• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Uncategorized

ҲАЁТ ВА ФАЪОЛИЯТИ АБУМАНСУРИ МОТУРИДӢ

September 10, 2024
in Uncategorized, Ниёгони гузаштаи мо
0
Абумансури мотуридиӣ
0
SHARES
5
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

ҲАЁТ ВА ФАЪОЛИЯТИ АБУМАНСУРИ МОТУРИДӢ

Мазҳаби аҷдодӣ

Шайх Абумансури Мотуридӣ яке аз чеҳраҳои шинохтаи мазҳаби ҳанафӣ дар ҳавзаи Мовароуннаҳр ва берун аз он ба шумор меравад. Ӯ дар Мотурид, ки яке аз деҳаҳои Самарқанд аст, таваллуд шудааст. Дар маъхазҳои таърихӣ дар бораи соли таваллуди ӯ маълумоти тахминӣ оварда шудаанд. Масалан, маълум аст, ки ӯ дар замони халифаи Аббосӣ Мутаваккил (232-247ҳ.) зиндагӣ кардааст. Инчунин, бо назардошти он ки аз устодоне чун Муҳаммад ибни Муқотили Розӣ (ваф. 248 ҳиҷрӣ) ва Носир ибни Яҳёи Балхӣ (ваф. 268 ҳ.) таълим гирифтааст, метавон гуфт, ки соли таваллуди Шайх дар ҳудуди солҳои 238 ё 248-уми ҳиҷрӣ будааст. Насаби ӯ ба Абуайюби Ансорӣ, ки мизбони Расули акрам (с) буд, мерасад. Номи пурраи ӯ Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Маҳмуди Мотуридии Самарқандӣ аст. Мотурид номи яке аз деҳаҳои назди Самарқанд аст. Аз рӯи маълумоти маъхазҳо сабаби ном гирифтани ин деҳа он буда, ки Шайх Абумансур вақте ба илми илоҳиёт рӯ овард, шумораи шогирдонаш зиёд мешуд ва ҳангоми баҳсу мунозира кардан аз ҳамдигар ба забони арабӣ «мо турид?», яъне “чӣ мехоҳӣ?” гуфта мепурсиданд. Чун ин вожа бештар маъмул шуд, шогирдони Шайхро мотуридӣ ва деҳаро Мотурид номиданд. (Зарнуҷӣ, “Таълиму-л-мутааллим”).

Муътамадтарин маълумот дар бораи санаи вафоти ӯ соли 333-уми ҳиҷрӣ мебошад, ки ба соли 944-уми милодӣ рост меояд.

Соҳибони тазкираҳо Абумансури Мотуридиро бо унвонҳои илмии зиёде ҳамчун Имому-л-ҳудо, қудвату аҳли-с-суннат, мусаҳҳиҳу ақоиди-л-муслимин, имому-л-мутакаллимин, рабибу аҳли-с-суннати, ал-имомуз-зоҳид, аш-шайху-л-имом ва ғайра ном бурдаанд, ки баёнгари ҷойгоҳи волои ӯ дар мазҳаб мебошад. Абумансури Мотуридӣ аз устодон ва донишмандони зиёде, ки худи онҳо шогирдони Имоми Аъзам Абуҳанифа ва ё шогирдони шогирдонаш будаанд, дарс омӯхтааст. Аз ҷумла:

1. Абунасри Иёзӣ (Аҳмад ибни Аббос). Ӯ назди Абубакр Аҳмад ибни Исҳоқи Ҷузҷонӣ таҳсил кардааст. Шайх Абумансур низ дар дарси фиқҳ бо Абунаср ҳамроҳӣ мекард.

2. Муҳаммад ибни Муқотили Розӣ. Ӯ қозии шаҳри Рай, шогирди Абуҳанифа Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ буд. Муҳаддиси маъруф аз саҳобаи ҳазрат (р) ва дигарон ҳадис ривоят кардааст. Имом Бухорӣ низ аз ӯ ҳадисе шунидааст. Ҳоким Тирмизӣ низ аз ӯ ҳадис ривоят кардааст. Дар бораи санаи вафоташ тазкираҳо солҳои 248 ё 242-уми ҳиҷриро нишон додаанд.

3. Абубакр Аҳмад ибни Исҳоқи Ҷузҷонӣ. Дар мавриди он ки номи бобояш Субҳ аст ё Субайҳ, таърихнигорон ихтилофи назар доранд. Абубакри Ҷузҷонӣ аз Абусулаймони Ҷузҷонӣ, яке аз шогирдони Абуҳанифа, ки дар назди Муҳаммад ибни Ҳасан таҳсил кардааст, таълим гирифтааст. Ӯ соли 268-уми ҳиҷрӣ вафот карааст.

4. Носир ибни Яҳёи Балхӣ. Ӯ низ аз уламои фиқҳ ва калом дар мазҳаби ҳанафист.

Абумансури Мотуридӣ дар тули ҳаёти пурбаракати худ мазҳаби ҳанафиро ривоҷу равнақ дода, дар баробари ин шогирдони бисёреро ба воя расондааст. Дар зайл бархе аз шогирдони маъруфи ӯро зикр мекунем:

1. Исҳоқ ибни Муҳаммад ибни Исмоил ибни Зайди Қозӣ маъруф ба Ҳакими Самарқандӣ (в. 335 ё 342 ҳ. дар қабристони Чокардиза). Ӯ яке аз бузургтарин шогирдони Шайх Мотуридӣ буда, илми тасаввуфро аз уламои Балх ва илми фиқҳу илоҳиётро аз Шайх Абумансур гирифтааст. Муддати дароз дар Самарқанд қозӣ буд. Машҳуртарин осори ӯ «Саводи Аъзам» ва «Имон» мебошанд.

2. Алӣ ибни Саиди Рустуғфании Самарқандӣ. Ӯ дар илми фиқҳу усули ҳанафӣ машҳур аст. Байни ӯ ва устодаш Шайх Мотуридӣ дар бораи иштибоҳи муҷтаҳид ихтилоф вуҷуд дошт. Муаллифи осори «Иршоду-л-муҳтадӣ», «аз-Завоид вал-фавоид», «ал-Асъила ва-л-аҷвиба», «Баёну-с-суннати вал-ҷамоъа» мебошад. Дар соли 350 ҳ./961м. вафот кардааст.

3. Абдулкарим ибни Мусо ибни Исои Баздавӣ. Ӯ асосан дар илми фикҳ машҳур буд. Аз авлоди ӯ донишмандони бузурги мотуридӣ ба дунё омадаанд. Масалан, Абулюсри Баздавӣ (в. 493 ҳ. /1100 м.) ва Абулҳасани Баздавӣ (в. 482 ҳ. / 1089 м.) аз ҷумлаи онҳоанд. Худи ӯ соли 390 ҳ /999 м. вафот кардааст.

4. Ибни Абунаср Аҳмад ибни Аббоси Иёзӣ. Ӯ писари Абунасри Иёзӣ, устоди Абумансур аст.

5. Абуабдурраҳмон ибни Абуллайси Бухорӣ. Илми калом ва фикҳро аз Абумансур гирифтааст.

Асарҳои Абумансури Мотуридӣ

1. Таъвилоти аҳли суннат. Ин тафсирро метавон шоҳасари Мотуридӣ номид. Дастнависҳои ӯ дар китобхонаҳои Миср, Макка, Димишқ, Ҳиндустон, Туркия ва Тошканд маҳфузанд. Нусхаҳои Тошканд тақрибан 700 сол пеш нусхабардорӣ шудаанд. Ҷилди якуми асар дар Миср чоп шудааст. Алоуддин Абубакр Муҳаммад ибни Аҳмади Самарқандӣ бар ин тафсир шарҳе навишта, вале дастнависи он ҳанӯз нашр нашудааст.

2. Китоби Тавҳид. Муҳимтарин асар оид ба илми илоҳиёт ба шумор меравад. Он сарчашмаи аввалин ва аввалиндараҷаи тамоми осори ақидаи мотуридӣ маҳсуб мешавад.

3. Шарҳи Фиқҳи акбар. Ин китоб аввалин асар оид ба шарҳи ақидаи Абуҳанифа мебошад. Бархе аз уламо мегӯянд, ки ин шарҳ ба Шайх Мотуридӣ тааллуқ надорад, балки ба Абулайси Самарқандӣ мансуб аст.

4. «Рисола фи-л-ақида». Ин асар соли 1953 дар Анқара нашр шудааст.

5. «Рисола фи-л-имон». 6. ал-Мақолот.

7. «Баёну ваҳмил-муътазила».

8. «Радду таҳзибил-ҷадал».

9. «Радду ваидил-фуссоқ».

10. «Радду авоилил-адилла».

11. «Радду-л-усули-л-хамса».

12. «ар-радду ала-л-қаромита».

13. «Радду-л-имом».

14 «Маъхазу-ш-шариат».

15. «Китобу-л-ҷадал».

Назарияи миёнии мотуридия

Навиштаҳои Шайх гувоҳӣ медиҳанд, ки ӯ аз намояндагони барҷастаи уламои ҳанафӣ таҳсилоти динӣ гирифтааст. Дар замони Шайх Абумансури Мотуридӣ уламои ақида ба ду сарчашмаи асосӣ, яке оёту ҳадису иҷмоъ ва иҷтиҳоди саҳобагону тобеин, дуюм далелҳои ақлӣ такя мекарданд. Шайх Абумансур далелҳои ақлиро бо далели нақлӣ ва ривоятӣ пайваста ва сипас аз онҳо хулоса мебаровард. Баҳсҳои ақлӣ ба фалсафа, мантиқ ва илмҳои табиӣ дахл дорад. Бештари уламои пешин ин далелро эътироф накарданд, балки танҳо бо далели нақлӣ иктифо кардаанд. Аммо Мотуридӣ ҳардуро бамаврид истифода бурда, роҳи миёнаро ихтиёр кардааст. Дарвоқеъ, ҳеҷ кас наметавонад инкор кунад, ки барои хуб дарк кардани далелҳои нақлӣ донистани далелҳои ақлӣ низ зарур аст. Бо назардошти он ки тавоноии ақл низ маҳдуд аст, Шайх дар бисёр ҷойҳо баҳс мекунад, ки ақли инсон дар дарки бисёр ҳақиқатҳо қодир нест. Дар баробари ин, таъкид мекунанд, ки ақл бузургтарин неъмати беҳамтоест, ки Худованд ба инсон ато кардааст ва бояд аз он оқилона истифода кард.

Ба ҳамин тартиб Шайх Абумансури Мотуридӣ барои муқобила ва радди афкори аҳли бидъат маҷбур буд аз равиши онҳо истифода кунад. Зеро аксари онҳоро танҳо қиёсҳои ақлӣ метавонист рад кунад. Пас, ба таври хулоса метавон гуфт, ки Шайх Абумансури Мотуридӣ ақл ва нақлро ҷамъ карда, нақлро бар ақл муқаддам кардааст, зеро асоси ақида умури ғайбист, ки роҳи расидан ба он ваҳй аст, на ақл. Ихтилоф дар илми аҳком раҳмат аст, вале ихтилоф дар илми тавҳид ва усули дин залолат ва бидъат аст, хато дар илми аҳком бахшида шудааст, балки муҷтаҳид дар хатояш аҷр дарёфт мекунад, дар ҳоле ки хато дар ақида куфр ва гуноҳ аст.

Бояд бидонем, ки манҳаҷи Имом Абуҳанифа (р), ки манҳаҷи салафи солеҳин аст, роҳи солим аст. Дар баробари ин, мо бояд бузургонеро, ки барои дин хидмат кардаанд, эҳтиром ва қадр намоем. Эътиқоди имомони мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат дар масоили усули дин, ғайр аз масъалаи имон ҳамон китобест, ки бар он Китобу суннат далолат мекунад ва мавқеи саҳобаву тобеин мутобиқи он аст.

Previous Post

ЖАНРИ МАҚОМА ДАР АДАБИЙЁТИ АРАБИЮ ФОРСӢ

Next Post

Таҳдидҳои навзуҳур дар Осиёи марказӣ ва дурнамои шаклгирии иттиҳодияи муштараки дифоӣ

Related Posts

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт
Инсон ва инсоният

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум
Ниёгони гузаштаи мо

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025
История Афганистана
Ниёгони гузаштаи мо

Тоҷикони Хуросон – 3

April 26, 2025
 Тоҷикон дар меҳвари давлатҳои Хуросон то ҳуҷуми муғул
Ниёгони гузаштаи мо

 Тоҷикон дар меҳвари давлатҳои Хуросон то ҳуҷуми муғул

April 26, 2025
Тоҷикони Хуросон
Ниёгони гузаштаи мо

Тоҷикони Хуросон

April 26, 2025
Иззати дунё...
Инсон ва инсоният

Иззати дунё…

March 14, 2025
Next Post
Таҳдидҳои навзуҳур дар Осиёи марказӣ ва дурнамои шаклгирии иттиҳодияи  муштараки дифоӣ

Таҳдидҳои навзуҳур дар Осиёи марказӣ ва дурнамои шаклгирии иттиҳодияи муштараки дифоӣ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Муҳаммад

Салоҳ ва табоҳи уммат

May 21, 2025
Ҳақиқатҳое дар дунё

Ҳақиқатҳое дар дунё

May 21, 2025
Қудс-1

Моҷарои Фаластин

May 21, 2025
Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

May 18, 2025

Recent News

Муҳаммад

Салоҳ ва табоҳи уммат

May 21, 2025
Ҳақиқатҳое дар дунё

Ҳақиқатҳое дар дунё

May 21, 2025
Қудс-1

Моҷарои Фаластин

May 21, 2025
Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

May 18, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Муҳаммад

Салоҳ ва табоҳи уммат

May 21, 2025
Ҳақиқатҳое дар дунё

Ҳақиқатҳое дар дунё

May 21, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved