Имрӯз як бархурди зоҳиран ноаёни таърихиву фарҳангии мислаш пеш диданашуда дар минтақа ҷараён дорад, ки аксаран барои аз худ кардани арзишҳои таърихиву фарҳангии тоҷикон амалӣ мешавад. Ҳукми ноодилонаи таърих буд, ки ниёгони ориёиямон бештари сарзаминҳои паҳновари худро аз Хутан то баҳри Хазар ва аз кӯли Балхашу даштҳои Урал то уқёнуси Ҳинд аз даст доданд. Муаррихон ва ғосибони таърих аз баъзе кишварҳои дуру наздик дастовардҳои фарҳангии ориёиҳоро, ки дар ин минтақаҳо ҳазорсолаҳо пеш бунёдгузорӣ шуда буданд, аз они худ карда истодаанд ва қисми хеле зиёдашро ҳам аз худ кардаанд.
Ҳоло як мошини пуриқтидори туркикунонӣ, ҳар он чи ки ғайритуркист, ҳар он чи ки осори таъриху фарҳанги ғайритуркист, ҳар он чи ки дар дамаш рост меояд, фурӯ бурдаву ба гунаи туркӣ берун мекунад. Мо, зиёиёни тоҷик баъзан ор мекунем, ки дар забонамон як-ду вожаи туркӣ ворид шудаасту бояд онро аз забонамон хориҷ кунем. Аммо чи қадар сарзаминҳои фарохову паҳнои ориёӣ, чи қадар арзишҳои фарҳангиву таърихии ориёиҳо, чи қадар ориёиҳои хоразмиву сокоиву суғдиву сартӣ, як села вожаҳои забонамон ва хеле арзишҳои зиёди дигарамон дар тӯли таърих моли туркӣ шудаанд, аз ҷониби онҳо аз худ карда шуданд, ҳазм шуданд, аммо онҳо из ин заррае ҳазар намекунанд… Оё агар Турон моли туркӣ мебуд, мо онро ҳамчун аз они худ қабул карда метавонистем? Ҳаргиз. Оё агар ягон шаҳрамон бунёди туркӣ медошт, онро маркази тамаддуни ориёӣ гуфта метавонистем? Оё мо дар муқобили Исмоили Сомониро турк хондани онҳо Темурлангро ориёӣ гуфта метавонем? Ҳеҷ гоҳ гуфта наметавонем ва лозим ҳам нест.
Таҳрифгарони таърихи миллатамон беибову бераҳмона ҳар чи ки дар имконашон ҳаст, арзишҳои миллии таърихии моро аз худ карда истодаанд. Латифае ба ёд меояд, ки хеле пандомӯз будаву ба таърихдуздони таърихамон хеле мувофиқ меояд: “Рӯзе шоир Анварӣ ба бозор рафт. Дид, ки ҷое мардум ҷамъ омадаву шахсе дар миёнашон шеърхонӣ дорад. Чун гӯш дод, шеърҳои худро шинохт. Пурсид: ин шеърҳо аз они кист? Он шахс гуфт: Аз Анварӣ. Пурсид: Ту кистӣ? Ҷавоб дод: Анварӣ. Анварӣ гуфт: Наузанбиллоҳ, шеърдуздро дида будаму шоирдуздро не.” Имрӯз дуздони таърих сарзаминҳои ниёгонамонро бо ҳама арзишҳояшон рабуда, онҳоро моли ниёгони худ муаррифӣ мекунанд.
Дар миёни китобу рисолаҳои бешумори ба ин мавзуъ бахшидашуда асари калонҳаҷми Мурад Аҷиев “Азиатская Европа” аз ҳамаи ҳадду ҳудуд мегузарад, ҳама дастовардҳои халқҳои ориёиро туркӣ месозад. Мурад Аҷиев дар қисмати аввали асараш суханони Геббелсро ки моҳияташон чунин аст, овардааст: “Аз як халқ таърихашро биситон, вай баъди як насл ба тӯда мубаддал мешавад ва баъди як насли дигар онро мисли пода ҳай кардан мумкин”. Ва худ ӯ ба гирифтан ва аз худ кардани таърихи як силсила халқҳои ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон пардохта, бешармона ҳамаро туркиву қипчоқӣ месозад.
Аз ҷумлаи фаҳшҳои Мурат Аҷиев якчандтоашро мухтасаран номбар кардан мумкин: Маънои Парс (Порс) гӯё барс (бабр) будааст, маънои арий (ориё) – ариқ (оби ҷӯй), Куруш баромади туркӣ-олтоӣ дорад, зардуштизм – дини ба эрониҳо созгоршудаи туркист, Зардушт – турк, Ажи даҳҳок (Заҳҳок) туркест, ки барои дин мубориза бурдааст, эрониҳо – аксаран туркҳои забонашон форсишудаанд, Арияна Ваеҷа – сарзамини туркист, хатти мехӣ – ихтирои туркҳост, Парфия – давлати туркист, Рӯдакӣ, Низомӣ, Амир Хусрав, Хайём, парфиягиҳое, (гӯё туркҳое), ки ба забони форсӣ эҷод кардаанд, эрониҳо наслҳои туркҳои Олтоянд, Кушониҳо туркони Олтой ҳастанд ва даҳҳо даъвоҳои дигар. (Мурад Аджиев “Азиатская Европа”, Москва, АСТ, 2014, пятое юбилейное издание).
Дар халқ мегӯянд, ки чизатро маҳкам дору ҳамсояатро дузд нагӯ. Бале, айби мост, ки то ҳол таърихи худро пурра соҳибӣ накардаем. То ҳол сарзаминҳои аслии ориёӣ – Эрони бостонро дар Осиёи Миёна нашинохтем. Ҳанӯз ҳам сарҳадоти сарзаминҳои таърихии ниёгони шуҳратёри эрониву турониамонро, мавқеияти Эронвиҷи таърихиро муайян накардаем. Ҳанӯз ҳам Ҷамшеду Кайхусраву Рустаму дигар бузургони таърихиамонро аз коми асотиру афсона раҳо накардаем. Ҳанӯз ҳам номи Зардушт – ин абармарди бомдоди таърихро бе ҳарос ба забон намеорем. Агар ин паёмбари ориёиҳо моли ягон халқи турк мебуд, садҳо ҳайкали онро дар ҳар кунҷу канори кишварашон мегузоштанд. Ҳоло, тавре зикр шуд, онҳо ба сӯи Зардушт чашм ало карда истодаанд, ки чи тавр ӯро аз худ кунанд. Ба даъвоҳо ва навиштаҳои даъвогарон ва дуздони сарзаминҳои аҷдодӣ ва таъриху фарҳангамон хомӯшона ризоият медиҳем. Имрӯз Мурад Аджиев дар зоти худ ягона нест, даҳҳову садҳо олимони ҳамқавмаш дидаву дониста, беибо фарҳангу таърихи ориёиро аз худ карда истодаанд. Ному насаби онҳо хеле зиёд аст, аз ин рӯ, аз зикрашон худдорӣ мекунем. Мо пайваста бечоранолӣ мекунем, ки олимони туркнажод инамонро гирифтанду онамонро гирифтанд. Вале бояд дар хидмат ба халқу миллати худ ана ҳамин хел шудан лозим. Садсолаҳост, ки онҳо мерабоянду мерабоянд. Садсолаҳост, ки мо аз даст медиҳему медиҳем. Мо бояд нисбати ба халқу миллат хидмат карданро аз онҳо биёмӯзем. Ба мо ҳеҷ чизи бегона лозим нест, танҳо бояд аз они худро муҳофизат карда тавонем. Бале, таърихи пуршарафамон мисли ганҷи бесоҳиб дар гӯшаҳо паҳну парешон хобидааст, ҳар раҳгузари бебасар аз он чи ҳадде, ки метавонад, ғорат мекунад, аз худ мекунад…
Шояд мо дар Тоҷикистон на аз ҳамаи он чи ки дар ҳаққи мо дар матбуот ва расонаҳои дигар кишварҳо менависанду мегӯянд, огоҳӣ дорем. Лекин имрӯз қариб дар ҳамаи кишварҳо мо намояндаву зиёиву ҳамватане дорем, ки метавонанд чунин навиштаҳоро ҷавоб бигӯянд, ё онҳоро ба таваҷҷуҳи аҳли зиёи кишвар муаррифӣ намоянд. Дар баҳсҳои иттиллоотӣ низ заифиамон эҳсос мешавад.
Диле, ки як зарра инсофу имони ватанхоҳӣ дорад, аз он чи ки мо дар тӯли таърих аз даст додем, хун мешавад. Аз сарзаминҳо, аз таърихҳову фарҳангҳо… Имрӯз низ бо бепарвоӣ, бо хунукназарӣ, бо ҳақношиносӣ, бо коҳилие ки дорем, (зиёиёну мутахассони соҳаро дар назар дорам) дигарон арзишҳои миллӣ, таърих, ҳама чизе ки метавонанд, аз худ карда истодаанд.
Афсўс, имрӯз дар посухи дандоншикан додан ба дуздони арзишҳои таърихиву фарҳангиамон хеле оҷизем. Балки канорагирӣ мекунем. Баъзан дар саҳифаҳои матбуот мебинем, як мақолаи на чандон муҳим боиси баҳси тӯлонӣ мешавад, посухҳои ҷонибҳо чандин шумораву саҳифаҳои ҳафтаворҳоро пай дар пай ишғол менамоянд, ғавғову сару садоҳо моҳҳо идома меёбанд. Аммо мақолае, ки ба пуштибонии арзишҳои миллӣ, ё ба масъалаи муҳимми иҷтимоӣ иншо мешавад, ё имкони чоп шудан намеёбад, ё чоп шавад ҳам, ноайён аз ёдҳо фаромӯш шуда меравад. Дар Фесбук дар атрофи як масъалаи на чандон муҳим он қадар сару садо баланд мешавад, ки шумораи иштирокчиёнашро гум мекунӣ. Аксар вақт на барои дилсӯзӣ ба таъриху фарҳанги миллат, балки барои худнамоӣ сару садо баланд мекунем… Афсӯс, олимон ва зиёиёне, ки тиннати арҷгузорӣ ва ҳиммати баҳодиҳии холисона ба мақолаву рисолаҳои нисбати арзишҳои фарҳангии миллӣ ва муҳофизати ин арзишҳо эҷодшуда доранд, ангуштшуморанд. Ку он пирони хиради солор, донишманду равшанзамир, одилу фозил, беғаразу дилсӯз…
Яке аз масъалаҳои хеле муҳими таърихӣ, ки имрӯз низ моҳияти милливу таърихӣ дорад, масъалаи ҷуғрофиёи Эрони бостон аст, ки сарзаминҳои шарқи Осиёи Миёна, аз ҷумла, Тоҷикистонро фаро мегирифт. Ин масъала бояд масъалаи рақами яки илми таърихи кишварамон бошад. Имрӯз агар ҳиммати эътироф кардани ин масъаларо надорем, дар баҳсҳо бо таърихрабоёну марзрабоён шикаст мехӯрем.
Тавре зикр шуд, сарзаминҳои ориёии ниёгонро, ки аз Хутан ва аз кӯли Балхаш то баҳри Хазар фаро мегирифтанд, аз даст додем, аз он ганҷи барбодрафта як пора Тоҷикистони азиз ба ёдгор мондаасту бас. Номи Туронро бо фарҳанги ориёияш, бо бештари сарзаминҳояш аз даст додем. Сокоиҳои ориёиву Томирисро аз худ карданд. Зодгоҳи Фаридуну Ҷамшед, абадан ба қаламрави туркҳо гузашт. Гиребони Форобиву Абуалӣ Синову Берунӣ ва даҳҳо тани бузургони дигарамон дар чанголи таърихрабоён аст. Инак ба Эронвиҷу Зардушту давлати Порту Кӯшониён ва даҳҳо арзишҳои дигари таърихиамон панҷаи тасарруф дароз шудааст. Агар сарзаминҳои аздастрафтаи ниёгонро имкони пас гирифтан надорем, дастикам бояд арзишҳои таърихиву фарҳангиамонро аз чанголи бегонагон раҳо кунем, нагузорем, ки онҳоро моли худ кунанд. Дар ин бахш мо, мутаассифона, хеле беҷуръатем. Аслан бояд ҳеҷ як олиму донишманди турк мазаммат нашавад, айби худи мост, моем, ки сарзаминҳоямонро муҳофизат карда натавонистем, ҳоло низ арзиҳшояи фарҳангиву таърихиамонро наметавонем муҳофизат кунем, ҷуръати милливу таърихӣ надорем Оре, аз мост, ки бар мост…
Таърихи чандинҳазорсола бори нахуст чунин имконияти пажуҳишу омӯзиши таърихи бостонии халқамон, чунин имконияти хидмат кардан ба халқу Ватанро фароҳам кардааст. Японияро иҳотаи уқёнуси пурхатар водор ба рушду тараққӣ кард. Мо низ имрӯз дар иҳотаи як уқёнуси ноаёне ҳастем, ки даҳҳо мавҷҳову туфонҳои пурхатарро сӯямон тела медиҳад. Нохайрхоҳони мо ҳанӯз ҳам сари нақшаи тақдири Тоҷикистон тарроҳӣ доранд. Мо ин ҷо ҳоло танҳо ба як масъала – муҳофизати арзишҳои таърихиву фарҳангӣ дахл кардем, дар ҳоле ки дар тамоми бахшҳо бояд буд.
Арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангии таърихӣ, пажуҳиши воқеияти таърихии халқамон, ошкор намудани ҳама арзишҳои фарҳангиву миллии кишвар, муҳофизати дастовардҳои Истиқлол, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳамаи он чизе, ки Пешвои миллатамон ҳамеша таъкид мекунанд, шарту омили наҷот ва рушду тараққиии халқу кишвар аст. Барои ояндагон кишварро бо ҳама арзишҳояш ба мерос бигузорем. То ин ки гирифтори маломати наслҳои оянда набошем…