АСАРИ “БАРОИ АРӮСӢ БО ПИСАРИ АММААТ ОМОДА ШАВ” – РО БИХОН !
Духтаре бо падараш китоб мефурӯхт. Ҳамин дам духтар дид, ки ошиқаш ба сӯи онҳо меояд.
Чун ҷавонмард наздашон расид, гуфт:
– Ман барои харидани китоби “Куҷо бояд бубинамат” – и Томас Мюнис омадам.
– Он китобро надорам, аммо метавонам китоби “Зери дарахти себ” – и Патрис Алферро пешниҳод кунам.
– Хуб аст, аммо оё метавонӣ фардо китоби “Баъд аз панҷ дақиқа тамос мегирам” – и Жуан Бернарро биёрӣ?
– Бо камоли майл. Зимнан, китоби “Ҳаргиз танҳо намегузорамат” – и Мишел Данилро тавсия медиҳам.
Баъди рафтани ҷавонмард падари духтар, ки то ба ҳол хомӯш буд, гуфт:
– Ин миқдор китоб зиёд аст, оё ҳамаашро мутолаа хоҳад кард?
– Бале падар, ӯ ҷавони боҳуш аст! – посух дод духтараш.
Падар гуфт:
– Хуб аст, духтари дӯстдорам! Дар ин сурат беҳтар аст, китоби “Ман аҳмақ нестам”-и Франк Мартинезро ҳам бихонад. Ту бошӣ, асари “Барои арӯсӣ бо писари аммаат омода шав” – и Морис Станкевичро бихон.