Баррасии татбиқии исмоилияи низорияи Эрон ва исмоилияи низории Бадахшон бо таъкид бар ҷойгоҳи имоми исмоилӣ
Муқаддима
Шиаён пас аз вафоти Имом Ҷаъфари Содиқ(р) ба чандин фирқа ва гурӯҳҳои кучактар тақсим шуданд. Ин иншиқоқ ва парокандагиҳо умуман дар меҳвари имомат ва бахусус дар меҳвари мисдоқи имом мечархад. Бо шаҳодати Имом Ҷаъфари Содиқ дар соли 148 ҳиҷрӣ, иддае аз пайравони Имом Содиқ, ки қоил ба имомати Исмоил буданд, пиромуни фарзанди бузурги вай, Муҳаммад ибни Исмоил ҷамъ шуда ва ӯро имоми худ донистанд. Баъд аз эҷоди ҳастаи аввалияи исмоилия дар Куфа, байни солҳои 150 то 160 ҳиҷрӣ, ин афрод дар торих гум гаштанд; то ин ки баъд аз саду чанд сол, дубора дар Куфа зуҳур карданд. Давраи аввалияи исмоилия, аз замони фавти Имом Ҷаъфари Содиқ то зуҳури давлати фотимиён, яке аз давраҳои мубҳам дар торихи исмоилия аст. Дар тӯли ин 150 сол, исмоилия ба унвони як гурӯҳи мушаххас ва мутамоиз шакл гирифт ва тавонист хилофате бо иқтибос аз номи Фотима – духтари Паёмбари Ислом эҷод кунад. Фотимиён ибтидо дар Мағриб ва сипас дар Миср ҳукумати худро густариш доданд ва аз соли 297 то 567 ҳиҷрӣ, бар манотиқи васее аз ҷаҳони ислом бо унвони имомони маъсум аз насли Муҳаммад ибни Исмоил ҳукумат карданд. Пас аз фавти Мустансиру Биллоҳ – ҳаштумин халифаи фотимӣ, байни фотимиён бар сари ҷонишинии вай ихтилоф афтод ва ба ин тартиб исмоилиён ба ду даста: низория ва мустаълавия тақсим шуданд. Исмоилияи низорӣ ба раҳбарии Ҳасани Саббоҳ, Эронро маркази ҳукумати худ қарор доданд ва аз даруни дижҳои мустаҳками худ ба таблиғи кеши исмоилӣ пардохтанд. Бо суқути Аламут, дар даврони ҳамлаи муғул, даврони бошукӯҳи исмоилияи низорӣ ба поён расид. Имрӯза гурӯҳҳое аз ин мазҳаб дар нуқоти мухталифе, аз ҷумла Эрон, Афғонистон, Осиёи Миёна ва Ҳинд вуҷуд доранд.
Исмоилияи низорӣ
Давлати фотимиён муҳимтарин бахш аз торихи исмоилиён аст. Давлати фотимиён давраи зуҳуру ҳузури имомони исмоилӣ дар раъси як қудрати сиёсӣ аст. Давраи Алмуизуддину Биллоҳ чаҳорумин халифаи фотимӣ, муҳимтарин ва пуршукӯҳтарин давраи хилофати фотимиён аст. Ҳангоме ки Мустансир дар соли 487-и ҳиҷрӣ аз дунё рафт, бузургтарин шикоф дар байни исмоилиён рух дод. Афзал – вазири қудратманди Мустансир, ки ба тозагӣ ба қудрат расида буд, тавонист бо ҳамкории дарбориён, Низорро, ки ҷонишини падар буд, аз ҳаққи табиии худ маҳрум созад ва ба ҷои он, бародарашро бо лақаби Мустаълӣ халифаи ҷадиди фотимиён созад. Исмоилиёни Эрон ба раҳбарии Ҳасани Саббоҳ имомати Мустаълиро напазируфтанд ва тарафдори Низор шуданд. Ҳасани Саббоҳ, Низорро имоми нуздаҳуми исмоилиёни Эрон муаррифӣ кард ва вақте Низор ба қатл расид, қоил ба имоми мастур (пинҳон – ғоиб) баъд аз Низор шуд ва худро ҳуҷҷати имом номид. Ҳасани Саббоҳ пас аз сию панҷ сол раҳбарии исмоилиёни низорӣ, дар соли 518-и ҳиҷрӣ аз дунё гузашт. Баъд аз даргузашти Ҳасани Саббоҳ, Киё Бузург Умед ба унвони раиси давлати низорӣ мансуб шуд. Баъд аз вай, писараш Муҳаммад ибни Киё Бузург Умед ба ҷои падараш нишаст ва аз ин замон ба баъд буд, ки ҳокимони низорӣ ба варосат ба ҳукумат расиданд. Баъд аз марги Муҳаммад ибни Киё Бузург Умед, фарзанди вай, Ҳасан ибни Муҳаммад маъруф ба Ҳасани Дуввум, ба ҷои падар нишаст. Дар замони Ҳасан ибни Муҳаммад, таҳаввули азиме дар ақоид ва торихи исмоилия бо ироаи назарияи эъломи қиёмат аз сӯи вай ба вуҷуд омад. Ӯ дар моҳи рамазони соли 560-и ҳиҷрии қамарӣ эълом кард, қиёмат оғоз гашта ва шариат ботил шудааст. Пас бо оғози он, амал ба шариат илзомӣ нест. Охирин фармонравои исмоилиёни Аламут, Рукнуддини Хуршоҳ буд. Дар замони вай Эрон гирифтори ҳамлаи муғул гардида буд. Бо таслими Рукнуддин ба муғулон ва дастури вай, бештари қалъаҳои исмоилия таслими муғулон шуданд. Пас аз суқути Аламут ва қатли Рукнуддин барои муддате исмоилиён ҳамчунон фаъолият доштанд, вале ба ҳар ҳол ҷунбиши онон фурӯ рехт ва аз он замон ба баъд, танҳо ба сурати фирқаҳои кучаке дар сарзаминҳои форсизабон боқӣ монданд ва дар машриқи Эрон, Афғонистон ва Осиёи Миёна пароканда шуданд.
Ақоид ва одоби исмоилияи низорӣ
Қиёмат: исмоилиён монанди аҳли суннат ва шиаи исноашарӣ (дувоздаҳимомӣ) ва дигар фирқаҳои исломӣ, ба қиёмати ҷисмонӣ ва моддӣ мӯътақид нестанд. Қиёмати онон беш аз ҳар чиз, ҷанбаи руҳонӣ ва ирфонӣ дорад ва ба қиёмат ҳамон тавре ки маодро руҳонӣ медонанд, ваҷҳи маънавӣ додаанд.
Маод: аз дидгоҳи исмоилиён барзах бар ду гуна аст: барзахи маҳмуд ё писандида ва барзахи мазмум ё накуҳида. Барзахи маҳмуд ҷойгоҳи мӯъминон аст ва барзахи мазмум ҷойгоҳи гунаҳкорон.
Биҳишту ҷаҳаннам: исмоилиён ба баҳишту дӯзахи ҷисмонӣ мӯътақид нестанд ва мегӯянд, биҳишт хайри маҳз аст ва шарри маҳз дӯзах аст.
Таносух: исмоилиён таносухро бо қотеият рад мекунанд. Бархе низ мӯътақиданд, он чӣ дар робита бо таносух ба исмоилия нисбат дода мешавад, дар ҳақиқат марбут ба ботиния аст ва ин хатост, ки ботиния ва исмоилияро як гурӯҳ бидонем.
Таъвил: бинобар назари исмоилия шариат бидуни таъвил аз ҳеч арзише бархурдор нест. Таъвил дар мазҳаби исмоилия густариши бисёр ёфт ва тамоми ақоиди каломии ононро дарбар гирифт, ба тавре ки онон дар ҳамаи маворид аз он баҳра бурдаанд.
Ҷашни таваллуди ҳазрати Алӣ(а): ин ҷашнро монанди шиаи дувоздаҳимомӣ дар рӯзи сенздаҳи раҷаб баргузор мекунанд. Дар ин маросим хонақоҳ ё ҷамоатхонаро тазйину чароғонӣ мекунанд ва дар он гирд меоянд ва ба тиловати Каломуллоҳи Маҷид ва хондани Маснавии Мавлонои Балхӣ ва мадеҳахонӣ ва маноқиби имомон мепардозанд.
Ҷашни таваллуди имом ва ҷашни имомат: ин ҷашн бо шодии бисёр баргузор мешавад ва ба шукронаи ин ки мӯъминин бо таваллуди имом аз ҷаҳл раҳоӣ ёфтаанд, ба пойкубӣ мепардозанд.
Рӯза: дар миёни оммаи исмоилиён вуҷуби рӯза гирифтан чандон шойеъ ва роиҷ нест ва бисёре аз онон рӯза намегиранд ва рӯзаро тақияи дин ва пинҳон кардан аз мухолифон медонанд ва онро таъвил менамоянд.
Намоз: мухолифони исмоилия аз замони пайдоиши фирқаи исмоилия то ба имрӯз, ононро муттаҳам ба инкори намоз кардаанд. Дар воқеъ, исмоилиён ҳамон тавре ки дар дигар аҳкоми исломӣ қоил ба вуҷуди зоҳир ва ботин будаанд, намозро ҳам бар ин асос таъвил намудаанд.
Маросими мазҳабӣ: исмоилиён монанди дигар шиаён дар айёми муҳаррам ба азодорӣ мепардозанд. Дар Қуҳистон, дар рӯзҳои нуҳум, даҳум ва ёздаҳуми муҳаррам бо гандуме, ки аз мардум ҷамъоварӣ кардаанд, дар ҷамоатхона се ваъда таом медиҳанд.
Ҳаҷ: бисёре аз исмоилиён то замони Имом Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони Севвум ҳаҷро монанди дигар ҳамкешони худ таъвил мекарданд ва онро хориҷ аз эътиқод медонистанд. Вале Оқохони Севвум бо таваҷҷуҳ ба ҳузур дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ, лозим медонист, ки фирқаи исмоилия ба сурати фаъол дар саҳнаи ҷаҳони ислом зоҳир шавад ва бо дигар мусалмонон равобити наздик барқарор намояд. Бо ин вуҷуд, зиёрати ҳаҷ як масъалаи роиҷ ва шойеъ нест.
Саҳми имом: пайравони кеши исмоилия аз гузаштаҳои дур як даҳум аз тамоми даромади худро ба унвони ҳақ ва саҳми имом ҷудо мекарданд ва ба намояндагон ва доиёни исмоилии маҳал месупориданд.
Исмоилияи низории Бадахшон
Вилояти Худмухтори Бадахшони Куҳӣ, минтақае дар ҷануби шарқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Пеш аз вуруди ислом ба минтақа, мардуми он дорои оини зардуштӣ буданд, аммо акнун аксари мардуми минтақа мусалмон ва 70 дарсади ҷамъияти он пайрави мазҳаби исмоилӣ ҳастанд. Мазҳаби исмоилӣ барои аввалин бор дар рӯзгори сомониён ва тавассути доиёни пуршӯре ҳамчун Муҳаммади Нахшабӣ ва Абусаъиди Шаъронӣ ба Мовароуннаҳр ва Хуросон бурда шуд ва дар оғоз низ бисёр мавриди истиқбол қарор гирифт. Пас аз сомониён ва дар паи дигаргуниҳое, ки дар Мовароуннаҳр ва бахшҳои шарқии Эрон рух дод, даъвати исмоилиён дар Осиёи Миёна аз тавфиқи бештаре бархурдор шуд. Агарчӣ дар ин давра, даъват ба сурати сиррӣ буд, аммо аз шавоҳид ва ҳаводиси баъдӣ, ки рух дод, комилан ошкор аст, ки исмоилиён дар Мовароуннаҳр ҳузури фаъол доштанд ва барои қарохониён, ки сунниёни ҳанафии мутаассибе буданд, хатари ҷиддӣ ба шумор меомаданд.
Имрӯза исмоилиён ба сурати ақаллияте дар навоҳии куҳистонии дурафтодаи Бадахшон ҳузур доранд. Дар даврони коммунистӣ онон низ монанди дигар гурӯҳҳои мазҳабӣ, таҳти фишори ҳукумат қарор доштанд, аммо бо фурӯпошии низоми шӯравӣ шароит барои исмоилиёни Бадахшон дигаргун шуд. Каримхон ба унвони имоми чиҳилу нуҳуми исмоилиён дар соли 1995 аз Бадахшон дидан кард. Бунёди Оқохон дар ҳавзаҳои мухталифи омӯзишӣ, кишоварзӣ, умронӣ ва беҳдоштии Тоҷикистон сармоягузориҳои густардае кард ва аввалин маркази исмоилиён дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе низ дар 12-октябри соли 2009 тавассути Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Каримхон (Оқохони Чаҳорум) ифтитоҳ шуд.
Ақоид ва одоби исмоилиёни низории Бадахшон
Тасаввуф: суфигарӣ аз вижагиҳои боризи исмоилиёни Осиёи Миёна аст. Исмоилия ҳарчанд ба унвони як фирқаи мазҳаби шиа шӯҳрат дорад, аммо муносиботи муриду муродӣ ва сохтори суфиёна, онро бисёр шабеҳи фирқаҳои мутасаввифа кардааст.
Омӯзаҳои Носири Хусрав: таъсири Носири Хусрав дар Бадахшон ба ҳаддест, ки ба исмоилиёни он диёр, носирия гуфта мешавад. Аз назари Носири Хусрав имони воқеӣ мусталзими риояти ҳам зоҳир ва ҳам ботини шариат аст. Ҳар амали динии воҷибе бояд ба ҷой оварда шавад, аммо ин аъмол бидуни дарку фаҳми маънои мулозими онҳо, арзишу эътиборе надорад. Ҳамин таъкиди Носири Хусрав бар зоҳири шариат дар канори ботини он, боис шудааст, ки исмоилиёни низории Бадахшон нисбат ба дигар исмоилия, таъкиди бештаре бар шариат дошта бошанд.
Раҳбарони маҳаллӣ: Бадахшон минтақаи куҳистонӣ ва мушкилгузаре аст ва аз маркази исмоилия фосилаи зиёде дошт. Гузашти замон ва адами иртибот бо имоми исмоилӣ боиси интихоби пироне мешуд, ки бо гузаштагони худ тафовути бисёре доштанд, ин масъала сабаб шуд, мардуми имрӯзии Бадахшон аз масоили мазҳабии исмоилия огоҳии чандоне надошта бошанд ва ғолибан бар асоси суннатҳои марсуми ҷомеа ва боварҳои динии ношӣ аз нақли қавлҳо ва суннатҳое, ки куҳансолон, пирон ва падарони онҳо аз гузашта дар хотир супурдаанд, зиндагӣ кунанд.
Ҳаҷ: ҳаҷ назди исмоилиёни Бадахшон нисбат ба исмоилияи низории Эрон мутафовит аст; зеро онҳо дар мавриди анҷоми маросими ҳаҷҷи Хонаи Худо бисёр сахтгиранд.
Рӯза: бар хилофи исмоилияи низории Эрон, рӯза назди исмоилиёни Бадахшон фарз аст ва муддати он монанди дигар мусалмонон сӣ рӯз мебошад.
Намоз: намози назди исмоилиёни Бадахшон фарз мебошад ва ба он хеле аҳамият медиҳанд. Онҳо намозҳои панҷгонаро дар се вақт мехонанд. Вақтҳои намоз: бомдод; пешин ва аср бо ҳам; ва шому хуфтан бо ҳам хонда мешавад. Намозҳо бо ҷамоат ва фуродо хонда мешавад.
Эътиқод ба панҷ тани пок: эътиқод ба панҷ тан, (ҳазрати Муҳаммад(с), Алӣ(р), Фотима(р), Ҳасан ва Ҳусейн(р)) ба ҳадде ғулуввомез аст, ки ба шаклҳои мухталиф дар дасти навиштаҳо, ашъор ва одоби мардумони ин диёр боқӣ мондааст ва мебояд реша дар фирқаи мухаммиса дошта бошад. Ин бовар имрӯза дар таноқуз бо эътиқодоти соири исмоилия аст, ки ҳамаи имомонро нуре воҳид ва баробар медонанд.
Такрими дувоздаҳ имоми шиаёни исноашарӣ: эҳтиром ва такрими имомони шиаёни исноашарӣ (дувоздаҳимомӣ) дар бисёре аз ашъор ва осори исмоилиёни Бадахшон дида мешавад. Ин вазъият ҳатто дар мавоқее, ки исмоилия будани гӯянда рӯшан ва ошкор аст ва гумони тақия аз сӯи ӯ намеравад, боз ҳам ба чашм мехурад.
Рӯйкарди исмоилияи низории Эрон ба ҷойгоҳи имоми исмоилӣ
Аз назари исмоилияи низорӣ, имом маркази осмонҳо ва қутби замин аст ва барпоии низоми ҳастӣ ба вуҷуди ӯ ва бақо ва руҳи ӯст. Имоме, ки қоиммақоми нотиқи илоҳӣ шудааст ва масъулияти даъвати нотиқро, ки шомили мақтаи маҳдуде буд, дар саросари замон ба ӯҳда мегирад, қивом ва сиёнати шариат ва аҳкомаш ба ӯ бастааст; ба тавре ки ҳеч маърифате ҷуз ӯ сурат набандад ва фақат бо таълими ӯст, ки маърифати саҳеҳ ба даст меояд. Ӯ ҷонишини Паёмбар дар тафсиру таъвили дин аст, бинобар ин набояд хато кунад, то мардумро ба хато набарад. Илми ғайб ва донистани асрори ботини инсонҳо аз вижагиҳои дигари имом дар нигоҳи исмоилия аст. Исмоилия ҳамчун имомия қоил аст, ки Худованд танҳо касест, ки ба василаи Паёмбар, имомро таъин мекунад ва ба мардум маррифӣ мекунад. Зеро ҳамаи шууноти имом, аъам аз илму исмату истеъдоди таъвил ва рушан сохтани умури ботиниро Худованд ба вай эъто кардааст ва ӯст, ки олим ба асрори хуфиёт аст, бинобар ин таъини имом фақат аз сӯи Худованд мумкин аст ва уммат ҳеч ихтиёре дар ин замина надорад.
Дар миёни исмоилияи Бадахшон ба монанди соири исмоилия, имом ва ҷойгоҳи вай аз аҳамияти болое бархурдор аст. Бинобар боварҳои онҳо, имом дар раъси дастгоҳи раҳбарӣ қарор дорад ва ҳамеша ва дар ҳамаи давронҳо ҳозир аст. Бо вуҷуди ин ваҷҳи муштарак, навъе тамоюз дар боварҳои исмоилияи ин диёр бо исмоилияи низории Эрон вуҷуд дорад ва он ҷойгоҳи болои панҷ тан (ҳазрати Муҳаммад, ҳазрати Алӣ, ҳазрати Фотима, Имом Ҳасан ва Имом Ҳусейн) дар миёни исмоилиёни Бадахшон аст. Агарчӣ эҳтиром ба панҷ тан ихтисос ба исмоилиёни Бадахшон надорад ва бисёре аз шиаёни дувоздаҳимомӣ ва ҳатто аҳли суннат низ барои онон фазоиле қоил ҳастанд, аммо бояд гуфт, эътиқод ба ҷойгоҳи волои панҷ тан дар дидгоҳи исмоилияи Бадахшон дар миёни исмоилияи низории Эрон ба чашм намехурад. Бар хилофи исмоилияи Эрон, исмоилияи низории Бадахшон муътақид ба руҷҳон ва бартарии панҷ тан ва ҷойгоҳи болотари онон нисбат ба дигар имомони исмоилия ҳастанд. Бинобар ин аз ин ҷиҳат, боварҳои исмоилияи Бадахшон бо муътақидоти дигар исмоилияи низорӣ мутафовит аст.
Натиҷа
Исмоилия яке аз фирқаҳои мазҳаби шиа аст, ки бо вуҷуди фавти Исмоил – фарзанди аршади Имом Содиқ(р) пеш аз ин имом қоил ба имомат ва ҷонишинии вай баъд аз падар ҳастанд. Мазҳаби исмоилия бо таъсиси хилофати фотимиён густариши бисёр пайдо кард. Бо фавти Мустансир, баъд аз як давраи тӯлонии хилофат, аввалин шикофи бузург дар миёни фотимиён ба вуҷуд омад. Тибқи васияти Мустансир, пас аз вай писари аршадаш Низор бояд ба хилофат мерасид, вале бо дахолати Афзал, вазири қудратманди фотимиён, писари дуввуми Мустансир бо унвони Мустаълӣ ба тахти хилофат нишаст ва Низор пас аз як даргирии кутоҳ дастгир ва кушта шуд. Исмоилиёни Эрон ба раҳбарии Ҳасани Саббоҳ хилофати Мустаълиро ба расмият нашинохта ва қоил ба имомати Низор буданд ва ба ҳамин далел ба исмоилияи низорӣ маъруф шуданд. Аз ин даврон Эрон ба пойгоҳи исмоилияи низорӣ табдил шуд ва исмоилияи ин диёр бо ҳузур дар қалъаи мустаҳками худ, иқдом ба нашри кеши исмоилияи низорӣ намуданд ва табдил ба душман ва рақиби хатарноке барои хилофати аббосӣ ва ҳукуматҳои вақт шуданд. Дар давраи Ҳасани Дуввум дар Аламут бо эъломи қиёмат тавассути вай ва даст кашидан аз шариат; пайравони исмоилия маврди иттиҳоми илҳод аз ҷониби дигар гурӯҳҳои исломӣ қарор гирифтанд. Дар канори исмоилияи низорӣ дар Эрон, бахшҳое аз пайравони ин шоха аз исмоилия дар минтақае дар Осиёи Миёна ба номи Бадахшон ҳузур доштанд. Аз замони ҳузури исмоилия дар Бадахшон иттилои дақиқе дар даст нест. Тавсиаи мазҳаби исмоилӣ дар минтақаи Бадахшон марбут ба даврони ҳузури Носири Хусрави Қубодиёнӣ – доии барҷастаи фотимӣ аст. Исмоилияи низорӣ дар Эрон ва Бадахшон дар бисёре аз умур бо якдигар иштироки назар доранд. Аммо дар бархе умур метавон тафовутҳоеро дар байни онҳо мушоҳида кард. Яке аз ин тафовутҳоро метавон дар тақайюди бештари исмоилияи низории Бадахшон ба шариат, нисбат ба исмоилияи низории Эрон мушоҳида кард.
Иллати муташарреътар будани исмоилияи Бадахшонро бояд дар авомили зайл ҷустуҷӯ кард; исмоилияи Бадахшон таҳти таъсири омӯзаҳои Носири Хусрав қарор доштанд; Носири Хусрав аз барҷастатарин ва муҳимтарин доиёни исмоилӣ дар асри тиллоии хилофати фотимӣ аст. Дар даврони аввалияи хилофати фотимӣ то пеш аз фавти Мустансир ва тақсими фотимиён ба низория ва мустаълавия, ду унсури зоҳир ва ботини шариат дар канори ҳам мавриди таваҷҷуҳи исмоилия буд. Носири Хусрав низ ба унвони яке аз доиёни барҷаста ва тарбиятёфтаи ин диёр, ба ин асл эътиқод дошт ва дар таолими худ бар он таъкиди бисёр дошт. Аммо дар даврони ҳукумати Аламут ва дар давраи Ҳасани Дуввум, исмоилия дар канор гузоштани зоҳири шариат, танҳо бар ботини дин таъкид дошта ва рӯй ба навъе таъвилгароии ифротӣ оварданд. Исмоилияи Бадахшон ба иллати ҷудоии ҷуғрофиёӣ аз соири исмоилияи Эрон ончунон таҳти тағйири рӯйкард қарор нагирифтанд ва ба навъе хулуси оини аввалияи исмоилияро то ҳудуде ҳифз карданд. Аз ин рӯ метавон ду омилро дар шариатгароии исмоилияи низории Бадахшон нисбат ба исмоилияи низории Эрон зикр кард. Омили аввал, таъсири омӯзаҳои Носири Хусрав ба унвони яке аз барҷастатарин доиёни давраи аввалияи хилофати фотимӣ ва дуввум ҷудоии ҷуғрофиёии исмоилияи низории Бадахшон аз исмоилияи низории Эрон ва таҳти таъсир қарор нагирифтани онҳо аз ҳаводиси рухдода дар Аламут.
Илова бар ихтилоф дар ҳавзаи шариат, омили дигареро низ метавон ба унвони ихтилоф дар байни исмоилияи низории Бадахшон ва исмоилияи низории Эрон зикр кард ва он низ рӯйкарди мутафовити ду тараф нисбат ба ҷойгоҳи имоми исмоилӣ аст. Албатта бояд ишора дошт, имомат ва ҷойгоҳи он дар байни ҳар ду гурӯҳ аз аҳамияти бисёр болое бархурдор аст, аммо тафовут байни ду тараф, дар таъкиди исмоилияи Бадахшон бар манзалат ва ҷойгоҳи бартари панҷ тан аст. Исмоилияи низории Бадахшон ҷойгоҳи панҷ тан (ҳазрати Муҳаммад, ҳазрати Алӣ, ҳазрати Фотима, Имом Ҳасан ва Имом Ҳусейн)-ро болотар аз дигар имомони исмоилӣ медонанд, ҳол он ки исмоилияи низории Эрон, Имом Ҳасан (яке аз панҷ тани мавриди таваҷҷуҳи исмоилияи Бадахшон)-ро таҳти унвони имоми муставдаъ дар зумраи имомони худ маҳсуб намекунанд ва ҷойгоҳи имомони исмоилиро аз ибтидо то кунун яксон ва баробар медонанд. Иллати ин дидгоҳ дар миёни исмоилияи Бадахшон марбут ба ҳузури фирқаи мухаммиса дар ин минтақа аст. Мухаммиса, ки аз фирқаҳои ғолии шиа ва пайравони Абулхаттоб буданд, эътиқод ба ҷойгоҳи рафеъ ва улуҳияти панҷ тан доштанд. Тақаддуси адади панҷ ва эҳтиром ба панҷ танро метавон дар меъмории хонаҳо ва баёзҳои мардуми Бадахшон низ мушоҳида кард. Ҳузуру нуфузи мухаммиса дар миёни исмоилиёни Бадахшон ба ҳаддест, ки аз исмоилияи ин сарзамин бо унвони панҷбобӣ ё исмоилияи панҷтанӣ низ ёд мешавад.