Дирӯз (7.01.2023) бедилшиноси номии тоҷик Бобобек Раҳимӣ – номбардори сазовори устод Садриддин Айнӣ аз дунё гузашт. Мақолаи зер дар асоси гузориши муаллиф дар Конференсияи байналмилалии Урси Бедил дар Ҳиндустон навишта шудааст ва дар он нақши муассири шодравон дар бедилшиносӣ таъкид гардидааст.
Ёди нек ва фаъолияти босамари ин сарсупурдаи роҳи илм ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд.
БЕДИЛШИНОСӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ ОН
(Аз устод Айнӣ то Бобобек Раҳимӣ)
Осор ва афкори шоири бузурги форсизабони Ҳинд Мирзо Абдулқодири Бедил (1644-1720) дар байни аҳли адаб ва мардуми Мовароуннаҳр ва Хуросон, ки бо Ҳиндустон робитаҳои наздики адабӣ ва фарҳангӣ доштанд, шуҳрат ва нуфӯзи фавқулода доранд. Сарчашмаҳо аз мавҷудияти аввалин маҳфилҳои бедилхониву бедилрасиву бедилшиканиҳо дар ин сарзаминҳо дар садаҳои ХVIII ва ХIХ масеҳӣ хабар медиҳанд.
Шинохти Бедил дар Тоҷикистон, ки дар як пораи Мовароуннаҳри қадим ҷойгир аст, дар даврони муосир дар ибтидои садаи ХХ оғоз гардидааст, бо ном ва фаъолияти илмию адабии устод Садриддин Айнӣ, адиб ва донишманди забардасти тоҷик вобаста мебошад. Нахустин навиштаи ӯ дар бораи Мирзо Абдулқодири Бедил номае буд, ки дар ҷавоб ба саволҳои шарикдарсаш дар мадрасаи Бухоро ва дар шумораи дувуми маҷаллаи тотории «Шӯро» дар шаҳри Оренбург соли 1912 ба табъ расида буд. Рисолаи мухтасари адиб ва донишманди тоҷик Абдурауфи Фитрат «Бедил», ки соли 1923 дар Маскав ба забони ӯзбакӣ ба чоп шудааст, танҳо «аз тасвири як маҷлиси бедилхонию бедилфаҳмӣ иборат мебошад» (Бобобек Раҳимӣ. Ошноӣ бо Бедил. – Душанбе: «Ирфон», 2009. –С.423).
Марҳалаи дувуми шинохти Бедил дар Тоҷикистон ба солҳои 40-уми садаи ХХ рост меояд. Соли 1940 дар китоби тазкирагунаи «Намунаҳои адабиёти тоҷик» мақолаи Муҳаммадҷон Раҳимӣ ва Абдусалом Деҳотӣ «Мирзо Абдулқодири Бедил» нашр мегардад. Аммо тадқиқоти ҷиддие, ки дар ин марҳала ба вуҷуд меояд, таълифоти устод Садриддин Айнӣ «Мирзо Абдулқодири Бедил ва эҷодиёти ӯ» мебошад, ки дар тӯли солҳои 1946 ва 1947 дар се шумораи маҷаллаи адабии «Шарқи сурх» чоп шудааст. Муаллиф такмилу тасҳеҳи онро дар соли 1952 ба охир расонда буд ва бо номи «Мирзо Абдулқодири Бедил» дар соли 1954, ҳамагӣ чанд моҳ пеш аз марги ӯ нашр гардид.
Рисолаи мазкур то ба ҳол на танҳо дар бедилшиносии Тоҷикистон аз лиҳози илмӣ аз арзишмандтарин таълифот ба шумор меравад, балки таъсири бевоситаи худро дар рушди бедилшиносии Афғонистон ва кишварҳои дигар, аз он ҷумла Ӯзбекистон, Русия ва ғ. гузоштааст. Бино бар маълумоти Бобобек Раҳимӣ ин «китобро шоири маъруф Зиё Қоризода ба форсӣ баргардонида буд» (Ошноӣ бо Бедил. – С.564), агарчи чоп нашудааст, вале аз он бедилшиносони афғонистонӣ, монанди Муҳаммадҳайдари Жубал муаллифи мақолаи «Ёди Бедил» (маҷаллаи «Ориёно», 1335/1956) ва Салоҳуддини Салҷуқӣ дар китоби «Нақди Бедил» (Кобул, 1343/1954) «суханони устод Айниро ҷойе мазмунан ва ҷойе айнан иқтибос намудаанд», вале дар ҳеч мавриде аз номи муаллифи «Мирзо Абдулқодири Бедил» ва ин асари ӯ зикре накардаанд, ки ҷойи таассуф аст (Ниг.: Бобобек Раҳимӣ. Устод Айнӣ ва бедилшиносони Афғонистон// Ошноӣ бо Бедил. – С. 563-567). Мақолаи А.Князев «Саромади адабиёти тоҷикӣ (Классик таджикской литературы// Газ. «Коммунист Таджикистана»,1946, 14 апрель) ва рисолаҳои Иброҳим Мӯминов «Андешаҳои фалсафии Мирзо Абдулқодири Бедил» (Самарқанд, 1946), Холида Айнӣ «Бедил ва маснавии ӯ «Ирфон» (Сталинобод, 1956), Абдулғанӣ Мирзоев «Як ҳуҷҷати муҳим оид ба тахаллуси Бедил» (1958), китоби дарсии Саъдуддин Тоҷуддинов барои синфи 10 дар ибтидои солҳои 50 ва охирҳои 60-уми садаи гузашта бо истифода аз мақолаву китоби маълуми устод ва ё бо ҳидоят ва маслиҳати эшон таълиф гардидаанд.
Арзиши илмии фавқулодаи рисолаи устод Айнӣ «Мирзо Абдулқодири Бедил»-ро шарқшиноси маъруфи русӣ Евгений Бертелс дар вақташ соли 1952 дар муқаддимае, ки ба он навишта буд, хеле хуб таъкид намуда буд. Ӯ аз ҷумла гуфта буд, ки «ин китоб пеш аз ҳама якумин очерки муфассали ҳаёти Бедил аст, ки дар асоси маъхазҳои гуногуни таърихӣ, аз як тараф, ва бештар, дар асоси гуфтаҳои худи шоир, аз тарафи дигар, тартиб дода шудааст.
Ин очерк як қатор каҷфаҳмиҳоеро, ки қариб дар ҳар як асари оид ба Бедил дида мешавад, бартараф менамояд» (Е.Э. Бертелс. Муқаддима // Садриддин Айнӣ. Куллиёт. Ҷ. 11, Китоби дуюм. Эзоҳот.–Душанбе: «Ирфон», 1964. –С.419).
Устод Айнӣ бо таълифи рисолаи арзишманди худ дар бораи зиндагӣ, осор ва афкори «нависандаи душворписанде» мисли Мирзо Абдулқодири Бедил на танҳо раванди ташаккул ва таҳаввули бедилшиносӣ дар Тоҷикистон ва кишварҳои шӯравии собиқро тамомӣ бахшид, балки бори нахуст намунаи асарҳои манзум ва мансури ӯро бо тасҳеҳ ва шарҳи лозимаи луғот ба алифбои сирилик омода кард ва дастраси алоқамандону мухлисони бешумори он гардонид. Ва бо ҳамин заминаи муътамадеро барои таҳқиқ, шинохти ҳаматарафа ва дарки дурусти вижагиҳои осор ва афкори ӯ барои марҳалаҳои баъдӣ муҳайё намуд.
Устод Айнӣ бо фурӯтание, ки ба ӯ хос буд, рисолаашро бо суханони зерин ба поён расонидааст: «Эҷодиёти Бедил монанди як баҳр аст. Ин кори мо дар роҳи тадқиқи вай монанди он аст, ки касе бо заврақе канорҳои осонгузари баҳрро сайр карда бошад» (Садриддин Айнӣ. Куллиёт. Ҷ.11. –Китоби дуюм. –С.331). Дарвоқеъ, муаллифи «Мирзо Абдулқодири Бедил» баҳри беканори осори Бедилро бо маҳорати шиноварии бемислумонанд сайр намудааст ва дурдонаҳои ноёби онро ба мухлисонаш арза доштааст.
Устод Айнӣ умед дошт, ки дар оянда таҳлилу тадқиқи дурусти осор ва афкори Бедил «ҷавонони пурмаълумотро» (Ҳамон ҷо) мунтазир аст. Хушбахтона, ингуна ҷавонони пурмаълумоте, ки умри худро ба таҳқиқ ва нашри осори ин адиби бузурги форсизабони Ҳинд бахшиданд, дар Тоҷикистон дар охири солҳои 70 ва ибтидои 80-уми асри пешин қадам ба майдони бедилшиносӣ гузоштанд. Донишмандони номии тоҷик Субҳон Амирқулов, шодравон Муҳаммадансор, Нуралӣ Нурзод ва Бобобек Раҳимӣ дар ҷумлаи онҳо буданд.
Фаъолияти илмӣ ва амалии онҳо дар заминаи бедилшиносӣ дар охири солҳои 70, 80 ва 90-уми садаи ХХ ва даҳсолаҳои аввали садаи ХХ1 гувоҳӣ аз он медиҳад, ки бедилшиносӣ дар Тоҷикистон ба марҳалаи нави худ -марҳалаи камолот расидааст. Ва вижагӣ ва афзалиятҳои ин марҳала бештар ва беҳтар аз ҳама дар фаъолияти бедилшиноси номии тоҷик Бобобек Раҳимӣ таҷассум ёфтааст.
Соли 2018