Дар тӯли таърих ҳамеша ҳаводиси пур аз дарду ғам вуҷуд дошта аст. яке аз ин масъалаҳо ҳам достони бардагоне аст ки ба хотири зулми шоҳони замона ба дигар минтақаҳо паноҳ бурда ва онҷо ба кор гирифта шудаанд.
Бисёре аз мардум дар минтақаи кунунии Эрон ба ин далил ночор ба фарор аз мамлакат ва муҳоҷират ба таври бардагӣ ба минтақаҳои Хива ва Бухоро ва дигар шаҳрҳои фароруд гаштанд. Аммо ин муҳоҷират бо барда шудан ва оворагӣ таввасути туркманҳо рубару буд.Чаро ки омадан ба Бухоро ва Суғд ва Хива ба дасти туркманҳо имкон дошт.
Мардум ночор ба хости туркманҳо ба таври барда ва ғулом ба мардумони он шаҳрҳо фурухта мешуданд. Ин мардум замоне ки ба ин шаҳрҳо меоянд дар баробари сахтиҳо ва шиканҷаҳои арбобон ва амирон ё ҷон медоданд ё фарор мекарданд. Ба гуфтаи бархе таърихчиён шумори бардагони эронӣ дар ҷамъ шудани чанд сол ба як миллион мерасад. ба ҳамин хотир дар шахрҳои Бухоро ва Хива мо шоҳиди ҷиҳраҳои Эронӣ ( минтақаи маркрзии Эрони кунунӣ ) мебошем.