Риояти одоби писандида ба шумо кумак мекунад то шаъну манзилт ва қадру қимати иҷтимоиятон боло равад. Дар ин мақола нуктаҳое зикр шудаанд, ки метавонад дар ин бора ба шумо ёрӣ диҳад.
Бо риояти ин нуктаҳои содда, дӯстони бештаре хоҳед дошт ва ҳамнишини хуб ба ҳисоб меоед.
1 – Ҳамеша муаддаб бошед
Ҳамвора нисбат ба ҳама муаддаб ва бо назокат бошед.
2 – Ҳеҷгоҳ дашном надиҳед
Дашном ва носазогӯӣ мутлақан мамнуъ аст, чун нишон медиҳад, ки шумо қодир нестед барои баёни ақоиди худатон аз вожаҳо ва луғоти муносибтаре баҳра бигиред.
3 – Бо садои баланд сӯҳбат накунед
Ҳангоме, ки бо садои баланд сӯҳбат мекунед, боиси боло рафтани сатҳи эстерес миёни атрофёни худ мегардед. Баланд сӯҳбат кардан баёнгари он аст, ки шумо қодир ба баҳси мантиқӣ бо дигарон нестед ва нотавонии шуморо дар истидлоли маъқулона нишон медиҳад, ки мехоҳед коре кунед то ба зӯр ҳарфи шуморо қабул кунанд.
4 – Контрол худро аз даст надиҳед
Замоне, ки шумо контроли аъсоби худро аз даст медиҳед ва асабонӣ мешавед, ба ҳама нишон медиҳед қодир ба контроли эҳсосот ва ҳаяҷоноти худ намебошед. Вақте ҳам, ки шумо аз контроли рафтори худатон нотавон ҳастед, чигуна қодир ба контроли чизи дигаре метавонед бошед? Ҳамеша хунсрдии худро ҳифз кунед (кори осоне нест аммо ба заҳматаш меарзад).
5 – Ба дигарон хира нашавед
Хира шудан ба дигарон ва чашм чаронӣ навъе таарруз ва беиҳтиромӣ ба дигарон ба ҳисоб меояд. Шумо, ки намехоҳед беҷиҳат дигаронро аз худ битарсонед?.
6 -Сӯҳбати касеро қатъ накунед
Пеш аз онки изҳори ақидае бикунед, иҷоза диҳед сӯҳбати дигарон ба поён бирасад. Миёни сӯҳбати касе паридан, нишонаи беназокатӣ ва баҳраманд набудан аз маҳоратҳои иҷтимоии фард аст. Агар намехоҳед худбин ва аз худрозӣ ба назар оед, ҳеҷгоҳ сӯҳбати касеро қатъ накунед ва ҳаргоҳ ночор ба анҷоми ин кор шудед, гуфтани ҷумлаи «маъзарат мехоҳам»-ро аз ёд набаред. Муаддаб будан ба маънои он аст, ки барои ҷойгоҳ, ақоид ва эҳсосоти дигарон эҳтиром қоил шавем.
7 – Ҳамеша вақтшинос бошед
Муҳим аст, ки ба вақти дигарон эҳтиром бигузоред. Сари вақт дар ҷаласот, қарори мулоқотҳо, мавқеиятҳои шуғлӣ ва иҷтимоӣ ҳузур ёбед. Илова бар он, як фарди бо шахсият медонад чӣ замоне бояд меҳмониро тарк кунад.
8 – Асрори зиндагии хусусии худро фош насозед
Обрӯ, шарофат, садоқат ва басират бузургтарин ва муҳиммтарин омил барои ҳифзи эътибори як фарди бо шахсият аст. Ҷузъиёти зиндагии шумо бояд маҳрамона боқӣ бимонанд, пас сӯҳбате дар робита бо зиндагиатон ба миён наёваред.
9 – Ҳурмати бузургтарҳоро нигоҳ доред
Шумо бояд ҳамонтавр, ки дӯст доред мавриди эҳтироми дигарон бошед, худатон низ ба дигарон эҳтиром бигузоред. Мутаассифона имрӯза ҷавонон хаёл мекунанд ҳама чизро медонанд ва ҳама чизро мефаҳманд ва дар воқеъ худро ақли кулл медонанд аммо ин тавр нест. Кофӣ аст ба 5 сол пеши худ биандешед… Яқинан шумо имрӯз бисёр боҳуштар ва бо таҷрибатар шудаед. Интавр нест? Бо онки 5 сол пеш низ фикр мекардед ҳамаи чизро медонед.
10 – Ба иштибоҳоти дигарон нахандед
Ин яке аз пасттарин корҳое аст, ки касе мумкин аст анҷом диҳад. Ҳангоме, ки шумо иштибоҳе ё хатое мекунед, танҳо интизоре, ки аз дигарон доред ин аст, ки иштибоҳот ва хатоҳои шуморо ба рӯятон наёваранд ва аз онҳо чашмпӯшӣ кунанд. Аз он муҳимтар шуморо ба воситаи онҳо мавриди тамасхур қарор надиҳанд.
11 – Пеш аз хурдани ғизо мунтазир бимонед ҳамаи меҳмонон сари ҷояшон бинишинанд
Замоне, ки барои хурдани ғизо сари дастархон ё миз менишинед, бояд мунтазир бимонед то тамоми меҳмонон комилан сари ҷояшон бинишинанд ва омодаи сарф (хурдан)-и ғизо гарданд. Ҳамаи афрод бояд дар як замон шурӯъ ба сарф(хурдан)-и ғизо кунанд.
12 – Фахрфурӯшӣ накунед
Ҳеҷ кас аз одами лофзан хушаш намеояд. Дар ҳангоми гуфтугӯ дар бораи масоили молӣ ба дороӣҳои худ ишора накунед ва сарвати худро ба рух накашед.
13 – Мураттаб ба соататон нигоҳ накунед
Ҳангоме, ки дар маҳфиле ҳастед, мудом ба соати худ нигоҳ накунед магар онки билофосила қасди тарки он маҳалро дошта бошед. Вақте ба соататон нигоҳ мекунед дигарон ин тавр бардошт мекунанд, ки шумо хаста ва беҳавсала шудаед.