Тоҷикони Хуросон – 3
Китобе, ки ҳартоҷик бояд бихонад – III
Бахши севвум
Инак, муҳтавои ҷилди савуми китоби “Тоҷикони Хуросон”:
Фасли сездаҳум “Таъсиси давлати навини Афғонистон” буда, аз талошҳои Абдураҳмонхон барои қудрати сиёсӣ ҳикоят карда, нақши баъзе чеҳраҳои тоҷик дар ҳукумати вайро бозгӯ кардааст. Яке аз бахшҳои ин фасл ба салтанати амир Ҳабибуллоҳ ва таъсири инқилоби болшевикӣ ба сарнавишти тоҷикони Вароруд ва Афғонистон аст. Муаллиф инсоф дода, аз баъзе чеҳраҳои муқовимати тоҷикон алайҳи таҷовузи болшевизм низ ёдоварӣ кардааст. Сипас рӯёрӯии амир Амонуллоҳ ва Ҳабибуллоҳи Калаконии тоҷикро низ тазаккур дода. Бахши муҳими ин фасл қатли шахсиятҳои муҳимми тоҷик тавассути Нодиршоҳ аст. Дар ин бахш аз талошҳои сиёсии тоҷикони Афғонистон дар танвири афкор ва таъсиси аҳзоби сиёсӣ ва таъсиргузории онон ба муҳити иҷтимоиву фарҳангии кишвар мепардозад. Қисмати поёнии фасл ба вазъи илму ҳунар ва шеъру адаби Афғонистон бахшида шудааст.
Фасли чордаҳуми китоб “Тоҷикон аз кудато (табаддулот)-и Савр то давлатҳои пасотолибон” ном дорад. Муҳимтарин бахши ин фасл таҷовузи низомии Шӯравӣ ба хоки Афғонистон ва шаклгирии ҳаракати муқовимат алайҳи он мебошад. Дар ҳамин қисмат аз Масъуди қаҳрамон ва диловариҳои Панҷшеру дигар тоҷикон ёдовар шуда, ҳамзамон муаллиф нуфузи бунёдгароёни машҳури ҷаҳон дар ҷиҳоди Афғонистонро низ бо мисолҳои мушаххас нишон додааст. Ӯ бо таассуф менигорад, ки Афғонистон ба майдони муборизаи размоиши Ғарби сармоядорӣ ва Шарқӣ коммунистӣ гардид ва ин сарзамин муддатҳо ба ғаму андӯҳ нишаст. Қисмати поёнии фасл дар хусуси таҳаввулоти Афғонистон пас аз хуруҷи артиши Шӯравӣ маълумот медиҳад.
Фасли ниҳоии асар “Пирӯзии муҷоҳидин, оғози дигаре барои даргирӣ” аст. Дар ин ҷо таъсиси ҳукумати муҷоҳин ва давраҳои раёсати ҷумҳурии Муҷаддадӣ ва Раббониро шарҳ дода, сипас ба авомили шуруи ҷанги дохилии Афғонистон мепардозад. Устод Муродӣ аз нақши устод Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ Масъуд дар истиқрори оташбас ва сулҳи Тоҷикистон низ ёдоварӣ карда, менависад, ки ҳарчанд нишастҳои Теҳрону Маскав ва Ишқободу Исломобод муҳим буданд, вале тавовуқи сулҳ “дар музокироти Кобулу Хустдеҳ” ба даст омад. Сипас аз нақши хориҷиҳо дар созмондеҳии ҷунбиши Толибон ва ба қудрат расидани он дар Кобул дар соли 1996 мепардозад. Қисмати поёнии асари “Тоҷикони Хуросон” ба ҳаводиси солҳои 2001-2020”-и кишвари Афғонистон ихтисос дода шудааст.
Ин китобро дар як гузориши муфассали дигар нақд карда, айни ҳол ба тоҷикони азиз тавсия медиҳам, ки онро мутолиа кунанд, чун ба ҳар бор хондан биярзад.
(Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Сайфуллоҳ Муллоҷон)
Тоҷнек