• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Ниёгони гузаштаи мо

Сохторҳо ва низомҳои сиёсӣ дар андешаи Ибни Сино

March 10, 2025
in Ниёгони гузаштаи мо
0
Анвои сохторҳо ва низомҳои сиёсӣ дар андешаи Ибни Сино

Анвои сохторҳо ва низомҳои сиёсӣ дар андешаи Ибни Сино

0
SHARES
105
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

 

Анвои сохторҳо ва низомҳои сиёсӣ дар андешаи Ибни Сино
Андешаи сиёсии Ибни Сино чандон тафовуте бо тафаккури сиёсии Форобӣ надорад. Аз андешаҳои Форобӣ дар заминаи сиёсат, на танҳо Ибни Сино, балки бештари донишмандони баъд аз Форобӣ пайравӣ кардаанд. Ба ҳар ҳол, дар навиштори ҳозир, дидгоҳҳои сиёсии Ибни Сино мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Иҷтимои башарӣ ва чигунагии таъсиси мадина (ҷомеа)

Ибни Сино мӯътақид аст, зиндагии матлуби инсонӣ фақат ва фақат дар сояи иҷтимои онҳо муяссар аст. Ба ақидаи Ибни Сино, инсон ба танҳоӣ наметавонад ӯҳдадори ҳамаи умури зиндагонии худ шавад. (1) Инсонҳо дар ин зиндагии ҷамъӣ, барои гузарони зиндагии худ ниёзманди тақсими кор ва баҳрмандӣ аз тавоноиҳои якдигаранд. (2)

Вай, пас аз баёни зарурати зиндагии иҷтимоӣ ва тақсими кор дар он, ба асли мушорикат ишора мекунад ва мегӯяд: “Вуҷуд ва бақои инсон ниёзманди мушорикат аст.” (3) Мушорикат ба мафҳуми “бар ӯҳда гирифтани як нақши вежа (яке нонвой, яке харрот, яке мудир ва ғайра…)” аст, ки дар натиҷаи он, таъовун, муъовиза ва муъомила ба вуҷуд меояд. (4)

Қонун ва қонунгузор дар мадина (ҷомеа)

Пурравшан аст, ки тадовуми иҷтимои башарӣ ва назми маданӣ, бидуни вуҷуди муқаррарот, ки истилоҳан қонун номида мешавад, мумкин нахоҳад буд. Бинобар ин, мадинаи мавриди назари Ибни Сино низ аз ин қоъида мустасно набуда ва ниёзманди қонун аст. Ибни Сино аз он чи мо онро “қонун” меномем, бо унвонҳои мухталифе ёд карда, монанди: номус, суннат, маҳмудот ва шариат. Аммо ҷомеъи ҳамаи онҳоро “шариат” (ба маънои қонун) медонад. (5)

Ҷомеаи башарӣ барои истимрори зиндагии ҷамъӣ, ниёзманди адолат ва қонунҳои одилона аст, ки рафтори афродро бар асоси ҳақ ва истеҳқоқ (шоистагӣ) танзим кунад. Таъкиди аслии Ибни Сино дар идораи мадина, бар қонунманд будани он бавежа бар мабнои шариати илоҳӣ аст. Яъне дар назари вай, шариат маншаи аслӣ ва чорчӯби куллии қавонини мавриди ниёзи мадина ва ҷомеаи башариро ташкил медиҳад.

Ибни Сино дар амри қонунгузорӣ, бо ихтироъ мухолиф аст ва шариати нозилшудаи осмониро мабнои зиндагии маданӣ медонад, вале бо ин ҳол мӯътақид аст, ки “дар шариат фақат чорчӯби аслӣ” — ва ба истилоҳи имрӯзин, қавонини асосӣ ва бунёдин — омадааст, вале қавонини фаръӣ ва тафсилӣ бо тавассул ба иҷтиҳод ва бо истифода аз назароти аҳли машварат (яъне нухбагон ва коршиносон) бо назорати куллии ҳоким ва ба таъбири Ибни Сино “соиси мадина”, сурат мегирад. (6)

Ибни Сино ҷузъиётро ба ӯҳдаи муфассир қарор медиҳад, ки аз тариқи равишҳои забонӣ, тафсири Қуръон ва ривоёт ва дониши усули фиқҳ, саъй дар фаҳми он доранд. (7) Аз назари ӯ, фақат аз ин тариқ аст, ки қонунҳо мутаносиб бо замон ва макони мутағайир, имкони вазъ доранд ва аз ин тариқ аст, ки дар амри қонунгузорӣ миёни ақл ва ваҳй ҷамъ мешавад. Қонунҳо, аз нигоҳи Ибни Сино, шомили ҳавзаҳои дунявӣ ва ухравӣ, яъне моддӣ ва маънавӣ ҳар ду мегардад ва мадина ва иҷтимои инсонӣ аз ҳеч як аз ин ду ҳавза бениёз намебошад. ( 8 )

Анвои низоми сиёсӣ дар андешаи Ибни Сино

1) Низоми сиёсии ваҳдонӣ (худкома): Ибни Сино дар бораи иллати номгузории ин навъ аз низоми сиёсӣ мегӯяд: “Ба ин далел ин ҳукуматро ваҳдонӣ меномем, ки раҳбари он аз ширкат додани ҳар кас дар мақом ва манзилати худ имтиноъ меварзад.” (9) Ҳадафи сиёсати ваҳдонӣ, ба таслими маҳз водоштани мардуми мадина аст;

2) Низоми сиёсии каромат: Дар ин навъ аз ҳукумат, раиси мадина (ҷомеа) масолеҳи мардумро риоят мекунад, аммо на ба хотири ивази моддии хосс, балки барои ин ки онон дар таъзим ва такрими вай бикӯшанд. Ин низоми сиёсӣ эътибор ва ифтихорталаб аст ва дар он иззат ва ифтихори қавмӣ ва миҳанӣ бар ҳама чиз муқаддам аст;

3) Низоми сиёсии фикрия: Ибни Сино ин низомро чунин таъриф мекунад: “Риёсати фикрия чунин аст, ки пешво сарватманд бошад ва риёсат ва раҳбарӣ ва тадбири умури дигаронро ба хотири сарваташ ба даст оварад, аммо бидуни он ки ҷанбаи зӯр ва ғалаба дошта бошад.”

4) Низоми демукросӣ: Ибни Сино айнан вожаи демукросиро – ки вожае юнонӣ аст ва Арасту ва фалосифаи Юнони бостон ба кор бурдаанд – ба кор бурда ва дар таърифи ин низом мегӯяд: “Сиёсати демукросӣ он аст, ки ҳамаи аҳолии мадина (ҷомеа) дар муқобили қонун баробар ва аз ҳуқуқ ва каромати яксоне бархӯрдор бошанд… Дар ин низом касе наметавонад ба ҷуз аз роҳи иҷмоъ ва иттифоқи назари ҳамагон, ба мақоми риёсат бирасад. Онон ҳар вақт бихоҳанд метавонанд он раисро тағйир бидиҳанд.” (10) Ибни Сино мегӯяд: “Ҳадафи ниҳоии низоми демукросӣ озодӣ аст.” (11)

5) Низоми сиёсии суқротӣ: Дар ин низом, раҳбари ҷомеа сирфан ба далели истеҳқоқ ва шоистагие, ки дорад, ба мақоми риёсат расида, чаро ки бар вазъи сунан ва қавонин ва ё ҳифз ва ҳиросати онҳо тавоноӣ дорад.

Низоми сиёсии матлуби Ибни Сино аз миёни ҳамаи низомҳои зикршуда, низоми суқротӣ аст, ки онро дар “Илоҳиёти Шифо” бар низоми нубувват татбиқ додааст. (12)

* * *

Поварақӣ:

(1) Ибни Сино, “Аннаҷоту минал ғарқ фил баҳриз залолот”, с.709.
(2) Абулфазли Шакурӣ, “Фалсафаи сиёсии Ибни Сино”, с.305.
(3) Ибни Сино, манбаи пешин, с.441.
(4) Абулфазли Шакурӣ, манбаи пешин, с.306.
(5) Абулфазли Шакурӣ, манбаи пешин, с.308.
(6) Ибни Сино, “Шифо” (Илоҳиёт), с.452.
(7) Муҳаммади Пизишкӣ, мақолаи “Равоншиносии сиёсӣ дар ҳикмати Машшоъ”, с.180.
( 8 ) Абулфазли Шакурӣ, “Фалсафаи сиёсии Ибни Сино”, с.319.
(9) Муҳаққиқи Домод, “Дин, фалсафа ва қонун”, ба нақл аз “Аҳволун-нафс”-и Ибни Сино, с.69.
(10) Ибни Сино, “Шифо” (Мантиқ), с.62.
(11) Манбаи пешин, с.83
(12) Абулфазли Шакурӣ, “Фалсафаи сиёсии Ибни Сино”, с.329-349.

* * *

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Тоҷнек

Source: Анвои сохторҳо ва низомҳои сиёсӣ дар андешаи Ибни Сино
Via: Анвои сохторҳо ва низомҳои сиёсӣ дар андешаи Ибни Сино
Tags: Анвои сохторҳо ва низомҳои сиёсӣ дар андешаи Ибни Сино
Previous Post

Ҳашт рамзи муваффақият

Next Post

Паёмбари уммӣ – 1

Related Posts

Алӣ
Мавзӯоти доғ

Ҳикматнома

January 3, 2026
Тасмими Меҳрдод
Мавзӯоти доғ

Тасмими Меҳрдод

January 3, 2026
Мақоми ориф дар баёни Бӯалӣ Сино
Мавзӯоти доғ

Рисолаи ишқи Буалӣ Сино

January 3, 2026
Нигоҳе ба зиндагии Шамсуддини Самарқандӣ
Мавзӯоти доғ

Нигоҳе ба зиндагии Шамсуддини Самарқандӣ

January 3, 2026
Достонҳои омӯзанда
Мавзӯоти доғ

Ман ҳоҷате надорам!

January 3, 2026
Як санади торихӣ
Мавзӯоти доғ

Як санади торихӣ

January 3, 2026
Next Post
Паёмбари уммӣ 

Паёмбари уммӣ - 1

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Дарсе фаро гирифтам

Дарсе фаро гирифтам

January 7, 2026
Донишҷӯ ва устод

Донишҷӯ ва устод

January 7, 2026
Мақоми ҳикмат

Мақоми ҳикмат

January 7, 2026
Тарсондан – зулми бузург

Тарсондан – зулми бузург

January 7, 2026

Recent News

Дарсе фаро гирифтам

Дарсе фаро гирифтам

January 7, 2026
Донишҷӯ ва устод

Донишҷӯ ва устод

January 7, 2026
Мақоми ҳикмат

Мақоми ҳикмат

January 7, 2026
Тарсондан – зулми бузург

Тарсондан – зулми бузург

January 7, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Дарсе фаро гирифтам

Дарсе фаро гирифтам

January 7, 2026
Донишҷӯ ва устод

Донишҷӯ ва устод

January 7, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved