• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Uncategorized

Қирғизистон пешрав дар густариши равобит бо Эрон

August 5, 2023
in Uncategorized, Мавзӯоти доғ
0
қирғизистон
0
SHARES
3
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Замоне ки вазири иқтисод ва бозаргонии Қирғизистон Дониёр Амонгелдиев дар гуфтугӯ бо хабарнигори хабаргузории Форс дар Бишкек ба ташреҳи аҳамияти густариш ва тақвияти ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо Эрон, эҷоди коридорҳои дастрасӣ ба дарё (обҳои озод ва уқёнус), афзоиши потенсиали тронзитии ин кишвар ва ё алоқамандии Бишкек ба таъмини фаровардаҳои нафтӣ аз Эрон ва ҳамчунин сармоягузориҳои муштарак дар заминаҳои мухталиф мепардохт, дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна дар талош барои эҷод ва ё тақвияти равобити роҳбурдӣ бо Эрон буданд. Дар айни ҳол, ҳамзамон бо ин талошҳо, раиси ҷумҳури Қирғизистон ҳам аз густариши беш аз пеши равобит бо Эрон хабар дод.[1]

Ҳамин пешрав будан дар робитаҳои байни Эрон ва Қирғизистон, алалхусус ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии байни ду кишвар, заминаи тамоюли дигар кишварҳои минтақаро ба тавсиаи равобит бо Эрон фароҳам кардааст.

Ба тавре ки пас аз тавофуқоти Эрон ва Қирғизистон дар ҳавзаҳои хадамотӣ ва тронзитӣ, сармоягузориҳои муштарак ва ҳамкориҳои фарҳангӣ, шоҳиди афзоиши рӯзафзуни ҳамкориҳо байни кишварҳои Осиёи Миёна ва Эрон будем.

Аз нишонаҳои ҳамин тамоюл ба тавсиаи равобит, сафари Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Теҳрон,[2] ба унвони аввалин мақоми дидоркунанда бо раёсати ҷумҳурии Эрон дар давлати сенздаҳум (давлати Раисӣ) ва ё дар мавриди дигар, метавон аз сафари Бахтиёр Саидов – сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Узбекистон ба Теҳрон пас аз сафари Раисӣ ба Самарқанд ёд кард.

Дар ҳамин сафар Бахтиёр Саидов дар хусуси тавсиаи равобит бо Эрон гуфтааст, кишвараш дар паи тақвияти ҳмаҷонибаи равобити худ бо Эрон буда ва сафари Раисӣ ба Самарқанд боиси кушода шудани сафҳаи ҷадиде дар торихи равобити ду кишвар шудааст.

Пас аз ҳамин сафар буд, ки муқаддамоти имзои 10 тавофуқномаи ҳамкорӣ байни руасои ҷумҳури Эрон ва Узбекистон бо ҳадафи иртиқои ҳамкории байни ду кишвар фароҳам шуд.[3]

Дар ҳақиқат ин маворид ба ин маъност, ки кишварҳои минтақа, аҳамияти нигариши минтақаии сиёсати хориҷии Эронро дар давлати сенздаҳум (давлати Раисӣ) ба дурустӣ дарк кардаанд. Онҳо ба хубӣ медонанд, ки таомул бо Эрон, чӣ манофеи сиёсӣ ва иқтисодии арзишманде ба дунбол дорад.

Аз сӯи дигар, вижагии маҳсур дар хушкии кишварҳои Осиёи Миёна ва ниёзҳо ба дастрасӣ ба обҳои озод (уқёнус), иҷрои пружаҳои иртиботӣ, монанди сохти коридорҳо ва масирҳои тронзитӣ, хутути лӯлаи газ ва шабакаҳои барқро барои Эрон муҳайё карда то зерсохтҳои худро бо Осиёи Миёна пайванд диҳад ва битавонад ба унвони дарвозаи вуруд ба бозорҳои байналмилалӣ барои кишварҳои Осиёи Миёна нақшофаринӣ кунад.

Дар тарафи дигар, ҳамин вижагӣ боиси таваҷҷуҳи беш аз пеши сарони кишварҳои Осиёи Миёна барои умқ бахшидан ба равобит бо Эрон шудааст. Маҳдии Сафарӣ – муовини диплумосии иқтисодии Вазорати умури хориҷаи Эрон дар мавриди зарфиятҳо ва заминаҳои ҳамкорӣ баён доштааст: Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Туркманистон барои мушорикат дар пружаҳои мухталиф ибрози омодагӣ карда ва Қирғизистон ва Қазоқистон ва Тоҷикистон ба дунболи мушорикати фаъол дар пружаҳои тронзитии Эрон ҳастанд.

Дар ҳамин хусус, вазири роҳи Қирғизистон ду бор ба Чобаҳор (манотиқи бандарии Эрон) сафар карда ва дар ҳоли ройзанӣ ҷиҳати тахсиси истгоҳи ихтисосӣ ё истифода аз маҳалҳое ҳастанд, то борҳо ба сурати тронзит ва ё рафту баргашт ҷобаҷо шавад.[4]

Ҳамин мавзӯъ нишондиҳандаи аҳамияти зиёди қирғизҳо барои тронзити коло аз тариқи бандарҳои ҷанубии Эрон бо гузар аз марзи Сарахс дар шимоли шарқи устони Хуросони Разавӣ аст. Чаро ки бо таваҷҷуҳ ба баста будани марзи Чин ва Қирғизистон, Бишкек муштоқи тронзити коло аз тариқи бандарҳои ҷанбуии Эрон аст.

Дар сӯи дигар, равобити Эрон ва Тоҷикистон; равобити дӯстона аз ҷинси хешовандист. Дар ҳамин ҷо метавон ёдовар шуд, ончунон ки Қирғизистон аз манофеи тасиаи равобит бо Эрон баҳраманд шуда ва дар талош барои тақвияти ҳамаҷонибаи онҳост, аммо тоҷикҳо аз фурсатҳои фаровони равобит бо Эрон дар ҳоли гузар ҳастанд ва ончунон ки бояд, дар талош барои пешрав будан барои эҷоди равобит бо Эрон нестанд.

Ҳамин мавзӯъ занги хатари ҷиддие барои давлатмардони тоҷик мебошад, ки бо вуҷуди пайвандҳои амиқи торихӣ ва фарҳангӣ бо Эрон, мумкин аст аз фурсатҳои густариши равобит ғофил шуда ва дар рақобат бо руқабои минтақаии худ ҷо бимонанд.

Дар поён метавон баён дошт, даврони тиллоии равобити Эрон бо кишварҳои Осиёи Миёна оғоз шудааст ва кишварҳое чун Қирғизистон ба унвони пешрав дар тавсиаи равобит бо Эрон, чандин қадам аз руқабои суннатии худ дар минтақа пештар буда ва дар талош барои тасбити мавқеияти худ дар равобити дуҷониба бо Эрон ҳастанд. Ду кишвари Эрон ва Қирғизистон тавофуқномаи ҳамкорӣ дар заминаҳои тиҷорат, гумрук ва ҳамлу нақл имзо намуда ва дар заминаҳои кишоварзӣ, омӯзишӣ, фарҳангӣ, гардишгарӣ, сармоягузорӣ ва мубориза бо терроризм равобити хубе эҷод кардаанд. Равобити ин ду кишвар метавонад улгу ва сармашқи муносибе барои кишварҳое чун Тоҷикистон бошад, то бо баҳрагирӣ аз ин равобит ва сатҳи болои муровидот, дар ростои манофеи миллӣ ва миҳании худ қадам бардоранд.

Previous Post

Таҳкими робитаи Узбекистон бо меҳвари шарқ

Next Post

Паёмадҳо ва чолишҳои рушди ҳамҷинсгароӣ

Related Posts

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ
Имон ва ваҳдат

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

May 18, 2025
76-умин солгарди рӯзи Ан-накба
Мавзӯоти доғ

76-умин солгарди рӯзи Ан-накба

May 16, 2025
Одамҳо мисли китобанд
Мавзӯоти доғ

Одамҳо мисли китобанд

April 10, 2025
Падар модар
Мавзӯоти доғ

Подоши нигоҳ кардан бо меҳрубонӣ ба падару модар

April 10, 2025
Ин маворид мағзи моро табоҳ мекунад
Мавзӯоти доғ

Мавориде, ки мағзи моро табоҳ мекунад

April 7, 2025
Рӯзи Ҷаҳонии Қудс
Мавзӯоти доғ

Рӯзи Ҷаҳонии Қудс

March 27, 2025
Next Post
ҳамҷинсгаро

Паёмадҳо ва чолишҳои рушди ҳамҷинсгароӣ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Муҳаммад

Салоҳ ва табоҳи уммат

May 21, 2025
Ҳақиқатҳое дар дунё

Ҳақиқатҳое дар дунё

May 21, 2025
Қудс-1

Моҷарои Фаластин

May 21, 2025
Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

May 18, 2025

Recent News

Муҳаммад

Салоҳ ва табоҳи уммат

May 21, 2025
Ҳақиқатҳое дар дунё

Ҳақиқатҳое дар дунё

May 21, 2025
Қудс-1

Моҷарои Фаластин

May 21, 2025
Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

May 18, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Муҳаммад

Салоҳ ва табоҳи уммат

May 21, 2025
Ҳақиқатҳое дар дунё

Ҳақиқатҳое дар дунё

May 21, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved