• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Uncategorized

Ихтилоф ва тафриқа аз нигоҳи Қуръон

November 5, 2023
in Uncategorized, Имон ва ваҳдат
0
қуръон
0
SHARES
5
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Асли вуҷуди ихтилоф дар миёни ҷавомеи башарӣ амри табиӣ буда ва ҳатто гоҳе вуҷуди ақлу табиати башарӣ низ чунин амреро металабад.

Аммо гоҳе ихтилоф танҳо асари тахрибӣ дар пай дошта ва мавриди мазаммати алқу шаръ воқеъ мешавад. Аз ҷумлаи ин навъ ихтилоф, ҷудоӣ аз ҳаққу ҳақиқат, ба ҷиҳати манофеи шахсӣ ва тамоюлоти нафсонӣ аст. Вуҷуди бисёре аз ихтилофоти динӣ низ дар зумраи ҳамин навъ аз ихтилоф қарор мегирад; бинобар ин, аз ихтилоф ба маънои манфӣ, (ки ҷудоӣ аз ҳақ ба ҷиҳати нафс ва шахс бошад), бояд парҳез кард ва ин амал дар ақл ва шаръ мавриди накуҳиш воқеъ шудааст.

Қуръони Карим дар ояте иллати шуюи ихтилоф ва ифтироқ дар миёни пайравони адёни осмоние, ки маншаи воҳиде доранд ва ба дини воҳиде хатм мешаванд, ин гуна баён медорад:

«وَ ما تَفَرَّقُوا إِلاَّ مِنْ بَعْدِ ما جاءَهُمُ الْعِلْمُ بَغْیاً بَینَهُمْ وَ لَوْ لا کَلِمَةٌ سَبَقَتْ مِنْ رَبِّکَ إِلى‏ أَجَلٍ مُسَمًّى لَقُضِی بَینَهُمْ وَ إِنَّ الَّذینَ أُورِثُوا الْکِتابَ مِنْ بَعْدِهِمْ لَفی‏ شَکٍّ مِنْهُ مُریب».

“Онон пароканда нашуданд, магар баъд аз он ки илму огоҳӣ ба суроғашон омад ва ин тафриқаҷӯӣ ба хотири инҳироф аз ҳақ (ва адоват ва ҳасад) буд ва агар фармоне аз сӯи парвардигорат содир нашуда буд, ки то саромади муайяне (зинда ва озод) бошанд, дар миёни онҳо доварӣ мешуд ва касоне, ки баъд аз аз онҳо ворисони китоб шуданд, нисбат ба он дар шакку тардиданд, шакке ҳамроҳ бо бадбинӣ”.

Ин оят дар воқеъ ҷавоб аз суоли муқаддарест, ки аз ояти қабл ба вуҷуд меояд. Худованд дар ояти қабл ба анбиёи илоҳӣ дастур дода динро барпо доранд ва дучори тафриқа нашаванд.

Ҳоло ин суол пеш меояд, ки бо ин тавзеҳ чаро дар миёни мӯъминин ба адёни илоҳӣ тафриқа ва ҷудоӣ ба вуҷуд омадааст?

Худованд дар ҷавоб, ояти мавриди баҳсро баён мефармояд.

Ҳамчунин ояти шарифа, ин тафаккурро, ки дин муҷиби ихтилоф дар миёни анбиёи башар шудааст, нафй карда ва баён мекунад, ки дунёдӯстӣ ва ҳасодат ва зулм сабаби эҷоди ихтилоф дар дини илоҳӣ ва пайравони он будааст.

Тавзеҳ ин ки бо вуҷуди ин ки Худованд бо фиристодани паёмбарон ва дин ва қонуни шариат, ирода карда буд, то ҳама дар як масир, ки ҳамон сироти мустақим буд, қарор гирифта ва роҳи таолиро тай кунанд, аммо бархе аз мардум ба хотири ҳавои нафс ва ҳасодат ва ҳубби дунё ва вуҷуди душманӣ дар байнашон, аз пазириши қавонин илоҳӣ ва тай кардани роҳи камол сар боз заданд ва масири худро аз муъминин ҷудо карда ва боиси тафриқа дар ҷомеа шуданд. Аммо ин гумроҳӣ ва мухолифат бо ҳақ, аз рӯи ҷаҳл ва нашинохтани роҳи саҳеҳ набуд, балки онҳо ҳақро ба хубӣ мешинохтанд ва ба сурати огоҳона ва ба хотири пайравӣ аз хостаҳои нафс, бандаи шайтон ва ҳавои нафси худ шуданд.

Дар ин байн бархе аз олимони адёни мухталиф низ ҷузви ҷудошавандагон аз масири ҳақ будаанд. Ин афрод ба далели хубси ботин, омӯзаҳои диниро таҳриф карданд; монанди бархе аз масеҳиён, ки ҳазрати Исоро ба унвони Худо муаррифӣ карда ва ё монанди яҳудиён, ки ба ӯ туҳмати дурӯғгӯ будан заданд.

Ҳар қисмате аз оят нақше дар тафсири маънои куллии оят доранд, ки ба ихтисор баён мешавад:

1 – Илм дар иборати  «ما جاءَهُمُ الْعِلْمُ»   ба маонии мухталиф тафсир шудааст: илм ба ин ки тафриқа ва гумроҳӣ залолат аст ва муҷиби фасод мешавад. Манзур аз илм, илм ба ҳаққу ҳақиқат аст, ба ин ки онҳо ҳаққу ҳақиқатро шинохтанд ва дар айни ҳол ба тафриқа пардохтанд, ин маънои дуввум, ки дар ояти дигаре омада ва ба ҷои калимаи илм аз «بیّنات»   (баййинот) истифода шудааст, таъйид мешавад:

«وَ مَا اخْتَلَفَ فِیهِ إِلَّا الَّذِینَ أُوتُوهُ مِن بَعْدِ مَا جَاءَتْهُمُ الْبَیِّنَاتُ بَغْیَا بَیْنَهُمْ».

Ва дар ояти дигаре низ аз калимаи баййина истифода шудааст. Бинобар ин маънои

«وَ ما تَفَرَّقُوا إِلاَّ مِنْ بَعْدِ ما جاءَهُمُ الْعِلْمُ»

ин аст, ки онҳо баъд аз ба даст овардани илм, ба тафриқа ва ҷудоӣ дар дини худ пардохтанд.

Аммо маънои дигаре низ аз ин қисмати оят баён шудааст: манзур аз тафриқа дар ин ояти шарифа, имон наовардани аҳли китоб ба Паёмбари Акрам(с) аст, ба ин ки онҳо аз Паёмбар ҷудо монданд ва ин гуна тафриқа дар дини илоҳиро сабаб шуданд, дар ҳоле ки ба нубувват ва рисолати Паёмбари Ислом(с) илму итминон доштанд.

Ин муҳтаво аз оёти дигар низ ба даст меояд:

«إِنَّ الدِّینَ عِندَ اللَّهِ الْاسْلَامُ وَ مَا اخْتَلَفَ الَّذِینَ أُوتُواْ الْکِتَابَ إِلَّا مِن بَعْدِ مَا جَاءَهُمُ الْعِلْمُ بَغْیَا بَیْنَهُم».

Агар исломро ба маънои дини ислом, ки ҳазрати Муҳаммад(с) расули он буда, бигирем, маънои тафриқа ва ихтилоф, зуҳур дар маънои ҷудоӣ аз ислом ва қабул накардани Паёмбар(с) тавассути бархе аз пайравони соири адён дорад.

2 – Иборати  «بَغْیاً بَیْنَهُمْ»   калидитарин иборати оят аст, “бағй” дар луғат, ба ҳасад ва зулм маъно шудааст ва калимаи “бағйан” дар ин таркиб, мафъулун лиаҷлиҳ, яъне баёнкунандаи иллат аст. Бинобар ин, Худованд яке аз илали аслии ифтироқ аз ҳақро ҳасодат ва зулми бархе бар бархеи дигар донистааст, ки албатта сарчашмаи онро, амёли нафсонӣ ва васвасаҳои шайтонӣ донист.

3 – Манзур аз  «إِنَّ الَّذینَ أُورِثُوا الْکِتابَ»  аҳли китоби замони Паёмбар(с) ҳастанд, ки баъд аз анбиёи худ ва дар ҳоле ки аз онон китобҳое низ доштанд, ба Қуръон расида ва бо он мувоҷеҳ шудаанд. Ин таъйини мисдоқ тавассути бархе оёти дигар низ таъйид мешавад. Ҳамон гуна ки дар боло зикр шуд, муҳтавои ин оят дар оёти дигаре низ вуҷуд дорад. Аммо дар яке аз онҳо Худованд мусалмононро дар ин ки монанди ин қавм шаванд ва чунин сифате дошта бошанд ва аз якдигар ҷудо шаванд, наҳй кардааст: “Ва (шумо эй аҳли имон) монанди касоне набошед, ки пас аз он ки далелҳои рӯшане барои онон омад, пароканда ва гурӯҳ-гурӯҳ шуданд ва (дар дин) ихтилоф пайдо карданд ва ононро азобе бузург аст”.

Previous Post

Колбудшикофии амалиёти Тӯфони Ақсо ва масъулияти ҷаҳони ислом

Next Post

Шаҳре дар Урупо бо ҳифзи ниёгони тоҷиконаи худ

Related Posts

Оятуллоҳ Хоманаӣ
Имон ва ваҳдат

Паёми ваҳдат

May 31, 2025
Олам маҳзари Худост
Имон ва ваҳдат

Олам маҳзари Худост

May 30, 2025
меъмории эронӣ
Имон ва ваҳдат

Дарси бузург аз шогирди кучак

May 30, 2025
Саволи як донишҷӯ
Имон ва ваҳдат

Саволи як донишҷӯ

May 30, 2025
Дини бартар
Имон ва ваҳдат

Дини бартар

May 30, 2025
муваффақият
Uncategorized

Насиҳати падар

May 30, 2025
Next Post
Шаҳре дар Урупо бо ҳифзи ниёгони тоҷиконаи худ

Шаҳре дар Урупо бо ҳифзи ниёгони тоҷиконаи худ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Ҷулонӣ: Мо ва Исроил душманони муштарак дорем

June 1, 2025
Оятуллоҳ Хоманаӣ

Паёми ваҳдат

May 31, 2025
Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

Ҳаҷ – табақаҳои иҷтимоиро ба ҳам наздик месозад

May 31, 2025
Оё Анушервон одил буд?

Оё Анушервон одил буд?

May 30, 2025

Recent News

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Ҷулонӣ: Мо ва Исроил душманони муштарак дорем

Ҷулонӣ: Мо ва Исроил душманони муштарак дорем

June 1, 2025
Оятуллоҳ Хоманаӣ

Паёми ваҳдат

May 31, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved