• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Uncategorized

Моҷарои хоксупории Ҳофизи Шерозӣ

February 27, 2024
in Uncategorized, Адабиёт ва ашъор, Машоҳир
0
ҳофиз
0
SHARES
24
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Моҷарои хоксупории Ҳофизи Шерозӣ

………..

Рӯзе, ки Ҳофиз аз дунё рафт, бархе мардуми кӯча монеи дафни шоир мешаванд, ба ин далел, ки ӯ шаробхӯр ва бедин буда, набояд бар ин маҳал дафн шавад.

Донишмандони шаҳр бо ин масъала ба мухолифат бар мехезанд, пас аз гуфтугӯи зиёд ва баҳси дурудароз як тан аз он миён пешниҳод мекунад, то китоби ӯро биёранд ва фол бигиранд, ҳар чӣ омад, бад-он амал бинмоянд.

Китоби шоирро ба дасти кӯдаке медиҳанд ва ӯ китобро боз мекунад ва ин ғазал намоён мешавад:

Айби риндон макун, эй зоҳиди покизасиришт,

Ки гуноҳи дигарон бар ту нахоҳанд навишт.

Ман агар некам, агар бад, ту бирав, худро бош,

Ҳар касе он даравад оқибати кор, ки кишт.

Ҳама кас толиби ёранд, чӣ ҳушёр чӣ маст.

Ҳама ҷо хонаи ишқ аст, чӣ масҷид, чӣ куништ.

Сари таслими ману хишти дари майкадаҳо,

Муддайӣ гар накунад фаҳми сухан, гӯ: сару хишт.

Ноумедам макун аз собиқаи лутфи азал,

Ту паси парда чӣ донӣ, ки кӣ хуб асту кӣ зишт?

На ман аз пардаи тақво бадар афтодаму бас,

Падарам низ биҳишти абад аз даст биҳишт.

Боғи фирдавс латиф аст, валекин, зинҳор,

Ту ғанимат шумор ин сояи беду лаби кишт.

Ҳофизо, рӯзи аҷал гар ба каф орӣ ҷоме,

Яксар аз кӯйи харобот барандат ба биҳишт!

Ҳама аз ин шеър ҳайрат зада мешаванд ва сарҳои худро поён мекунанд. Дар охир дафни ҷасади Ҳофиз анҷом меёбад ва аз он замон Ҳофизро “Лисон-ул-ғайб” ном мегиранд.

…….

Чӣ қадар мӯшикофона (ювелирно) ва дақиқ (аниқ)

маънидод кардани он фикру андешае, ки ҳар як инсони солимфикр дер ё зуд ба он меорад.

…..

“Ноумедам макун аз собиқаи лутфи азал”

Previous Post

– Сӣ вижагии касоне ки китоб намехонанд :

Next Post

Чашм ва гӯши шоҳ

Related Posts

Пизишкиён: “Фирдавсӣ бо “Шоҳнома” ҳувияти эрониро ҷовидона кард”
Адабиёт ва ашъор

Пизишкиён: “Фирдавсӣ бо “Шоҳнома” ҳувияти эрониро ҷовидона кард”

May 20, 2026
Гулшани ризвон
Адабиёт ва ашъор

Гулшани ризвон

May 20, 2026
Биравед Шумо озод ҳастед!
Адабиёт ва ашъор

Чу майдон фарох аст…

May 7, 2026
Эҳёгари афкори динӣ
Адабиёт ва ашъор

Қитъаи адабии бисёр зебо аз Иқболи Лоҳурӣ

May 3, 2026
Авомили ақибмондагии ҷомеаҳои исломӣ
Адабиёт ва ашъор

Ҳикояти марди тозамусалмон

February 26, 2026
Дамованд
Адабиёт ва ашъор

Дамованд

February 26, 2026
Next Post
чашм

Чашм ва гӯши шоҳ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Фазилати ҳамнишинӣ бо хонавода

Фазилати ҳамнишинӣ бо хонавода

May 20, 2026
Одоби муошират

Ахлоқи некӯи Расули Акрам(с)

May 20, 2026
Мусоҳибаи Такер Карлсон бо муҷрии коноли 13 Исроил

Мусоҳибаи Такер Карлсон бо муҷрии коноли 13 Исроил

May 20, 2026
Тангаи Ҳурмуз

Иқдомоти таҳрикомези Амрико дар атрофи тангаи Ҳурмуз

May 20, 2026

Recent News

Фазилати ҳамнишинӣ бо хонавода

Фазилати ҳамнишинӣ бо хонавода

May 20, 2026
Одоби муошират

Ахлоқи некӯи Расули Акрам(с)

May 20, 2026
Мусоҳибаи Такер Карлсон бо муҷрии коноли 13 Исроил

Мусоҳибаи Такер Карлсон бо муҷрии коноли 13 Исроил

May 20, 2026
Тангаи Ҳурмуз

Иқдомоти таҳрикомези Амрико дар атрофи тангаи Ҳурмуз

May 20, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Фазилати ҳамнишинӣ бо хонавода

Фазилати ҳамнишинӣ бо хонавода

May 20, 2026
Одоби муошират

Ахлоқи некӯи Расули Акрам(с)

May 20, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved