Парири қиблаи аҳрор Зовулистон буд Чунонки Каъба аст, имрӯз аҳли имонро
Носири Хусрав
- Ибтидо таърифи нисфуннаҳор (меридиан)
Насфуннаҳор хаттест, фарзӣ, ки аз қутби шимол ва ҷануб мегузарад.
Барои ба даст овардани тӯли ҷуғрофии як нуқта, аз мадорҳои нисфуннаҳор истифода мекунем.
Нисфуннаҳорҳо ҳамагӣ баробар мебошанд. Ва чун ҳеч бартарие нисбат ба якдигар надоранд, барои истифода аз онҳо бояд якеро ба унвони нисфуннаҳори мабдаъ (меридиани ибтидоӣ) номгузорӣ кард. Дар соли 1884 дар як тавофуқи байналмилалӣ тасмим гирифта шуд, ки нисфуннаҳоре, ки аз Гринвич мегузарад, нисфуннаҳори мабдаъ (нисфуннаҳори сифр – меридиани ибтидоӣ) ба шумор ояд.
Бо интихоби нисфуннаҳори мабдаъ бақияи нисфуннаҳорҳо бар асоси маҳаллашон нисбат ба нисфуннаҳори мабдаъ ба нисфуннаҳори шарқӣ ва ғарбӣ тақсим шуданд.
Ҳудуди панҷ ҳазор сол пеш, эрониёни бостон шаҳри Нимрӯзи кунуниро, ки дар Систон (Эрон) қарор дорад, нисфуннаҳори мабдаъ қарор доданд. Ваҷҳи тасмияи (далели номгузории) ин шаҳр ин аст, ки нисф – ним ва наҳор – рӯз ва ин шаҳр дақиқан васати Чин ва Аврупо аст. Албатта Абусаҳл Бежан ибни Рустами Куҳӣ ё Абусуҳуҳӣ – риёзидон ва ситорашинос ва аҳли Мозандарон, садаи даҳум, китобе дар бораи навоқиси масоили Аршимедис (Архимед) навишт ва иқдом ба муҳосибаи нисфуннаҳор намуд.
Сарзамини нимрӯз (Систон/Заранг/Зовулистон) бо нуҷум ва бавижа бо гоҳшумории (календар – тақвим)-и эронӣ пайванди амиқ ва дерина дорад. Номҳои гуногуни ин сарзамин аз коркардҳои нуҷумии он бархоста аст. Номвожаи аввал “Зовул/Зобул” бо расидани хуршед ба самтурраъс ва андозагирии он ба унвони мабдаи шабонарӯз дар пайванд буда ва баъдҳо вожаи “мизвала” ба маънои “шохиси хуршедӣ” аз ҳамон реша гирифта шудааст. Номвожаи “Заранг” (дар хатти мехии ҳахоманишӣ “зарака”) зоҳиран бо “диранг” ва “замон” муртабит аст ва аз ҳама муҳимтар номвожаи “Нимрӯз” аз ин бовар ва огоҳии куҳан сарчашма мегирад, ки хатти нимрӯз ё нисфуннаҳори мабдаъ аз ин ноҳия мегузарад.
- Намое аз осмони офтобии Систон
Дар тавзеҳи бештари ин падида бояд гуфт, ки мардумони бостон ҳамвора барои андозагириҳои тақвимӣ ва ҷуғрофиёӣ, монанди имрӯза, ба як нисфуннаҳори мабдаъ ниёз доштаанд, ки маъмулан онро бо миёнгоҳи ҷаҳон, яъне миёнаи ҳамаи сарзаминҳои маскунии шинохташуда, татбиқ медодаанд. Ин татбиқ гоҳе бо ноҳияи “Уҷин” дар Ҳинд (Покистони имрӯза), гоҳ бо шаҳри Бобул дар Миёндуруд ва гоҳе он гуна ки устод Парвиз Азкоӣ нақл кардааст, (маҷаллаи Фарҳанг, тирамоҳи 1367, саҳ. 125) бо нисфуннаҳоре, ки “Устунованд” дар шимоли Гармсор мегузашта, баробарӣ мекардааст. Нисфуннаҳори ёдшудаи ахир, бо тӯли ҷуғрофиёии 52/5 дараҷаи шарқӣ, ҳамон аст, ки имрӯза низ мабдаи расмии Кишвари Эрон шинохта мешавад. (Дар тадовули умум, ба иштибоҳ тасаввур бар ин аст, ки нисфуннаҳори мабдаъ аз шаҳри Теҳрон – пойтахти Эрон мегузарад).
Аммо яке аз ҷолибтарин ва шигифтангезтарин нуқоте, ки мардумони бостон ба унвони миёнаи ҷаҳон, интихоб кардаанд; сарзамини Систон ё Нимрӯз будааст. Огоҳиҳои илмии имрӯзӣ низ собит мекунад, ки баростӣ Нимрӯз дар миёнгоҳи нимкураи шарқӣ воқеъ шудааст ва фосилаи он то ҷазоири Куирл дар уқёнуси Ором (охирин ноҳияи маскунии шарқӣ), ба андозаи 90 дараҷа ва фосилаи он аз ғарб то ҷазоири Озур дар уқёнуси Атлас (охирин ноҳияи маскунии ғарбӣ), низ ба андозаи 90 дараҷа аст.
Ба иборати дигар, ҳангоме ки хуршед дар Систон ба миёнгоҳи осмон мерасад, дар шарқи ҷаҳон, хуршед дар ҳоли ғуруб ва дар ғарби ҷаҳон, дар ҳоли тулӯъ аст. Ба дигар сухан, ҳангоме саросари ҷаҳон дар рӯшании рӯз ба сар мебарад, дар Систон ҳамнгоми зуҳр ё “нимрӯз” аст. Интихоби ин сарзамин ба андозае бар бунёдҳои дақиқи илмӣ устувор будааст, ки баростӣ, имрӯза аз шеваҳои ин андозагирии дақиқ иттилое дар даст нест. Зоҳиран ба назар меояд, ки бо таваҷҷуҳ ба густардагии бисёр зиёди ин ноҳияи 180 дараҷаӣ, андозагириҳо на бо шеваҳои жеудезӣ (геодезӣ) ва заминпаймоӣ, балки бо муҳосиботи ношинохтаи нуҷумӣ анҷом мешудааст.
Интихоби Систон ба унвони миёнгоҳи ҷаҳон, илова бар ин ки нишонаи дастёбӣ ба дониши лозим будааст, нишондиҳандаи ин воқеият аст, ки зоҳиран андозагирҳои ҷуғрофиёӣ ва тақвимӣ, ҳатто дар он замон низ ҷанбаи байналмилалӣ ба худ гирифта будаанд ва лозим будааст, то ноҳияе ба унвони мабдаъ интихоб шавад то мавриди пазириши мардумони дигар кишварҳо қарор гирад.
Аз вожаи “Нимрӯз/Нимрӯзон” баъдҳо иборати арабии “нисфуннаҳор” сохта шуд, ки айнан тарҷумаи ҳамон вожа аст. Аммо ду сада гузашта ва ба дунболи камтаваҷҷуҳии мо ба дониш ва фарҳанги миллӣ, коркарди Систон ба унвони мабдаи мантиқии нисфуннаҳори ҷаҳонӣ, тағйир ёфта ва ин мабдаъ ба якбор ба шаҳри Порис ва бори дигар ба Гринвичи Англия бурда шуд.
- Бузуртарин қалъаи Систон
Манобеи куҳане, ки Нимрӯзро ба унвони миёнгоҳи ҷаҳон ёд кардаанд, мутааддид ҳастанд, ки дар ин ҷо ба ду намуна аз онҳо иктифо мешавад. Нахуст китоби “Торихи Систон”, аз садаи панҷуми ҳиҷрӣ, ки дар он омадааст: “Аммо ҳукамои олам ҷаҳонро бахш карданд бар омадан ва фурӯ шудани хуршед ба нимрӯз. Ва ҳад ончунон бошад, ки аз сӯи машриқ, аз он ҷо ки хуршед ба кутоҳтарин рӯзе барояд ва аз сӯи мағриб, аз он ҷо ки ба баландтарин (дарозтарин) рӯзе фурӯ шавад ва ин илм ба ҳисоб маълум гардад”. (Торихи Систон, муаллифи ношинохта, тасҳеҳи Ҷаъфари Мударриси Содиқӣ).
Манбаи баъдӣ, ки дар воқеъ куҳантарин маъхази сабти миёнагоҳи ҷаҳон ба шумор меояд, иборат аст аз “Меҳряшти Авасто”, ки дар он чунин суруда шудааст: “Ӯ, ки дастони бисёр баландаш паймоншиканро гирифтор месозад, ӯро бармеафканад, агарчи дар Ховари Ҳиндустон бошад, агарчи дар Бохтар бошад, агарчи дар миёнаи ин замин, дар резишгоҳи руди Аранг бошад”. (Авастои куҳан ва фарзиёте перомуни нуҷумшиносии бахшҳои куҳани он, Ғиёсободӣ, саҳ.50) манзур аз руди Аранг, руди Сайҳун ё Сирдарё аст, ки резишгоҳи ё масиби он дар дарёи Хоразм – Арал, дақиқан бар хатти Нимрӯзон, воқеъ шудааст, (ҳудуди 61 дараҷаи имрӯзӣ).
Сарзамини Нимрӯз илова бар ин, вижагии ҷолиби дигаре ҳам дорад ва он вуҷуди дарёчаи Ҳомун ва кӯҳи Хоҷа дар миёнаи он дарёча аст. Ин дарёча ва кӯҳи сангӣ ва мунфариди миёнаи он, худ ба монанди мокете аз ҷаҳон ба назар меомадааст. Ҳамон гуна ки ҳамаи хушкиҳои замин дар миёнаи дарё муҳит воқеъ шудаанд; дар миёнаи замин низ кӯҳи Хоҷа дар миёнаи дарёчаи Ҳомун ҷой гирифтааст.
Ин кӯҳ ва дарёча аз дер боз барои эрониён фархунда ва гиромӣ будааст ва дар Авасто ва бисёре аз осори эронӣ бо эҳтироми фаровоне аз он ёд шудааст ва ҳанӯз ҳам ин эҳтиром бо оинҳои вижае, ки тавассути мардуми маҳалӣ бар болои кӯҳ анҷом мешавад, идома дорад. Вуҷуди теъдоди фаровоне амокини муқаддас ва зиёратгоҳҳо ва номҳои Варҷованд, нишонаи идомаи гиромидошти ин кӯҳ аст.
Нигоранда бар ин бовар аст, ки дар даврони бостон биноҳо ва тақвимҳои офтобии мутааддиде бар болои ин кӯҳ, ки мабдаи тақвим ва гоҳшуморӣ дар ҳудуди се то чаҳор ҳазор сол пеш буда; сохта шуда будааст. Ҳарчанд пажӯҳишҳои нигоранда дар ин бора то кунун ба поён нарасида; аммо ба бархе созаҳо, ки зоҳиран дар пайванд бо тақвим ва ташхиси нуқтаи тулӯъ ва ғуруби хуршед дар ибтидои ҳар як аз фаслҳои сол ҳастанд, пай бурдааст.
Дар ин ҷо лозим медонам аз устод Эраҷи Афшории Систонӣ ва оқои Ваҳид Кайхомуқаддам – муовини донишгоҳи Систон, ки нигорандаро дар пажуҳишҳои майдонӣ ҳамроҳӣ карданд, сипосгузорӣ кунам.
Дар китобҳои ҷуғрофиёии садаҳои гузашта, Систон, Нимрӯз ҳам хонда шудааст. Гузоштани ин ном бар ин бахш, бар пояи ривоятҳои гуногунест, ки дар зер хоҳад омад:
Устод Пурдовуд дар китоби Ҳурмузднома дар мақолае чаҳорсу менависад: “Аз ин ки Систонро низ Нимрӯз хондаанд, барои ин аст, ки ин сарзамин дар поини ҷануби Хуросон афтодааст”.
Устод Пурдовуд дар китоби Яштҳо менависад: “Ваҷҳи муносибе, ки дар Муъҷам-ул-булдон дар фарҳангҳои форсӣ бар ин ном (Нимрӯз) овардаанд, пояе надорад. Номида шудани Систон ба Нимрӯз аз ин ҷиҳат аст, ки ин сарзамин дар ҷануби Хуросон, ки яке аз бузургтарин иёлатҳои Эрон буда, воқеъ шудааст”.
Нигоҳе ба нақшаи ҷаҳон ва мавқеияти Систон гузоштани вожаи Нимрӯз бар ин бахш, комилан бо далел ба назар мерасад, зеро Зардушт барои сохтани зиҷи худ Систонро баргузид, зеро дарёфта буд, ки хатти нимрӯз аз он ҷо мегузарад ва дунёи куҳанро ба ду ним бахш мекунад.
Ба сухани дигар, чун офтоб дуруст ба рӯи нимрӯзӣ ҷой мегирифт, ки аз Систон мегузарад, аз Жопун дар шарқ, то ҷазираҳои Холдот дар ғарб, ҳама ҷо ҳанӯз офтоб дида мешавад, бо ин тафовут, ки дар шарқ дар ҳоли ғуруб аст ва дар ғарб дар ҳоли тулуъ аст.
Бар пояи ин бояд гуфт, ки нимрӯз истилоҳи имӣ аст барои Систон ва ба нисфуннаҳори он марбут мешавад, ки донишмандони эронӣ ин бахшро пас аз Зардушт, кишвари Нимрӯз хондаанд.
Устоди муҳтарам доктор Фаридуни Ҷунайдӣ дар бораи қарор гирифтани Систон ба маънои Нимрӯз дар китоби Муҳоҷирати ориёиёни худ мегӯяд:
Самти дигар Нимрӯз аст, ки ҷануб бошад ва чаро Систонро ба маънои Нимрӯз гирифтем: яке аз ифтихороти нуҷумии ориёиён дар он замон будааст, зеро, ки Нимрӯз (Систон) бар рӯи нисфуннаҳоре қарор гирифтааст, ки ҷаҳони шинохташудаи он рӯз, яъне Осиё ва Аврупо ва Африқоро тақрибан нисф мекунад.
Яъне дуруст ҳангоме ки хуршед дар Нимрӯз аст, дар тамоми мамолики осиёӣ рӯз аст ва ҳамин нишон медиҳад, ки илми ҷуғрофиё дар он замон ба он ҳад расида буд, ки саросари дунёи маскуниро санҷида бошад ва маркази онро дар Эрон баргузида бошад.
Баъдҳо аз рӯи номи Нимрӯз вожаи нисфуннаҳор тарҷума шуд ва дар илми ҷуғрофиё мавриди истифодаи ҷаҳониён воқеъ гардид.
Аммо ҷаҳониён агар бихоҳанд, ки мабдае барои мадорот ва нисфуннаҳори худ дар ҷаҳон дошта бошанд, ҳамоно Нимрӯзи Систон ва Заранҷ аст, на Гринвичи Англистон ва на Порис, аммо мутаассифона зӯр бар илм ва ҳақиқат ғалаба мекунад.