• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Uncategorized

ЗАБОНИ МОДАРӢ!

January 21, 2023
in Uncategorized, Адабиёт ва ашъор, Шеърҳо
0
ЗАБОНИ МОДАРӢ!
0
SHARES
10
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Гавҳари ҳусни баёни ман, забони модарӣ,
Нардбони осмони ман, забони модарӣ.

Мезанад ҷӯшу хурӯш аз шаҳраги хуни дилу…
… мағз-мағзи устухони ман, забони модарӣ,

Аз навозишҳои гарму шири поки модар аст,
Дар ниҳоди ҷисму ҷони ман, забони модарӣ.

Реша дорад аз муҳаббат, сабз монад то абад,
Дар ҷаҳони ормони ман, забони модарӣ.

Аз “Авасто”-ву китоби “Тоҷикон” сар мешавад,
Нусхае аз ину они ман, забони модарӣ.

Шохаи сабзи дарахти Шаҳчинори форсист,
В-аз табори Ориёни ман, забони модарӣ.

Ёдгор аз Рӯдакиву Пири Тӯсу Мавлавист,
Аз ниёкон армуғони ман, забони модарӣ.

Орӣ аз ғассу самин, чун софу беолоиш аст,
Беҳтарин ганҷи ниҳони ман, забони модарӣ.

Ҳастии ман, сарвати ман, ҳадяи Яздони ман,
Парчаму рамзу нишони ман, забони модарӣ.

Оламе гардида маҳви лаҳни ширинаш мудом,
Пораи қанди даҳони ман, забони модарӣ.

Андаруни чор унсурам талотум мекунад,
Мавҷаи баҳри дамони ман, забони модарӣ.

Мекашад фарёди бедориву монад асрҳо,
Дар ғазалҳои равони ман, забони модарӣ.

То қиёмат дар амони худ нигаҳ дор аз бало,
Эй Худои меҳрубони ман, забони модарӣ.

Илҳом Эшонзодаи Насафӣ

Previous Post

Эрон ай сарои умед

Next Post

Ин навшта дарбораи касе аст ки ҳеҷ ба забони модари худаш гап намезанад.

Related Posts

Эҳёгари афкори динӣ
Адабиёт ва ашъор

Қитъаи адабии бисёр зебо аз Иқболи Лоҳурӣ

May 3, 2026
Авомили ақибмондагии ҷомеаҳои исломӣ
Адабиёт ва ашъор

Ҳикояти марди тозамусалмон

February 26, 2026
Дамованд
Адабиёт ва ашъор

Дамованд

February 26, 2026
ҳофиз
Шеърҳо

Қуръон ва аҳодис дар осори Ҳофиз

February 26, 2026
Манобеи Шоҳнома
Адабиёт ва ашъор

Кохи баланди Фирдавсӣ

February 24, 2026
Қиматӣ дар шаҳри Мадина
Адабиёт ва ашъор

Водии оромиш

February 24, 2026
Next Post
Ин навшта дарбораи касе аст ки ҳеҷ ба забони модари худаш гап намезанад.

Ин навшта дарбораи касе аст ки ҳеҷ ба забони модари худаш гап намезанад.

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Оятуллоҳ Сайидмуҷтабо Хоманаӣ раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон интихоб шуд

Паёми Оятуллоҳ Сайидмуҷтабо Хоманаӣ дар робита бо тангаи Ҳурмуз

May 3, 2026
Оташсӯзӣ дар нови омрикоӣ

Оташсӯзӣ дар нови омрикоӣ

May 3, 2026
Қолибоф: Ҷанги кӯтоҳмуддате нахоҳем дошт

Кинояи Қолибоф ба Ҳегсет: “Дар муҳосираи Эрони бо ин вусъат муваффақ бошед!”

May 3, 2026
Сайфулло Муллоҷон

Як ҳикояти таърихӣ аз рӯзгори хушомадгӯён ва чоплусон

May 3, 2026

Recent News

Оятуллоҳ Сайидмуҷтабо Хоманаӣ раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон интихоб шуд

Паёми Оятуллоҳ Сайидмуҷтабо Хоманаӣ дар робита бо тангаи Ҳурмуз

May 3, 2026
Оташсӯзӣ дар нови омрикоӣ

Оташсӯзӣ дар нови омрикоӣ

May 3, 2026
Қолибоф: Ҷанги кӯтоҳмуддате нахоҳем дошт

Кинояи Қолибоф ба Ҳегсет: “Дар муҳосираи Эрони бо ин вусъат муваффақ бошед!”

May 3, 2026
Сайфулло Муллоҷон

Як ҳикояти таърихӣ аз рӯзгори хушомадгӯён ва чоплусон

May 3, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Оятуллоҳ Сайидмуҷтабо Хоманаӣ раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон интихоб шуд

Паёми Оятуллоҳ Сайидмуҷтабо Хоманаӣ дар робита бо тангаи Ҳурмуз

May 3, 2026
Оташсӯзӣ дар нови омрикоӣ

Оташсӯзӣ дар нови омрикоӣ

May 3, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved