• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Ниёгони гузаштаи мо

Ишқро бо ақл нисбат кай тавон

May 25, 2025
in Ниёгони гузаштаи мо
0
Ишқро бо ақл нисбат кай тавон

Ишқро бо ақл нисбат кай тавон

0
SHARES
11
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ишқро бо ақл нисбат кай тавон

Ишқ хону мони ҳар бе хону мон,

Файзро бе ишқ хону мон куҷо?!

Машоҳир ва номоварон

Мулло Мӯҳсини Файзи Кошонӣ

Муҳаммад ибни Шоҳмуртазо машҳур ба Мулло Мӯҳсини Файзи Кошонӣ, ориф, ҳаким ва муҳаддиси номӣ, муосир бо Шоҳ Аббоси дуввум будааст. Ӯ дар дар 14-уми сафари соли 1007 ҳ.қ. дар хонаводае аз табори диёнат ва дониш дида ба ҷаҳон гушуд. Вай дар зиндагиномаи худнавишти хеш мегӯяд:

“Аз ҳамон кӯдакӣ иштиёқи фаровоне ба донишандӯзӣ ва касби камол доштам. Ибтидо улуми адабиёти араб, мантиқ, ҳадис, фиқҳ ва тафсир ва низ усули эътиқодотро назди доии худ, Нуруддин Муҳаммад ибни Зиёуддин дар Кошон омӯхтам ва сипас дар 20-солагӣ ба Исфаҳон, пойтахти илму ҳикмати он рӯзгор рафтам ва пас аз диранге чандсола, ба қасди фарогирии дониши ҳадисшиносӣ ба назди Сайидмоҷид ибни Ҳошими Баҳронии бузург (вафотёфтаи 1028 ҳ.қ.), ҳадиспажӯҳи шиъӣ роҳии Шероз шудам ва дар ин рӯзгор, худро дар мартибае аз дирояти фиқҳӣ ёфтам, ки аз тақлиди дигарон бениёз гардидам.”

Аллома Мулло Мӯҳсини Кошонӣ бо шунидани овозаи илмии шайх Баҳоуддин Муҳаммад Омилӣ (вафотёфтаи 1030 ҳ.қ.) ба Исфаҳон бозмегардад ва пас аз касби иҷозаи ривоят аз ӯ, ба ҳамроҳи бародари худ озими сафари ҳаҷ мешавад. Дар Ҳиҷоз аз наводаи Шаҳиди Сонӣ, шайх Муҳаммад ибни Ҳасан, машҳур ба Фахруддин (вафтёфтаи 1030 ҳ.қ.) иҷозаи ривоят мегирад ва дар бозгашт, ба мусибати фуқдони бародари ҷавони хеш, ки ба дасти роҳзанон ба қатл мерасад гирифтор мешавад.

Вай аз паси солҳо талоши илмӣ ва ҷуръанӯшӣ аз зулоли дониши расмӣ, хештанро сероб намеёбад ва дар пайи донише фаротар аз донишҳои расмӣ ва дарсӣ, ба ҷустуҷӯ мепардозад. Ин ташнакомӣ, саранҷом ӯро дар шаҳри Қум ба орифи илоҳӣ, ҳаким Садруддин Муҳаммади Шерозӣ маъруф ба Мулло Садро (вафотёфти 1050 ҳ.қ.) мерасонад. Мулло Мӯҳсин ӯро ба авсофе ҳамонанди: “Садри аҳли ирфон”, “Моҳи осмони яқин” меситояд ва гоҳ аз ӯ ба ягонаи рӯзгори хеш дар ҳикмат ва ирфон ёд мекунад. Мулло Мӯҳсин 8 сол назди Садро ба таҳсили ҳикмати илоҳӣ ва низ анҷоми риёзатҳои шаръӣ ва муҷоҳидатҳои нафсонӣ мепардозад, то ин ки саранҷом равзанае ба олами қудс ва роҳе ба дунёи бепоёни улуми ботинӣ бар ӯ гушуда мешавад.

Ӯ, ки акнун ба домодии Садруддини Шерозӣ муфтахар аст, аз тарафи ӯ ба лақаби “Файз” низ хонда мешавад. Замоне, ки Мулло Садро роҳии Шероз мешавад, Мулло Мӯҳсин низ ба ҳамроҳи ӯ бад-он диёр мусофират мекунад ва наздик ба ду сол дар Шероз аз дониши раббонии вай баҳра мегирад ва сипас ба ишорати ояте аз Қуръон:

فَلَوْلَا نَفَرَ مِنْ كُلِّ فِرْقَةٍ مِنْهُمْ طَائِفَةٌ لِيَتَفَقَّهُوا فِي الدِّينِ وَلِيُنْذِرُوا قَوْمَهُمْ إِذَا رَجَعُوا إِلَيْهِمْ

(Тавба/122), худро мулзам ба иршоди мардум ва густариши маорифи тавҳидии Расули Худо ва хонадони пок ӯ алайҳимус-салом мебинад. Ба Исфаҳон бозмегардад ва аз роҳи таснифу таълифи китоб ва низ минбару хитоба, ба таблиғи дини осмонии ислом мепардозад.

Аллома Файз саранҷом дар 22 моҳи рабиъуссонии соли 1091 ҳ.қ. ба назди парвардигори хеш шитофт.

Номаш ҳамвора ҷовидон ва ризвони Худованд ҷойгоҳаш бод!

Таълифот ва таснифот

Файзи Кошонӣ умри худро сарфи таълим, тадрис ва таълиф кард. Ӯ пас аз касби маориф ва истифодаи илмӣ ва маънавӣ аз устодони бузурги худ, навиштани китоб ва рисоларо аз 18-солагӣ оғоз намуд ва дар тайи 65 сол наздик ба 200 ҷилд асари нафис дар улум ва фунуни мухталиф таълиф кард, ки муҳимтарин онҳо иборатанд аз:

  1. Тафсири Софӣ;
  2. Тафсири Асфо;
  3. Ал-вофӣ;
  4. Аш-шофӣ;
  5. Ан-наводир;
  6. Ал-маҳаҷҷатул-байзо;
  7. Мафотеҳ аш-шаройеъ;
  8. Рисолаи илмул-яқин;
  9. Рисолаи ҳаққул-яқин;
  10. Рисолаи айнул-яқин;
  11. Ал-ҷабру вал-ихтиёр;
  12. Улфатнома;
  13. Гулзори қудс;
  14. Оби зулол;
  15. Девони қасоид, ғазалиёт ва маснавиёт

ва ғайра…

Намунае аз ашъор ва ғазалиёти Мулло Мӯҳсини Файзи Кошонӣ

Ғайри ишқи рухи дилдор, ғалат буд ғалат,

Ҳар чи кардем ҷуз ин кор, ғалат буд ғалат.

Ҳар чи гуфтему шунидем, хато буд хато,

Ҷуз ҳадиси лаби дилдор, ғалат буд ғалат.

Кош аввал шудаме аз ду ҷаҳон бегона,

Ошноӣ ба ҷуз он ёр, ғалат буд ғалат.

Ин ки гуфтанд вафоӣ ба ҷаҳон мебошад,

Мо надидем вафодор, ғалат буд ғалат.

Ёри ғамхори вафодор ба ҷуз дӯст набуд,

Сухани ёрии ағёр, ғалат буд ғалат.

Ҳаваси гулшани фирдавс сабук буд сабук,

Ишваи дании ғаддор, ғалат буд ғалат.

Эй бародар, зи ман рост шунав ҳарфи дуруст,

Ҳар чи ҷуз ёру ғами ёр, ғалат буд ғалат.

Файз ҷуз ишқу ғами ишқ дигар чизе нест,

Кори дигар ба ҷуз ин кор, ғалат буд ғалат.

* * *

Ҳар дамам неше зи хеше марасад бо ошно,

Умр шуд дар ошноиҳову хешиҳо ҳабо.

Кинаҳо дар синаҳо доранд хешон аз ҳасад,

Ошноён дар пайи ганҷинаҳои умрҳо.

Ҳеч озоре надидам ҳаргиз аз бегонае,

Ҳар ғаме, к-омад ба дил, аз хеш буду ошно.

Баҳри дилро тира гардонад чу хеше бигзарад,

Мезанад бар дил лагад чун ошно кард ошно.

Хеш мехоҳад набошад хеш бар рӯйи замин,

То бирезад рӯзии он бар сари ин аз само.

Чун саломе мекунад сангест бар дил мех(в)арад,

Бе салом ар бигзарад бар ҷони хулд з-он хорҳо.

Роҳатӣ мар ошноро з-ошноӣ кам расад,

Нест розӣ ошноӣ аз сулуки ошно.

Шиква кам кун Файз аз ёрону дар худ кун назар,

То чӣ гуна мекунӣ дар баҳри дилҳо ошно.

Гар зи ман пурсӣ зи хешу ошно, бегона шав.

Бо Худои хеш мебош ошнову ошно.

* * *

Илми расмӣ аз куҷо, ирфон куҷо?!

Дониши фикрӣ куҷо, виҷдон куҷо?!

Ишқро бо ақл нисбат кай тавон,

Шоҳи фармондеҳ куҷо, дарбон куҷо?!

Дӯстро дод ӯ нишони диди ин аён,

Ку нишону дидани ҷонон куҷо?!

Кай ба ҷонон мерасад бе ишқ ҷон,

Ҷони бе ишқ аз куҷо, ҷонон куҷо?!

Кай диле бе ишқ бинад рӯйи дӯст,

Қатраи хун аз куҷо, Уммон куҷо?!

Ҷону дил ҳамишқ бошад дар бадан,

Зоҳидонро дил куҷо ё ҷон куҷо?!

Дардҳоро ишқ дармон мекунад,

Дардро бе ошиқӣ дармон куҷо?!

Ишқ инро ину инро он кунад,

Гар набошад ишқ, ину он куҷо?!

Ҳам сари мо ишқу ҳам сомони мо,

Сар куҷоӣ ишқ ё сомон куҷо?!

Ишқ хону мони ҳар бе хону мон,

Файзро бе ишқ хону мон куҷо?!

(istaravshani.com)

Тоҷнек

Source: Ишқро бо ақл нисбат кай тавон
Via: Ишқро бо ақл нисбат кай тавон
Tags: Ишқро бо ақл нисбат кай тавон
Previous Post

Ақли муаллим

Next Post

Сифоти мӯъмин дар баёни Расули Акрам(с)

Related Posts

Шахсият ва фазоили Имом Содиқ(а)
Ниёгони гузаштаи мо

Шахсият ва фазоили Имом Содиқ(а)

May 28, 2025
Мулло Садро
Ниёгони гузаштаи мо

Мароҳили ҳаёти илмии Мулло Садро

May 26, 2025
Мусаввараи Ғуломи Хушбахт
Инсон ва инсоният

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум
Ниёгони гузаштаи мо

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025
История Афганистана
Ниёгони гузаштаи мо

Тоҷикони Хуросон – 3

April 26, 2025
 Тоҷикон дар меҳвари давлатҳои Хуросон то ҳуҷуми муғул
Ниёгони гузаштаи мо

 Тоҷикон дар меҳвари давлатҳои Хуросон то ҳуҷуми муғул

April 26, 2025
Next Post
Хислатҳои барҷастаи Паёмбари Акрам(с) дар Қуръони Карим

Сифоти мӯъмин дар баёни Расули Акрам(с)

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Оятуллоҳ Хоманаӣ

Паёми ваҳдат

May 31, 2025
Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

Ҳаҷ – табақаҳои иҷтимоиро ба ҳам наздик месозад

May 31, 2025
Оё Анушервон одил буд?

Оё Анушервон одил буд?

May 30, 2025
Достони ҷолиб аз Анушервон

Достони ҷолиб аз Анушервон

May 30, 2025

Recent News

Оятуллоҳ Хоманаӣ

Паёми ваҳдат

May 31, 2025
Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

Ҳаҷ – табақаҳои иҷтимоиро ба ҳам наздик месозад

May 31, 2025
Оё Анушервон одил буд?

Оё Анушервон одил буд?

May 30, 2025
Достони ҷолиб аз Анушервон

Достони ҷолиб аз Анушервон

May 30, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Оятуллоҳ Хоманаӣ

Паёми ваҳдат

May 31, 2025
Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

Ҳаҷ – табақаҳои иҷтимоиро ба ҳам наздик месозад

May 31, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved