ЖАНРИ МАҚОМА ДАР АДАБИЙЁТИ АРАБИЮ ФОРСӢ
Нахустин нависандаи фанни мақома адибу донишманди эронӣ – Абулфазл Аҳмад ибни Яҳёи Ҳамадонии маъруф ба Бадеъуззамон (969–1008) аст. Ӯ муаллифи китоби машҳури «Мақомот» ба забони арабист. Дар манбаъҳо аз ӯ ба унвони мабдаъ ва поягузори фанни мақоманависӣ ёд шудааст. Бадеъуззамон маҷмуан 150 мақома навиштааст, ки имрӯза беш аз 52 мақома аз ӯ дар даст нест. «Мақомот»-и Бадеъуззамон маҷмуаи ҳикоятҳоест, ки бо насри мусаҷҷаъ ва оканда аз орояҳои лафзию маънавӣ ва истиъороту киноёт аст. Дар тасвири ҳодисот ду шахсийяте, ки бофтаю сохтаи муаллифанд, амал мекунанд. Яке ровии достон аст, ба номи Исо ибни Ҳишом, ки ҳамаи моҷароҳо аз забони ӯ нақл мешавад. Қаҳрамони дигар ба номи Абулфатҳи Искандарист, ки ғолибан ҷуз дарюзаю гадоӣ , кори дигар надорад. Абулфатҳ доим аз шаҳр ба шаҳре мегардад ва бо зиракӣ дар ҳар анҷуман ҳозир шуда, бо чарбзабонӣ ҷайби ягон гурӯҳро холӣ мекунад.
Ин асари Бадеъуззамон гарчи бештар ҷанбаи таълимӣ дорад, ба хубӣ нишондиҳандаи гӯшаҳое аз зиндагии иҷтимоии қарни 11, ба вижа зулми табақаи ҳоким, ришватхорӣ, майхорагӣ ва дигар мафосиди иҷтимоӣ низ ҳаст. «Мақомот»-и Бадеъуззамон дорои насре мусаҷҷҷаъ, зебо, дилнишин ва дур аз такаллуфу душворист. Равиши нигориши ӯ ба суръат мавриди таваҷҷуҳи нависандагон қарор гирифт ва дар асрҳои 11 то 20 ҳудуди 80 мақома ба арабию забонҳои дигар навишта шуд, ки онон ҳамагӣ ба навъе аз Бадеъуззамон тақлид кардаанд. Аз ҷумла мақоманависӣ баъдҳо ба адабиёти форсӣ низ роҳ ёфт ва Ҳамдуддини Балхӣ мақомаҳои худро, маъруф ба «Мақомоти Ҳамидӣ», ба тақлид аз Бадеъуззамон, ба форсӣ навишт.
МАҚОМА ЧИСТ?
Мақома лафзи арабӣ аст – ҷойи истодан, ҷамъомадгоҳ; дар адабийёт жанри хурди адабӣ аз қабили ҳикояву новелла дар бораи айёрон. Он дар асрҳои 10–11 дар адабийёти араб падид омад. Яъне ин лафз дар сайри таҳаввули маъноии худ дар асри 9 аз мақоми худ таназзул ёфт ва тадриҷан ба суханону навиштаҳои адабие талаққӣ гардид, ки он ба насри фаннию санъаткорона ва ҳамроҳ бо ашъору амсолу ҳиками саршор аз санъатҳои лафзию маънавӣ бошад. Вожаи «мақома» дар адабиёти форсӣ низ ба маъноҳои мухталиф омадааст. Дар китоби «Таърихи Байҳақӣ» ба маънои ҳикоят ва ё баёни воқеъаву ҳодисае истифода шудааст. Ҳамчунин Насруллоҳи Муншӣ дар «Калилаву Димна» «мақома»-ро ба маънои корҳои муҳимму ҳунарнамоиҳо ифода кардааст. Дар «Мақомоти Ҳамидӣ» ҳам ба маънои мухталиф, аз ҷумла гуфтори суфиён ва ҳангома ба кор рафтааст.
Мақома агарчи дар қолиби достон (ҳикоят) навишта шудааст, вале арзиши воқеъии достонро надорад, зеро аз муҳиммтарин вижагиҳои достон доштани шахсийятҳое мумтози достонӣ ва таҳлили равонию таълимоти ахлоқии он аст, ки дар мақома дида намешавад. Дар мақомот ҳикояҳои кӯтоҳе аз назари мавзуъ мутанаввеъ, аз забони қаҳрамон баён мешавад ва аз найрангҳое барои баёни зиндагии гадоён ба сабке воҳид истифода шудааст. Ҳар як мақома унвони ҷудогона дорад. Илова бар қаҳрамон, маъмулан фарди дигар (ровӣ) дар канори қаҳрамон ҳаракат карда, ҷараёнро нақл мекунад. Балоғату фасоҳати насри мақомот хонандаро то ҷое аз фанни нигориш сабақ медиҳад ва ба намунаҳои насри мусаҷҷаъу дорои санъатҳои бадеӣ ошно месозад. Муаллифон аз санъатҳои лафзию маънавӣ – қаринасозӣ, тарсеъ, иҳом, мурооти назир, ташбеҳ, истиора, иштиқоқ, таҷнис ва ғ. хеле моҳирона истифода мебаранд. Аммо аз нигоҳи таърихӣ мақомот тасвири ҷузъиеанд аз зиндагии мардум дар рӯзгоре, ки гадойию талбандагӣ ҳирфаву шуғли инсонҳо ба шумор меомадааст. Аз ин рӯ, мақома бозгӯкунандаи ҳамоқати инсонҳое буда, ки дар замони онҳо тадайюсу тамаллуқ бар ахлоқи писандидаву тафаккури некашон чира шуда буд.
Мақоманависӣ дар адабийёти арабию форсӣ намунае аз насри мутакаллифу маснуъ ва мусаҷҷаъи тавъам бо ашъору амсоли муносиб дар қолиби достони кӯтоҳ (ривоят), аммо оҳангин аст, ки муштамил бар як ҳодиса бошад ва дар асл ба қасди саргармии мухотабон ё танзу ё пандомӯзӣ ва ваъз дар маҷолиси умумӣ ба таври шифоҳӣ илқо мешуда, ё ба василаи нависандагон таҳрир мешудааст, то баъд тавассути муҷриён дар баробари шунавандагон қироату иҷро шавад.
«МАҚОМОТИ ҲАРИРӢ» – БЕҲТАРИН МАҚОМАЕ ДАР ПАЙРАВИИ БАДЕЪУЗЗАМОНИ ҲАМАДОНӢ
«Мақомоти Ҳарирӣ» навиштаи Қосим ибни Алии Ҳаририи Басрӣ (1054–1122), адиби маъруфи араб аст дар жанри мақома, ки беҳтарин пайравӣ ба «Мақомот»-и Бадеъуззамони Ҳамадонӣ хонда шудааст. Ҳарирӣ бо таълифи 50 мақомаи мусаҷҷаъу маснуъ мутакаллиф даъво кардааст, ки ба истиснои Бадеъуззамон, касе чун ӯ ин шеваи адабиро ба чунин авҷи бартарӣ нарасонидааст. Ин ҳам аҷиб аст, ки Ҳарирӣ дар соли 1111, пас аз таснифи 40 мақома ба Бағдод омада, кори худро ба дарбори Аббосиён пешниҳод намуд. Дарбориён қиёфаи омиёнаю зишти ӯро дида, ба нависандагияш бовар накарданд ва қарор бар он ниҳоданд, ки мудддати 40 рӯз мақомаи дигар бинависад. Ҳарирӣ ба Басра баргашта, барои исботи маҳораташ 10 мақомаи дигар навишта, ба тадриҷ шуҳрат ёфт…
Ва аммо, дар асари Ҳарирӣ мақомаҳо ҳар кадом сужети муайян, банду баст ва таркибу ороиши вижа доранд. Қаҳрамони аслии китоб ду нафаранд – ровӣ, Ҳорис ибни Ҳамом (= Кишоварз писари Ранҷбар) ва Абузайди Суруҷӣ, ки дар тамоми 50 мақома амал мекунанд.
Зимнан, ин ҳамон Абузайдест, ки Саъдӣ низ дар Бӯстон аз ӯ ин гуна ёд мекунад:
Яке гуфт: «Шайх ин надонӣ, ки кист?
Бар ӯ, гар бимирад, набояд гирист!
Гадое, ки бар шери нар зин ниҳад,
Абузайдро асбу фарзин ниҳад!..
Дар «Мақомоти Ҳарирӣ» ҳодисаҳову моҷароҳои ҳар мақома дар маконҳои гуногун рух медиҳанд. Ҳорис ибни Ҳумом бозаргони ҷаҳондидаест, ки дар шаҳрҳои гуногуни араб бо Абузайд вомехурад ва шоҳиди саргузаштҳои аҷоибу ғароиби ӯ мегардад. Абузайд шахси овора, ҳилагар, айёрпеша, донишанду ғамхори мардум аст. Вай ба қаҳрамони латифаҳои арабӣ – Ҷуҳа монандӣ дорад. Бо суханони рангину дилфиребаш мардумонро маҷзубу мафтуни хеш мегардонад ва ба мақсади худ (пулу тӯшаи сафар ба даст овардан) мерасад. Чунончи Абузайд (дар «Мақомату-д-динорийя»), ки худро ба лангӣ задааст, нахуст динорро меситояд, сипас онро менакуҳад ва бад-ин гуна забардастии худро нишон медиҳад. Ин ҷо бешубҳа, ҳадафи Ҳарирӣ шоирони маддоҳи дарбориянд, ки дар эҷоди шеър гӯш ба амри хоҷаи худанд. Дар боби дигар («Мақомату-ш-шерозийя») Абузайд муддаӣ мешавад, ки мехоҳад, духтареро ба шавҳар диҳад ва ҷиҳози арусӣ лозим дорад. Охир маълум мешавад, ки муродаш «духтари раз» (шароб) будааст…
«Мақомоти Ҳарирӣ» дар қолиби насре печидаву фаннӣ ва пуртакаллуфу душворфаҳм рехта шудааст. Истифодаи санъатҳои фаровони адабӣ (саҷъ, ташбеҳ, кинояву маҷоз, иғроқ, муаммоҳои наҳвӣ ва санъатҳои лафзӣ) дар ин асар тасаллути луғавӣ ва маҳорати баланди адабии нависандаро нишон медиҳад. Аз ин рӯ, бар ин асар шарҳҳои дақиқ навиштаанд, ки машҳуртару муфассалтар шарҳи Абулаббос Муҳаммади Шаришӣ (фавт 1222) аст. Ҳамчунин дар тули асрҳо «Мақомоти Ҳарирӣ» яке аз китобҳои дарсии мадрасаҳо барои фарогирии адабиёти арабӣ ба шумор омадааст. Ин китоб аз асри 17 то асри 19 ба забонҳои лотинӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва инглисӣ тарҷума шуд. Нахустин бор соли 1191 Фазлуллоҳи Сироҷ онро ба форсӣ тарҷума кард. «Мақомоти Ҳарирӣ» соли 1987 дар Теҳрон бо кӯшиши Алии Равоқӣ, бо вожаномаи муфассал ба чоп расид.
МАҚОМАНАВИСӢ ДАР АДАБИ ФОРСӢ; «МАҚОМОТИ ҲАМИДӢ»
ВА «МАҚОМОТИ ЖАНДАПИЛ»
Дар адаби форсӣ танҳо Ҳамидуддини Балхӣ унвони китоби худро ба маънои истилоҳии он «Мақома» гузоштааст. Аммо мақоманависӣ мавриди истиқбол қарор нагирифт; ҳикоя ҷойгузини мақома гардид. Баъзе ба ин назаранд, ки «Гулистон»-и Саъдӣ намунаи барҷастаи мақома аст. «Гулистон» дар воқеъ ба қасди ҳунарнамоие навишта шудааст ва бештар ҷанбаи адабӣ дорад, ки ҳадафи мақомот аст. Ҳамчунин «Баҳористон»-и Ҷомӣ низ намунае аз мақомоти форсӣ шумурда мешавад.
«Мақомоти Ҳамидӣ» аввалин мақома дар адаби форсӣ, ки солҳои 1155–64 аз ҷониби Абубакр Умар ибни Маҳмуд, мулаққаб ба Ҳамидуддин ва машҳур ба Маҳмудии Балхӣ навишта шудааст. Ин асар шомили муқаддима, 23 мақома ва охирсухан буда, нависанда дар муқаддима пас аз ҳамди Худо ва наъти паёмбар (ба арабӣ ва форсӣ) дар сабаби таълифи он гуфтааст, ки мехоҳад, мақомоте таълиф кунад, ки дар он чизе аз дигарон ба орият набошад. Бад-ин тартиб, дар ҷараёни кор ӯ, чунон ки нигошта, «порсӣ бо тозӣ биёмехта ва ғурари арабӣ ва дурари дарӣ аз гӯшвори сухан даромехта». Маҳмудии Балхӣ дар пайравӣ ва таъсири мақомаҳои машҳури арабӣ (аз Бедеъуззамони Ҳамадонӣ ва Абулқосими Ҳарирӣ), хостааст, ки бо таълифи ин китобаш имкониятҳои забони форсиро дар чаҳорчӯби ин навъи наср, ки мамлувв аз ҳунарҳои адабист, намоиш диҳад ва низ ин шакли адабиро дар адабиёти форсӣ ворид созад. Мақсуди нависанда ин аст, ки ҳар чӣ бештар санъатҳои лафзию бадеӣ , аз ҷумла, саҷъ биёварад ва ниҳояти ҳунармандии худро дар луғатпардозӣ ва таркибсозӣ ба кор барад. Бо ин ҳама, ӯ дар ҷараёни иншои асар як қатор масоили фалсафӣ, динӣ, тасаввуфӣ, иҷтимоӣ, ишқӣ ва ғ.-ро инъикос кардааст. Ҳамаи мақомоти Маҳмудии Балхӣ аз ҷиҳати оғозу поёни достон тақрибан яксонанд. Ровии достон маъмулан дар ибтидо ба зикри ҳоли худ ва сабаби сафар мепардозад. Қаҳрамони достон низ бештар пирест (гоҳ ҷавон) дар нақши адиб ё фақеҳ, ё суфӣ. Ӯ бо мавъизаву хитобаи авомфиребе ё хондани қитъаоти мавзуни назму наср (гоҳ ба арабӣ ва гоҳ ба форсӣ) мардумро мутаваҷҷеҳи худ мекунад. Дар дохили мақомаҳо барои ороиши сухан ва тақвияти фикр порчаҳои шеърии зиёде ба форсию арабӣ (ғазал, қитъа, рубоӣ, байт ва ғ.) оварда шудаанд. Аксари шеърҳои форсӣ аз муаллифанд ва ин ашъорро аз намунаи хуби назми асрҳои 11 ва 12 баҳо додаанд. Муҳиммтарин тафовутҳои «Мақомоти Ҳамидӣ» бо намунаҳои ҳамгуни арабии он ин аст, ки ҳам ровӣ ва ҳам қаҳрамони «Мақомоти Ҳамидӣ» чандин нафаранд, бар хилофи мақомоти арабӣ, ки ровию қаҳрамони муайяне доранд.
Асари Ҳамидуддин аз намунаҳои арабӣ, ба вижа, дар муҳтавои он, тафовутҳое дорад. Дар «Мақомоти Ҳамидӣ» бештар ҷанбаи зебоинависӣ таъкид шудааст. Муаллиф агарчи калимаҳои арабиро зиёд ба кор бурдааст, аммо матни асар ҳам саҳли мумтанеъ аст ва ҳам ба анвоъи санъатҳои адабӣ пероста гаштааст. «Мақомоти Ҳамидӣ» яке аз беҳтарин намунаҳои насри асри 12-и форсӣ аст ва ба ривоҷу такомули баъдинаи насри бадеӣ асаргузор будааст. Чунончи Саъдии Шерозӣ дар иншои «Гулистон» таҳти таъсири ин асар қарор гирифтааст. «Мақомоти Ҳамидӣ» чандин қарн аз китобҳои муҳимму омӯзишӣ барои шеваи нигоришу балоғати форсӣ ба шумор мерафт. Низомии Арузии Самарқандӣ онро дар зумраи китобҳое ном мебарад, ки хондани онҳо аз шартҳои зарурии дабирист. Муҳаммад Авфӣ низ ин асарро пураҳаммийят донистааст. Агарчи «Мақомоти Ҳамидӣ» ҳамчун асари фанни мақома шуҳрат ёфт, адибони пас аз Ҳамидӣ табъи худро дар ҳикоятпардозӣ озмуданд. Ин ақида низ ҷой дорад, ки дар адабийёти форсӣ мақоманависӣ бо таълифи «Гулистон»-и Саъдӣ ба авҷ мерасад ва дар радифи Ҳамидудини Балхӣ ҳамчунин Саъдӣ дар «Гулистон» ва Ҷомӣ дар «Баҳористон»-ро машҳуртарин мақоманависони форсӣ донистааанд. Ҳама мақомаҳои муҳимм агарчи насрианд, аммо шоҳидҳои шеърӣ ҳам аз ҳамон нависанда ҳамроҳ доранданд.
«Мақомоти Ҳамидӣ» бори нахуст соли 1844 бо хатти настаълиқ дар Теҳрон чопи сангӣ шуд. Солҳои 1879 ва 1930 дар Лакҳнав низ ба нашр расид. Ҷомеътарин таҳқиқ дар бораи Ҳамидӣ ва асари ӯ ба саъйи адиби мисрӣ, Форис Иброҳими Ҳарирӣ сурат гирифт ва он соли 1927 бо унвони «Мақоманависӣ дар адабийёти форсӣ» дар Теҳрон интишор ёфт.
Асари дигар дар ин жанр «Мақомоти Жандапил» аст, навиштаи Садидуддин Муҳаммад ибни Мусои Ғазнавӣ (асри12) дар шарҳи ҳоли Аҳмади Ҷомӣ, мулаққаб ба «Шайхи Ҷом». Бар асоси бархе ишораҳои муаллиф, ӯ нигориши китобро аз замони ҳаёти Аҳмади Ҷомӣ шуруъ карда, пас аз даргузашти ӯ низ муддатҳо кори кори тадвини китобро давом додааст. Муаллиф бахше аз матолиби худро аз Аҳмади Ҷомӣ пурсиш карда, ба нақл аз ӯ дар китоби худ овардааст. Оғози ин матолиб ба нақли мустақим аз худи Аҳмади Ҷомӣ, моҷарои тавба кардан ва рӯй овардани ӯ ба ибодату риёзат ва тарки майгусорӣ аст. «Мақомоти Жандапил»» бо баҳсе дар бораи каромоти авлиё ва тафовут миёни муъҷизаву каромат оғоз шудааст, ки аз ин назар бо дигар мақоти он давра хеле монанд аст. Насри форсии «Мақомоти Жандапил» то ҷое хусусиятҳои асри нависандаи онро нишон медиҳад ва аз ҳайси бархе таркиботи форсии он давра, манбаи муҳимм аст. Он намунае аз сабки содаву равшани осори форсии замони муаллиф ба шумор меравад. Дар асар калимоти арабӣ кам ва ҷумлаҳо кӯтоҳ омада, санъатҳои лафзию адабӣ низ андак ба назар мерасад. Аммо каромотҳои ирояшуда дар китоб сатҳӣ ва сода аст ва аз ин назар бо китобҳои дигари суфиёни Хуросон баробарӣ надорад. Адабиётшиносон онро ойинаи тарзи андешаву эътиқодоти авомонаи гурӯҳе аз мардуми он рӯзгор ва одатҳои онон дар мавридҳои бурузи беморӣ ё қаҳтӣ, ё ҳуҷуми малах ва амсоли ин номидаанд.
Аз вижагиҳои муҳимми он овардани иттилооти фаровони ҷуғрофиёӣ дар бораи Хуросон аст. Дар ҳикояҳо номҳои фаровоне аз рустоҳову ободиҳои Хуросон омадааст. Муаллиф ҳамчунин дар бораи шахсони номдори муосири Аҳмади Ҷомӣ низ иттилооти фаровоне овардааст, ки бархе аз онҳо дар тазкираҳо зикр шудаанд. «М. Ж.» аз ҳайси равшан кардани муносиботи Аҳмади Ҷомӣ бо муосиронаш, хосса карромиён (пайравони карромия), ки дар ҳавзаи ҷуғрофиёии Аҳмади Ҷом нуфузи муҳимме доштаанд, бисёр боаҳаммийят аст. Ин асар мақому манзилати Аҳмади Ҷомиро дар қиболи интиқодоти карромиён дифоъ кардааст. Аз ин китоб нусхае дар китобхонаи Нофизпошшо (Туркия) бо шумораи 339 ва қитъае аз дар зимни нухаи шумораи 3784 дар Берлин боқӣ мондааст.
МАҚОМА ДАР ҶАҲОНИ АДАБ
Мақома ё мақомот, чунон ки дида мешавад, қисме аз қисса аст, аммо ҳамчун достон ё ҳикояте аз лиҳози идеяву ғоя арзишманд нест. Ҳадафи аслии мақома ҳунарнамоии нависанда ва такаллуфоти лафзию маънавию таркибсозӣ, луғатпардозӣ ва саҷъоварӣ аст бидуни ҳич монеъа. Дар мақома илова бар қаҳрамон, маъмулан фарди дигар по ба пойи қаҳрамон ҳаракат намуда ва ҷараёнро нақл мекунад, ки ҳамон ровӣ аст. Ин қитъаи адабӣ бо насри мусаҷҷаъ ва ороставу фасеҳ аст ва бо ҳамин вижагиҳои ҷаззоби адабӣ хонандаро ба шӯр меорад. Ба иборати дигар, мақомот ҳикояҳои кӯтоҳест, ки аз забони қаҳрамон баён мешавад ва нависанда назар ба амалу изтиробу корномаи қаҳрамон бештар саъй ба намоиши маҳорату тавоноии хеш дар суханпардозӣ мекӯшад. Бо ин вижагӣ, мақома барои дӯстдорони асари бадеӣ дар умум ва барои ақли илму таълифи сухангустарӣ ба таври хосс ҳамчун навъи адабии дилписанд мавриди истиқбол қарор гирифт. Дар натиҷа, бо чунин пазироии умум, дар моҳияту шуғли қаҳрамонони аслии мақома тағйири муҳтавоии чашмгире падид омад, ки метавон осори як зумраи адибонро дар ин замина намуна шумурд (Абутоҳир Аштари Кӯтӣ аз Испониё, Қозӣ Ҳамидудин аз Хуросон, Абумуҳаммади Ҳарирӣ аз Ироқ, Насифи Ёзиҷӣ аз Лубнон, Абдуллоҳпошшои Фикрӣ аз Миср, Иброҳими Маҳдавӣ аз Арабистон, Муҳаммади Афиф аз Сурия). Дунёи тасаввуф низ ба мақома рӯй овард ва суфиёни тариқаҳои гуногун муҳтавои мақомаро, ки гадоӣ буд, ба ҷойгоҳи муршиду муроди комили худ иваз карданд, ҳама пурсишҳову посухҳоро ҷанбаи эътиқодию мазҳабӣ доданд (ҳамчун «Ал-Мақомоту-с-суфийя»-и Суҳравардӣ, «Мақомоту-л-уламо»-и Ғазолӣ).