• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Uncategorized

шеърие аз Иқбол Лоҳурӣ дар мавриди духтари пайғамбар

December 7, 2024
in Uncategorized, Адабиёт ва ашъор, Динӣ
0
шеърие аз Иқбол Лоҳурӣ дар мавриди духтари пайғамбар
0
SHARES
20
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Шеъре аз Иқбол дар васфи ҳазрати Фотимаи Заҳро (а)

Ба муносибати солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (а)

* * *

Аз ҷумлаи ашъори зебои Аллома Иқболи Лоҳурӣ таҳти унвони ”Дар маънии ин ки Сайидатун-нисо, Фотиматуз-Заҳро усваи комилаест барои нисои ислом”, шери зерин аст:

Марям аз як нисбати Исо азиз,

Аз се нисбат ҳазрати Заҳро азиз.

Нури чашми Раҳматан лил-ъоламин,

Он имоми аввалину охирин.

Он ки ҷон дар пайкари гетӣ дамид,

Рӯзгори тозаойин офарид.

Бонуи он тоҷдори “Ҳал ато”,

Муртазо, мушкилгушо, шери Худо.

Подшоҳу кулбае айвони ӯ,

Як ҳусому як зиреҳ сомони ӯ.

Модари он маркази паргори ишқ,

Модари он корвонсолори ишқ.

Он яке шамъи шабистони Ҳарам,

Ҳофизи ҷамъияти Хайрул-умам.

То нишинад оташи пайкору кин,

Пушти по зад бар сари тоҷу нигин.

В-он дигар мавлои аброри ҷаҳон,

Қуввати бозуи аҳрори ҷаҳон.

Дар навои зиндагӣ сӯз аз Ҳусайн,

Аҳли ҳақ ҳуррият омӯз аз Ҳусайн.

Сирати фарзандҳо аз уммаҳот,

Ҷавҳари сидқу сафо аз уммаҳот.

Мазраъи таслимро ҳосил Батул,

Модаронро усваи комил Батул.

Баҳри мӯҳтоҷе дилаш он гуна сӯхт,

Бо яҳудӣ чодари худро фурӯхт.

Нуреву ҳам оташе фармонбараш,

Гум ризояш дар ризои шавҳараш.

Он адабпарвардаи сабру ризо,

Осиёгардону лаб Қуръонсаро.

Гиряҳои ӯ зи болин бениёз,

Гавҳар афшондӣ ба домони намоз.

Ашки ӯ барчид Ҷибрил аз замин,

Ҳамчу шабнам рехт бар Арши барин.

Риштаи ойини Ҳақ занҷири мост,

Поси фармони ҷаноби Мустафост.

Варна гирди турбаташ гардидаме,

Саҷдаҳо бар хоки ӯ пошидаме.

Previous Post

Нахл, дарахти одамият

Next Post

Суқрот мегуяд….

Related Posts

Қорӣ Ишкамба
Адабиёт ва ашъор

Қорӣ Ишкамба

February 10, 2026
Ранҷу андӯҳи рӯзии фардо
Адабиёт ва ашъор

Ранҷу андӯҳи рӯзии фардо

February 9, 2026
Иллати таваҷҷуҳи ғарбиён ба Мавлоно
Адабиёт ва ашъор

Шайдоии Мавлоно

February 7, 2026
Бузургтарин инқилоб
Адабиёт ва ашъор

Маориф – бурунмояи рушду камол

January 31, 2026
Мақоми ҳикмат
Адабиёт ва ашъор

Мақоми ҳикмат

January 7, 2026
Мақоми ориф дар баёни Бӯалӣ Сино
Машоҳир

Мақоми ориф дар баёни Бӯалӣ Сино

January 7, 2026
Next Post
Суқрот мегуяд….

Суқрот мегуяд....

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Чӣ андоза ба омӯзаҳои тасаввуф ва ирфон ниёзмандем

Чӣ андоза ба омӯзаҳои тасаввуф ва ирфон ниёзмандем

February 10, 2026
Қорӣ Ишкамба

Қорӣ Ишкамба

February 10, 2026
Робитаи ахлоқ ва сиёсат аз дидгоҳи Макиавелли

Робитаи ахлоқ ва сиёсат аз дидгоҳи Макиавелли

February 10, 2026
Мавлоно

Меҷӯям ба ҳарсӯ одаме

February 10, 2026

Recent News

Чӣ андоза ба омӯзаҳои тасаввуф ва ирфон ниёзмандем

Чӣ андоза ба омӯзаҳои тасаввуф ва ирфон ниёзмандем

February 10, 2026
Қорӣ Ишкамба

Қорӣ Ишкамба

February 10, 2026
Робитаи ахлоқ ва сиёсат аз дидгоҳи Макиавелли

Робитаи ахлоқ ва сиёсат аз дидгоҳи Макиавелли

February 10, 2026
Мавлоно

Меҷӯям ба ҳарсӯ одаме

February 10, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Чӣ андоза ба омӯзаҳои тасаввуф ва ирфон ниёзмандем

Чӣ андоза ба омӯзаҳои тасаввуф ва ирфон ниёзмандем

February 10, 2026
Қорӣ Ишкамба

Қорӣ Ишкамба

February 10, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved