• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Uncategorized

Зиндагиномаи Муҳаммад Закариёи Розӣ

September 23, 2024
in Uncategorized, Адабиёт ва ашъор, Машоҳир
0
РОЗӢ
0
SHARES
6
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Зиндагиномаи Муҳаммад Закариёи Розӣ

Муҳаммад Закариёи Розӣ дар шаъбони соли 251 ҳ. қ (865 м) дар шаҳри Рай (номи ин шаҳр дар Авесто оварда шудааст) ва маркази илму адаби Эрони он рӯзгор буд, ба дунё омада, даврони кӯдакӣ ва ҷавонии худро дар он ҷо гузаронидааст. Дар навҷавонӣ ба мусиқӣ майл дошту дар навохтани най тавоно буд ва гоҳе шеър месуруд.

Муддате ба заргарӣ машғул шуд ва сипас ба кимёгарӣ рӯй овард. Дар ҷараёни кор бо маводи кимиёӣ чашмаш осеб дид. Мегӯянд, пизишке ки Розӣ ҷиҳати дармон ба ӯ муроҷиа карда буд, панҷсад динор талаб кард ва Розӣ ночор онро таҳия ва пардохт ва бо худ гуфт: “кимиёи воқеӣ илми тиб аст, на он ки ту бадон машғулӣ”. Аз он замон гароиш ба омухтани илми тиб пайдо карда ва дар синни боло илми тибро омӯхт.

Розӣ барои омӯзиши бештар ба Бағдод сафар карду дар бемористон устод гардид. Ба раёсати бемористони Мӯътазидӣ баргузида ва ба зудӣ ба ҷойгоҳи нахусти пизишкӣ даст ёфт. Розӣ пас аз марги Мӯътазидӣ халифаи Аббосӣ ба Рай бозгашт ва уҳдадори раёсати бемористони Рай гардид ва то поёни умр дар ин шаҳр ба тарбияти донишҷӯён ва дармони беморон фаъолият намуд.

Ӯ поягузори наҳваи (методи) омӯзишӣ аст, ки омӯзае низ дар бемористонҳои омӯзишии ҷаҳон риоят мешавад яъне: дар бемористони Рай дар ҳоле ки шогирдон ва шогирдони шогирдонаш перомуни ӯ буданд, ба муъоинаи беморон мепардохт ва ҳар бемори тоза воридшуда ибтидо тавассути шогирдони шогирдон муъоина мешуд. Дар сурати ташхис нашудан ба шогирдони Розӣ муроҷиат мешуд. Агар онон дар ташхис дармемонданд, ба Розӣ муаррифӣ мешуданд.

Ҳангоми сохтани бемористони Мӯътазидӣ ҷиҳати интихоби макони сохт, бо Розӣ машварат гардид. Розӣ дастур дод, қитъаҳои мусовии гӯштро дар маҳаллаҳои гуногуни шаҳр биёвезанду макони бемористонро ҷой интихоб кунанд, ки гӯшти он ҷой дертар аз манотиқи дигар, фосид мешавад. Ӯ дар бемористони Бағдод бахши вижае ба беморони равонӣ (рӯҳӣ) ихтисос дод.

Аз муҳимтарин сифоти ин пизишки бузург метавон хушхуӣ ва таваҷҷуҳи хоси ӯ ба беморонро ном бурд, ки то ташхису мудовои қатъии беморон аз ҳеч кӯшише фуругузор набуд.

Нисбат ба фуқаро ва бенавоён бисёр меҳрубон буд ва бархилофи бисёре аз пизишкони он замон, ки бештар моил ба дармони подшоҳон, умаро ва бузургон буданд, Розӣ тамоюл ба муоширату дармони афроди заъифи ҷомеъаро дошт.

Ибни Надим дар китоби “ал-Феҳрист”-и худ менависад: “Розӣ ҳамаи беморон, ба вижа беморони фақирро мавриди дидорбинӣ, ғамхорӣ ва меҳрубонӣ қарор медод ва аз ҳолашон мураттаб ҷӯё шуда ва ба аёдатшон мерафт ва барои онҳо муқаррарӣ (маош) муайян мекард. Розӣ дар китобе бо номи “Сифоти бемористон” ин ақидаро иброз медорад. Ҳар кас лоиқ табобат несту табиб бояд дорои сифоту мушаххасаҳои хоси илмӣ ва ахлоқӣ бошад. Ӯ ба шиддат бо табобати афроди камсавод ва дахолати атрофиёни бемор мухолиф буд.

Розӣ аввалин пизишке, буд, ки ташхиси тафкикии (ҷудогонаи) байни обила ва сурхакро баён карду пешгом дар кашфи назарияи эминии иктисобӣ (касбӣ-амалӣ) аст. Розӣ аввалин пизишке буд, ки ташреҳи (ҷарроҳии) ҷасади инсон, устухонҳо, азалот (мушакҳо), мағзу баъзе аз қисматҳои асабҳоро дар сару гардан мушоҳида ва тавзеҳ додааст.

Ӯ аз аввалин олимон аст, ки бар нақши тағзия (хурокҳо) дар саломативу дармон таъкиди бисёр дошту исроф дар доруро бисёр зарарнок медонад. Ва муътақид аст, ки ҳар гоҳи табиб муваффақ шавад бемориҳоро бо ғизо дармон кунад, ба саодат расидааст. Дар ғайри ин сурат бо доруи мунфариду сода ва дар сурати беҳбудӣ наёфтан бо доруи мураккаб дармон намояд.

Розӣ бисёре аз доруҳоро ибтидо бар рӯй ҳайвонот имтиҳон ва пас аз сабти асароти (таъсири) онҳо дар сурати мусбат будани асар (таъсир) ба беморон иҷозат медод.

Ӯ нахустин пизишкест, ки доруҳои алколлуидии ғайри саммиро (бе заҳрро) сохт ва дар дармони беморонаш истифода кард. Ба поси заҳамоти фаровони Розӣ дар амри дорусозӣ рӯзи панҷуми шаҳривармоҳ (27-уми август) рӯзи бузургдошти Закариёи Розӣ ва рӯзи дорусозӣ номгузорӣ шудааст.

Розӣ дар ҷарроҳӣ соҳибназар буд ва дар бораи санги кулия (шуш) санги мусона (пешобдон) дорои китобе аст, ки дар он таъкид дорад, дар сурате, ки дармони санги мусона бо равишҳои тиббӣ имконпазир набошад бояд ба амали ҷарроҳӣ пардохт.

Аввалин табибест, ки сили мафсилии (банди) ангуштонро шарҳ додааст. Розӣ нахустин донишманде аст, ки ҷисмҳоро ба се гуруҳ: ҷамодӣ, наботӣ ва ҳайвонӣ ва ҳамчунин маводро ба ду дастаи филиз (металл) ва шибҳи филлиз (нимаметалл) тақсим намуд. Ӯ дар илми химия бисёр устод буд ва аз кашфиёти ӯ метавон: алкул, оксиди сулфур ва чанд оксидҳои дигарро ном бурд.

Осори Розӣ:

Розӣ аз донишмандони бисёр пуркор маҳсуб мешавад, ки осори бисёре аз худ боқӣ гузоштааст. Худ дар ин бора менависад: “кӯшишу пушти кори ман дар фарогирӣ ба андозае буд, ки ба хати рез беш аз 20 ҳазор варақ матлаб навиштаму понздаҳ сол аз умри худро рӯзу шаб дар таълифи “Ҷомеъи кабир”, “ал-Ҳовӣ” сарф кардам ва бар асари ҳамин кор дар биноии ман сустӣ падид омад ва азлаи (мушаки) дастам гирифтори сустӣ шуда ва маро аз навиштан маҳрум сохт. Бо ин ҳама аз ҷустуҷӯи дониш бознамонда ва пайваста бо ёрии ин ва он мехонам ва ба дасти эшон менависам.

Ибни Надим осори Розиро 167 ҷилду Берунӣ 184 ҷилд ва ба муҳаққиқони дигар 271 ҷилд зикр намудаанд, ки бар мабнои феҳристи Берунӣ аз 184 ҷилд, 56 китоб дар тиб, ки муҳимтарини онҳо Ал-Ҳовӣ Ал-Мансурӣ, Ал-ҷударӣ ва-л-ҳасаба, ки ҳар се ба лотинӣ тарҷума ва ҳар кадом чандин бор таҷдиди чоп шуда ва то қарнҳои тулонӣ дар донишгоҳҳои муътабари Олмон ва Фаронса тадрис мешудааст. 32 китоб дар табииёт, 7 китоб дар мантиқ, 10 китоб дар нуҷуму риёзиёт, 7 китоб дар тафсир, 17 китоб дар фалсафа, 14 китоб дар илоҳиёт, 32 китоб дар химия, 6 китоб дар мовароуттабиа ва 12 китоб дар фунуни мухталиф навиштааст. Розӣ дар панҷуми шаъбони 313 ҳ. қ дар зодгоҳи худ (Рай) вафот ёфту муддати умри вай ба соли қамарӣ шастуду солу панҷ рӯз ва ба шамсӣ шаст солу ду моҳу як руз зикр шудааст.

Розӣ чунин гуфтааст: “Пизишк дар дармони беморон худро ба худои бузург месупорад ва аз ӯ шифову беҳбудӣ чашм дорад, ӯ рӯи тавону кораш ҳисоб намекунад, балки дар ҳамагии корҳояш ба Худо эътимод меварзад. Агар пизишки ворунае (бесаводе) ин корҳо анҷом диҳад, ба худ ва ба тавонаш дар ин пешаву кордониаш бингарад, худованд беҳбуд ва шифоро аз ӯ боз хоҳад дошт. Агар ҳама метавонистанд аз истеъдодҳои худ дуруст баҳра гиранд, дунё ҳамон биҳишти мавъуд (ваъдашуда) мешуд, ки ҳама мехоҳанд”.

Previous Post

Антон «ЧЕХУФ» МАРГИ ЯК КОРМАНД

Next Post

“АЗ ГУНОҲАТ ГУЗАШТАМ, ИН СӮ ГУЗАР!”

Related Posts

Ранги зиндагӣ
Адабиёт ва ашъор

Ранги зиндагӣ

April 26, 2025
Ҳикояти як мех
Адабиёт ва ашъор

Ҳикояти як мех

April 9, 2025
Victor Hugo
Адабиёт ва ашъор

Инсон аз дидгоҳи Виктор Ҳуго

April 7, 2025
Аҳрор Мухторов
Машоҳир

Аҳрор Мухторов

March 24, 2025
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Машоҳир

Зуфархон Ҷавҳарӣ ва Бобоҷон Ғафуров

March 24, 2025
Садриддин Айнӣ
Машоҳир

Ту аҳли донишу фазлӣ, ҳамин гуноҳат бас

March 24, 2025
Next Post
“АЗ ГУНОҲАТ ГУЗАШТАМ, ИН СӮ ГУЗАР!”

"АЗ ГУНОҲАТ ГУЗАШТАМ, ИН СӮ ГУЗАР!"

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

May 18, 2025
76-умин солгарди рӯзи Ан-накба

76-умин солгарди рӯзи Ан-накба

May 16, 2025
Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025

Recent News

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

May 18, 2025
76-умин солгарди рӯзи Ан-накба

76-умин солгарди рӯзи Ан-накба

May 16, 2025
Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

May 18, 2025
76-умин солгарди рӯзи Ан-накба

76-умин солгарди рӯзи Ан-накба

May 16, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved