• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Uncategorized

Ифротгароии толибон дар Афғонистон ва авоқиби он

April 24, 2023
in Uncategorized, Мавзӯоти доғ
0
Ифротгароии толибон дар Афғонистон ва авоқиби он
0
SHARES
20
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ҳамроҳии бархе аз ҳампаймонони худ дар вокуниш ба ҳамалоти террористии 11-сентябри соли 2001, дар зоҳир бо ҳадафи сарнагунии толибон, ҷанги сахту сангинеро дар Афғонистон ба роҳ андохт.

Толибон он замон сарнагун шуд, аммо баъд аз 20 сол, ҳамзамон бо хуруҷи ишғолгарон (Амрико) бори дигар қудратро дар даст гирифт.

Ҳарчанд ки дар ибтидои қудратгирии муҷаддади ин гурӯҳ, бархе бар ин бовар буданд, ки дар тафаккуроти толибон тағироти чашмгире рух додааст, аммо воқеият ин буд, ки инқилоб ва тағире дар онон шакл нагирифтааст, ба ҳамин ҷиҳат, бо зуҳури дубораи толибон, демукросӣ ҳаргиз дар ин кишвар ниҳодина нашуд ва озодиҳои нимбанди мавҷуд низ беш аз ҳар замони дигаре дар маърази осеб қарор гирифт.

Алорағми он ки ҳузури низомии хориҷӣ дар Афғонистон бо ҷангу куштор ҳамроҳ буд, вале дар заминаи фаъолияти расонаҳо дастовардҳое дошт, ки умед мерафт, идома ёбад, аммо билофосила, пас аз тасарруфи Кобул тавассути толибон, қавонини ҷадиде барои расонаҳо вазъ шуд, то ҷое ки шиканҷа ва боздошти рӯзноманигорон дар дастури кор қарор гирифт; ин дар ҳолест, ки толибон дар аввалин конфронси хабарии худ ваъдаи озодии расонаҳоро дода буд, аммо пас аз гузашти беш аз яку ним сол, нишоне аз нармиш дар мавзеи раҳбари ин гурӯҳ дида намешавад ва озодии расонаҳо ва талошҳо барои озодии баён дар ин кишвар нодида гирифта шудааст, то ҷое ки маҳдудиятҳои рӯзафзун алайҳи расонаҳо дар Афғонистон интиқодоти густардаеро низ дар саросари ҷаҳон дар пай доштааст.

Мавзӯи дигаре ки пардохтан ба он аҳамияти зиёде дорад, баҳси ҳуқуқи занон дар Афғонистон аст. Толибон аз замоне ки рӯи кор омад, иддао дошт, дар ҳоли талош барои муносибсозии маҳалли таҳсил барои духтарон ва занон аст, аммо то кунун бисёре аз занону духтарон, на танҳо аз ҳаққи кору таҳсил маҳрум шудаанд, балки бахши умдае аз фурсатҳои дигари ҳузури худ дар иҷтимоъро низ аз даст додаанд, то ҷое ки фаромини маҳдудкунанде монанди мамнӯияти сафар бидуни як ҳамроҳи мард, манъи вуруд ба поркҳо ва марокизи тафреҳӣ ва мамнӯияти кор барои маъмуриятҳои Созмони Милал барои занони афғонистонӣ дар дастури кор қарор гирифтааст.

Эъмоли маҳдудиятҳо алайҳи расонаҳо ва нодида ангоштани ҳуқуқи занон ва бархе дигар аз мушкилоте, ки бо зуҳури толибон ба вуқуъ пайваст, боис шуд то бархе аз кишварҳо ва созмонҳои байналмилал дар паи роҳкорҳое барои бурунрафт аз бӯҳрони ифротгароии ҳоким бар ҷомеаи Афғонистон бошанд ва ахиран низ иҷлоси Самарқанд бо ҳузури кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, шомили Эрон, Покистон, Туркманистон, Чин ва Узбекистон баргузор шуд то ин кишварҳо вазъияти феълӣ дар Афғонистон ва таъсири он бар амнияти минтақаиро ба баҳс бигузоранд.

Бар асоси баёнияи поёнии ин иҷлос, ширкаткунандагон дар хусуси эҷоди як низоми ҳукмронии фарогир ва ҷомеъ дар Афғонистон, мубориза бо таҳдиди маводди мухаддир ва вазъияти ҳуқуқи башар дар Афғонистон, аз ҷумла ҳуқуқи тамоми гурӯҳҳои қавмӣ, занон ва кудакон гуфтугӯ карданд.

Дар ин баёния, бар аҳамияти эҷоди як низоми ҳукмронии фарогир ва ҷомеъ дар Афғонистон, ки мунъакискунандаи манофеи ҳамаи ақшори ҷомеаи афғон аст, таъкид карданд. Вузарои умури хориҷаи ҳозир дар иҷлос ҳамчунин хотирнишон карданд, ки ҳамаи гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДОИШ, Алқоида, Ҷунбиши исломии Туркистони Шарқӣ, Таҳрики толибони Покистон, Артиши озодибахши Балучистон, Ҷундуллоҳ, Ҷунбиши Ал-Адл, Ҷамоати Ансоруллоҳ, Ҷунбиши исломии Узбекистон ва дигар созмонҳои террористии мустақар дар Афғонистон ҳамчунон таҳдиди ҷиддӣ барои амнияти минтақа ва ҷаҳон ба шумор мераванд.

Онҳо ҳамчунин аз толибон хостанд, “ин ҳаққи баробарро барои тамоми шаҳрвандони Афғонистон фароҳам оваранд, то дар шууни сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии он кишвар мушорикат кунанд”.

Дар чунин шароите Амрихони Муттақӣ, вазири умури хориҷаи толибон, ки дар ин иҷлос ҳузур дошт, бидуни ишора ба маҳдудиятҳои шомили маҳрумият аз кор ва таҳсил, ки толибон алайҳи занони афғонистонӣ эъмол кардаанд, изҳор дошт: Толибон ба унвони як ҳукумати масъулиятпазир омода аст то ба тааҳҳудоти худ амал кунад.

Муттақӣ ҳамчунин изофа кард, ки толибон мутааҳҳид аст, ба ҳеч гурӯҳ ё фарде иҷоза надиҳад, ки аз хоки Афғонистон барои иқдом алайҳи кишварҳои минтақа ё соири кишварҳо истифода кунанд. Вазири умури хориҷаи толибон муддаӣ шуд, аз беш аз бист моҳ қабл, ки толибон ба қудрат бозгаштааст, Афғонистон оромиш, сулҳ ва як давлати марказии муқтадир дорад, ки кишт ва тиҷорати маводди мухаддирро мамнӯъ карда ва омодаи ҳамкории судманд бо кишварҳои минтақа аст. Толибон мӯътақид аст, масъалаи занон як масъалаи дохилӣ аст ва дигарон ҳаққи дахолат дар ин масъаларо надоранд.

Previous Post

Ифтитоҳи системаи обрасонӣ дар Тоҷикистон тавассути USAID

Next Post

Хулосаи достони подшоҳии Таҳмурис дар шоҳнома

Related Posts

Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!
Мавзӯоти доғ

Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

March 4, 2026
Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз
Мавзӯоти доғ

Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

March 4, 2026
750 шаҳид дар ҳамалоти Амрико ва Исроил ба Эрон
Мавзӯоти доғ

750 шаҳид дар ҳамалоти Амрико ва Исроил ба Эрон

March 3, 2026
Оромгоҳи 160 духтарбачаи бегуноҳ
Мавзӯоти доғ

Оромгоҳи 160 духтарбачаи бегуноҳ

March 2, 2026
Лориҷонӣ ба мақомоти амрикоӣ: Нисбат ба нақши вайронгарии саҳюнистҳо ҳушёр бошед!
Мавзӯоти доғ

Лориҷонӣ: Қотеона дифоъ хоҳем кард!

March 2, 2026
Ҳамсари Оятуллоҳ Хоманаӣ ба шуҳадо пайваст
Мавзӯоти доғ

Ҳамсари Оятуллоҳ Хоманаӣ ба шуҳадо пайваст

March 2, 2026
Next Post
таҳмурис

Хулосаи достони подшоҳии Таҳмурис дар шоҳнома

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

March 4, 2026
Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

March 4, 2026
750 шаҳид дар ҳамалоти Амрико ва Исроил ба Эрон

750 шаҳид дар ҳамалоти Амрико ва Исроил ба Эрон

March 3, 2026
Сураи Фотиҳа

Сураи муборакаи Фотиҳа

March 3, 2026

Recent News

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

March 4, 2026
Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

March 4, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved