• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Адабиёт ва ашъор

Мардумдорӣ

February 11, 2025
in Адабиёт ва ашъор
0
Мардумдорӣ

Мардумдорӣ

0
SHARES
11
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Мардумдорӣ

Кишвардорӣ ва сиёсат дар осори Саъдӣ – Мардумдорӣ

Мардумдорӣ яке аз авомили муҳимми пирӯзии салотин будааст. Ҳокими мамлакат ба унвони “бузурги қавм” бояд бидонад, ки бе вуҷуди раъият ҳеч арзише надорад, пас бар ӯст, ки бар мабнои мардумдӯстӣ мулкро низом бахшад. Саъдӣ ҳоким ва мардумро паноҳ ва ҳомии якдигар муаррифӣ мекунад:

Набоядат, ки парешон шавад қавоъиди мулк,

Нигоҳ дор дили мардум аз парешонӣ.

Чунонки тоифае дар паноҳи ҷоҳи ту(в)анд,

Ту дар паноҳи дуову намози эшонӣ.

(Қатаъот, с.839)

Саъдӣ бар ин назар аст, ки ганҷ ва хазонаи подшоҳ бояд бар “тифл ва дарвеш ва пир” вақф шавад ва низ бояд барои осоиши халқ хазинаро тиҳӣ кард. Зеро калиди хазина ҳамеша дар даст нест:

Парешон кун имрӯз ганҷина чист,

Ки фардо калидаш на дар дасти туст.

(Бӯстон, боби 2, с.254)

Дар ҷойе дигар Саъдӣ аз забони вазири подшоҳе баён мекунад, ки “подшаҳро карам бояд, то халқ бар ӯ гирд оянд ва раҳмат, то дар паноҳи давлаташ эмин нишинанд”, вагарна дар рӯзи сахтӣ дӯстдораш душмани зӯровар хоҳад шуд, аммо “маликро панди вазири носеҳ мувофиқи табъи мухолиф наёмад, рӯй аз ин сухан дарҳам кашид ва ба зиндонаш фиристод.” Ва тӯле накашид, ки “бани амми султон ба мунозаъат хостанд ва мулки падар хостанд. Қавме, ки аз дасти татовули ӯ (султон) ба ҷон омада буданд ва парешон шуда, бар эшон гирд омаданд ва тақвият карданд, то мулк аз тасарруфи ин бадар рафт.”

 

Бим додани подшоҳон аз Худой ва даъвати эшон ба додгарӣ

Саъдӣ “раъиятнавозӣ ва сарлашкарӣ”-ро амре бас муҳим медонад, ба гунае ки набояд “бозича ва сарсарӣ” фарз гардад, пас чунин амри волое бояд ба фарди корозмудае муҳаввал гардад. Ҷаҳонбонӣ он қадр вазифаи арзишманд ва хатирест, ки ҳатто дар рӯзи шумор (рӯзи қиёмат) низ аз ҷузъиёти он суол хоҳад шуд:

Худованди кишвар хато мекунад

Шабу рӯз зойеъ ба хамру химор.

Ҷаҳонбониву тахти кайхусравӣ

Мақоме бузургаст кучак мадор,

Ки гар пойи тифле барояд ба санг,

Худой аз ту пурсад ба рӯзи шумор.

(Қатаъот, с. 828)

 

Бакоргирии диёнат ва ҳуш ва дироят дар кишвардорӣ

Мулкдорӣ ба диёнат ва фарҳанг ва ҳуш ниёзманд аст, пас подшоҳи масту ғофил лиёқати ҳукмрониро надорад, зеро ӯ посбони раъият ва масъули ҳифзи ҷону моли мардум аст, бинобар ин хуфтан ва ғафлати подшоҳ ба ҳангоми ҳиросат, шарти кишвардорӣ нест. Саъдӣ дар қасидае мегӯяд:

Одамиро ақл бояд дар бадан,

В-арна ҷон дар колбад дорад ҳимор.

* * *

Мулкбононро нашояд рӯзу шаб

Гоҳе андар хамру гоҳе дар химор.

(Қасоид, с.724)

 

Нармхуӣ ва шикебоӣ

Нармиш ва бурдборӣ аз дигар сифоти раҳбари мамлакат баршумурда шудааст:

Худованди фармону раъйу шукӯҳ,

Зи ғавғои мардум нагардад сутӯҳ,

Сари пурғурур аз таҳаммул тиҳӣ,

Ҳаромаш бувад тоҷи шоҳаншаҳӣ.

Нагӯям чу ҷанговаре пой дор,

Чу хашм оядат ақл бар ҷой дор.

Зеро:

Чу лашкар бурун тохт хашм аз камин,

На инсоф монад, на тақво, на дин.

(Бӯстон, боби 1, с.220)

 

Амнияти иҷтимоӣ

Саъдӣ медонад, ки рушду таъолии инсон танҳо дар сояи амнияти иҷтимоӣ таҳаққуқ меёбад. Аз ин рӯй, дар ҷой-ҷойи осораш ба ин амри ҳаётӣ ишора мекунад. Ӯ амниятеро, ки бар “Иқлими Порс” ҳукмфармост, дар сояи қудрат ва тадбири Атобакон ва ба вижа Бӯбакри Саъд медонад; подшоҳе, ки дар рӯзгори вай, Порс оромгоҳест аз фитнаҳо дар амон.

Иқлими Порсро ғам аз осеби даҳр нест,

То бар сараш бувад чу туе сояи Худо.

Имрӯз кас нишон надиҳад дар басити хок

Монанди остони дарат маъмани ризо.

Бар туст поси хотири бечорагону шукр

Бар мову бар Худои ҷаҳонофарин ҷазо.

Ё Раб, зи боди фитна нигаҳ дор хоки Порс,

Чандон ки хокро буваду бодро бақо.

(Дебочаи Гулистон, с.31)

Саъдӣ аз оромиши мавҷуд дар сарзамини Порс боз чунин мегӯяд:

Ҷаҳонбони динпарвари додгар,

Наёмад чу Бӯбакр баъд аз Умар.

Сари сарфарозону тоҷи меҳон,

Ба даврони адлаш биноз, эй ҷаҳон!

Гар аз фитна ояд касе дар паноҳ,

Надорад ҷуз ин кишвар оромгоҳ.

(Дебочаи Бӯстон, с.206)

Дар асри Бӯбакри Саъд “ранҷаеро, ки аз бедоди сарпанҷае бинолад, намебинӣ.”

Чунон соя густурда бар оламе,

Ки Золе наяндешад аз Рустаме.

Дар айёми Атобак ҳеч диле озурда нест, ки “розӣ нагардад ба озор кас.” Мардум шод ҳастанд, зеро ӯ хазоинро барои рифоҳ тиҳӣ мекунад ва бонги шодии мардум чун раъд ба гӯш мерасад. Ба қадре амният дар Порс мавҷ мезанад, ки пойи адӯ дар ин буқъа дида намешавад ва дар даврони ӯ кас аз кас боре намебарад ҳатто гул дар чаман низ аз ҷаври хор дар амон аст. Ва ба хотири ин сирати Атобак Абӯбакр, мардум ором мехусбанд. Саъдӣ тамоми инҳоро аз вуҷуди Атобак Абубакр ибни Саъди Зангӣ медонад ва дар яке аз қасидаҳои маъруфи хеш, ба амният ва осудагӣ ва “пурнозу неъмат” будани Порс ишорат менамояд.

 

Диранг кардан дар куштани асирони ҷанг

Саъдӣ дар бораи асирон ба мулойимат сухан мегӯяд. Ӯ мӯътақид аст, ки асири ҷангӣ ва гуноҳкорро бояд фурсате дод ва куштани ӯ, ба аввали гуноҳ, шарт нест. Агар панду андарз дар ӯ муассир воқеъ нашуд, дар ин сурат метавон ӯро гӯшмолӣ дод ва саранҷом дар сурати шарорати ӯ, метавон решаи вайро аз бех барканд. Ва низ Саъдӣ банд кардан пеш аз куштанро амре савоб (дуруст) медонад, зеро сари куштаро наметавон пайванд кард:

Савоб аст пеш аз кушиш банд кард,

Ки натавон сари кушта пайванд кард.

(Бӯстон, боби 1, с.220)

Манбаъ: Доиратулмаорифи Таҳур

Тоҷнек

 

 

Source: Мардумдорӣ
Via: Мардумдорӣ
Tags: Мардумдорӣ
Previous Post

Чигунагии бархурд бо душман

Next Post

Дармони дардҳо

Related Posts

Авомили ақибмондагии ҷомеаҳои исломӣ
Адабиёт ва ашъор

Авомили ақибмондагии ҷомеаҳои исломӣ

June 10, 2025
Муҳаммад Расулуллоҳ
Адабиёт ва ашъор

Дирҳамҳои бобаракат

June 10, 2025
Дарахти хурмо
Адабиёт ва ашъор

Дарахти хурмо

June 10, 2025
Чаро ғамнок бошам?
Адабиёт ва ашъор

Чаро ғамгин бошам?

June 10, 2025
Мартин Хайдеггер
Машоҳир

Муруре бар андешаҳои Мартин Хайдеггер

June 8, 2025
Шукуфаи руҳ
Адабиёт ва ашъор

Шукуфаи руҳ

June 4, 2025
Next Post
Дармони дардҳо

Дармони дардҳо

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Саволи як донишҷӯ

Ёр то ёр аст

June 14, 2025
Нигарон набош...

Тарс аз шикаст

June 14, 2025
Оини ҳамсардорӣ

Калидҳои муваффақият

June 14, 2025
Киштӣ дар соҳил

Киштӣ дар соҳил

June 14, 2025

Recent News

Саволи як донишҷӯ

Ёр то ёр аст

June 14, 2025
Нигарон набош...

Тарс аз шикаст

June 14, 2025
Оини ҳамсардорӣ

Калидҳои муваффақият

June 14, 2025
Киштӣ дар соҳил

Киштӣ дар соҳил

June 14, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Саволи як донишҷӯ

Ёр то ёр аст

June 14, 2025
Нигарон набош...

Тарс аз шикаст

June 14, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved