӣ анҷоми он фарз аст ва фарзи кифоя он аст, ки агар порае аз мардум барои анҷоми он камари ҳиммат банданд, аз ӯҳдаи бақия он фарз соқит мешавад, вале дар сурати анҷом надодани касе, боз ҳам фарз мутаваҷҷеҳи яко якашон мешавад.