• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Uncategorized

Таъсири ҳолоти руҳӣ ва равонӣ дар андеша

June 14, 2024
in Uncategorized, Адабиёт ва ашъор, Инсон ва инсоният
0
0
SHARES
0
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Таъсири ҳолоти руҳӣ ва равонӣ дар андеша

Яке аз тафовутҳои асосӣ байни донишмандони худамон бо донишмандони 3 қарни ахири ғарбӣ (ва дунболаравони шарқии онҳо) – ки камтар мавриди таваҷҷӯҳ будааст – дар “равиши таҳқиқи масоил” ва ба истилоҳ, дар методология аст. Аввал лозим аст “равиши таҳқиқи масоил”-ро бароятон тавзеҳ бидиҳам, то матлаб равшан бишавад.

Тавзеҳ ин ки: баррасии масъалаҳои ҳар илм ва донише, як равиши махсус ва як методолигияи махсус ба худро дорад, ки бояд риоят шавад. Масалан, равиши таҳқиқ ва баррасии масоили таърихӣ, равиши нақлӣ аст, ки бояд дар асноду мадорики таърихӣ – ки ҳама нақл аст – кандуков кард, ки кадоминаш дуруст аст ва кадоминаш нодуруст, ноқил ва гӯяндааш кист, оё дурӯғгӯ набуда, оё ҳофизааш дуруст буда ва ғайра. Ва хулоса, ҳама нақлии маҳз аст. Ба хилофи математика масалан, ки равиши баррасии масоили он, ақлии маҳз аст. Дар масоили математикӣ шумо намегӯед, ки масалан фалон муаррих чӣ гуфтааст, балки ақли худро бояд ба кор гиред. Ин ки ҳосили 5 зарби 6, 30 мешавадро касе бароятон нақл накарда, балки бо ақли худатон ёфтаед.

Пас, ҳамон тавре ки дар фаҳми масоили таърихӣ, таъаққули маҳз ба дард намехӯрад, ҳамчунин дар фаҳми масоили математикӣ низ нақл ба дард намехӯрад. Ҳар яке равиши махсуси худро дорад. Агар масалан бихоҳед бидонед, ки поягузори давлати Сомониён чӣ касе будааст, барои донистани он, фақат бояд суроғи асноду мадорик яъне нақл рафт, агар 20 сол ҳам бихоҳед ба зеҳнатон фишор оваред, то инро бифаҳмед, нахоҳед фаҳмид, магар аз роҳи нақл.

Дар ҷойи худаш ин баҳс шудааст – ва феълан намехоҳам воридаш шавам – ки равиши таҳқиқ ва баррасии масоили фалсафӣ ақлӣ ва таъаққулии маҳз аст, на нақлӣ ва на таҷрибӣ ва озмоишӣ. Ин ки масалан “кулл бузургтар аз ҷузъи худ аст”, идроккунандаи ин масъала ақл аст, на таҷриба ва на озмоиш ва на нақл.

Хуб, аз хусусиятҳои масоили фалсафӣ яке куллият аст ва дигаре қатъият, дуруст мисли масоили математикӣ. Агар фалсафа мегӯяд, “кулл аз ҷузъи худ бузургтар аст”, ин як масъалаи қатъист яъне сад дар сад ва бешак чунин аст, ҷойи занну гумон надорад. Ва ҳамчунин куллӣ аст, яъне дар ҳама ҷо чунин аст. Масоили математикӣ низ чунин ҳастанд. Агар 5 зарби 6, 30 аст, ин қатъист, сад дар сад чунин аст ва низ куллӣ аст, на ин ки дар оянда замоне шояд биёяд, ки 5 зарби 6, 35 бошад. На. Чунин нест.

Аммо донишҳое, ки равиши таҳқиқи масоили онҳо таҷрибӣ ҳастанд, натоиҷи онҳо на қатъӣ ҳастанд ва на куллӣ. Масалан, ин масъала, ки “об дар 100 дараҷа меҷӯшад”, ин масъала мисли 5 зарби 6, 30 нест, ки қатъӣ ва куллӣ бошад. Дар ин гуна масоил, шумо фақат дар мавориде бо қатъият мегӯед, ки таҷриба карда бошед, на ки куллият бидиҳед ва бигӯед, ки “тамоми обҳои олам дар ҳар макон ва ҳар замоне ҳатто 1000 соли дигар, чунин ҳастанд”.

Ва агар назарияпардозони улуми таҷрибӣ, масоили улуми таҷрибиро дар колиби як қонун ва ба истилоҳ як формула баён мекунанд ва мегӯянд, ки “об дар 100 дараҷа меҷӯшад” – ки зоҳираш қатъият ва куллият медиҳад – аммо худи соҳибони улум таваҷҷӯҳ доранд, ки ин қолибҳо мусомиҳа дар таъбир аст, як маҷоз аст ба истилоҳ, на ин ки масоили яқинӣ ва қатъӣ бошанд мисли масоили математикӣ.

Ҳоло расидем ба асли матлаб, ки дар ёддошти баъдӣ арз хоҳам кард.

Инак навбати он аст, ки фарқ ва тафовути асосӣ байни фалосифаи худамон (хусусан Форобӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Мулло Садро, Алломаи Таботабоӣ ва ғайра)-ро бо донишмандони 3 қарни ахири ғарбӣ дар ин ҷиҳат яъне дар равиши таҳқиқ баён бикунам. Албатта, на ҳамаи андешамандони ғарбӣ, Иммануил Кант масалан мустасност, ӯ дар ин замина хеле дақиқ аст, амсоли ӯ ва ё ҳатто Декарт, аз ҷумлаи онҳо нест.

Иштибоҳи ин донишмандони ғарбӣ дар ин се қарн дар он аст, ки онҳо натиҷаи таҳқиқоти худ дар яке аз улуми таҷрибиро ва ҳатто дар мавориде, ҳолоти руҳӣ ва равонии худро дар қолиби як қонун ва ба истилоҳ, як формулаи фалсафӣ баён кардаанд; гӯӣ ки як қазияи фалсафӣ бошад, гӯӣ як воқеият бошад; онҳо ба ин ёфтаҳои таҷрибии худ куллият дода ва бо як қатъият баён кардаанд.

Масалан, ин гузора, ки “эътиқод ба Худо ва дин, чеҳраи дигари майлҳои шаҳавонии саркӯбшудаи инсон аст”, ки аз Фрейд аст, дар олами ғарӣ ба унвони як ҳақиқати қатъӣ ва инкорнопазир дар назди баъзеҳо талаққӣ шудааст, яъне ба унвони як масъалаи фалсафӣ. Дар ҳоле, ки ин як масъалаи равоншиносона аст – албатта агар бар фарз онро ҳатто ба лиҳози равоншиносӣ дуруст ангорем, дар ҳоле, ки дуруст нест. Худи ҷаноби Фрейд ҳам, онро ба унвони як ёфтаи фалсафӣ матраҳ ва ба сурати куллӣ ва қатъӣ баён кардааст.

Ҳол он ки равиши таҳқиқ дар равоншиносӣ ва равонковӣ таҷрибӣ ва озмоишӣ аст, на ақлӣ. Баъзе аз шогирдони Фрейд мӯътақиданд, ки ин ҳарфи Фрейд ҳатто як ёфтаи равоншиносона низ намебошад, балки ношӣ аз як ҳолати руҳӣ ва равонии худи ҷаноби Фрейд аст. Ба гуфтаи ӯ, Фрейд аз навҷавонӣ ошиқи духтаре буда ва сипас дар ишқ ноком монда ва ин, дар вуҷуди ӯ ба як уқда табдил гардида будааст.

Ҳоло, гирем бар фарз, ки Фрейд дуруст мегӯяд, хуб, дар ин сурат ин ёфтаи ӯ як масъалаи равоншиносона аст, на як ҳақиқати инкорнопазири фалсафӣ, рабте ба фалсафа надорад.

Ва ин дар ҳоле аст, ки дар андешаҳои фалсафии фалосифаи мо хусусан Форобӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Мулло Садро, Алломаи Таботабоӣ, шумо ҳатто як мавридеро пайдо намекунед, ки аз равиши таҳқиқ дар фалсафа, ки таъаққулии маҳз аст поро фаротар гузошта бошанд, хеле риоят кардаанд. Ба ҳамин хотир аст, ки фалсафаи онҳо хушк аст, инсон агар бо мафоҳими фалсафӣ ошно набошад, мутолеаи китобҳои онҳо барояш хастакунанда аст. Ба хилофи китобҳои фалосифаи ғарбӣ, ки ҷаззобанд; ва ҷаззобияташон ба хотири ин аст, ки ҳама чизро ба ҳам омехтаанд; як қазияи равоншиносиро ба унвони як матлаби фалсафӣ баён кардаанд ва ё як масъалаи таҷрибиро ба унвони як матлаби фалсафӣ ва ғайра. Ва хулоса, ҳама чиз ба истилоҳ аралаш.

Previous Post

ҶОЯШОН БИҲИШТ БОД, ОМИН! Исмоил Пирмуҳаммадзода аз хизаткунандагон

Next Post

МАВЛАВИИ ҲИНДУСТОНӢ (1892 – 1989)

Related Posts

Муҳаммад
Инсон ва инсоният

Салоҳ ва табоҳи уммат

May 21, 2025
Ҳақиқатҳое дар дунё
Инсон ва инсоният

Ҳақиқатҳое дар дунё

May 21, 2025
Мусаввараи Ғуломи Хушбахт
Инсон ва инсоният

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Беҳтар аз гузаштаам
Инсон ва инсоният

Беҳтар аз гузаштаам

April 26, 2025
Қурбонӣ ё қаҳрамон
Инсон ва инсоният

Қурбонӣ ё қаҳрамон

April 26, 2025
Ранги зиндагӣ
Адабиёт ва ашъор

Ранги зиндагӣ

April 26, 2025
Next Post
мавлавии ҳиндустон

МАВЛАВИИ ҲИНДУСТОНӢ (1892 - 1989)

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Муҳаммад

Салоҳ ва табоҳи уммат

May 21, 2025
Ҳақиқатҳое дар дунё

Ҳақиқатҳое дар дунё

May 21, 2025
Қудс-1

Моҷарои Фаластин

May 21, 2025
Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

May 18, 2025

Recent News

Муҳаммад

Салоҳ ва табоҳи уммат

May 21, 2025
Ҳақиқатҳое дар дунё

Ҳақиқатҳое дар дунё

May 21, 2025
Қудс-1

Моҷарои Фаластин

May 21, 2025
Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

May 18, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Муҳаммад

Салоҳ ва табоҳи уммат

May 21, 2025
Ҳақиқатҳое дар дунё

Ҳақиқатҳое дар дунё

May 21, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved