• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Uncategorized

Форсизудоии толибон алайҳи ваҳдати миллии Афғонистон аст

June 24, 2023
in Uncategorized, Чаро посдорӣ?!
0
Форсизудоии толибон алайҳи ваҳдати миллии Афғонистон аст
0
SHARES
4
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Форсиситезӣ дар Афғонистон аз куҷо сарчашма мегирад?

Раванде, ки ҳокимони Афғонистон аз ҳудуди як аср пеш ё каме бештар аз он, дар пеш гирифтаанд, латмаҳое ба забони форсӣ зада ва ҳатто барои ваҳдати миллии Афғонистон низ осебзо будааст.

форс
намунаҳои аз форсиситезӣ дар Афғонистон (агар бубинид дар ин нишаст ҳеҷ навишта форсӣ ба кор набурда анд)

Ин ки мегӯянд, забони Афғонистон пашту аст, на форсӣ, чӣ қадар сиҳҳат дорад?

Хилофи ончӣ онҳо вонамуд кардааанд, ки забони форсӣ забони миллии Афғонистон нест, забони форсӣ пешинаи бештаре нисбат ба забони пашту доштааст. Бештари манотиқи Афғонистон хостгоҳи забони форсӣ ва мафохири он будааст. Касоне монанди Мавлавӣ, Саноӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дар давраҳои мутааххир, Халилуллоҳи Халилӣ, Восили Кобулӣ ва нависандагони муҳим ва барҷастае дар Афғонистон зуҳур кардаанд. Китоби “Торихи Систон” ба эҳтимоли қавӣ ба василаи нависандае аз манотиқи марказии Афғонистон навишта шуда ва “Чаҳор мақолаи арузӣ” низ дар Афғонистони кунунӣ таълиф шудааст. Дар канори он, китобҳои зиёде ба забони форсӣ дар Афғонистон навишта шудааст. Ба ғайр аз он, бештари мардуми Афғонистон ба форсӣ такаллум мекунанд. Бахши умдаи мардуми Афғонистон форсизабон ҳастанд ва онҳое ҳам, ки форсизабон нестанд, монанди узбекҳо, туркманҳо, паштузабонҳо ва паштунҳо, форсидон ҳастанд; яъне агарчи забони онҳо форсӣ нест, забони форсиро медонанд. Дар Кобул – пойтахти Афғонистон, мардум форсизабон ҳастанд ва дар онҷо форсӣ дар ҷараён аст, на забони пашту, аммо аз он ҷое, ки ҳокимони Афғонистон тақрибан ҳамеша паштун буданд, илова бар паштузабон будан, сиёсатҳои табъизӣ-қавмиятӣ ва забонӣ эҷод кардаанд.

Як вақте ҳаст, ки як фард аз қавмияти хоссе аст, аммо табъизи қавмиятӣ надорад, монанди қоҷорҳо (дар Эрон), ки туркзабон буданд, аммо на танҳо бо форсӣ душманӣ ва табъиз надоштанд, балки шоҳони қоҷории эронӣ ба форсӣ такаллум мекарданд ва ҳатто монанди Фатҳалишоҳ ва Носируддиншоҳ, ба форсӣ шеър эҷод мекарданд.

Бисёре аз шоирони машҳури он замон, монанди Фурсати Шерозӣ, Висоли Шерозӣ, Қоонӣ, Фуруғии Бастомӣ ва хелеҳои дигар дар дарбори қоҷор ҳузур доштанд.

Ба таври куллӣ, ҳузури қавмиятҳои мухталиф дар Эрон ҳеч таорузе бо забони форсӣ надоштааст, аммо дар Афғонистон, ба далели сиёсатҳои табъизомез ва қавмгароёнае, ки ҳокимони Афғонистон, аз ҳудуди як аср пеш эъмол карданд, ин иттифоқ рух додааст.

Аз чӣ замоне форсиситезӣ дар Афғонистон ба вуҷуд омад?

Форсиситезӣ дар Афғонистон собиқаи ҳудудан садсола дорад.

Албатта пеш аз он низ ҳокимони Афғонистон паштун буданд ва забони модарии онҳо пашту буд, аммо онҳо форсидон буданд, монанди касе, ки забони модариаш туркӣ аст, аммо форсӣ медонад ва ҳатто ба забони форсӣ хидмат мекунад.

Аз замони ташкили ҳукумати Дуронӣ, ки ҳукумати Афғонистон бо он шинохта мешавад, бо вуҷуди ин ки онҳо паштузабон буданд, хусумате бо забони форсӣ надоштанд ва ин равия ҳудуди 150 сол идома дошт, аммо ҳудуди сад сол пеш ва ба таври мушаххас дар давраи салтанати Амонуллохон, (яъне соли 1300 шамсӣ ба баъд), таҳти таъсири яке аз рӯшанфикрон ва рӯзноманигорони Афғонистон ба номи Муҳаммади Тарзӣ, ки ба навъе устоди маънавии Амонуллохон ба шумор мерафт, сиёсати паштуниза кардани Афғонистон дар ҳамаи абъодаш оғоз шуд.

Онҳо чӣ иқдомеро алайҳи забони решадори форсӣ анҷом доданд?

Забони паштуро ба унвони забони миллии Афғонистон матраҳ карданд ва забони форсиро ба унвони забони воридотӣ талаққӣ карданд, ки бар асари сиёсатҳо ё ҳукуматҳои сафавӣ, афшорӣ ва қоҷорӣ ба Афғонистон таҳмил шудааст. Онҳо саъй карданд ин мавзӯъро матраҳ кунанд, ки забони аслии мардуми Афғонистон пашту аст ва забони форсӣ як забони эронӣ аст, то Эрон ва Афғонистонро ҷудо аз ҳам ва фоқиди пешинаи муштараки торихӣ ва фарҳангӣ нишон диҳанд. Талоши онҳо барои ҳазфи решаҳои фарҳангии муштараки ду кишвар буд, то ин гуна вонамуд кунанд, ки ин ду кишвар аз назари фарҳангӣ комилан мутафовит ҳастанд ва дар яке забонои форсӣ забони миллӣ аст ва дар дигарӣ забони пашту.

Рафтори толибон дар душманӣ бо форсӣ идомаи ҳамон сиёсатҳои қаблӣ аст?

Ончӣ дар давраи толибон мебинем, амри ҷадиде нест ва собиқаи як қарнӣ ва бештар дорад, аммо акнун бо қудрат ва шиддати бештаре дар ҳоли пайгирӣ аст, ба тавре ки пеш аз ин, донистани забони пашту ҷузъи шароити устодии донишгоҳҳо набуд, вале акнун изофа шудааст. Дар ин солҳо форсизабонони Афғонистон талош карда буданд, ҳадди ақал дар шаҳрҳои форсизабон, истилоҳоти идориро ба забони форсӣ баён кунанд, вале толибон дар ҳоли талош аст, ки ин равандро тағйир диҳад ва истилоҳоти идорӣ ҳам дар Афғонистон ба забони пашту бошад.

Previous Post

Ҳуҷуми кӯчиҳо ба манотиқи марказӣ ва шимолии Афғонистон; паёмад ва масъулияти толибон

Next Post

Худогоҳии миллии ва ҳифзи ҳувияти миллӣ

Related Posts

Қосим Сулаймонӣ
Мавзӯоти доғ

Васиятномаи Қосим Сулаймонӣ

March 27, 2025
Шеъри аз Мавлонои Шамси Табрезӣ дарбораи ҳастиву нестӣ
Uncategorized

Шеъри аз Мавлонои Шамси Табрезӣ дарбораи ҳастиву нестӣ

December 9, 2024
Ҳушдори раҳбари Эрон дар охирин дидор бо Башор Асад президенти Сурия
Uncategorized

Ҳушдори раҳбари Эрон дар охирин дидор бо Башор Асад президенти Сурия

December 9, 2024
Суқрот мегуяд….
Uncategorized

Суқрот мегуяд….

December 8, 2024
шеърие аз Иқбол Лоҳурӣ дар мавриди духтари пайғамбар
Uncategorized

шеърие аз Иқбол Лоҳурӣ дар мавриди духтари пайғамбар

December 7, 2024
Нахл, дарахти одамият
Uncategorized

Нахл, дарахти одамият

December 4, 2024
Next Post
худогоҳии

Худогоҳии миллии ва ҳифзи ҳувияти миллӣ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

May 18, 2025
76-умин солгарди рӯзи Ан-накба

76-умин солгарди рӯзи Ан-накба

May 16, 2025
Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025

Recent News

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

May 18, 2025
76-умин солгарди рӯзи Ан-накба

76-умин солгарди рӯзи Ан-накба

May 16, 2025
Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

May 18, 2025
76-умин солгарди рӯзи Ан-накба

76-умин солгарди рӯзи Ан-накба

May 16, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved