Дарсҳое аз тибби исломӣ – 1
Бахши аввал
Таҳияи: Сайидмуҳаммадалӣ Бурҳонов
Пешгуфтор
Агар ҳангоми забҳ «Бисмиллоҳ» гуфта шавад, он гӯшт ҳалол аст ва бидуни «Бисмиллоҳ» ғайриқобили хӯрдан хоҳад буд. Забҳи саҳеҳ вақте иттифоқ меуфтад, ки қурбонӣ рӯ ба қибла бошад; дар ғайри ин сурат, ҳайвон гӯшташ ҳалол нахоҳад буд. Хӯрданиҳоеро метавон хӯрд, ки аз тариқи ҳалол таҳия шуда бошанд, аммо таҳияи онҳо аз тариқи ҳаром (мисли дуздӣ ва қаллобӣ ва…) хӯрданашонро низ ҳаром мекунад. Муомилот ҷоиз аст, вале рибо ҷоиз нест.
Дар илми имрӯз, байни ҳайвон чӣ рӯ ба қибла забҳ шавад ва чӣ пушт ба қибла, аз ҷиҳати хоссият ва дигар вижагиҳо, ҳеч тафовуте вуҷуд надорад, дар ҳоле, ки тибби исломӣ ва илоҳӣ байни он ду фарқ мегузорад. Дар тибби илоҳӣ, ҳаққи истифода аз гӯшти ҳайвоне, ки бидуни “Бисмиллоҳ” забҳ шудааст надорем:
وَلاَ تَأْكُلُواْ مِمَّا لَمْ يُذْكَرِ اسْمُ اللّهِ عَلَيْهِ وَإِنَّهُ لَفِسْقٌ
«Аз забҳе, ки номи Худо бар он ёд нашуда нахӯред, ки исён аст.» (Сураи Анъом, ояти 121)
Оё тибби имрӯз байни ҳалолу ҳароми як себ масалан фарқе мегузорад? Шояд суол кунед, ки оё мо себи ҳалол ва себи ҳаром дорем? Посух ин аст, ки бале, дар тибби илоҳӣ мо себи ҳалол дорем ва себи ҳаром, бо ин ки аз ҷиҳати хоссият ва вижагиҳои моддӣ, байни онҳо фарқе нест:
فَكُلُواْ مِمَّا رَزَقَكُمُ اللّهُ حَلالًا طَيِّبًا وَاشْكُرُواْ نِعْمَتَ اللّهِ إِن كُنتُمْ إِيَّاهُ تَعْبُدُونَ
“Аз он чӣ Худо рӯзиятон карда ҳалол ва покиза бихӯред, пас агар Худоро мепарастед, неъматҳояшро сипос гузоред”. (Сураи Наҳл, ояти 114)
Яъне вақте як себ аз роҳи ҳалол ба дастатон расид, ҳақ доред аз он бихӯред, вале агар аз роҳи дӯздӣ ва фиреб ба даст омада бошад, дигар ҳақ надоред:
إِنَّ الَّذِينَ يَأْكُلُونَ أَمْوَالَ الْيَتَامَى ظُلْمًا إِنَّمَا يَأْكُلُونَ فِي بُطُونِهِمْ نَارًا وَسَيَصْلَوْنَ سَعِيرًا
“Онон, ки амволи ятимонро ба ситамгарӣ мехӯранд, дар ҳақиқат онҳо дар шиками худ оташ фурӯ мебаранд ва ба зудӣ дар оташи фурӯзон хоҳанд афтод”. (Сураи Нисо, ояти 10)
* * *
Фасли аввал
Сабки зиндагии фардӣ
- Тағзия (саломат дар хӯрдан ва ошомидан)
Одоби тағзия
- Бисмиллоҳ гуфтан қабл аз ғизо;
- Дар зарфи тилло ва нуқра хӯрокӣ ё нӯшиданӣ нахӯрдан;
- Дар ҳангоми серӣ чизе нахӯрдан;
- Даст кашидан аз ғизо пеш аз сер шудан;
- Субҳона хӯрдан дар бомдодон ва чизе нахӯрдан баъд аз намози хуфтан;
- Луқмаро кучак бардоштан;
- Нигоҳ накардан ба сурати дигарон дар ҳангоми хӯрдани ғизо;
- Нахӯрдани ғизои бисёр гарм;
- Надамидан дар ғизо (фут накардан)
(Боздаме, ки аз даҳон хориҷ мешавад гози саммии CO2 мебошад, ки тибқи гуфтаҳо мутаассифона дар нӯшобаҳои гоздор вуҷуд дорад. Аз паёмадҳои зараровари гози CO2 гуфтаанд: эҷоди санги кулия, пӯкӣ ва нармии устухон.)
- Набуридани нон бо корд;
- Пок накардани устухон аз гӯшт;
- Хӯрдан дар шаб ва пеш аз намози хуфтан (ҳарчанд ночиз бошад);
- Нанишастан бар дастурхоне, ки дар он шароб аст;
- Шустани дастҳо қабл ва баъди ғизо;
- Хӯрдани намак қабл ва баъд аз ғизо.
Чанд роҳе, ки бо он аз табиб ва пизишк бениёз хоҳед шуд
- Нахӯрдан магар дар гуруснагӣ;
- Даст кашидан аз хӯрдан қабл аз сер шудани комил;
- Ғизоро хуб хоидан;
- Қабл аз хоб ба хало рафтан.
* * *
- Осори тағзияи саҳеҳ
а) Осори ҷисмии тағзияи саҳеҳ
- Бо хӯрдан дар ҳангоми сер будан, эҳтимоли песӣ меравад;
- Даст кашидан аз ғизо пеш аз серӣ, боиси таровати чеҳра мешавад;
- Миёнаравӣ дар хӯрдан, мояи сиҳҳати бадан мешавад;
- Дар ҳоли ҷанобат ва дар ҳангоми сер будан чизе хӯрдан, мунҷар ба барас ва песӣ мешавад;
- Хӯрдан дар ҳоли ҷанобат, сабаби фақр ва бечизӣ аст;
б) Осори шустани дастҳо қабл ва баъд аз ғизо
- Фақрро аз байн мебарад;
- Рӯзиро зиёд мекунад;
- Дардро аз бадан берун мекунад;
- Олудагиро аз либос дур мекунад;
- Чашмро ҷало медиҳад;
- Агар касе баъд аз ғизо дастҳоро бишӯяд ва бар абрӯҳо бимолад ва се навбат бигӯяд:
الحمد لله المحسن المجمِل المنعِم المفضِل
— (агар ин корро анҷом диҳад) дарди чишмаш бартараф мешавад.
в) Осори хӯрдани намак қабл ва баъди ғизо
Дар ҳадисе аз Паёмбар (с) нақл шудааст:
«(Касе, ки қабл ва баъд аз ғизо намак бихӯрад), Худо аз ӯ ҳафтод навъ балоро дафъ мекунад, ки осонтарини онҳо ҷузом (хӯра) аст.»
Дар ривояти дигаре чунин омада:
Аз 72 навъ бало дар амон хоҳад буд ва аз ҷумлаи онҳост:
- Девонагӣ;
- Хӯра (ҷузом);
- Песӣ;
Дар ривояти дигар чунин омада:
Офият диҳад аз:
- Дарди гулӯ;
- Дарди дандон;
- Дарди шикам;
* * *
Овешан (тимьян) ва намак
- Бодҳои баданро дафъ мекунад;
- Балғам ва рутубати зиёди баданро месӯзонад;
- Мӯҷиби идрор мешавад;
- Боиси хушбӯии даҳон мешавад;
- Меъдаро нарм ва лиқваро дафъ мекунад;
(Дар тибби ҷадид лиқваро MS мегӯянд, дар ин беморӣ як тарафи бадан ё сурати инсон якдафъа фалаҷ мешавад ва пас аз чанде боз ба сурати оддӣ бозмегардад, вале ҳамлаҳои ин беморӣ ҳамеша ва то охири умр беморро азоб медиҳад. Тибби ҷадид ҳанӯз дармоне барои ин беморӣ наёфтааст.)
- Қувват бар ҷимоъро зиёд мекунад;
Молидани намак дафъи заҳри ақраб (каждум) ва газандагон мекунад.
* * *
Идома дорад…
Тоҷнек