• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Uncategorized

Антон «ЧЕХУФ» МАРГИ ЯК КОРМАНД

September 22, 2024
in Uncategorized, Адабиёт ва ашъор
0
Антон
0
SHARES
0
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Антон ЧЕХУФ

МАРГИ ЯК КОРМАНД

(ҳикоя)

Дар яке аз шабонгоҳони хуш, корманде хушнудтар аз ин шаби хуш, ба исми Иван Дмитрич Червиякуф, нишаста дар радаи дуюми театр, бо дурбин опереттаи «Ноқусҳои Корневал»-ро тамошо мекард. Ӯ тамошо ҳамекарду хештанро дар авҷи шодкомӣ ҳис менамуд. Аммо ногаҳон… Дар ҳикояҳо ҳар гоҳе ин «аммо ногаҳон» вомехӯрад. Ҳақ ба нависандагон аст: зиндагӣ сартопо пур аз ғайриинтизорҳост! Аммо ногаҳон чеҳрааш пурожанг шуд, чашмонаш нопадид гаштанду нафасаш дармонд… вай дурбинро як сӯ андохт, хам шуд ва… ҳо-пшу!!! Атса зад, чунонки мебинед. Атса задан ба касеву дар ҷое мамнуъ нест. Деҳқонҳо ҳам, пулисҳо ҳам, ва гоҳе мушовирини махфӣ ҳам атса мезананд. Ҳар кӣ атса мезанад. Червиякуф ҳич хиҷолат накашид, лабу лунҷашро бо дастмол пок кард ва, ҳамчун як каси боадаб, ба атрофаш нигоҳ кард: оё бо ин атсааш касеро нороҳат накарда бошад? Аммо дуруст ин лаҳза ночор эҳсоси шарм кард. Дид, ки пиракии пеш аз ӯ дар радаи аввал нишаста, мулоҳазакорона сари тосу паси гарданашро бо дастпӯш пок намуду зери лаб ғур-ғур кард. Червиякуф пирмардро шинохт – генерали мулкӣ Бризжалуф, ходими идораи роҳ.

«Оби биниям парид! – фикр кард Червиякуф. – Ӯ сарвари ман нест, аз дигар ҷо, аммо ба ҳар ҳол нохуб шуд. Бояд узрхоҳӣ кард».

Червиякуф сулфид, ба пеш хам шуд ва ба гӯши генерал оҳиста гуфт:

– Бибахшед, олиҷаноб, шуморо андаке тар… ман тасодуфан…

– Боке нест, бепарво…

– Аз барои Худо, бибахшед. Ман охир… ман намехостам!

– Э, бишинед, лутфан! Монед, гӯш кунем!

Червиякуф хиҷолат кашид, лабханди аҳмақонае заду ба саҳна чашм дӯхт. Ӯ тамошо мекард, аммо он ҳаловати қаблӣ дигар аз вуҷудаш парида буд. Аз изтироб нороҳат шудан гирифт. Дар антракт вай ба Бризжалуф наздик шуд, дар атрофаш чархид ва, тарсу изтиробашро фурӯкаш карда, бо садои паст гуфт:

– Ҷаноби олиро як каме… Бибахшед… Ман охир… ба ҳич ваҷҳ…

– Э-э-э, кофист… Ман кайҳо фаромуш кардам, аммо шумо ҳанӯз ҳам дар ҳамин бора! – гуфт генерал ва ношикебоёна лаби поёнашро ҷунбонид.

«Фаромуш кардааст, аммо чашмонаш пур аз кина, – фикр кард Червиякуф, бо шубҳа ба генерал нигариста. – Гап задан ҳам намехоҳад. Мебояд ӯро фаҳмонд, ки ман ба ҳич ваҷҳ хостори… ки ин як амри табиъист, вагарна гумон мекунад, ки ман мехостам туф кунам ӯро. Ҳоло фикр намекунад, аммо баъдан бадгумон хоҳад шуд!…»

Ба хона омада, Червиякуф ин густохии беадабонаи хешро ба занаш нақл кард. Ба назараш намуд, ки ҳамсар ба ин моҷаро сарсарӣ таваҷҷуҳ кард; вай фақат тарсид, аммо чун фаҳмид, ки Бризжалуф «бегона» будааст, ором шуд.

– Аммо, ба ҳар ҳол, наздаш дарою маъзаратхоҳӣ кун, – гуфт ӯ. – Гумон мекунад, ки ту дар маъракаҳо хештандор нестӣ!

– Ҳо, бале, ҳамин тавр! Ман пӯзиш хостам, аммо ӯ як тарзе аҷиб… Ягон сухани хубу холис нагуфт. Ҳа, воқеъан, фурсати кофии суҳбат ҳам набуд.

Рӯзи дигар Червиякуф либоси нави расмияшро пӯшид, мӯйи сар перост ва рафт назди Бризжалуф тавзеҳдодан… Ба толори пазироии генерал даромада, муроҷиъини зиёдеро дид ва низ дар миёни ҷамъомадагон худи генералро, ки акнун арзи ҳар якеро мешунид. Пас аз суолу ҷавоб бо чанде аз ҳозирин, генерал ба Червиякуф низ назар андохт.

– Дирӯз дар «Аркадиа», агар фаромуш накарда бошед, олиҷаноб, – шуруъ кард ба суханронӣ Червиякуф, – ман атса з-задам ва… тасодуфан оби биниям… Бибах…

– Чӣ ҳарфҳои беҳуда… Ҳар чӣ буд, ки гузашту фаромуш шуд! – Шумо чӣ арзе доред? – генерал руҷуъ кард ба нафари дигар.

«Гап задан намехоҳад! – фикр кард Червиякуф, ки рангаш мепарид. – Асабонӣ аст, маълум ки… На, ин корро набояд ҳамин тавр вогузор кард… Ман ба ӯ мефаҳмонам…»

Ҳангоме ки генерал гуфтугӯро бо охирин муроҷеъ тамом кард ва ба сӯи ҳуҷраи дарун равон шуд, Червиякуф аз пайи ӯ қадам заду ғур-ғур кард:

– Алоҳазратам! Агар ман қасди мушавваш кардани хотири мубораки шуморо медоштам, он гоҳ маҳз аз ҳамин иҳсос, метавонам гӯям, ки аз карда пушаймонам!.. Қасдан накардам, ки худ медонед!

Генерал қиёфаи маҳзуне гирифт ва даст такон дод.

– Шумо масхара мекунед, оқои гиромӣ! – гуфт ӯ, аз паси дар ғайб зада.

«Чӣ тамасхуре ин ҷо? – бо худ андешид Червиякуф. – Ин ҷо умуман масхарае нест! Генерал аст, аммо идрок надорад! Агар ҳамин тавр аст, пас, дигар пеши ин бодӣ узр нахоҳам овард! Ба ҷаҳаннам! Барояш номае менависам, аслан дигар намеоям! Ба Худо, ки намеоям!»

Чунин фикр кард бо худ Червиякуф дар роҳ ба сӯи хонааш. Ба генерал ӯ нома нанавишт. Фикр карду фикр кард, аммо натавонист чунин номаи шоён иншо кунад. Ночор шуд рӯзи дигар баройи адои тавзеҳот худ ба ҳузури генерал биравад.

– Ман дирӯз мояи ошуфтагии шумо шудам, ҷаноби олӣ, – пасту ларзон ба сухан омад, гоҳе ки генерал ба назари суол ӯро нигарист, – на аммо баройи он ки мазоҳ кунам, он гуна ки шумо фармудед. Банда аз он пӯзиш хостам, ки атса задаму оби биниям пошид…, аммо дар андешаам тамасхур набуд. Магар ҷуръату ҷасораташро дорам, ки мазоҳ кунам? Агар касоне дар ҳадди банда ҳамин тавр лодагӣ кунанд, пас, ҳич гуна иҳтироме баройи шахсиятҳо… боқӣ нахоҳ…

–Баро дафъ шав!! Берун! – бонг зад ногаҳон генерал, ки кабуд шудаву меларзид.

– Ч-чӣ фармудед? – пич-пич кунон пурсид Червяков, аз тарсу ваҳшат беҳол шуда.

– Бираву гум шав!! – боз гуфт генерал, пойи худро ба фарш кӯфта.

Андаруни Чирвиякуф чизе гусехт. Ҷоеро намедид, садое ҳам намешунид, ӯ ақиб-ақиб ҷониби дар рафт, ба кӯча баромад ва оҳиста-оҳиста роҳашро пеш гирифт… Бехуду бе хаёл ба хона омада, бе он ки либосҳои расмияшро бадар кунад, рӯи диван дароз кашид ва… мурд.

1983.

Previous Post

Диндорӣ ва ахлоқ

Next Post

Зиндагиномаи Муҳаммад Закариёи Розӣ

Related Posts

Ранги зиндагӣ
Адабиёт ва ашъор

Ранги зиндагӣ

April 26, 2025
Ҳикояти як мех
Адабиёт ва ашъор

Ҳикояти як мех

April 9, 2025
Victor Hugo
Адабиёт ва ашъор

Инсон аз дидгоҳи Виктор Ҳуго

April 7, 2025
Аҳрор Мухторов
Машоҳир

Аҳрор Мухторов

March 24, 2025
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Машоҳир

Зуфархон Ҷавҳарӣ ва Бобоҷон Ғафуров

March 24, 2025
Садриддин Айнӣ
Машоҳир

Ту аҳли донишу фазлӣ, ҳамин гуноҳат бас

March 24, 2025
Next Post
РОЗӢ

Зиндагиномаи Муҳаммад Закариёи Розӣ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

May 18, 2025
76-умин солгарди рӯзи Ан-накба

76-умин солгарди рӯзи Ан-накба

May 16, 2025
Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025

Recent News

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

May 18, 2025
76-умин солгарди рӯзи Ан-накба

76-умин солгарди рӯзи Ан-накба

May 16, 2025
Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

May 18, 2025
76-умин солгарди рӯзи Ан-накба

76-умин солгарди рӯзи Ан-накба

May 16, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved