• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Uncategorized

Евгений Павловский – дӯсти ҷонии тоҷикон

December 3, 2024
in Uncategorized, Маҳдавият, роҳи озодӣ, Ниёгони гузаштаи мо
0
Евгений Павловский – дӯсти ҷонии тоҷикон
0
SHARES
21
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Евгений Павловский – дӯсти ҷонии тоҷикон

Ҳаёту фаъолияти донишманди бузург, академик Евгений Никанорович Павловский бо тоҷикону Тоҷикистон робитаи зич дорад.

Павловский соли 1884 дар вилояти Воронежи Русия, дар оилаи омӯзгор чашм ба дунё кушодааст. ӯ соҳиби зеҳни тезу хотираи қавӣ ва истеъдоди нодир буд. Соли 1903 гимназияро бо нишони тилло хатм намуда, то соли 1908 дар Академияи ҳарбӣ – тиббии Петербург таҳсил кард.

Ва ҳамон сол дар ҳайати гурӯҳи таҳқиқотӣ аввалин бор ба сарзамини тоҷикон – Осиёи Миёна омад. Он солҳо мардум аз бемориҳои гуногун, ки паҳнкунандаи онҳо ҳашароту ҳайвонот буданд, ранҷ мекашиданд.

Ин муҳаққиқон аз Самарқанду Панҷаканд гузашта, ба кӯҳистони водии Зарафшон расиданд, ки дар ин мавзеъ аҳолӣ аз сирояти бемории вабо, ки манбаи густариши он суғурҳо буданд, азият дошт ва чандин нафар ба ҳалокат расида буданд. Ҳини фаъолият дар ин водӣ дар замири Павловский нисбат ба мардуми хирадманду меҳмоннавози тоҷик чунон меҳре пайдо гардид, ки он то поёни умраш идома ёфт.

Павловский ҳанӯз солҳои донишҷӯӣ, масъалаи муҳими давр – омӯзиш ва роҳҳои рафъи таъсири ҳашароту ҳайвоноти хунмаку заҳрдор ва паҳнкунандагони бемориҳои сироятиро ҳадафи асосии ҳаёти хеш қарор дод. Ва дар ин роҳи душвор, вале наҷиб – ҳифзи саломатии инсонҳо, нерӯи худро сарф намуд. Баҳри амалӣ гаштани ҳадафҳояш Павловский дар бисёр минтақаҳо сафарҳои пажӯҳишӣ ташкил намуд.

Иқлими Осиёи Миёна, ки аз ҳама гарм буд, ҳайвоноту ҳашароти гуногуни ба одамон зараровари фаровон дошт.

Павловский соли 1928 аввалин экспедитсияи зидди ҳашароти ба инсон зарароварро ташкил намуда, барои мубориза бо онҳо ва мадад ба аҳолӣ, ба Тоҷикистон омад. Сокинони ин минтақа аз бемориҳои гуногуни сироятӣ, бахусус аз вараҷа азият доштанд.

Соли 1932 бо ташаббуси ин ҳакими ҳозиқ дар Душанбе бунгоҳи пажӯҳишу омӯзиш ва мубориза бо ҳайвоноту ҳашароти зараровар (стансияи паразитологӣ) таъсис гашт, ки он соли 1934 ба шӯъба ва минбаъд ба пажӯҳишгоҳ табдил ёфт. Маҳз ба эҳтимом ва роҳбарии Павловский, гурӯҳи мутахассисон бемории вараҷаро дар Тоҷикистон рафъ сохтанд ва аҳолӣ аз сирояти он ҷон ба саломат бурд. Ин хидмати бузурги ӯ кофист, ки номаш дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои зарин сабт гардад.

Соли 1940 он ба шӯъбаи тоҷикистонии Академияи илмҳои Шӯравӣ табдил дода шуд. Ин иқдом қадами муҳиме дар ташкили Академияи илмҳои Тоҷикистон дар соли 1951 гашт ва Е. Павловский аз ҷумлаи аввалин академикҳои интихобгардидаи он буд.

Соли 1942 Пажӯҳишгоҳи зистшиносии Академияи илмҳои Шӯравӣ, ки сарвараш Е. Павловский буд, ба ақибгоҳ – ба Душанбе кӯчонида шуд. Ва ин ҷо хидмати ин олими бузург бармало эҳсос мешавад. Кормандони ин пажӯҳишгоҳ дар омӯзиши олами ҳайвоноти Тоҷикистон ва рушди он, хидмати назаррасе кардаанд. Он солҳо Тоҷикистон аз гӯшаҳои хеле амиқ омӯхтаи давлати Шӯравӣ буд. Ва ин ҳам натиҷаи заҳматҳои Павловский аст.

Академик Евгений Павловский дорои истеъдоди нодир, қобилияти баланди ташкилӣ, инсони хоксору меҳрубон ва ҳамеша сӯйи мақсадҳои воло равон буд. Агар мухтасар гӯем, фаъолияти ӯ саропо моломоли ҳифзи саломативу хушбахтии инсонҳост. Даҳҳо асари илмӣ ва монографияи «Ҳайвоноти заҳрдор»-и ӯ машҳури ҷаҳон шудааст.

Соли 1954 ба муносибати 70-солагии Е. Павловский Пажӯҳишгоҳи зистшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон ва яке аз мактабҳои пойтахт ба номи ӯ гузошта шуданд.

Моҳи майи соли 1965 дар шаҳри Ленинград дили ин марди бузург аз тапидан бозмонд. Вале номи неку хизматҳояш дар дилу хотири мардуми мо абадист.

Акс: Устод Айни ва академик Павловский

Previous Post

Оё медонед Парадаим чист?

Next Post

Нахл, дарахти одамият

Related Posts

Озодӣ ва озодагӣ
Маҳдавият, роҳи озодӣ

Озодӣ ва озодагӣ

February 10, 2026
Саидуддини Фарғонӣ
Ниёгони гузаштаи мо

Саидуддини Фарғонӣ

February 10, 2026
Ниёиш
Ниёгони гузаштаи мо

Мутафаккири бедор

February 9, 2026
Мирзо Улуғбек
Ниёгони гузаштаи мо

Мирзо Улуғбек

February 7, 2026
Охирин васияти Амиралмӯъминин
Ниёгони гузаштаи мо

Охирин васияти Амиралмӯъминин

February 7, 2026
Дониши Ғаззолӣ
Ниёгони гузаштаи мо

Дониши Ғаззолӣ

February 3, 2026
Next Post
Нахл, дарахти одамият

Нахл, дарахти одамият

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Оромгоҳи 160 духтарбачаи бегуноҳ

Оромгоҳи 160 духтарбачаи бегуноҳ

March 2, 2026
Лориҷонӣ ба мақомоти амрикоӣ: Нисбат ба нақши вайронгарии саҳюнистҳо ҳушёр бошед!

Лориҷонӣ: Қотеона дифоъ хоҳем кард!

March 2, 2026
Ҳамсари Оятуллоҳ Хоманаӣ ба шуҳадо пайваст

Ҳамсари Оятуллоҳ Хоманаӣ ба шуҳадо пайваст

March 2, 2026
Демократҳо: Тромп Амрикоро ба сӯи ҷанги ноком мебарад

Ҷон Карл: Тромп ҳаяҷонӣ барои ҳамла ба Эрон тасмим гирифтааст

March 2, 2026

Recent News

Оромгоҳи 160 духтарбачаи бегуноҳ

Оромгоҳи 160 духтарбачаи бегуноҳ

March 2, 2026
Лориҷонӣ ба мақомоти амрикоӣ: Нисбат ба нақши вайронгарии саҳюнистҳо ҳушёр бошед!

Лориҷонӣ: Қотеона дифоъ хоҳем кард!

March 2, 2026
Ҳамсари Оятуллоҳ Хоманаӣ ба шуҳадо пайваст

Ҳамсари Оятуллоҳ Хоманаӣ ба шуҳадо пайваст

March 2, 2026
Демократҳо: Тромп Амрикоро ба сӯи ҷанги ноком мебарад

Ҷон Карл: Тромп ҳаяҷонӣ барои ҳамла ба Эрон тасмим гирифтааст

March 2, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Оромгоҳи 160 духтарбачаи бегуноҳ

Оромгоҳи 160 духтарбачаи бегуноҳ

March 2, 2026
Лориҷонӣ ба мақомоти амрикоӣ: Нисбат ба нақши вайронгарии саҳюнистҳо ҳушёр бошед!

Лориҷонӣ: Қотеона дифоъ хоҳем кард!

March 2, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved