• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Uncategorized

Ҳувийяти эронӣ ва деринагию решадории он

October 27, 2024
in Uncategorized
0
эрон
0
SHARES
0
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ҳувийяти эронӣ ва деринагию решадории он

«Ва чун бо ман далеле (роҳнамо) набуд, ки он роҳ донад, мутаҳаййир будам. Ногоҳ аз фазли борӣ, таборак ва таъоло, ҳамон рӯз марде аҷамӣ (эронӣ) бо ман пайваст, ки ӯ аз Озарбойҷон буд, ва як бори дигар он мазороти (зиёратгоҳҳои) мутабаррикаро дарёфта буд, ду каррат (бора) бад–он азимат рӯй бад–он ҷониб оварда буд. Бад–он мавҳибат, шукри бориро, таборак ва таъоло, ду ракъат намоз бигузоридам ва саҷдаи шукр кардам, ки маро рафиқи роҳ бидод то бар азме, ки карда будам, вафо бикардам.»

Ин матнро Носири Хусрави Қубодиёнӣ ҳазор сол пеш навиштааст. Бингаред ин марди хуросонӣ, дар сарзамине ғариб, чи андоза аз дидан ва ҳамроҳ шудан бо ҳаммеҳани озарбойҷонии худ хушҳол шуда, ки намози шукр гузоридааст. Устувор будани пайвандҳои торихӣ, отифӣ, фарҳангӣ ва забонии мардумони ҷой-ҷойи Эроншаҳр падидае якто ва бемонанд аст. Ситургӣ (азамат) ва решадор будани ин пайванд ба андозаест, ки ҳазор соли пеш Носири Хусрави Қубодиёнӣ, ки зодаи шаҳри кӯчаке ба номи Қубодиён, дар Тоҷикистони имрӯзист, шахсеро дар шаҳри Озарбойҷон, ки ҳазорон фарсанг дуртар аз Қубодиён аст, ҳамтабор ва ҳаммеҳани худ медонад.

Аҳаммият ва арзиши ин пайванд ҳангоме бештар намоён мешавад, ки онро бо ҳувийяти торихӣ ва нафонии (миллии) дигар кишварҳо бисанҷем. Бисёре аз кишварҳои перомуни Эрон умре камтар аз сад ё дувист сол доранд. Ба забони содатар то дивист соли пеш вуҷуд надоштанд. Барои намуна умри кишвари Иморот камтар аз шаст сол аст ва Ҷумҳурии Озарбойҷон то замони Қоҷор бахше аз хоки Эрон буд.

Дар Аврупо низ ҳувийяти фарогири меҳанӣ дар садаҳои шонздаҳум ва ҳабдаҳуми тарсоӣ (мелодӣ) диса (шакл) мегирад ва дар бисёре фитодҳо (маворид) пружаи нафонсозӣ (миллатсозӣ) дар онҷо бо саркӯб ва куштор ҳамроҳ будааст. Ба гуфтори пруфесур Элбир Уртойлӣ, торихнигори барҷастаи аҳли Туркия, замоне, ки эрониҳо шеър месуруданд, миллатҳои дигар рӯйи дарахт зиндагӣ мекарданд.

Ҳамаи мо медонем, ки наметавон ва набояд дар торих ва вирояҳои(хотира‎ҳои) торихӣ монд ва дарҷо зад ва сарфарозӣ ва болиш(ифтихор) ба гузашта онҷое равост, ки ба кори сохтани имрӯз ва оянда биёяд. Аз диди нигоранда огоҳӣ аз ин нуктаҳо ва ёдоварии онҳо ҳам барои имрӯзи Эрон, ҳам барои сохтани ояндаи он боиста(зарурӣ) ва ниёзин(лозим) аст; зеро ба мо кумак мекунад, ки ҷойгоҳи худ ва дигаронро беҳтар бишносем ва дар бозшиносии суханони дуруст аз нодуруст ва дар воковии(таҳлили) пурсмонҳои(масоили) пайванддор бо меҳани худ ҳушёртар бошем. Дареғмандона кор беҳисобу китоби ҷаҳон ба ҷое расида, ки ҳамон кишварҳое, ки бо ҷаъл ва қарордод сохта шудаанд ва бо саркӯбу куштор ва дар фитодҳое(мавориде) монанди Туркия бо зодмонкушӣ(наслкушӣ) нафонсозӣ(миллатсозӣ) кардаанд дар андешаи тафриқаафканӣ дар миёни эрониёне ҳастанд, ки торихи ду ҳазору понсадсола доранд. Ин нуктаест, ки ба ҳасту нести Эрон ва сарнавишти мардумаш пайванд дорад; аз ин рӯй наметавон ба содагӣ ва бетафовутӣ аз канори он гузашт.

Previous Post

Исроил посухи ҳамлаи Эронро дода аст?

Next Post

Чашмандози тавсияи равобити шӯрои ҳамкории халиҷи Форс бо Осиёи марказӣ; аҳдоф ва абъод

Related Posts

Шеъри аз Мавлонои Шамси Табрезӣ дарбораи ҳастиву нестӣ
Uncategorized

Шеъри аз Мавлонои Шамси Табрезӣ дарбораи ҳастиву нестӣ

December 9, 2024
Ҳушдори раҳбари Эрон дар охирин дидор бо Башор Асад президенти Сурия
Uncategorized

Ҳушдори раҳбари Эрон дар охирин дидор бо Башор Асад президенти Сурия

December 9, 2024
Суқрот мегуяд….
Uncategorized

Суқрот мегуяд….

December 8, 2024
шеърие аз Иқбол Лоҳурӣ дар мавриди духтари пайғамбар
Uncategorized

шеърие аз Иқбол Лоҳурӣ дар мавриди духтари пайғамбар

December 7, 2024
Нахл, дарахти одамият
Uncategorized

Нахл, дарахти одамият

December 4, 2024
Евгений Павловский – дӯсти ҷонии тоҷикон
Uncategorized

Евгений Павловский – дӯсти ҷонии тоҷикон

December 3, 2024
Next Post
Чашмандози тавсияи равобити шӯрои ҳамкории халиҷи Форс бо Осиёи марказӣ; аҳдоф ва абъод

Чашмандози тавсияи равобити шӯрои ҳамкории халиҷи Форс бо Осиёи марказӣ; аҳдоф ва абъод

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Муҳаммад

Салоҳ ва табоҳи уммат

May 21, 2025
Ҳақиқатҳое дар дунё

Ҳақиқатҳое дар дунё

May 21, 2025
Қудс-1

Моҷарои Фаластин

May 21, 2025
Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

May 18, 2025

Recent News

Муҳаммад

Салоҳ ва табоҳи уммат

May 21, 2025
Ҳақиқатҳое дар дунё

Ҳақиқатҳое дар дунё

May 21, 2025
Қудс-1

Моҷарои Фаластин

May 21, 2025
Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

May 18, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Муҳаммад

Салоҳ ва табоҳи уммат

May 21, 2025
Ҳақиқатҳое дар дунё

Ҳақиқатҳое дар дунё

May 21, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved