• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Uncategorized

Туркманистон дар бозии сиёсати байналмилал

May 9, 2023
in Uncategorized, Мавзӯоти доғ
0
туркманистон
0
SHARES
19
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter
лаҳзаи ифтитоҳи сафорати Исроил дар Туркманистон
лаҳзаи ифтитоҳи сафорати Исроил дар Туркманистон

  • аҳамияти Туркманистон дар назари кишварҳои дигар ба хусус Эрон

Эли Коҳен – вазири умури хориҷаи Исроил, асри чаҳоршанбе ба Туркманистон сафар мекунад то расман сафорати ҷадиди ин режимро дар Ишқобод пойтахти ин кишвар ифтитоҳ кунад.

Сафорати мазкур наздиктарин маъмурияти диплумотики онҳо дар марзи Эрон хоҳад буд; (дар ҳудуди бист километрии марзи Эрон).

Ин иқдом ва сафари вазири умури хориҷа ба унвони паёме ба Эрон тавсиф шудааст, ки режими саҳюнистӣ дар ҳоли афзоиши нуфуз дар минтақаи атрофи Эрон аст.

Туркманистон, кишваре бо аксарияти мусалмон, дар соли 1991 бо режими саҳюнистии Исроил равобит барқарор кард ва чанд сол пеш, сафорати муваққат дар хоки он кишвар ифтитоҳ кард.

Дар шароити ҳозир ва бо таваҷҷуҳ ба ҷабҳабандиҳои ҷадиди ҷаҳонӣ, ки дар ҳоли  шаклгирист, ин рафтуомад паёмҳои зиёде барои ду тарафи ин рӯёрӯии байналмилал дорад.

  • Нигаронии Русия барои кам нуфуз шудан аз Туркманистон

Кишвари Туркманистон аз қадим бо сиёсати бетарафӣ маъруф буд, ин ки оё сиёсатмадорони туркман дар чархиши ошкор ҷабҳаи ғарбиро интихоб карда бошанд, иқдоми хатире арзёбӣ мешавад, албатта барои эъломи ин натиҷагирӣ ҳануз зуд аст.

Бо таваҷҷуҳ ба тирагии робитаи Исроил бо Русия, ин ҳаракат метавонад паёме барои Русия низ бошад.

Русия аз дер боз, масоили кишварҳои Осиёи Миёнаро аз наздик пайгирӣ мекунад ва ҳассосияти хоссе нисбат ба равобити ин кишварҳо бо ҷаҳон дорад. Кишварҳои Осиёи Миёна низ ҳамвора ба хотири мавқеияти ҷуғрофиёӣ ва гузаштаи худ ба ҳассосияти жеополитикии Русия эҳтиром мегузоштанд, аммо бо таваҷҷуҳ ба иқдомоти Озарбойҷон ва эҷоди робитаи стротежик бо ин кишвар (Исроил), бояд дид Туркманистон низ ба унвони кишвари мустақил, хоҳони равобити наздик бо режими саҳюнистӣ аст ва ба дуюмин кишвари минтақа ба унвони пойгоҳи иттилоотӣ ва ҷосусии Исроил табдил хоҳад шуд, ё фақат дидору рафтуомадҳо барои Туркманистон натиҷаи иқтисодӣ ва аниятии хоссе ба дунбол дорад.

  • таъсиргирифтани Чин аз равобти Туркманистон ва Исроил

Замон ва баррасии бештари ин иқдомот ҳатто барои Эрон аҳамият дорад. Аз он ҷо ки муттакӣ будани иқтисоди Туркманистон ба Чин (харидори аслии гози Туркманистон Чин аст(1)), масъалаи муҳиммест, як фарзия дар иртибот бо наздикии Туркманистон ва Исроил вуҷуд дорад ва он ҳам ин аст, ки ин иқдом метавонад паёме маънодор аз сӯи Чин барои Русия бошад, ки зудтар ҷанги Украинаро ҳаллу фасл намояд.

Ба фарзи пазируфта шудани фарзияи зикршуда, бояд гуфт, Чин пазируфтааст, ки яке аз аъзои фаъоли кишварҳои ғарбӣ дар наздики кишвари худ пайгоҳ ва ташкилоти хоссе барпо кунад, ки дур аз зеҳн ба назар мерасад, аммо дар олами сиёсат зариби эҳтимолӣ барои ҳар воқеаеро бояд дар назар гирифт.

Масъалаи дигар, ки бояд ба он таваҷҷуҳ кард, ин аст, ки Эрон ба унвони кишваре бо ҳадди болои хусумат бо режими саҳюнистии Исроил, аз газанди равобити наздики Туркманистон бо ин кишвар бенасиб нахоҳад монд. Сиёсати Исроил наздик шудан ба ҳамсояҳои Эрон аст то аз ин роҳ дастоварди иттилоотӣ ва амниятӣ касб намояд ва битавонад дар мавқеи ниёз ба Эрон фишор биёварад ва сабади равобити байналмилалии худро мутакассир намояд; ин сиёсат, ки ба “иттиҳоди пиромунӣ” маъруф аст, тавассути Бен Гурион тарҳрезӣ шуд. Барои Эрон, наздикии ҳар ҳамсояаш ба Исроил занги хатари бузурге ба шумор меравад.

Ҳамчунин ниёз ба баррасии нақши Туркия дар ин масъала зарурӣ аст. Эрдуғон бо таваҷҷуҳ ба наздик шудан ба интихобот, дар садади ироаи барги барандаҳое дар заминаҳои мухталиф аст. Дар гузашта, ин кишвар борҳо дар мавриди тарҳи руёрӯии коридори туркии худ матолиберо баён кардааст. Бояд дид, Туркия, Озарбойҷон ва Туркманистон аҳёнан бо манобеи молии режими саҳюнистии Исроил хоҳони зудтар ба натиҷа расидан ин барнома ҳастанд (2) ё барномаи коридор тавассути НАТО ва Амрико пайгирӣ мешавад.

Дастрасии Аврупо ба гози Туркманистон ва ҳамчунин манобеи гозии баҳри Каспий аз масири коридори Гози ҷанубӣ, ҳамчунин осебпазирии Арупо ба манобеи энержиро мекоҳад ва Туркияро табдил ба қутби гозии минтақа мекунад, мавзӯе, ки бар хилофи манофеи Эрон барои табдил шудан ба қутби гозии минтақа аст.

Дар охир бояд гуфт, ки ҳар рӯзу ҳар соате ки мегузарад, аҳамияти такмили коридори тронзирӣ барои Эрон, беш аз пеш воҷиб мешавад. Эҷоди коридори ҷадиди Чин – Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон як илзоми муҳим дорад ва он пешдастии Эрон, Русия ва Чин дар рафъи ҳар гуна заминаи ҳузури вайронгари Амрико ва Исроил дар кишварҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз аст.

Previous Post

Илҳом Алиев : Озарбойҷон ва Осиёи миёна бештар якпорча мешаванд

Next Post

Ман садои зани таппакфурӯш

Related Posts

Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!
Мавзӯоти доғ

Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

March 4, 2026
Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз
Мавзӯоти доғ

Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

March 4, 2026
750 шаҳид дар ҳамалоти Амрико ва Исроил ба Эрон
Мавзӯоти доғ

750 шаҳид дар ҳамалоти Амрико ва Исроил ба Эрон

March 3, 2026
Оромгоҳи 160 духтарбачаи бегуноҳ
Мавзӯоти доғ

Оромгоҳи 160 духтарбачаи бегуноҳ

March 2, 2026
Лориҷонӣ ба мақомоти амрикоӣ: Нисбат ба нақши вайронгарии саҳюнистҳо ҳушёр бошед!
Мавзӯоти доғ

Лориҷонӣ: Қотеона дифоъ хоҳем кард!

March 2, 2026
Ҳамсари Оятуллоҳ Хоманаӣ ба шуҳадо пайваст
Мавзӯоти доғ

Ҳамсари Оятуллоҳ Хоманаӣ ба шуҳадо пайваст

March 2, 2026
Next Post
Ман садои зани таппакфурӯш

Ман садои зани таппакфурӯш

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

March 4, 2026
Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

March 4, 2026
750 шаҳид дар ҳамалоти Амрико ва Исроил ба Эрон

750 шаҳид дар ҳамалоти Амрико ва Исроил ба Эрон

March 3, 2026
Сураи Фотиҳа

Сураи муборакаи Фотиҳа

March 3, 2026

Recent News

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

March 4, 2026
Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

March 4, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved