Муҳаммад Исмоилхон – волии собиқи Ҳирот ва аз раҳбарони ҷиҳодии Афғонистон, дар рӯзҳои гузашта дар Нишасти амниятии Ҳирот дар шаҳри Душане, пойтахти Тоҷикистон ширкат кардааст.
Ҳузур, ширкат ва суханронии Исмоилхон дар ин иншаст ва ҳамчунин изҳороти вай бо расонаҳо ва матбуот, аз сӯи таҳлилгарон ва нозирон мавриди таҳлил ва арзёбӣ қарор гирифтааст.
Тарафдорони Исмоилхон, ширкат ва суханронии вайро дар Нишасти амниятии Ҳирот, мояи умед ва сароғози таҳаввул дар умури Афғонистон донистаанд.
Баъзе афроди толибон, изҳорот ва ширкати вайро дар ин нишаст, намакнашносӣ қаламдод намудаанд ва аз ин ки вайро дастгир ва асир гирифта буданд ва сипас озод карданд то ба Эрон биравад, изҳори надомат кардаанд.
Дар миёни ин ду ривоят, аммо нозирон ва таҳлилгарони бетараф, бар ин боваранд, ки раҳбарон ва масъулони калидии низоми ҷумҳурият, монанди Исмоилхон ва ҳамқаторони ҷиҳодиаш, дар бист соли гузашта имтиҳонашонро додаанд ва мардуми Афғонистон дигар ба онҳо эътимод нахоҳанд кард.
Бо таваҷҷуҳ ба дидгоҳҳое, ки дар робита ба ширкат ва суханронии Исмоилхон дар нишасти амниятии Ҳирот, вуҷуд дорад, дар ин навишта талош мегардад, ки ривояти воқеӣ ташхис дода шавад ва муаррифӣ гардад.
• Исмоилхон дар Тоҷикистон: шароити вижа ва ширкати ӯ дар нишасти амниятии Ҳирот
Бо суқути Ҳирот дар соли 2021, Исмоилхон ба унвони калидитарин мухолиф ва душмани қудратманди толибон, ба дасти ин гуруҳ асир гардид. Толибон ба далели подармиёнии баъзе кишварҳои ҳамсоя ва ҳамчунин тибқи дастури раҳбаронашон, Исмоилхонро бо иззату эҳтиром пазироӣ кард ва сипас мутобиқи дархости худаш, вай ба Эрон (Машҳад) рафт ва дар он ҷо сокин гардид.
Исмоилхон дар Машҳад, дар тӯли ду соли гузашта бо вуҷуди фаъолиятҳое, ки бар алайҳи толибон дошт, аммо ҳамчунон маскут ва бидуни сару садо буд, то ин ки дар рӯзҳои гузашта вай ба манзури ширкат дар Нишасти амниятии Ҳирот ба Тоҷикистон рафт ва зимни суханронӣ дар ин нишаст, бо расонаҳо ва матбуот низ изҳороте алайҳи толибон дошт, ки афзун ба ташвиқи тарафдоронаш, вокуниши манфии толибонро низ дар пай дошт.
Ба далели ин ки Исмоилхон дар саҳнаи набард дастгир ва асир гардида буд, агарчи подармиёнии ҳамсояҳои Афғонистон ба манзури ҳифзи ҷони ӯ ва ҳамчунон дастури мақомоти толибон мабнӣ бар ҳифзи ҳурмат ва иззати вай набуд, бидуни тардид толибон рафтори мутафовит бо эшон дошт.
Бо ин вуҷуд,, аммо васотати ҳамсояҳои Афғонистон ва дастури мақомоти толибон дар робита ба Исмоилхон, шароити вижаро барои вай эҷод кардааст, ки дасти кам ӯ дар робита ба масолеҳ ва вазъияти кишваре, ки дар он ҷо сокин аст, бояд мулоҳизоте дошта бошад. Аммо мутаассифона Исмоилхон ба ин масоил таваҷҷуҳ накарда ва мулоҳизоте надошта ва надорад.
Дар ҳоле ки Исмоилхон ба масолеҳ ва вазъияти кишвари мизбонаш таваҷҷуҳ накарда ва рафтори муҳтарамона ва боиззати толибонро бо худаш дар назар нагирифтааст, ширкат ва ҳузури ӯ дар Нишасти амниятии Ҳирот низ натиҷае дар пай надоштааст. Зеро Исмоилхон ва ҳамқаторонаш, чи ба унвони ҳокимони Афғонистон ва чи ба унвони ҳамкорони низоми ҷумҳурият, корномаҳои башиддат махдуш ва мушавваш дар пешгоҳи мардуми Афғонистон доранд.
• дар идомаи Натоиҷи Нишасти амниятии Ҳирот чист?
Нишасти амниятии Ҳирот, ки аз соли 2021 ба ин тараф тавассути Институти мутолеоти стротежики Афғонистон баргузор мегардад, порсол ва имсол дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон баргузор гардидааст ва бо он ки ин нишаст дар зоҳир як нишасти илмӣ аст, аммо дар ду соли гузашта дар ҳақиқат таҷаммуе алайҳи ҳукумати толибон будааст.
Гузашта аз ин ки дар соли гузашта низ дар Нишасти амниятии Ҳирот, мухолифони ҳукумати толибон таҷаммуъ карда буданд, аммо пас аз як сол дар нишасти кунунӣ, афзун бар ин ки тамоми ширкаткунандагон мухолифони толибон ва раҳбарони фирорӣ буданд, чеҳраи шикастхурда ва дастгиршудае чун Исмоилхон низ ҳузур дошт.
Ин дар ҳолест, ки ағлаби мардуми Афғонистон, Исмоилхон ва ҳамқаторони ӯро бадтар аз толибон медонанд. Ҳеч касе ҳозир нест, ки пас аз тақрибан чаҳор даҳа хиёнатҳо ва фасоди табоҳкунандаи раҳбарони ҷиҳодӣ, дубора дар рикоби онҳо, ба ҷанг даст ёзад ва худро қурбонӣ кунад.
Ривояти воқеӣ дар робита ба натоиҷи Нишасти амниятии Ҳирот ва ширкати Исмоилхон ва дигарон дар ин нишаст, ҳамон дидгоҳи нозирони бетараф аст, ки эътиқоди росих ба бенатиҷа будани ин гуна нишастҳо доранд. Зеро вазъияти кунунӣ ҳаргиз ба нафъи раҳбарони ҷиҳодӣ нест.
Мардуми Афғонистон дар ҳоли ҳозир ба хубӣ ба ин дарки воқеӣ расидаанд, ки онҳо беш аз чаҳор даҳа ба дасти Исмоилхон ва ҳамқаторонаш ба бозӣ гирифта шудаанд ва қурбонӣ додаанд. Баъид ба назар мерасад, ки баъд аз ин дар Афғонистон, касе ҳозир шавад, ки мутобиқи барномаҳои раҳбарони собиқ қадам бардорад.
Бинобар ин, вақте ки мардуми Афғонистон мутамоил ба ҷанг нестанд ва зиёнҳо ва хасоратҳои ҷангро дар тӯли беш аз чиҳил сол мушоҳида кардаанд ва аз ҷанг башиддат хаставу безоранд, раҳбарони собиқ комилан муҳраҳои сӯхтаанд ва ҳар навъ нишаст ва гуфтугӯи онон бенатиҷа аст. Дар чунин шароите беҳтар аст, ки Исмоилхон ва ҳамқаторони вай мантиқӣ ва оқилона қадам бардоранд ва мутобиқи хостаҳои мардуми Афғонистон фаъолият намоянд.
Мардуми Афғонистон бар хилофи тасаввури раҳбарони фирорӣ ва муҳраҳои фосиди ҷумҳурият, ба дунболи ҷангу вайронӣ нестанд. Мардуми Афғонистон беш аз ҳамеша аз ҷанг хаставу безоранд. Бинобар ин касоне, ки иддаои раҳбарӣ ва ҳамроҳӣ бо мардуми Афғонистонро доранд, беҳтар аст, ки ба хостаҳои мардуми Афғонистон таваҷҷуҳ намоянд ва бо ироаи тарҳҳои мушаххас ва муайян ҷиҳати бурунрафт аз муъзали кунунии Афғонистон ба гуфтугӯ тамассук биҷӯянд ва то ислоҳи асосии ҳукумати толибон, бо мардуми Афғонистон ҳамроҳӣ ва ҳамкорӣ намоянд.