• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Адабиёт ва ашъор

Ту ҷаҳоне бар хаёле бин равон

February 24, 2025
in Адабиёт ва ашъор
0
Ту ҷаҳоне бар хаёле бин равон
0
SHARES
20
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ту ҷаҳоне бар хаёле бин равон

Дар бораи “хаёл” ва нақши он дар зиндагии инсонҳо

Мавлоно дар ҳикояти “Подшоҳ ва канизак”, ки нахустин ҳикояти Маснавӣ аст, ин мавзӯъро матраҳ карда ва нукоти муҳиммеро дар ин бора ёдовар мешавад, ки дӯст дорам барои азизон баён бикунам.

Дар ин ҳикоят, он ҷо, ки пизишкон аз дармони канизак нотавон мешаванд ва подшоҳ рӯ ба масҷид меоварад ва ба зорӣ ва тавалло ба даргоҳи Худо мепардозад, дар ин асно, якдафъа хоб бар ӯ ғалаба пайдо мекунад ва дар олами хоб пиреро мебинад, ки ба ӯ тавсия мекунад, фардо табиби ҳозиқе аз сӯйи мо назди ту меояд, ки:

Чунки ояд ӯ, ҳакими ҳозиқ аст,
Содиқаш дон, к-ӯ амину содиқ аст.

Баъд, подшоҳ бедор мешавад ва ба интизори он табиб менишинад, ки якдафъа он табиб аз дур намоён мешавад:

Мерасид аз дур монанди ҳилол,
Нест буду ҳаст бар шакли хаёл.

Он табиби ҳозиқро – ки дар воқеъ инсони комил буд – Мавлоно ташбеҳ мекунад ба ҳилоли моҳ. Моҳе, ки дар аввалҳои моҳ падид меояд. Ҳилоли моҳ дар рӯзи аввал бисёр-бисёр нозук аст, ҳар касе қодир ба дидани он нест, танҳо касоне, ки қудрати биноияшон қавӣ аст мебинанд. Бинобар ин ҳилолро ба “хаёл” ташбеҳ мекунад.

Аз ин ҷо Мавлоно дигар вориди ин баҳси мо, яъне баҳси “хаёл” мешавад ва нукоти муҳиммеро баён медорад.

Хуб ҳоло хаёл чист? Мавлоно мегӯяд: хаёл, ҳам ҳаст ва ҳам нест. Яъне хаёл воқеан ҳаст, зеро дар вуҷуди инсон аст, вале чизе нест, ки бишавад онро дид.

Баъд мегӯяд: хаёл на танҳо ҳаст, балки тамоми ҳаракоту саканоти мо инсонҳо муҳаррикаш, таҳриккунандааш хаёл аст:

Нестваш бошад хаёл андар равон,
Ту ҷаҳоне бар хаёле бин равон.

“Равон” дар мисроъи аввал ба маънии “ҷон” аст ва дар мисроъи дуввум ба маънии “раванда”, “ҷорӣ” аст. “Нестваш” ба маънии “нестнамо” аст, пасванди “ваш” ба маънии монанд аст, бинобар ин “нестваш” яъне мисли ин ки аслан нест. Ҷон ва ё руҳ, ба олами ҳақиқат мутаъаллиқ аст, дар сурате, ки хаёл поя ва асосаш гумон аст ва ба олами зеҳнӣ мутаъаллиқ аст, пас нестнамо аст.

Мавлоно мегӯяд, он қудрат ва нерӯи хаёл дар даруни ҷони мо монанди ин аст, ки аслан вуҷуд надорад ва нест, вале ҳамин хаёл, ки онро наметавон дид ва вуҷуди хориҷӣ ҳам надорад, дорои қудрати зиёде аст ва ҳамаи чархиши ин дунё бар асоси ин хаёл аст ва бар руҳу ҷисм ҳар ду метавонад мусаллат шавад ва руҳу ҷисми шахсро ба коре водор ва ё баръакс аз коре боздорад. Тамоми ҷунбиш ва ҳаракат дар олами ҳастӣ, ки ин мавҷудоти зинда доранд, ҳамагӣ ношӣ аз хаёланд. Шахс аввал хаёл мекунад ва сипас ба дунболи хаёли худ ҳаракат мекунад.

Бар хаёле сулҳашону ҷангашон
В-аз хаёле фахрашону нангашон.

Дар ин дунё ҳама чиз ношӣ аз хаёл аст. Агар ҷанге мекунанд, муҳаррик ва водоркунандааш як хаёл аст, ки шояд хаёли бепоя ва асос бошад. Ва агар бо ҳам сулҳ мекунанд, он ҳам метавонад муҳаррикаш як хаёл бошад.

Дар ҷаласаи шарҳи Маснавӣ барои дӯстон чанд мисол задам. Яке ин ки масалан агар байни ду инсон ё ду ҳизби сиёсӣ ва ё ҳатто ду кишвар ҷанге сурат гирад, шумо мебинед, маншаъи он чи басо як хаёли беасос аст, бар асоси ин хаёл хунҳо рехта мешавад. Як хаёле, фикре, бар сараш зада, ки асос ҳам надорад, масалан ба ӯ ба дурӯғ васвасагарон гуфтаанд, ки фалонӣ дар бораи ту гумони баде дорад ва ё қасди баде дорад ва хулоса фалонӣ одами баде аст. Он вақт, дар зеҳни ин бандаи Худо нисбат ба тараф гумони бад эҷод мешавад ва ҳамин гумони буд сабаб мешавад бо ӯ вориди ҷангу даргирӣ шавад. Кош фақат байни ду инсон буд, балки хеле аз набардҳои бузург дар ҷаҳон ва ҳатто ҷангҳои ҷаҳонӣ, вақте сарчашма ва сабаб ва маншаъи онҳоро баррасӣ мекунед, мебинед як хаёли беасосе беш нест.

Хеле аз ин бадбиниҳо ва даъвоҳо, ки дар ҳамин шабакаи маҷозӣ байни инсонҳо аҳёнан дида мешавад, агар баррасӣ кунед, мебинед, маншаъи онҳо як хаёл аст ва дигар ҳеч, хаёли бепоя. Тараф, дар бораи як бандаи Худо аз ину он, аз васвасагарон шунида, ки фалонӣ одами баде аст, сарсупурдаи фалон давлат аст, ҷосус аст масалан. Баъд, дар зеҳни тараф нисбат ба ӯ гумони бад эҷод мешавад, як хаёли нодуруст эҷод мешавад. Ҳамин хаёл сабаб мешавад, ки аҳёнан бо ӯ вориди ҷангу даъво шавад.

Хулоса:

Бар хаёле сулҳашону ҷангашон
В-аз хаёле фахрашону нангашон.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Tags: Ту ҷаҳоне бар хаёле бин равон
Previous Post

Диктотур кист?

Next Post

Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме

Related Posts

Авомили ақибмондагии ҷомеаҳои исломӣ
Адабиёт ва ашъор

Авомили ақибмондагии ҷомеаҳои исломӣ

June 10, 2025
Муҳаммад Расулуллоҳ
Адабиёт ва ашъор

Дирҳамҳои бобаракат

June 10, 2025
Дарахти хурмо
Адабиёт ва ашъор

Дарахти хурмо

June 10, 2025
Чаро ғамнок бошам?
Адабиёт ва ашъор

Чаро ғамгин бошам?

June 10, 2025
Мартин Хайдеггер
Машоҳир

Муруре бар андешаҳои Мартин Хайдеггер

June 8, 2025
Шукуфаи руҳ
Адабиёт ва ашъор

Шукуфаи руҳ

June 4, 2025
Next Post
Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме

Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Хайру саодат

Хайру саодат

June 10, 2025
Бандаи шукргузоре бошам

Бандаи шукргузоре бошам

June 10, 2025
Ҷамъоварии ҳезум

Ҷамъоварии ҳезум

June 10, 2025
Муҳаммад

Андарзе аз Расули Акрам(с)

June 10, 2025

Recent News

Хайру саодат

Хайру саодат

June 10, 2025
Бандаи шукргузоре бошам

Бандаи шукргузоре бошам

June 10, 2025
Ҷамъоварии ҳезум

Ҷамъоварии ҳезум

June 10, 2025
Муҳаммад

Андарзе аз Расули Акрам(с)

June 10, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Хайру саодат

Хайру саодат

June 10, 2025
Бандаи шукргузоре бошам

Бандаи шукргузоре бошам

June 10, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved