Бурдбортарин, шуҷоътарин, одилтарин…
Маърифати исломӣ
Дар бораи хислатҳо ва вижагиҳои ҳеч паёмбаре ва ҳатто ҳеч шахсияте, ба он андоза, ки дар бораи Паёмбари ислом (с) навиштаанд, навишта нашудааст.
Асҳоб, ба қадре дар забту китобати хислатҳо ва рафторҳои он ҳазрат (с) ҳарис буданд, ки ҳатто чӣ гуна нишастану чӣ гуна бархостану чӣ гуна хӯрдану ошомидани он ҳазрат (с) ва ҳатто чӣ гуна ва ба чӣ кайфият хобидани ӯро забту сабт кардаанд.
Дар бораи шамоилу вижагиҳои он ҳазрат (с) садҳо китоб навишта шуда, ки шояд яке аз беҳтарини онҳо китоби “Шамоил”-и Имом Тирмизӣ бошад.
Имом Ғаззолӣ (р) низ дар “Эҳёи улуми дин” мегӯяд:
كان صلى الله عليه و سلم أحلم الناس وأشجع الناس وأعدل الناس وأعف الناس لم تمس يده قط يد امرأة لا يملك رقها أو عصمة نكاحها أو تكون ذات محرم منه وكان أسخى الناس لا يبيت عنده دينار ولا درهم وإن فضل شيء ولم يجد من يعطيه وفجأه الليل لم يأو إلى منزله حتى يتبرأ منه إلى من يحتاج إليه لا يأخذ مما آتاه الله إلا قوت عامه فقط من أيسر ما يجد من التمر والشعير ويضع سائر ذلك في سبيل الله لا يسأل شيئا إلا أعطاه ثم يعود على قوت عامه فيؤثر منه حتى إنه ربما احتاج قبل انقضاء العام إن لم يأته شيء
“Расули Худо бурдбортарин,(1) шуҷоътарин, (2) одилтарин (3) ва боиффатарини мардум буд, то ҷое ки дасти муборакаш ҳаргиз ба дасти ҳеч зане, ки аз зердастонаш ва ё аз ҳамсарони ӯ ва ё аз маҳрамони вай набошад нарасида.(4)
Ӯ саховатмандтарини мардум буд, (5) то ҷое ки ҳеч динор ва ё дирҳаме ҳатто як шаб ҳам дар назди ӯ боқӣ намемонд. Агар чизе аз пул дар пеши ӯ изофа меомад ва касеро пайдо намекард, ки онро барояш бибахшад ва шабона фаро мерасид, ба манзили хеш барнамегашт то ин ки мӯҳтоҷеро пайдо карда ва онро ба ӯ бидиҳад. (6)
Аз он чи Худо насибаш гардонида фақат қути солонаи худ ба монанди миқдоре аз хурмо ва гандум бардошта, боқимондаро дар роҳи Худо сарф мекард. (7)
Ҳеҷ касе аз он ҷаноб (с) чизе наметалабид, магар ин ки онро барояш фароҳам мекард.”
* * *
(1) Абӯшайх дар китоби “Ахлоқи Расули Худо (с)”.
(2) ”Саҳеҳ”−и Муслим, ҷ. 7, с. 72.
(3) Тирмизӣ дар “Шамоил”.
(4) Бухорӣ ва Муслим дар ривояте аз Уммулмуъминин Оиша (р) нақл кардаанд.
(5) Табаронӣ дар “Авсат” нақл кардааст.
(6) ”Сунан”−и Абӯдовуд, ҷ. 2, с. 152.
(7) ”Саҳеҳ”−и Бухорӣ, ҷ. 7, с. 81.
***
Тоҷнек