ЗИКРИ ТОҶИКОН ДАР «ТАЪРИХИ БАЙҲАҚӢ»
Имрӯз мувофиқи тақвими хуршедии ниёгон якуми обони соли 1403-и ҳиҷрист. Дар кишвари Эрони ҳамзабон ҳамчун рӯзи бузургдошти Абулфазли Байҳақӣ – муаррихи номдори тоҷик таҷлил мегардад. Ба ин муносибат мақолаи худро, таҳти унвони “Зикри тоҷикон дар “Таърихи Байҳақӣ””-ро мекорам. Шояд касе аз он истифода кунад.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки ҳукмронии дудмони сомонӣ бар Хуросону Мовароуннаҳр асри заррини мардуми эронитабор буда, суннати давлатдории Оли Сомон сармашқи фаъолияти силсилаҳои ҳукуматгари ин хитта маҳсуб мешавад. Нахустин ворисони ҳукумат ва нигоҳдори марз ва сунани сомонӣ хонадонҳои Ғазнавиён ва Хониён (Қарахониён ё Оли Афросиёб) буданд. Агар Хониён аз муддатҳо бо Сомониён дар мухосама қарор дошта, чашми тамаъ ба мулки эшон дӯхта бошанд, ғазнавиҳо худ парвардаи даргоҳу девони сомонӣ буда, ному нони хеш ҳам аз ин дудмони бокарам бардоштанд. Аммо аз заъфи умарои охири сомонӣ бегонагон истифода карданд. Музофотҳои ин қаламрав доъияи истиқлол сар дода, муҷиби парешонии бештари Сомониён шуданд. Лашкариёни турки дарбор фурсатро ғанимат донистанд ва дар садади барандохтани валинеъматони хеш, яъне Сомониёни хушном гардиданд. Дар «Тарҷумаи Таърихи Яминӣ» омадааст, ки Илакхони қарахонӣ ба Сабуктегин нома навишта, пешниҳод кард, ки «миёни мо ухувати динӣ ҳосил аст ва Нуҳи сомонӣ дар воситаи мамлакат мураффаҳ гашта, иртифоъоти Хуросону Мовароуннаҳр бар маозифу малоҳӣ ва малозии шаҳавот сарф мекунад, лоиқтар он ки ин вилоят аз ӯ холӣ кунем».
Бо инқирози Оли Сомон қаламрави онон байни Маҳмуди Сабуктегин ва Илакхон тақсим шуд. Ҳамин тавр, бар асари бекифоятии амирону нухбагони давлат, коҳилии лашкариён, бетарафии умуми ҳамқавмон, хиёнати рӯҳониён ва хушнудии туркон давлати дудмони карим ва хонадони қадими сомонӣ ба поён омад. Бартолди ховаршинос фармудааст, ки гумон намекунам касе дар он замон моҳияти ин фоҷиъаро, ки барои ҳамеша ба ҳукумати мардуми бумии ориёиро хотима бахшид, дарк карда бошад.
Аз байн рафтаниҳукумати Сомониён барои мардуми эронинажод фоҷиаи бузург буд, зеро омадани туркҳо чанд мусибати дигаре пеш овард:
Нахуст давлати воҳиди қаламрави Хуросону Мовароуннаҳрро аз байн бурд, ки он дар навбати худ муҷиби мусибатҳои тоза гардид.
Дигар, ба марказҳои сиёсиву фарҳангӣ соҳиб шудани туркҳо боис шуд, ки иртиботи мустақими манотиқи тоҷикнишин гусаста шавад ва соҳибқудратҳо барои бақои ҳукумати худ дар эҷоди тафриқа миёни ноҳияҳои гуногун кутоҳӣ намекарданд. Байҳақии дабир аз ҷой доштани хусуматмиёни нишопуриёну тусиён ва хуросониёну розиён дар аҳди Ғазнавиён хабар медиҳад.
Савум, туркҳо ба ҳамқавмони хеш такя карда, мавқеъи табақаи деҳқонро, ки дар эҷоди рӯҳияи миллӣ ва ҳифзи ойини ислом нақши бориз дошта, тадриҷан танг намуданд. Инҳитоти ин табақа то ҷое расид, ки аз ҳамон давра номи деҳқон муродифи барзгари содаву безамин гардид. Қиёмҳои зидди аббосӣ ва зидди туркиро низ табақаи деҳқон парчамдорӣ карда, бо номҳои қарматӣ, зиндиқ ва муътазилӣ дар инзиво қарор гирифт.
Чорум, истиқлоли Хуросону Мувароуннаҳр аз хилофати аббосӣ, ки бо ҳиммати Яъқуби Лайс тарҳрезӣ гардид, ба дасти ворисони Сомонхудот таҳаққуқ пазируфтва дар аҳди Ғазнавиён ранг бохт. Маҳмуд дар эҳёи хутба ва зарби сикка ба исми халифаи аббосӣ талоши фаровон намуду дубора номи ин дудмони сияҳкорро дар ёдҳо зинда кард.
Муҳити Ғазнавиён, ки аз мурдарегиСомониён ба онон расида буд, ба истиснои баъзе оинҳои ҷузъӣ, тамоми сунану русумоти ононро низ ба ирс гирифт ва аз ҷониби ховаршиносоне чун Клиффорд Босворт барҳақ, он муҳит «эронӣ» номида шуд.
Бино бар натиҷагирии саҳеҳи муҳаққиқон дар даврони салтанати Оли Сомон ташаккулёбии халқи тоҷик ба анҷом расид. Аз нимаи якуми асри XI ин халқ бо номи тозик дар сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардида, минбаъд тамоми мардумони эрониюласли Хуросону Мовароуннаҳр бо ҳамин унвон ёдоварӣ мешаванд.
Абулфазли Байҳақӣ муаррихи номдори садаи ёздаҳуми милодӣ аз нахустин касонест, ки мардуми форсизабони Хуросонро тозик меномад. Дар шоҳасари безаволи хеш, ки бо номи «Таърихи Байҳақӣ» маъруф аст, дабири фарзонаи салотини Ғазна нуҳ бор истилоҳи «тозик»-ро ба кор бурда, ки дар зер чанд мавриди корбурди ин калима баррасӣ мегардад.
Бино бар навиштаи муҳаққиқон, баъди заволи давлати Сомониён суннати ҳукуматдории он хонадон дар дастгоҳи тамоми давлатҳои минбаъда бо саъю талоши зиёиёни тоҷик боқӣ монд. Забони расмии давлатҳои баъдӣ низ забони аксарияти мардуми он, яъне порсӣ баргузида шуд. Байҳақӣ аз порсигуии Масъуд хабар дода, менасивад, ки «надидам, ки касе порсӣ чунон хондиву набиштӣ ки вай». Дар ҷое дигар мефармояд: «чун ин подшоҳ дар сухан омадӣ, ҷаҳониён боястӣ, ки дар наззора будандӣ, ки дурр пошидиву шакар шикастӣ».
Дар тамоми умури давлатдорӣ аз вазорат то таббохӣ асосан тоҷикон машғули вазифа буданд. Навдавлатон бештар ба корҳои ҳарбу зарб иштиғол варзида, салоҳияти фарогирии вазифаҳои ақлониро ба аҳолии бумии Хуросон вомегузоштанд. Ин амр басо муҷиби рашку ҳасодати нотавонбинон мегашт. Дар китоби «Равзату-с-сафо» омада: «Туркон мушоҳида карданд, ки вазиру дабиру қозӣ ҳама мардуми тоҷиканд, … ноираи буғзу ҳасад дар хотири он ҷамоат иштиғол ёфт».
Байҳақӣ дар саросари асараш хеле боэҳтиёт аз зиддияти низомиён, ки ғолибан турк ва зиёиёну ашрофи даргоҳ, ки тоҷик буданд, ҳикоят мекунад. Баъди даргузашти Султон Маҳмуд (999-1005) дарбориёни тоҷик як андоза озодӣ эҳсос карда, ба муқобили якдигар ба душманӣ ва кинаҷӯиву нифоқ пардохтанд. Амир Муҳаммад, ки муддате баъд аз даргузашти Маҳмуд бар арикаи салтанат такя зад, саранҷом бо дасисаи дарбориён маъзулу зиндонӣ гашт. Ӯ бо нармхӯӣ ва ишратхоҳӣ мавсуф буда, дарҳои хазинаро кушод ва миқдоре ба лашкариёну дарбориён сила дод. Дарбори Ғазна, ки ба падариёну писариён тақсим гашта буд, ҳар кадоме бар алайҳи якдигар макру рев андешида, дар садади маъзуливу фиреби якдигар мебаромаданд. Яке аз инъому ҳадоёи бародари маъзулгаштааш Муҳаммад бахшидаро аз туркону тоҷикон бозпас гирад. Байҳақӣ ин воқеаи «кас накардаву нашуда дар ҳеч рӯзгор»-ро бо дард ба қалам дода, нафарони ба ин иқдом дастзадаро накуҳиш менамояд. Аммо бар асари иғвои дарбориёну ҳирси Масъуд «моле ба хазина боз расид аз лашкару тозикон», ки боиси норозигии аксарияти аҳли девону дарбор гардид. Байҳақӣ навиштааст, ки натиҷаи ин амал он шуд, ки «ҳама дилҳоро сард карданд бар ин подшоҳ».
Ҷойи зикр аст, ки чандин мавқеъ Абулфазли Байҳақӣ аз ноҷавонмардӣ ва дасисаҳои дарбориёни тоҷик сухан ронад ҳам, мансубияти худ ба ин қавмро таъкид мекунад. Он ҷо ки мефармояд: «ману монанди ман тозикон худ намедонистем, ки дар ҷаҳон куҷоем ва чун меравад». Сухан дар бораи воқеаи соли 1039 меравад, ки онҷо дабир иштирок карда, «нек битарсидааст». Ба навиштаи Байҳақӣ, ҷосусони дарбори Ғазнин ба ҷойи гузориши дуруст додан дар боби душманони давлати ғазнавӣ – туркмонон «бисёр дурўғ гуфта буданду зар ситада». Яъне дарбориён ба ҷойи гузориши саҳеҳ додану аз вазъи рақиб огоҳ кардани дарбор, пора гирифта, хиёнат карда буданд. Амир Масъуд таҳидиди ин душманро кам гирифта, пай дар пай ба шикаст мувоҷеҳ мегашт.
Дар як маврид Байҳақӣ калимаи «тозик»-ро ба намояндагони артиши марбут ба ин қавм мансуб медонад. Он ҷо омада, ки: «ҳоҷиби бузург Алӣ бозгашт ва ҳама бузургони сипоҳро аз тозику турк бо хештан бурд». Аз ин гузориш чунин бармеояд, ки назари танҳо аз туркон иборат будани лашкари Ғазнавиён саҳеҳ нест ва иддиъои Байҳақӣ, ки шоҳиди ҳаводиси рӯзгори ин силсила мебошад, онро низ ботил месозад. Дар замони Сомониён истихдоми ғуломони турк дар сипоҳ бештар ба хотири ҷилавгирӣ аз нақши деҳқонону заминдорони маҳаллӣ, ки бо ҳадафи тамаркузи қудрати Бухоро мухолиф буданд, ба вуҷуд омад. Дар дастгоҳи Ғазнавиён, ғайр аз ғуломони турк аз ғуломони ҳиндӣ ва хидматгузорони тоҷику дайлам ва курду араб ҳам истифода мешуд. Муаллифи «Одобу-л-ҳарбу ва-ш-шуҷоъа» низ ин ҳақиқатро собит карда мефармояд: «чун Султон (Маҳмуд – С.М.) он ҷо расида лашкари эшонро (хониёнро – С.М.) бидид, зиёдтар аз лашкари ӯ ҳама турк ва лашкари ӯ (Маҳмуд- С.М.) бештар тозику ҳинду».
Танаввуъи нажодии сипоҳи Маҳмуд, ки Низомулмулк онро меситояд, мабнӣ бар ин андеша буд, ки султон асири лашкари хеш набошад ва дар ҳолати зарурӣ тавонад онҳоро ба василаи якдигар ором нигаҳ дорад. Байҳақӣ дар чанд ҷойи асари хеш аз қавли Маҳмуд ва фарзандонаш оварда, ки онҳо Хониёнро турк меномиданд ва гоҳе ба дарбориёни турк низ бо лаҳни истеҳзоомез ин нисбат илқо шудааст. Дар мавриди дигар, халифаи Бағдод дар ҷавоби номаи Маҳмуд, ки аз додани лақабу унвон ба хони Мовароуннаҳр изҳори нигаронӣ карда буд, ӯро тасаллӣ дода менависад: «Хоқон камдониш аст ва турку нодон». Ҷойи дигар сухан аз иштироки дарбориёну сипоҳиён дар машварат меравад: «Вазир гуфт, агар ройи олӣ (яъне амир Масъуд – С.М.) бинад, ҳоҷиб Бактуғдӣ ва Бунасрро хонда ояд, …касе ки худованд бошад, аз аҳли силоҳу тозикон, то дар ин боб сухан гуфта ояд ва рой зада шавад».
Дар асари Байҳақӣ дар бораи тоҷиқӣ будани низоми давлатдории Ғазнавиён аз Туғрали Салҷуқӣ – муассиси давлати Салҷуқиён иқтибосе аҷиб оварда шудааст. Баъди тасарруфи Нишопур (дар тобистони соли 1038) туркманҳо, ки на мактаб дида буданду, на аз адабу фарҳанг баҳрае доштанд, дар шаҳрҳо берасмӣ карда, назму оромишро барҳам заданд. Авзоъи дарбори Салҷуқиёни тоза ба даврон расидаро Байҳақӣ чунин тасвир мекунад: «Ва надошт нуре боргоҳ ва муште авбош дар ҳам шуда буданду тартибе на; ва ҳар кас, ки мехост густохӣ мекарду бо Туғрал сухан мегуфт». Бо ин ҳол, тамоми ашрофи шаҳр ба пешвози амири нав мебароянд, магар бонуфузтарин руҳонии шаҳр Қозӣ Соъид, ки ба султон илтифоте намекунад. Бо исрори Туғрал, Қозӣ Соъид ба дидани ӯ омада, вайро насиҳат ва ба адлу дод даъват менамояд ва тариқи писандидаи ҳукмрониро пешниҳод карда, Салҷуқиёнро ба андеша дар бораи охират ва сазои амал ҳушдор медиҳад: «аз Эзид, азза зикруҳу, битарсу дод деҳ ва сухани ситамрасидагону дармондагон бишнаву яла макун. Лашкар ситам кунанд, ки бедодӣ шум бошад». Туғрал, ки намояндаи қавми чодарнишини салҷуқӣ буд, хислатҳои барбарии салҷуқиёнро пинҳон надошта, расму таомули аҳолии муқимнишини Хуросонро меписандад ва иброз медорад: «Бад-он чи гуфтӣ, кор кунам ва мо мардумони нав ва ғарибем, расмҳои тозикон надонем».
Худкомагӣ ва истибдоди Масъуди ғазнавӣ боиси сар задани ихтилофи фаровони дарбориёни ӯ гардид. Ӯ бештари хислатҳои номатлуби падарро ба мерос дошт. Зиддияти «падариён» ва «писариён» (тарафдорони Маҳмуд ва Масъуд) авҷ гирифт ва боиси хуруҷи нафрату кинатӯзӣ гашт. Ҳар кас бештар мехост бо султон наздик шавад ва рақиби хешро гӯшмол диҳад. Дар ин самт тоҷикон хеле фаъол буданд ва тавре аз навиштаҳои Байҳақӣ мушоҳида мешавад, хушомаду чоплусӣ миёни ашрофи тоҷик авҷ мегирад. Дар бораи яке аз чунин ашхос Байҳақӣ ин тавр қисса мекунад: «Булҳасани Абдуҷалил хилвате кард бо амир (Масъуд – С.М.) ва гуфт: «Мо, тозикон аспу уштури зиёдатӣ дорем, бисёр ва амир ҷиҳати лашкари омада ба зиёдат ҳоҷатманд аст ва ҳама аз неъмату давлати вай сохтаем. Нусхате бояд кард ва бар номи ҳар касе чизе набишт. Ва ғараз дар ин на хидмат буд, балки хост бар номи устодам Бунаср чизе гӯяд … ва амир бар вай дилгаронтар кунад. Амирро ин сухан номувофиқ наёмад. Ва Булҳасан ба хати хеш нусхате набишт ва ҳама аъёни тозикро дар он даровард ва он арз карданд. Ва ҳар кас гуфт: фармонбурдорам» (2, ).
Чунин нобоварӣ ва ҳасодату интиқомҷӯӣ дар тӯли таърих дар нисбати тоҷикон борҳо такрор ва мӯҷиби нобудӣ ва сарсонии онон гардидааст. Ҳамчунин, бегонапарварӣ ва ихтилоф байни худи тоҷикон низ муҷиби дигар бадбахтиҳо, аз ҷумла шикасти давлати мутамаркази ин халқ будааст. Дар бисёр таълифоти ба дасти худиҳову бегонаҳо эҷод шуда ҳатто ин сухан омадааст, ки «дар байни эшон (тоҷикон-С.М.) умаро вуҷуд надоранд».
Дар китоби «Осору-л-вузаро» баъзе аз қисматҳои нобудшудаи осори Байҳақӣ бар ҷой монда, ки баёнгари ҷойгоҳи ин асари нотакрор дар асрҳои баъдӣ ва мавриди истифода қарор гирифтани он мебошад. Аз ҷумла як далели ҷолибро муаллифи китоб Сайфиддини Уқайлӣ аз Байҳақӣ оварда, ки аз дасисаву иғвогариҳои тоҷикони дарбори Султон Маҳмуд нақл мекунад. Маҳмуд аз ин рафтор ба сутуҳ омада фарёд мекунад, ки: «Абулҳусайни Уқайлиро бихонед, то мушриф бошад, ки ин тоҷикон ҳама як бошанд ва муҳобо кунанд дар пайғоме, ки диҳам эшонро» (9, 170).
Чун ин асар ба асри XY тааллуқ дорад, калимаи «тозик» ба шакли «тоҷик» омада, ки хосси ин замон буд.
Дар ашъори иддае аз шоирон, тоҷик чун халқи забуну бечора ва он ҳам тобеъи турк тасвир шудааст. Чунончи, Ҷомӣ мефармояд:
Пеши ҳиндуи чашми хунрезат
Гашта туркон забунтар аз тоҷик.
Албатта, ин ҷо шоир зебоии аз ҳадд зиёд ва ҷабру виқори маъшуқаро бештар дар назар дорад, аммо чунон ки ишора намудем, аз оҷизии тоҷик низ сухан дар миён аст.
Яъне сустӣ, нармхӯӣ, мутеъ будан ба авсофи тоҷик гардида ва Мавлавӣ ҳам шиквакунон мегӯяд:
Як ҳамлаву як ҳамла шаб омаду торикӣ,
Чустӣ куну туркӣ кун, не нармиву тоҷикӣ (5, 1018).
Ин намунаро метавон хеле зиёд пайдо кард. Муаллифи «Таърихи Байҳақӣ» дар ин боб низ ишораҳо дорад. Байҳақӣ зимни баёни воқеаҳои баҳору тобистони соли 1040, ки авҷи ҷангҳои Ғазнавиёну Салҷуқиён аст, аз забони як мушриф (ҷосус) машварати аъёни салҷуқиро меоварад. Он шабу рӯз дар Хуросон қаҳтӣ бедод мекард ва Масъуд бо артиши хаставу аз ҷангҳои зиёд кӯфта саргардон буд. Пас аз набарди мухтасар аъёни туркман ба машварат менишинанд, ки дар баробари лашкари Масъуд чӣ тадбир андешанд. Дар ин ҷаласа меҳтари Салҷуқиён Туғрал аз таъқиби Масъуд тарсида, мегӯяд, ки бояд аз ҷанги рӯ ба рӯ бо Ғазнавиён парҳез кунем. Ӯ идома медиҳад, ки «моро савоб он менамояд, ки буна пеш кунему сӯйи Деҳистон равем ва Гургону он навоҳӣ бигирем, ки тозикон сабукмояву беолатанд ва агар он ҷо натавон буд, ба Рай биравем, ки Рай ва Ҷиболу Сипоҳон морост. Ва ба ҳеч ҳол подшоҳ (яъне Масъуд – С.М.) ба думи мо наёяд, чун мо аз вилояти ў бирафтем, ки ин подшоҳе бузург аст ва лашкару олату уддату вилояти бисёр дорад ва сомони ҷанги мо бидонист ва аз думи мо боз нахоҳад гашт». Тавре мушоҳида мешавад, зиндагии муқимӣ ва хӯ гирифтан ба илму дониш, шуғли зирояткориву машғулият ба ҳунарҳои асил боис шуд, ки тоҷикон ба артишу ҳифзи манофеи худ дар шароити турктозии асрҳои миёна кам аҳамият дода, борҳо аз хонаву кошонаи хеш маҳрум гардидаанд. Нуктаи дигар ин ки Байҳақӣ аз қавли раҳбари туркманҳо мардуми ду шаҳри соҳили дарёи Хазарро – Деҳистону Гургонро тоҷик меномад.
Зиддияти унсури турку тоҷик, ки онҳо дар айни ҳол аз низомиёну дарбориён намояндагӣ доштанд, бо пирӯзии аввалиҳо анҷомид ва сабаби заволи Оли Сомон гардид. Дар дарбори подшоҳони минбаъда ҳам ин ихтилоф вуҷуд дошт. Дар лаҳзаҳои тақдирсоз хушунат байни сипоҳиёну дарбориён боиси парокандагии лашкари Ғазнавиён гардид. Муҳорибаи Дандонақон 29 майи соли 1040 ба султаи Ғазнавиҳо дар Хуросон поён бахшид ва Байҳақии дабир муфассал ин воқеаро шарҳ медиҳад. Дандонақон шаҳре буд дар миёни биёбон ва байни Марву Сарахс. Бино бар навиштаи Байҳақӣ, Масъуди ғазнавӣ дар ин набард низ ба ғуруру бадгумонӣ дода шуд ва «низом бигусаст, ки ғуломони сарой аз уштур ба зер омаданд ва аспон ситадан гирифтанд, аз тозикон, аз ҳар кас, ки заъифтар буданд, ба баҳонаи он ки ҷанг хоҳем кард». Сиёсатҳои ғалати Султон Масъуд, ки дар гузашта бо туҳмату бадгумонӣ ва ба хотири хатоҳо чандин сипоҳсолори туркро фурӯ гирифта зиндон карда буд, натиҷаҳои худро нишон медод. Туркони лашкар гурӯҳ-гурӯҳ ба ҷониби душмани Ғазнавиён Салҷуқиён мегузаштанд. Аз ҷумла, дар ин набард низ горди ғуломон нахуст аспҳои тозиву хатлонии тоҷиконро ба зур гирифтанд, аммо бо ин аспҳо на барои Ғазнавиён ҷангиданд, балки «бо аломатҳои шер бигаштанду ба туркмонон пайвастанд». Яъне, бо парчамҳое, ки бар рўйи онзо акси шер тасвир ёфта буд, зеро парчами Ғазнавиён бар суннати парчамҳои давлатҳои мардуми тоҷик акси шер дошт, ки Байҳақӣ чанд бор ба он ишорат мекунад.
Дар ин идомаи ҷанги Дандонақон низ муаллиф аз хиёнати лашкариён ҳикоят мекунад. Лашкар ё артише, ки бо салоҳдиди Маҳмуд аз ақвому қабоили мухталиф таъсис гардид, дар охир мояи тафриқаву низоъ шуд. Зеро дар корзори сарнавиштсоз, тавре гуфта омад, ғуломони турк ба сӯи туркмонҳои ҳамнажодашон гузаштанд ва «ҳиндувон ба хазимат бар ҷониби дигар ва курду арабро кас намедид ва хайлтошон бар ҷониби дигар уфтод ва низоми майманаву майсара табоҳ шуд ва ҳар кас мегуфт: нафсӣ-нафсӣ». Яъне ҳамаи гурӯҳҳои этникии артиш ҳифзи ҷони худро дар авлавият қарор дода, аз майдони набард фирор карданд. Салҷуқиён, ки то ин дам дар ду-се набард лашкари Ғазнавиёнро зада буданд, пирӯзиро наздик дида, то пойи ҷон меҷангиданд. Онҳо ҳатто кӯшиш доштанд, ки шахси амир Масъудро ҳадаф қарор дода, мехостанд зарбаи кориро ба ӯ ворид созанд.
Амир Масъуд ва фарзанди аршади ӯ Мавдуд худ дар майдони мубориза меҷангиданд. Байҳақӣ навишта, ки Мавдуд аз лашкариён даъват мекард, ки « Ай ноҷавонмардон! Саворе чанд сўйи ман оед», аммо касе ба даъвати ӯ ҷавоб намедод. Дар ин миён танҳо «ғуломони тозикон бо амир нек биистоданд ва ҷанги сахт карданд аз худ гузашта». Чун тоҷикон бо вуҷуди нақсҳое, ки гуфта шуд, бо садоқат ҳам маъруф буданд ва заволи давлати ғолибан тоҷикбунёдро ба суди хеш намедонистанд. Дар воқеъ пирӯзии салҷуқиён ва давлатдории беш аз садсолаи онҳо дар Хуросону Мовароуннаҳр бар сари тоҷикон анвои мусибату бадбахтиро сарозер кард, ки зикри он дар манобеи муътабар, осори шуаро ва таълифоти муҳаққиқон фаровон омада ва ин ҷо маҷоли баёнаш нест.
Дар қатори фавоиди фаровони асари Байҳақӣ наметавон аз як нуктаи муҳими дигар ё имтиёзи ин китоб ғафлат варзид. Байҳақӣ аз нахустин касонест, ки дар таърихи хеш истилоҳи «тозик» ё «тоҷик»-ро зикр карда, пас аз худ онро роиҷ месозад. Агар перомуни далоили истифодаи истилоҳи«тозик» ё «тоҷик» дар асари Байҳақӣ мулоҳиза ронем, зарур аст чанд нуктаро тазаккур диҳем. Чиро муаррихони қабл аз Байҳақӣ (Табарӣ, Балъамӣ, Наршахӣ ва ғ) мардуми эронинажоди Хуросонро тозик ё тоҷик наномиданд? Сабаб чист, ки маҳз муаррихону шоирони рўзгори ғазнавӣ (Унсурӣ, Искофӣ) ин истилоҳро ба мардуми бумии Хуросон нисбат додаанд? Магар то ин замон (аз ҷумла рўзгори Сомониён) тоҷикон мавҷуд набудаанд?
Пас аз баррасиву тааммул ба хулосае расидем, ки:
1. Дар рўзгори Байҳақӣ туркони барда дигар иддиъои хоҷагӣ доштанд ва табдил ба як хатари бузурге барои сарзамини ў гашта буданд. Инро метавон аз руҳияи Носири Хусрав ё Аттору Саъдӣ низ пай бурд. Бо ин манзур устод Байҳақӣ дар қиболи «турк» вожаи «тозик»-ро ҳамрадифи «эронӣ» китобат кардааст: «тозик», «тозикон», «мо тозикон» бо таъкиду такрор ҳар гоҳе менависад ў. Пай бурдан душвор нест, ки маниши туркгароии туркон Байҳақиро водору ночор ба таъкиду таъйиди ҳувийяти миллии хеш карда, ки пас аз ў меомадагонро бо худу бегона шиносонад, ки тозикон (яъне тоҷикон ё эрониён) киҳо ва аз куҷо будаанду чӣ кардаанду чӣ гуфтаанду чӣ навиштаанд. Таъйиди «тозик» (яъне «тоҷик») дар «Таърихи Байҳақӣ» ҳойизи чанд нуктаи муҳимми илмию таърихист.
2. Ин фарзия бояд ҳақиқат дошта бошад, ки дар замони истилою истибдоди араб эрониёнро ҳамчун «тозик» мешинохтаанд ва шояд ин араб будааст, ки дар он давра «тоҷик»-ро «тозик» ба забон овардааст ё китобат кардааст.3. Ҳамин тозикон будаанд, ки дар Хуросон аз бедоди бегонагони араб ба хурўш омада, бо сина сипаркарданҳову сарбадордоданҳо санги бинои ҳукумати Эрони бостонро дар Бухоро (оли Сомон) дубора устувору побарҷо кардаанд. Зеро вожаи «тозик» табиист, ки пас аз ба Ғазнин кўчидани маркази Хуросон дафъатан падид наомадааст, албатта қаблан вирди забонҳо будаву аммо маҳз туфайли ҳакими бедори Байҳақ дар моварои таззоди шадид бо туркон рўйи коғаз омадааст.
4. Аз таъкиди Байҳақӣ рўйи вожаи «тозик» бермеояд, ки ҳукуматҳои Тоҳирию Саффорию Сомонӣ ҳама тоҷикӣ (эронии асил) ва дастбакорони ин ҳукуматҳо (истисноан аз баъзе аз саркардаҳои турки барда) ҷумла тоҷик будаанд. Соҳибқиронони илму адаби ин давронро, ки бар чашми башар аз коиноти маърифати хеш ҳазорон хуршед намудаанд, низ ҳамчун «тозик» медонистаанд. Баъдан дигар бузургон мо – Ҳаким Саноию Шайх Аттор, Мавлонои Балху Саъдии Шерозӣ ин вожа («тозик»)-ро ба гунаи «тоҷик» фаровон ба кор бурда, зимнан худро «тоҷик» хондаанд:
Шояд, ки ба подшаҳ бигўянд.
Турки ту бирехт хуни тоҷик!
Бад-ин тартиб, номовари ғаюри Байҳақ, устод Байҳақии бузургвор нишон медиҳад, ки дар авҷи шадиди фаҷоеъи истилои турку араб тоҷикон (тозикон) дар эҳёи дубораи Эрони бостон дар поёию ҷовидонагии ин марзи пургуҳар нақши сазовори калидие доштаанд.
Дар шоҳкори беназири худ Байҳақии дабир инчунин ба як муаммои дигар, ки дар манобеи таърихӣ гоҳе ҷилвагар шуда посух гуфтааст. Ин муаммо афсонаи аз ҳунари ҷангу мубориза дур будани тоҷикон аст. Тавре маълум аст, дар дигар гушаву канори олам (аз ҷумла Аврупо) низ ҳамеша миёни мардуми бумӣ ва ҳамсоягони чодарнишини он доду ситад ва набарду мубориза дар ҷараён будааст. Байҳақӣ нахустин муаррихи тоҷик аст, ки ин ихтилофро аз забони акобири дарбори Ғазнин баён дошта, менависад, ки турконро «биёбон падару модар аст, чунонки моро шаҳрҳо».
Тибқи ривояти Байҳақӣ, лашкари Ғазнавиён мураккаб аз туркон (ғолибан сарвар) ва тоҷикон буд; Ғазнавиён аз дигар қавмҳо низ дастаҳо доштанд, аммо на бо шумори афзун. Байҳақӣ агар аз лашкариёни тоҷик сухан ронад, танҳо ҳадиси садоқату фидокории ононро мегўяд ва таъкид мекунад, ки тоҷикон ҳамвора дар нақши дифоъӣ зоҳир шудаанд, зеро ҷангу юриш вайронгару нобудсоз аст, табиати тоҷикӣ ободгарист. Байҳақӣ дар баробари зикри фазлу насаби тоҷикон, аз парокандагии ашрофи тоҷик ва хусумату тафриқаи музофотии онҳо низ сухан мегӯяд ва бад-ин минвол ҳазорҳо сол қабл яке аз муҳимтарин нукоти осебпазири ин миллати қадимро, ки ҳанӯз баъзе осори ин марази музмин боқӣ монда, ба ворисон гӯшзад мекунад. Бошад, ки ин ворисон бедор шаванду ба ҳамбастагиву иттиҳод гароянд!