Ҳазрати оятулло Хоманаӣ раҳбари Эрон, дар номае хитоб ба донишҷӯёни бовиҷдони ҳомӣ мардуми Фаластин дар донишгоҳҳои Амрико, зимни ҳамдилӣ ва ҳамбастагӣ бо эътирозоти зидди саҳюнистӣ ин донишҷӯён, онон ро бахше аз ҷабҳаи муқовимат донистанд ва бар тағири вазъият ва сарнавишти минтақаи ҳасоси ғарби Осиё таъкид карданд.
Матни номаи ҳазрати оятулло Ҳоманаӣ ба ин шарҳ аст:
بسم الله الرّحمن الرّحیم
ин нома ро ба ҷавононе менависам ки виҷдони бидорашон онҳоро ба дифо аз кудакон ва занони мазлуми Ғазза барангехта аст.
Ҷавонони азизи донишҷӯ дар Иёлоти муттаҳидаи Амрико! Ин, паёми ҳамдилӣ ва ҳамбастагӣ мо бо шумо аст. Шумо акнун дар тарафи дурусти торих “ки дар ҳоли варақ ҳурдан аст” истодаанд.
Шумо акнун бахше аз ҷабҳаи муқовиматро ташкил додаед , ва дар зери фишор бераҳмонаи давлататон ки ошкоро аз режими ғосиб ва бераҳми саҳюнист дифо мекунад муборизае шарофатмандонаро оғоз кардаед .
Ҷабҳаи бузурги муқовимат дар нуқтае дур , бо ҳамин идроку эҳсосоти имрӯзаи шумо , солҳо аст мубориза мекунад . Ҳадафи ин мубориза , таваққуфи зулм ошкоре аст ки як шабакаи терруристӣ ва бераҳм ба номи « саҳюнистҳо » , аз солҳо пеш бар миллати Фаластини ворид сохта ва пас аз тасарруфи кишварашон , онҳоро зери сахттарин фишорҳо ва шиканҷаҳо гузошта аст . Наслкушӣ имрӯзи режими апартеиди саҳюнист , идомаи рафтори башиддати золимона дар даҳҳо соли гузашта аст.
Фаластини як сарзамин мустақил аст бо миллате муташаккил аз мусулмону масеҳӣ ва яҳӯдӣ , ва бо собиқаи торихи дароз . Сармоядорони шабакаи саҳюнистӣ пас аз ҷанги ҷаҳонӣ , бо кумаки давлати Ангалис , чанд ҳазор терруристро ба тадриҷ вориди ин сарзамин карданд ; ба шаҳрҳо ва деҳаҳои он ҳуҷуми бурданд ; даҳҳо ҳазор нафарро киштанд ё ба кишварҳои ҳамсоя ронданд ; хонаҳо ва бозорҳо ва мазраъаҳоро аз дасти онон берун кашиданд , ва дар сарзамини ғасб шудаи Фаластин , давлате ба номи Исроил ташкил доданд .
Бузургтарин ҳомӣ ин режими ғосиб , пас аз нахустин кумакҳои Ангалисӣ , давлати иёлоти муттаҳидаи Амрико аст ки пуштибониҳои сиёсиу иқтисодӣ ва таслеҳотӣ аз он режимро яксара идома дода ва ҳатто бо бе эҳтиётӣ ғайри қобили бахшиш , роҳ барои тавлиди силоҳи ҳастаӣ ро ба рӯи ӯ гушӯда ва ба ӯ дар ин роҳ кумак карда аст.
Режими саҳюнист аз рӯзи аввал , сиёсати « мушти оҳанин »ро дар баробари мардуми бедифои Фаластин ба кор гирифт ва беэътино ба ҳамаи арзишҳои ваҷдонӣ, инсонӣ ва динӣ , рӯз ба рӯз бар бераҳмиву террор ва саркӯбгарӣ афзуд .
Давлати Амрико ва шуракояш , ҳатто аз як ахм дар баробари ин тероризми давлатӣ ва зулми мустамар , дареғ карданд . Имрӯз ҳам бархе изҳороти давлати иёлоти муттаҳида дар қиболи ҷинояти ҳавлноки Ғазза беш аз ончизе воқеият дошта бошад , риёкорона аст .
« ҷабҳаи муқовимат » аз дили ин фазои торик ва яъсолуд сар бароварду ташкили давлат « Ҷумҳурии исломӣ » дар Эрон , онро густариш ва тавоноӣ дод .
Сардамдорони саҳюнизми байналмилалӣ ки бештарини бунгоҳҳои расонае дар Амрикоу Аврупоӣ мутаъаллиқ ба онҳо ё зери нуфузи пулу ришваи онҳоаст , ин муқовимати инсониву шуҷоъонаро тероризм муаррифӣ карданд ! оё миллате ки дар сарзамини мутаъаллиқ ба худ дар баробари ҷиноятҳои ишғолгарони саҳюнист аз худ дифо мекунад , террурист аст ? ва оё кумаки инсонӣ ба ин миллату тақвияти бозувони ӯ кумак ба тероризм ба шумор меравад ?
Сардамдорони султаи қаҳромези ҷаҳонӣ , ҳатто ба мафоҳими башарӣ ҳам раҳми намекунанд . Режими террурист ва бе раҳми Исроилро дифокунанда аз худ вонамӯд мекунанд ,у муқовимати Фаластинро ки аз озодӣ ва амнияту ҳақи таъйини сарнавишти худ дифо мекунад , « террурист » миноманд !
Ман мехоҳам ба шумо итминони диҳам ки имрӯз вазъият дар ҳоли тағйр аст . Сарнавишти дигаре дар интизори минтақаи ҳасоси ғарби Асия аст . Бисёре аз виҷдонҳо дар миқёси ҷаҳонӣ бедор шуда ва ҳақиқат дар ҳоли ошкор шудан аст . Ҷабҳаи муқовимат ҳам нерӯманд шуда ва нерӯмандтар хоҳад шуд . Таърих ҳам дар ҳоли варақ хурдан аст.
Ба Ғайри шумо донишҷӯёни даҳҳо донишгоҳ дар иёлоти муттаҳида , дар кишварҳои дигар ҳам донишгоҳҳо ва мардум ба по хоста анд . Ҳамроҳи ва пуштибонии устодони донишгоҳ аз шумо донишҷӯёни ҳодисаи муҳим ва асаргузорӣ аст . Ин метавонад дар қиболи шиддати амали полиси давлат фишорҳое ки бар шумо ворид мекунанд , то андозае оромиш бахш бошад . Ман низ бо шумо ҷавонон эҳсоси ҳамдардӣ мекунам ва истодагии шуморо арҷ мениҳам .
ва дарси қуръон дарбораи (۱) дарси қуръон ба мо мусалмонон ва ба ҳамаи мардуми ҷаҳон, истодагӣ дар роҳи ҳақ аст: فَاستَقِم کَما اُمِرت؛
Ҷабҳаи муқовимат бо фарогирӣ ва амал ба (۲) иртибототи башарии ин аст: на ситам кунед ва не зери бори ситам биравед: لا تَظلِمونَ وَ لا تُظلَمون
Ин дастурҳо ва садҳо нозиркунандаи он ба пеш меравад ва ба пирӯзӣ хоҳад расид. Ба умеди худо
Тавсия мекунам бо Қуръон ошно шавед.
Сайид Алӣ Хоманаӣ
31 май 2024.
(۱ сураи Ҳӯд, бахше аз Ояи 112 “пас ҳамон гуна ки дастӯр ёфтаӣ истодагӣ кун”
(۲ сураи Бақара бахше аз ояи 279