- Доиш як чолиш барои Осиёи Миёна
Гурӯҳи такфирӣ-террористии Доиш аз ибтидои зуҳураш, манотиқи Шомот, шомили Сурия ва Ироқ ва низ вилояти Хуросон (Афғонистон ва бахшҳое аз Осиёи Миёна)-ро ба унвони қаламрави худ матраҳ сохт ва аз ин тариқ, мавҷудият ва ҳувияти худро бино ниҳод. Баҳси зуҳури дубораи фаъолиятҳои террористӣ, таҳти унвони Доиши Хуросон ва қудратнамоии он дар маҳдудае ба паҳнои Осиёи Миёна, бо ҳадафи барҳам задани авзои амниятии минтақа, ин рӯзҳо бори дигар ба сархатти хабарҳо бозгашта ва метавон аз он на танҳо барои Осиёи Миёна, балки саросари қораи куҳан ёд кард.
Аммо ин ки чӣ дастҳои пушти парда ва чӣ аҳдофе дар ин зуҳур ва созмондеҳии муҷаддад дар коранд, бо таҳлилу баррасии авзои минтақа метавон ба онҳо пай бурд.
- Доиш ва далили тамаркузаш бар Хуросони бузург
Дар ибтидо бояд хотирнишон кард, далели аслии тамаркузи террористҳои доишӣ дар маҳдудае таҳти номи вилояти Хуросони Бузург, (ки аз манзари тарроҳон ва пуштибонони ин фаъолиятҳои террористӣ), шомили Осиёи Миёна, бахусус кишварҳое ба монанди Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон ва ҳатто Қирғизистон мебошад, таҷрибаи шикасти сангин дар Ироқ ва Сурия, бавижа аз нируҳои эронӣ аст.
[1] Чаро ки бо нобудии расмии ин гурӯҳи террористӣ дар ин ду кишвари Ховари Миёна, амалан нируҳои муздур ва иҷораие, ки аксари ин афрод ба далоили мухталифе, аз ҷумла барои ба даст овардани долларҳои доишӣ ва ё бо таҳрики нируҳои ифротгаро ва ваҳҳобӣ, бо афкори ҷиҳодӣ, ба Сурия ва Ироқ рафта буданд ва дар ниҳоят аз маҳлака ҷони солим бадар бурда буданд, дучори сардаргумӣ шуда ва ниёз ба созмондеҳии дубораи онҳо аз сӯи тарроҳон ва пуштибонони ин гурӯҳи террористӣ будааст. Ба забони содатар чӣ ҷое беҳтар аз мавтини аслии ин афрод, ки ба он ошноӣ доштаанд!
- Ҳузури Доиш дар Осиёи Миёна ба таври пинҳонӣ
Гузоришоти бисёре ҳикоят аз теъдоди атбои Осиёи Миёна бавижа шаҳрвандони туркманистонӣ ва узбекистонӣ дар Доиш буда, ки бештари ин нируҳои террорист тӯли солҳои ахир ба маҳдудаи зодгоҳи худ бозгардонда шудаанд. Аз ҷумла гузоришоти расмии қобили истинод, гузориши Сергей Шойгу – вазири дифои Русия, дар конфронсе дар соли 2019 будааст, ки бино ба тахмини вай, қариб ба панҷ ҳазор нафар аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна ба тарафдорӣ аз Доиш, дар Ироқ ва Сурия ҳузур доштаанд ва пас аз шикасти Доиш бештари онҳо ба сарзаминҳои худ бозгаштаанд. Ҳарчанд ин омор дар гузоришҳои мухталиф, мутафовит нақл шудааст ва бархе теъдоди бамаротиб бештареро таъйид мекунанд.
[2] Дар ҳамин хусус, Руслан Мирзоев, раёсати кумитаи зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шонгҳой (RATS SCO) баён доштааст, ки гурӯҳҳои террористӣ (Доиш) ба дунболи фурсатҳое барои созмондеҳии муҷаддад ва анҷоми ҳамалоти террористии густарда дар минтақа ҳастанд.[3]
- …..Доиши Хуросон пас аз зуҳур
Гуфтанист, коршиносони бисёре решаи тамаркузи Доиши Хуросонро бар маҳдудае ба вусъати Осиёи Миёна, ки аз як сӯ наздик ба Русия буда ва аз сӯи дигар бо Чин қаробат дорад, иқдомоти танишзои Амрико ва алоқаи вофири онҳо ба эҷоди бӯҳронҳои минтақаӣ ва доман задан ба даргириҳо дар наздикии марзҳои руқабои стротежики худ медонанд. Дар ҳамин хусус, Замир Кобулов, намояндаи вижаи раиси ҷумҳури Русия дар умури Афғонистон баён доштааст, ки Иёлоти Муттаҳида бо террористҳои мустақар дар Афғонистон дар тамос буда ва махфиёна аз гурӯҳи террористии Доиш ҳимоят карда ва дар Осиёи Миёна аз террористҳо барои дастёбӣ ба аҳдофи жеополитикии худ истифода мекунад.[4] Дар ҳамин росто доктор Муҳсин Покойин сафири собиқи Эрон дар Узбекистон, ҳадафи Доиш дар Осиёи Миёнаро бесаботсозии кишварҳои ин минтақа ва дар воқеъ, рахна кардан дар ҳавзаи суннатии нуфузи Русия номида ва баён доштааст, асосан бояд ҳузури Доиш дар Осиёи Миёнаро аз манзари рақобатҳои Амрико ва Русия мавриди
таваҷҷуҳ қарор дод.[5]
Ҳарчанд дар канори иқдомоти махфиёна ва талошҳои Амрико барои эҷоди ноамнӣ ва бесаботӣ дар ин минтақа ва низ ҳузури атбои ҳамин кишварҳо дар таркиби пайкорҷӯёни Доиш, заминаҳои аслӣ ва бастарҳои шаклгирии ҳузур ва тамаркузи Доиш дар ин минтақа, мавориди мутааддиди дигаре низ қобили баррасӣ аст, лекин бархе аз аслитарини ин маворид, ҳамоно заъф дар сохтори иҷтимоӣ-сиёсии ғолибан секулори кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна, рӯйкард ва иқдомоти нодурусти давлатҳои минтақа дар баробари ҷараёноти ифротгарӣ ва адами муқобилаи саҳеҳ бо ишоаи афкори инҳирофӣ, бофти иҷтимоии суннатӣ ва печидаи кишварҳои Осиёи Миёна, ки зотан дучори ноогоҳии динӣ буда ва ба дафаот мавриди суистифодаи гурӯҳҳои ифротӣ қарор гирифтаанд ва конунҳои ҷуғрофиёӣ ва гаронигоҳи бӯҳронзо дар минтақа, чун водии Фарғона дар Узбекистон, ки ҳамеша мустаидди парвариши нируҳои ифротӣ будааст ва низ вазъияти бесаботи Афғонистон, аз дигар авомилест, ки ба тамркузи Доиш дар ин маҳдуда сабаб шудааст. Ҳамин мавориди мутааддид баёнгари аҳамияти муборизаи баҳангом ва ҳамаҷониба бо ин ҷараёни инҳирофӣ ва террористӣ буда ва барои муқобила бо ин тумури бадхим ва саратонӣ ва низ решакании ин муъзали бузург, ҳиммати болои масъулон ва давлатмардони кишварҳои Осиёи Миёна ва ҷомеаи байналмилал мавриди ниёз аст то бо баҳрагирӣ аз улгуи муваффақи Эрон дар заминаи муқобила бо ҷараёноти ифротӣ ва террористӣ ва таҷоруби ба даст оварда аз он, иқдоми ҷомеъ ва саривақтиро ба амал оваранд то миллатҳои ҷаҳон, дигар шоҳиди сангинии сояи ҳузури Доиш, таҳти ҳар унвоне, дар минтақа ва алалхусус ҳавзаи Осиёи Миёна набошанд.