Фалсафаи равоқӣ
Фалсафаи равоқӣ чист ва чӣ гуна дар асри ҷадид метавон равоқӣ шуд?
Фалсафа ва ирфон
Равоқигарӣ (Stoicism) яке аз ҷараёнҳои фалсафии таъсиргузор дар таърихи башар аст, ки дар қарни севвуми пеш аз мелод тавассути Зенони Китийӣ (Zeno of Citium) дар Отен (Афина) бунёнгузорӣ шуд. Зенон, ки асолатан аҳли Қибрис (Кипр) буд, дар ҷавонӣ бозаргони сарватманд буд ва дар тиҷорат бо Финиқия ва Юнон шӯҳрат дошт. Аммо зиндагии ӯ дастхуши тағйире бунёдин шуд, ки масирашро ба самти фалсафа ҳидоят кард.
Зенон дар яке аз сафарҳои тиҷории худ бо як киштии бузург, ки ҳомили борҳои арзишманд, аз ҷумла порчаҳои камёб буд, роҳии Юнон шуд. Ин порчаҳо дар он замон бисёр гаронбаҳо буданд ва нишонае аз сарват ва ашрофият маҳсуб мешуданд. Ӯ умедвор буд, ки ин тиҷорат суди калоне барояш ба ҳамроҳ дошта бошад. Аммо дар миёни масир, тӯфоне шадид бар дарё ҳоким шуд.
Мавҷҳои азим киштиро ба ин сӯву он су мекӯбиданд. Бодҳои саҳмгин бодбонҳоро дарҳам печиданд ва малавонон бо тамоми тавон талош мекарданд, контроли киштиро ҳифз кунанд. Бо ин ҳол, табиат бераҳм буд ва саранҷом киштии Зенон бо тамоми дороиҳояш ғарқ шуд. Зенон ва маъдуде аз ҳамроҳонаш тавонистанд худро ба сахтӣ ба соҳил бирасонанд, аммо сарвати ӯ дар як лаҳза нобуд шуда буд.
Зенон пас аз ин ҳодиса дучори ноумедӣ шуд, аммо сарнавишт барои ӯ барномаи дигаре дошт. Ӯ ба Отен расид ва саргардон дар кӯчаҳояш қадам мезад, ки ба як китобфурӯшӣ расид ва аз соҳиби он ҷо иҷоза хост, китобе, ки таваҷҷӯҳашро ҷалб карда буд, бихонад. Китоб, хотироти Суқрот буд, ки тавассути Ксенофонт – аз шогирдони Суқрот – навишта шуда буд. Зенон, ки таҳти таъсири китоб қарор гирифта буд, аз китобфурӯш пурсид: оё ҳанӯз метавон мардоне чун Суқротро ёфт?
Аз бахти хуби ӯ, дуруст дар ҳамон лаҳза , яке аз файласуфони маъруф ба номи Кратет, аз ҷилави китобфурӯшӣ мегузашт. Китобфурӯш ба Зенон гуфт: ин ҳамон касе аст, ки дунболаш мегардӣ.
Кратет, файласуфи калбӣ буд, Зенон муддате шогирди ӯ шуд, вале баъд аз муддате дарёфт, ки ин мактаб бо руҳиёти ӯ созгор нест, бинобар ин назди файласуфоне аз макотиби мухталиф рафт ва аз ҳар кадом чизе ёд гирифт ва бо андешаҳо ва таҷрибиёти худ талфиқ кард ва ҷараёни равоқиро ба вуҷуд овард.
Зенон бо ёдоварии киштии ғарқшудааш, бо худ меандешид, ки агар ҳамаи дороиҳои моддии ӯ дар як лаҳза метавонанд аз байн бираванд, пас зиндагӣ набояд бар пояи сарват ва амволи моддӣ бино шавад. Пас бояд ба дунбол ичизе пойдортар буд; чизе, ки на тӯфонҳои дарё ва на иттифоқоти ғайримунтазираи зиндагӣ битавонанд онро аз инсон бигиранд. Ин нигариш, асоси фалсафаи равоқии ӯ шуд: “Он чи аҳаммият дорад, даруни мост, на он чи дар берун дорем.”
Вай нахустин ҷаласоти тадриси худро дар равоқи наққошишудаи Отен баргузор кард, аз ин рӯ мактаби ӯ “равоқигарӣ” ном гирифт.
Равоқ ба маънии “айвон” ё “гузаргоҳи сарпӯшида” аст. Дар меъморӣ, равоқ ба фазое гуфта мешавад, ки ағлаби сутунҳое дар атрофи он қарор дорад ва дар муқобили сохтмонҳо ё дар имтидоди кӯчаҳо сохта мешавад. Зенон нахустин ҷаласоти тадриси худро дар равоқи маъруф ба равоқи рангин (Stoa Poikile) дар Отен баргузор кард. Ин макон, ки деворҳояш бо наққошиҳои зебое тазйин шуда буд, маҳалле умумӣ буд, ки фалсафаи равоқӣ дар он шакл гирифт ва ба ҳамин далел, номи ин мактаб ба “равоқигарӣ” шӯҳрат ёфт.
Усули фалсафаи равоқӣ ва корбурди онҳо дар зиндагии имрӯз
- Хирад (Wisdom)
Хирад дар фалсафаи равоқӣ ба маънии тавоноии ташхиси дуруст аз нодуруст ва ҳидояти зиндагӣ бар пояи мантиқ ва ҳақиқат аст.
Дар маҳалли кор, ҳамкоре бидуни далел рафтори номуносибе буруз медиҳад. Як фарди равоқӣ ба ҷойи вокуниши эҳсосӣ, хирадмандона вазъиятро арзёбӣ карда, далели рафтори ҳамкорашро баррасӣ мекунад ва сипас бо оромиш ва мантиқ, роҳи ҳалли муносиб пайдо мекунад. Фарди равоқӣ дар баробари ҳар падидае ин суолро аз худ мепурсад ва ба посухи он, амалан пойбанд аст: равиши мувоҷеҳаи хирадмандона дар ин бора чист?
- Шуҷоат (Courage)
Шуҷоат дар равоқигарӣ ба маънии муқобила бо сахтиҳо ва номулойимот аст.
Барои шахси равоқӣ, сахтиҳо бахше аз зиндагианд, ки наметавон нодидаашон гирифт ва аз муқобилашон гурехт. Як равоқӣ мубориза бо мушкилотро равише доимӣ дар зиндагӣ медонад ва аз шикастҳо наметарсад. Касе, ки аз шуғлаш розӣ нест, кори дигаре дӯст дорад ва дурнамои ақлонӣ ҳам барои он вуҷуд дорад, агар битарсад ва дар вазъияти мавҷуд бимонад, равоқӣ нест, вале агар хирадмандона ва шуҷоъона рискро ба ҷон бихарад, аз шикаст натарсад, сахтиҳои убур аз шуғли номатлуб ба кори матлубро таҳаммул ва мудирият кунад ва ин чолишро фурсате барои ёдгирӣ ва пешрафт дар назар бигирад, равоқӣ аст.
- Адолат (Justice)
Адолат яъне рафтори одилона ва мунсифона бо дигарон.
“Он чи барои худ меписандӣ, барои дигарон биписанд ва он чи барои худ намеписандӣ, барои дигарон написанд”, улгуи рафтории равоқиҳо дар бархӯрди мунсифона ва одилона бо инсонҳо ва ҷаҳон аст. Як корманди равоқӣ, агар фурсате ноодилона барои иртиқо дошта бошад, адолатро бар нафъи шахсӣ тарҷеҳ дода ва талош мекунад, ба шевае мунсифона иртиқо ёбад.
- Хештандорӣ (Temperance)
Хештандорӣ яъне контроли эҳсосот ва вокунишҳои ногаҳонӣ.
Равоқиҳо маҳори нафси худро дар даст доранд. Хашмашонро контрол мекунанд ва аз вокунишҳои ҳаяҷонӣ ба дуранд. Ҳатто дар хӯрдан низ, ҳавоссашон ба он чи мехӯранд ва мизони хӯрокашон ҳаст ва дар баробари тамоюлоти музир (монанди танбалӣ ё хӯрдани беш аз ҳадди ширинӣ) муқовамат мекунанд ва бар ҳадафи баландмуддати худ (монанди иртиқои руҳӣ ё таносуби андом) тамаркуз доранд.
Дигар мафоҳими муҳим дар фалсафаи равоқӣ
Илова бар ин чаҳор фазилат, бархе усули дигар, ки дар фалсафаи равоқӣ мавриди таъкид ҳастанд, иборатанд аз:
1) Дугонагии контрол (Dichotomy of Control): ин асл, ки тавассути Эпиктет мавриди таъкид қарор гирифт, баён мекунад, ки бояд байни чизҳое, ки дар контроли мо ҳастанд (афкор, аъмол ва вокунишҳои мо) ва чизҳое, ки хориҷ аз контроли мо ҳастанд (назароти дигарон, вазъияти иқтисодӣ, обуҳаво) тафовут қоил шавем. Равоқиҳо пешниҳод мекунанд, ки бояд энержии худро сарфи чизҳое кунем, ки бар онҳо тасаллут дорем ва аз нигаронӣ дар бораи умури ғайри қобили контрол бипарҳезем.
2) Пазириши сарнавишт (Amor Fati): ин мафҳум ба маънии пазириши рӯйдодҳои зиндагӣ, чӣ хуб ва чӣ бад, ба унвони бахше аз масири табиии ҷаҳон аст. Марк Аврелий бар ин бовар буд, ки ба ҷойи муқобила бо он чи хориҷ аз контроли мост, бояд онро бипазирем ва аз он дарс бигирем.
3) Тамаркуз бар замони ҳол: равоқиҳо тавсия мекунанд, ки набояд беш аз ҳадд даргири гузашта ё оянда шавем, балки бояд лаҳзаи ҳолро ғанимат бишуморем ва бар вазоифи кунунӣ тамаркуз кунем.
4) Бетафовутӣ ба эҳсосоти манфӣ (Apatheia): ин амр дар фалсафаи равоқӣ ба маънои расидан ба навъе оромиши дарунӣ аз тариқи контрол ва маҳори эҳсосоти манфӣ монанди хашм, ҳасодат, ва тарс аст. Равоқиҳо мӯътақид буданд, ки эҳсосоти ифротӣ, бавежа онҳое, ки аз вобастагӣ ба рӯйдодҳои хориҷ аз контроли мо ношӣ мешаванд, монеъе барои хирадварзӣ ва зиндагии фазилатмандона ҳастанд. Бо ин ҳол, ин бад-он маъно нест, ки онҳо тарафдори саркӯби эҳсосот буданд, балки таъкид доштанд, ки бояд эҳсосотро дарк кард, вале иҷоза надод, ки онҳо тасмимгирӣ ва рафтори моро контрол кунанд. Марк Аврелий дар таъаммулоти худ менависад: “Агар чизе хориҷ аз контроли туст, иҷоза надеҳ, ки зеҳнатро таҳти таъсир қарор диҳад.”
Равоқиҳои муҳимми таърих
1) Зенони Китийӣ (334-262 пеш аз мелод)
Зенон бунёнгузори фалсафаи равоқӣ буд, ки омӯзаҳои ӯ бар худконтролӣ, зиндагии мутобиқ бо табиат ва парҳез аз вобастагӣ ба лаззоти зудгузар мутамаркиз буд. Ӯ мӯътақид буд, ки инсон бояд дар баробари фарозу нишебҳои зиндагӣ бетафовут бимонад ва танҳо бар он чи дар контроли худ дорад тамаркуз кунад. Зенон мегуфт: ”Хушбахтӣ замоне ҳосил мешавад, ки зиндагиатро дар ҳамоҳангӣ бо табиат сипарӣ кунӣ.”
2) Хрисипп (280-206 пеш аз мелод)
Хрисипп дуввумин чеҳраи муҳимми фалсафаи равоқӣ буд, ки системи мантиқии ин мактабро тавсиъа дод. Ӯ мӯътақид буд, ки хирад бартар аз эҳсосот аст ва инсон бояд тасмимоти худро бар пояи ақл ва мантиқ бигирад, на ҳаяҷоноти зудгузар. Аз ҷумлаи ҷумалоти машҳури ӯ ин аст: “Ҳеч чизе ҷуз афкори мо бар мо қудрат надорад.”
3) Сенека (4 пеш аз мелод – 65 мелодӣ)
Сенека, файласуф ва мушовири имперотур Нерон, ба далели навиштаҳои фалсафӣ ва ахлоқиаш шинохта мешавад. Ӯ бавежа бар контроли эҳсосот ва хештандорӣ таъкид дошт. Сенека мегуфт: “Мо бештар аз он ки аз иттифоқоти зиндагӣ осеб бибинем, аз тасаввуроти худ дар бораи онҳо ранҷ мебарем”. Ӯ бар ин бовар буд, ки мушкилот бахше аз зиндагӣ ҳастанд ва бояд онҳоро бо матонат ва пазириш бипазирем.
4) Эпиктет (55-135 мелодӣ)
Эпиктет, ки дар кӯдакӣ барда буд, пас аз озодӣ, ба яке аз барҷастатарин муаллимони фалсафаи равоқӣ табдил шуд. Ӯ бар ин бовар буд, ки контрол берунӣ маҳдуд аст, аммо контроли дарунӣ комилан дар ихтиёри мост. Эпиктет ҷумлаи маъруфе дорад, ки баён мекунад: “Он чи бароят иттифоқ меафтад муҳим нест, балки вокуниши ту ба он аҳаммият дорад.”
5) Марк Аврелий (121-180 мелодӣ), имперотури файласуф
Марк Аврелий (121-180 мелодӣ) яке аз барҷастатарин имперотурони Рум буд, ки фалсафаи равоқиро на танҳо дар зиндагии шахсӣ, балки дар сабки ҳукмронии худ ба кор гирифт. Ӯ, ки таҳти таъсири омӯзаҳои Эпиктет ва Сенека буд, дар тамоми даврони ҳукуматаш талош кард, ки ба усули ахлоқӣ ва фалсафӣ пойбанд бимонад. Бар хилофи бисёре аз имперотурони дигар, ки қудрат ва таҷаммулро бартар аз ҳама чиз медонистанд, Марк Аврелий мӯътақид буд, ки ҳукумат бояд бо фазилат, адолат ва хирадварзӣ ҳидоят шавад.
Яке аз таъсироти барҷастаи фалсафаи равоқӣ бар ҳукумати ӯ, сабурӣ ва оромиши ӯ дар баробари сахтиҳо буд. Ӯ солҳо даргири ҷанг бо қабоили жерманӣ дар шимоли Имперотурии Рум буд, аммо ҳаргиз аз номулойимот шикоят накард ва бо қотеъият, дироят ва оромиш ба вазоифи худ идома дод. Дар замони тоъуни антонинӣ, ки ҷони бисёреро гирифт, ӯ бар хилофи дигар фармонравоён, ки дар баробари чунин фоҷеаҳое таслим мешуданд, бо хештандорӣ ва масъулиятпазирӣ барои наҷоти мардум талош кард.
Оё барои равоқӣ шудан омодаед?
Равоқигарӣ танҳо як фалсафаи бостонӣ нест, балки як равиши амалӣ барои зистан аст. Дар дунёи пурҳаёҳуи имрӯз, ин фалсафа ба мо кӯмак мекунад, то устувор бимонем, зиндагиро соддатар бигирем ва оромиши даруниро таҷриба кунем. Бо тамаркуз бар он чи дар контроли мост, пазириши сахтиҳо, тамрини зеҳнӣ ва қадрдонӣ аз лаҳазот, метавонем дар масири равоқӣ шудан гом бардорем ва аз зиндагӣ лаззати бештаре бибарем.
Агар мехоҳед фалсафаи равоқиро бештар бишносед ва дар зиндагии худ равоқӣ бошед, китобҳои хубе дар Эрон дар ин бора мунташир шудаанд, ки метавонанд ба шумо кӯмак кунанд, аз ҷумла:
Тааммулот;
Чӣ гуна монанди як имперотур фикр кунем?
Фалсафаи равоқӣ;
Равоқигарӣ: фалсафаи зистани хирадмандона;
Фалсафае барои зиндагӣ;
Фалсафаи равоқӣ ва ҳунари шодкомӣ;
Asriran
Тоҷнек