• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Uncategorized

Сиёсати Чин барои соҳиб шудан ба сарзамини Тоҷикистон ва хоки Бадахшон

May 31, 2023
in Uncategorized, Мавзӯоти доғ, Чаро посдорӣ?!
0
Чин
0
SHARES
13
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Кишвари Чин яке аз кишварҳои абарқудрати ҷаҳон аст, ки аз лиҳози иқтисодӣ ва сиёсӣ дар рутбаи болое қарор дорад. Дар чанд даҳсолаи ахир, Чин дар паи сиёсати манфиатталабонае монанди дигар давлатҳову кишварҳои бузург аст, ки батавонад императории худро роҳ биандозад ва ба сурати хеле эҳтиёткорона хоҳони баргардондани даврони бошукӯҳи гузаштаи худ аст.

кишвари Чин

Ба ин харита таваҷҷуҳ кунед. Ба гуфтаи коршиносон харитае, ки имрӯза дар китобҳои дарсии мактабҳои чинӣ қарор дорад, бо хатти сурх  марзҳои имрӯзии Чин ва бо хатти бунафш марзи ормонӣ ё даврони бошукӯҳи гузаштаи онҳо нишон дода шудааст.

Ҳамон тавре ки дар он харита мушоҳида мешавад, хоки Бадахшони Тоҷикистон, Қирғизистон, Муғулистон ва қисматҳое аз Русияро Чин барои нуфуз ва тасоҳуби худ ба сурати хеле эҳтиёткорона пайгирӣ мекунад.

Ба илова, тибқи бархе аз гузоришот, харитаҳое аз кишвари Чин мунташир шудааст, ки гӯё Қирғизистон ва Тоҷикистон ҷузъе аз кишвари Чин ба ҳисоб оварда шуда ва гӯё кишваре ба номи Тоҷикистон дар харита (нақша) нест.

Шояд то кунун Чин бо ҳеч як аз кишварҳои мадди назар, бахусус Тоҷикистон бар сари ин марзҳо ё дигар равобит ба мушкил барнахӯрда ва робитаи баде бо ин минтақаҳо надоштааст, аммо ҳамин харита дар китобҳои дарсӣ ва дигар нақшаву харитаҳои ғайрирасмие, ки аз Чин ба ҷаҳон нишон дода шудааст, худаш як нидои нохушояндро медиҳад. Ин масъала башиддат хоки Бадахшони Тоҷикистонро таҳдид мекунад. Дар чанд сол пеш, мавриди тикка-тикка соҳиб шудани хоки Бадахшонро аз тарафи Чин шоҳид будем, ки Тоҷикистон дар соли 2011 ба хотири қарзҳои калон ва баҳонаҳои торихии марзӣ, қисмате аз хоки Бадахшонро дар ихтиёри Чин гузошт ва на танҳо гузошт, ки балки давлати Тоҷикистон аз ин кори иштибоҳи худ дифоъ низ ба амал овард ва онро “пирӯзии дипломатияи тоҷик” унвон кард.

Пас аз ин рухдод ва далелҳои мухталифе ҳамчун тафовути мазҳабӣ, забонӣ бо дигар нуқоти Тоҷикистон, дар ҳамин чанд соли ахир, бархе мардуми Бадахшон ба хотири адами дастрасиҳо ва расидагии ғайриқобили қабул, норизоятиҳо ва нигоҳи нодуруст ба минтақа аз тарафи давлати марказии Тоҷикистон, тарзи тафаккури ҷудоиталабӣ ва ҷудогароии худ нисбат ба тоҷикҳо ва Тоҷикистонро гирифтаанд ва худро тоҷик намедонанд. Ҳамин мавзӯъ сабаб шудааст, ки мардуми Бадахшон ба фикри ҳукумат ё системаи идораии давлатии худ бишаванд.

Онҳо пайваста кӯшиш доранд, ки худро ҷудо бишморанд ва аз ҳукумати марказӣ дастур нагиранд, аммо ғофил аз ин ки ин корҳо, на танҳо ба нафъи Бадахшон, балки бар зарари ин минтақа ва бар зарари кулли Тоҷикистон хоҳад буд.

Агар ихтилол ва ҷудоӣ дар Тоҷикистон сурат гирад, ин эҳтимол ҳаст, ки кишвари Чин ба ҳар баҳонае вориди амал шавад ва хоки Бадахшон ё ҳатто Тоҷикистонро аз худ кунад.

Ба ҳар ҳол, мардуми Бадахшони Помир бояд ҳушёр бошанд, ки ин ҷудоиҳо ва парокандагиҳо оқибати хубе барои мо мардуми Тоҷикистон нахоҳад дошт ва ҳамин ҷудоӣ ва тафриқаҳо монеи пешрафт ва якдастии мо мешавад.

Аз далоили заъфи мардуми Тоҷикистон набуди иттиҳоду ҳамбастагӣ ва вуҷуди тафриқа аст, дар ҳоле ки мо ҳама аз як реша ва як нажод ҳастем ва бояд дар талош бошем ба хотири бозиҳои сиёсии дигарон аз ҳам ҷудо нашавем ва бозичаи манофеи душманон ва бегонагони манфиатҷӯ нашавем, то битавонем сарнавишти хуберо барои халқи худ рақам бизанем.

Previous Post

Ҳақобаи Эрон ва Толибоне ки ба дунболи ҷанг аст

Next Post

шитоб гирифтани тиҷорат дар сар то сари Осиёи Миёна аз тариқи коридори миёнӣ

Related Posts

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ
Имон ва ваҳдат

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

May 18, 2025
76-умин солгарди рӯзи Ан-накба
Мавзӯоти доғ

76-умин солгарди рӯзи Ан-накба

May 16, 2025
Одамҳо мисли китобанд
Мавзӯоти доғ

Одамҳо мисли китобанд

April 10, 2025
Падар модар
Мавзӯоти доғ

Подоши нигоҳ кардан бо меҳрубонӣ ба падару модар

April 10, 2025
Ин маворид мағзи моро табоҳ мекунад
Мавзӯоти доғ

Мавориде, ки мағзи моро табоҳ мекунад

April 7, 2025
Рӯзи Ҷаҳонии Қудс
Мавзӯоти доғ

Рӯзи Ҷаҳонии Қудс

March 27, 2025
Next Post
коридори миёнӣ

шитоб гирифтани тиҷорат дар сар то сари Осиёи Миёна аз тариқи коридори миёнӣ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

May 18, 2025
76-умин солгарди рӯзи Ан-накба

76-умин солгарди рӯзи Ан-накба

May 16, 2025
Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025

Recent News

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

May 18, 2025
76-умин солгарди рӯзи Ан-накба

76-умин солгарди рӯзи Ан-накба

May 16, 2025
Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

May 18, 2025
76-умин солгарди рӯзи Ан-накба

76-умин солгарди рӯзи Ан-накба

May 16, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved