🔴 Раиси ситоди кулли артиши Арабистон, дар ин сафар бо муовини шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Аманколов дидор ва ду тараф заминаҳои ҳамкории амалӣ дар ҳавзаи посух ба чолишҳо ва таҳдидҳои мавҷуд, масоили амниятии минтақа ва муқобила бо тероризм гуфтугӯ карданд.
🔺 Дар идома, ал- Рувайлӣ бо вазири дифои Қирғизистон Бекболотов дидор дошт ки дар он, ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои дифоӣ ва низомӣ мавриди баҳс ва баррасии тарафайн қарор гирифт.
🔺 Раиси ситоди кулли артиши Саудӣ, бо ҳамроҳии вазири дифои Қирғизистон ва раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон, Тардикбоев, аз муассисаи низомии нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон боздид ва имконот ва таҷҳизоти он ро мушоҳида ва баррасӣ кард.
‼️ Пас аз он, Фаёз Бин Ҳомед ал-Равайлӣ, ҷаласаи бо Қамчибек Ташиев, раиси кумитаи амнияти миллии Қирғизистон дошт ки дар он равобити дуҷониба дар заминаи амниятӣ ва роҳҳои тавсиаи он мавриди баррасӣ қарор гирифта ва ҳамзамон воҳиди низомии «44549» Қирғизистон боздид карданд.
✍ Нооромиҳои марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, комил ба дасти Руасои амнияти миллии ин ду кишвар аст, ва Ятимов раиси амнияти миллии Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш Ташиев, ҳарду муҳраи Амрикоӣ- саҳюнистӣ дар кишварҳои худ мебошанд.
🔸Изофа бар он боздид ва ҷаласоти ҳайати Саудӣ аз ниҳодҳои амниятии Қирғизистон, ва ҳамзамон амиқ кардани равобити Саудиҳо бо Тоҷикистон. Ҳамчунин сафари чанде пеш ҳайъате аз Амрико ба ин ду кишвар дар мавриди даргириҳои марзӣ, нишонгари ин аст ки ин даргириҳо комил бо тарҳрезии нерӯҳои хориҷӣ дар ҳоли анҷом буда ва қасди он ҳифзи нооромӣ дар минтақаи Осиёмиёна аст.
🔸 Дар ин маврид, ҳар рӯза таҳлилгарони кишварҳои мухталиф, ба хусус русҳо дар ҳоли ибрози нигаронӣ ва ба хориҷ шудани контроли минтақа аз дасти Русия изъон мекунанд.