• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Uncategorized

НАМОЗИ ИШҚИ МАНСУР

January 17, 2024
in Uncategorized, Адабиёт ва ашъор
0
намози ишқ
0
SHARES
11
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Мансурро то ҳадди марг шиканҷа доданд. Поҳояшро буриданд, бозуҳояшро буриданд, чашмонашро берун оварданд. Ҳеч кас дар торих бераҳмонатар аз ӯ шиканҷа нашуда аст. Масеҳро бо суръат кушатанд, Гондиро сареъ куштанд-бо як гулула(тир). Суқротро заҳр доданд.
Вале Мансур касе аст, ки заҷровартарин маргро дар торих дошта аст. Нахуст поҳояшро буриданд ва вақте хун аз поҳояш берун мезад, ӯ онро бо даст бардошт ва ба дастҳояш молид. Мардуми зиёде гирд омада буданд ва барояш санг партоб мекарданд.
Касе ба ӯ гуфт: Чи кор мекунӣ?
Гуфт: Вузӯ мекунам…
Пас аз намоз вузӯ мегирам.
Сипас гуфт:
Ин сухани Мансурро хуб ба ёд дошта бошед.
“Вузӯйи ишқ, вузӯйи воқеъии ишқ, бо хун анҷом мешавад на бо об ва фақат касе бо хуни худаш вузӯ мегирад метавонад вориди намоз шавад”.
Мардум гиҷ шуданд. Фикр кардан, ки ӯ девона шуда аст. Аввал поҳояшро қатъ карданд ва сипас дастонашро заданду сипас чашмонашро берун оварданд. Ҳазорон нафар ҷамъ шуда буданд, ӯро сангсор мекарданд ва яке яке андомҳояшро мусла(ноқисулаъзо кардан, монанди буридани гӯшу бинӣ ҳамчун ҷазо барои ибрати дигарон) мекарданд.
Ва вақте ки чашмҳояшро дароварданд, фарёд зад…”Худоё ёдат бошад, ки Мансур бурд!”
Мардум пурсиданд: Манзурат чист? Чиро бурдайӣ?
Мансур гуфт:”Ман аз Худо мехоҳам то ёдаш бошад, ки ман бурдам. Ман метарсидам, ки дар васати(миёни) ин ҳама душманиву нафрат, ишқам зинда намонад.
*
Зи балоҳойи муъаззам нахурад ғам нахурад ғам,
Дили Мансури Ҳаллоҷе ки сари дори ту дорад.
Мавлоно
*
Ҳоло эҳсос мекунам, ки ишқ тамомӣ надорад. Ин мардум ҳар чи бо ман мекунад, қодир набудаанд то ишқи маро нобуд кунад. Онон натавонистанд коре бикунад, ки мехостанд бикунанд.
Ин ишқ ҷовидона аст.
Ӯ гуфт: Намози ман ин аст!
Ибодати ман ин аст!
Ӯ ҳатто дар он ҳол низ механдид..
Ӯ ҳатто он вақт низ аз майи илоҳӣ сармаст буд!
Ошо
*
Фалак дар хок меғалтид аз шарми сарафрозӣ,
Агар медид меъроҷи зи по афтодани моро.
Бедил
*
Қатрайи май сари Мансур баровард ба дор,
Вой он кас, ки ҳама умр майи ноб хурад.
Сайидойи Насафӣ
*
Ман ба боми осмон бурдам, вагарна пеш аз ин,
Ишқбозӣ паллае аз дор болотар надошт.
Соиб
*
Ҳар нуктае, ки гуфтам дар васфи он шамоил,
Ҳар к-ӯ шунид гуфто: «Лиллоҳи дурри қоил».
Таҳсили ишқу риндӣ осон намуд аввал,
Охир бисӯхт ҷонам, дар касби ин фазоил.
Ҳаллоҷ бар сари дор ин нуқта хуш сарояд:
«Аз Шофеъӣ мапурсед амсоли ин масоил».
Гуфтам, ки кай бибахшӣ бар ҷони нотавонам?
Гуфт: Он замон, ки набвад ҷон дар миёна ҳоил.
Дил додаам ба ёре, шӯхе, каше, нигоре,
Мурзият-ус-саҷоё, маҳмудат-ул-хасоил.
Дар айни гӯшагирӣ, будам чу чашми мастат,
В-акнун шудам чу мастон бар абруи ту моил.
Аз оби дида сад раҳ тӯфони Нӯҳ дидам,
В-аз лавҳи сина ҳаргиз нақшат нагашт зоил.
Эй дӯст, дасти Ҳофиз таъвизи захми чашмаст,
Ё раб, бибинам онро дар гарданат ҳамоил!
Ҳофиз

Previous Post

Ҳамлаи мушакии Эрон ба Исроил дар Ироқ

Next Post

Амнияти иттилоотӣ ва истифодаи дурусти интернет

Related Posts

Авомили ақибмондагии ҷомеаҳои исломӣ
Адабиёт ва ашъор

Ҳикояти марди тозамусалмон

February 26, 2026
Дамованд
Адабиёт ва ашъор

Дамованд

February 26, 2026
ҳофиз
Шеърҳо

Қуръон ва аҳодис дар осори Ҳофиз

February 26, 2026
Манобеи Шоҳнома
Адабиёт ва ашъор

Кохи баланди Фирдавсӣ

February 24, 2026
Қиматӣ дар шаҳри Мадина
Адабиёт ва ашъор

Водии оромиш

February 24, 2026
Маснавӣ
Шеърҳо

Достони паҳлавон ва хирс

February 22, 2026
Next Post
интернет

Амнияти иттилоотӣ ва истифодаи дурусти интернет

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

March 4, 2026
Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

March 4, 2026
750 шаҳид дар ҳамалоти Амрико ва Исроил ба Эрон

750 шаҳид дар ҳамалоти Амрико ва Исроил ба Эрон

March 3, 2026
Сураи Фотиҳа

Сураи муборакаи Фотиҳа

March 3, 2026

Recent News

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

March 4, 2026
Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

March 4, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved