• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Ниёгони гузаштаи мо

Мароҳили ҳаёти илмии Мулло Садро

May 26, 2025
in Ниёгони гузаштаи мо
0
Мулло Садро

Мулло Садро

0
SHARES
4
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Мароҳили ҳаёти илмии Мулло Садро

Мароҳили ҳаёти илмии Мулло Садро

Мулло Садрои Шерозӣ

Садруддин Муҳаммад ибни Иброҳими Қивоми Шерозӣ (979-1050 ҳ.қ), мулаққаб ба Садрулмутааллиҳин ё Мулло Садро, ҳаким, файласуф, ориф, бунёнгузори Ҳикмати мутаолия, дар 9-уми ҷумодӣ ал-улои соли 979 ҳ.қ. дар Шероз дида ба ҷаҳон гушуд.

Таҳсилот

Ӯ дар домани падар омӯзиш дид ва вақте падар вафот ёфт, барои такмили таҳсилоти худ ба Исфаҳон, ки маркази дониш дар аҳди Сафавия буд, муҳоҷират кард. Дар ибтидои вуруд ба ҳавзаи Исфаҳон, дар дарси шайх Баҳоуддини Омилӣ ширкат кард. Садрулмутааллиҳин ҳамаи амволеро, ки падараш бар ҷой гузошта буд, дар роҳи таҳсили дониш сарф кард.

Ӯ ба мактаби фалсафӣ-ирфонӣ, ки дар он замон пайравони зиёде дошт рӯй овард. Ин мактаб чунон иштиёқеро дар ӯ барангехт, ки роҳро бар дигар гароишҳои ӯ баст ва аз ӯ ориф ва файласуф ва мутааллиҳе ягона ва бе‏назир падид овард. Ӯ худ ба ин ишқу иштиёқ, дар муқаддимаи “Асфор” ишора карда ва гуфтааст: “Барои дарки фалсафаи илоҳӣ, дар ҷавонӣ талоши бисёре кардам.”

Ишқи ӯ ба фалсафа ва гароиш ба он, мӯҷиби ҷалби таваҷҷӯҳи ӯ ба дарси файласуфи асри худ, Муҳаммадбоқири Мирдомод (вафотёфтаи 1040 ҳ.қ.) шуд.

Мароҳили ҳаёти илмии Мулло Садро

Бо барраси зиндагии илмии Садрулмутааллиҳин, се марҳилаи асосӣ дар зиндагии ӯ қобили ташхис аст, ки паймудани ин мароҳил, аз ӯ файласуфе бузург падид овардааст:

1) Марҳилаи аввал, давраи шогирдии ӯст, ки давраи баҳсу баррасии назарияҳои мутакаллимон ва фалосифа ва гуфтугӯҳои онҳост. Маълум ме‏шавад, ҳанӯз равиши ирфонии ӯ шакл нагирифта будааст ва сухани ӯ дар муқаддимаи тафсири сураи Воқеа, ба ҳамин нукта ишора дорад:

“Дар гузашта, ба баҳсу такрор иштиғоли фаровон доштам ва китобҳои ҳукамо ва фалосифаро бисёр ме‏хондам, то он ҷо, ки ме‏пиндоштам, ба донише даст ёфтаам, аммо ҳангоме, ки ба ёфтаҳои худ назар кардам, бо вуҷуди ин ки дар бораи мабдаъу маъод ва муназзаҳ будани Худованд аз сифоти имкону ҳудус ва ҳамчунин бахше аз масоил дар бораи нафси инсонӣ бисёр матолибе ме‏донистам, дарёфтам, ки бо дониши воқеӣ ва ҳақиқати ҳастӣ, ки ҷуз аз тариқи мукошифа ва завқ ба даст наме‏ояд, бегона ҳастам.”

Муроди ӯ аз дониши воқеӣ, мукошифоти ирфонӣ аст. Дар муқаддимаи “Асфор”, аз ин ки дар ибтидои умри худ, дар гароиш ба равиши аҳли баҳс (фалосифа ва мутакаллимон) зиёда‏рави карда, изҳори пушаймонӣ кардааст:

“Аз ин ки бахше аз умри худро дар ҷустуҷӯи назарияҳои фалосифа ва мутакаллимони муҷодилагар ва нозук‏андешиҳои онон ҳадар додам ва ба фарогирии ҷурбузаи онон дар сухан ва чигунаги мубоҳиса пардохтам, истиғфор ме‏кунам.”

Ҳарчанд ӯ пушаймонии худро аз ҳадар додани ин давра баён дошта, аммо дар давраи охири умри худ, ки давраи нигориши осораш аст ва дар ин осор, равиши баҳсӣ (фалсафӣ-каломӣ) ва равиши ирфониро ҷамъ карда, аз равиши аҳли баҳс баҳраи фаровон бурдааст, ки мо дар бахше дигар (бахши мактаби илмии ӯ), аз он сухан хоҳем гуфт. Илова бар ин, дар ин давра, ӯ фақат равиши баҳсиро дар пеш нагирифта, балки омехтае аз равиши баҳсӣ ва ирфониро асоси тафаккури худ қарор додааст, ҳарчанд ҳанӯз дар андешаи ӯ, ин равиш шакл нагирифта буда, чунонки дар он давра, қоил ба ваҳдати вуҷуд буд ва рисолаи “Тарҳ ал-кавнайн”-ро дар бораи ваҳдати вуҷуд навиштааст.

2) Марҳилаи дуввум, давраи гӯшанишинӣ ва дурӣ аз мардум ва рӯй овардан ба ибодат ва риёзат дар баъзе аз кӯҳҳои дурдаст воқеъ дар Каҳак, аз рустоҳои Қум ме‏бошад. Ин гӯша‏нишинӣ, муддати 15 сол ба тӯл анҷомид.

Садрулмутааллиҳин шарҳи гӯшанишинии худро дар муқаддимаи “Асфор” баён кардааст:

“Ман вақте дидам, замона бо ман сари душманӣ дорад ва ба парвариши арозилу ҷуҳҳол машғул аст ва рӯз ба рӯз шӯълаҳои оташи ҷаҳолат ва гумроҳӣ барафрӯхтатар ва бадҳолӣ ва номардӣ фарогиртар мешавад, ночор рӯй аз фарзандони дунё бартофтам ва доман аз маърака берун кашидам ва аз дунёи хамудӣ ва ҷумуд ва носипосӣ, ба гӯшае паноҳ бурдам ва дар инзивои гумномӣ ва шикастаҳолӣ пинҳон шудам, дил аз орзуҳо буридам ва ҳамроҳи шикастадилон бар адои воҷибот камар бастам ва кӯтоҳиҳои гузаштаро дар баробари Худои бузург ба талофӣ бархостам. На дарсе гуфтам ва на китобе таълиф намудам, зеро изҳори назар ва тасарруф дар улуму фунун ва илқои дарс ва рафъи ишколоту шубуҳот ниёзманди тасфияи руҳ ва андеша, таҳзиби хаёл аз нобасомонӣ ва ихтилол, пойдории авзоъу аҳвол ва осоиши хотир аз кудурату малол аст ва бо ин ҳама ранҷу малоле, ки гӯш мешунавад ва чашм мебинад, чӣ гуна чунин фароғате мумкин аст… ночор аз ҳамроҳӣ бо мардум, дил кандам ва аз унс бо онон маъюс гаштам, то он ҷо, ки душмании рӯзгор ва фарзандони замона бар ман саҳл шуд ва нисбат ба инкору иқрорашон ва иззату иҳонаташон беэътино шудам, он гоҳ рӯйи фитрат ба сӯйи сабабсози ҳақиқӣ намуда, бо тамоми вуҷудам дар боргоҳи қудсаш ба тазаррӯъ ва зорӣ бархостам ва муддате тӯлони бар ин ҳол гузарондам. Саранҷом дар асари тӯли муҷоҳидат ва касрати риёзат, нури илоҳӣ дар даруни ҷонам тобидан гирифт ва дилам аз шӯълаи шуҳуд муштаъил гашт, анвори малакутӣ бар он ифоза шуд ва асрори ниҳонии Ҷабарут бар вай гушуд ва дар пайи он ба асроре даст ёфтам, ки дар гузашта намедонистам ва рамзҳое бароям кашф шуд, ки ба он гуна, аз тариқи бурҳон наёфта будам ва ҳар чи аз асрори илоҳӣ, ҳақоиқи рубубӣ, вадиъаҳои аршӣ ва рамзу рози самадиро, ки бо кӯмаки ақлу бурҳон медонистам, бо шуҳуду аён, равшантар ёфтам. Дар ин ҷо буд, ки ақлам ором гирифт ва истироҳат ёфт ва насими анвори Ҳақ субҳу аср ва шабу рӯз бар он вазид ва он чунон ба Ҳақ наздик шуд, ки ҳамвора бо ӯ ба муноҷот нишаст.” (Асфор, ҷ.1, с.7)

3) Марҳилаи севвум, марҳилаи халқи осори арзишманди бурҳонӣ, ирфонӣ ва қуръонӣ аст. Китоби “Асфор”, нахустин ва гаронмоятарин маҳсули ин давра ва муштамил бар ҳамаи афкор ва назарияҳои ҷадид ва мукошифоти ирфонии Мулло Садро ва асоси дигар навиштаҳои ӯст.

Мактаби фалсафии Мулло Садро

Ба назари Садрулмутааллиҳин, дониш аз ду роҳ ба даст ме‏ояд:

1) Гуфтугӯ ва фарогирӣ ва омӯзиш, ки бар пояи қиёсҳо ва муқаддимоти мантиқӣ устувор аст;

2) Илми ладуннӣ, ки аз роҳи илҳом ва кашф ва ҳадс ба даст ме‏ояд.

Илми ладуннӣ, танҳо бо пок гардондани нафс аз шаҳватҳо ва лаззатҳо ва раҳоӣ аз олудагиҳо ва нопокиҳои дунё ба даст меояд. Инҳо боис мешавад, ки зангорҳо аз дил зудуда гардад ва ҳақоиқи ашё дар он инъикос ёбад, зеро ки нафси одамӣ он гоҳ, ки дорои сиришт ва табиати сонавӣ шавад, бо ақли фаъол муттаҳид ме‏гардад.

Аз дидгоҳи Садро, илми ладуннӣ қавитар ва муҳкамтар аз дигар улум аст ва дастрасӣ ба он маҳол нест, чаро ки анбиё ва авсиё ва авлиё ва урафо ба он даст ёфтаанд. Садро, гарчӣ илми шуҳудӣ ва ладунниро бисёр ситоиш мекунад ва басанда кардан ба мабоҳиси бурҳониро фаровон накӯҳиш менамояд, бо ин ҳама, мӯътақид аст, ки инсон ба ҳар ду илм ниёзманд аст ва бояд бурҳону ирфонро бо ҳам ҷамъ намояд, чунонки худи вай ҷамъ намуда ва танҳо касе аст, ки дар ин ҷамъ муваффақ буда ва ба дараҷае расида, ки ҳеч як аз фалосифа ва урафои исломи ба он нарасидааст, чунонки худ дар ҷоҳои мутаъаддид ба ин маъно тасреҳ ва таъкид кардааст.

Бо тааммул дар осори Садрулмутааллиҳин, ба ин ҳақиқат мерасем, ки вай шаръу ақлро на мухолиф бо якдигар, ки муъолиф бо ҳамдигар, на дар баробари ҳам, ки дар бар ҳам медонад ва ҳар дуро равшангари як ҳақиқат мехонад, ба гунае, ки метавон осори динии ӯро шарҳи фалсафаи вай бо забони шариат, ё бигӯ: шарҳи бурҳон бо забони Қуръон донист ва осори фалсафии ӯро тафсири шариат бо забони фалсафа, ё бигӯ: тафсири Қуръон бо забони бурҳон хонд.

Ҳол агар ин вежагӣ (татобуқи Қуръону бурҳон)-ро ба вежагии пешин (ҷамъ миёни ирфону бурҳон) замима кунем, ба ин натиҷаи бадеҳӣ мерасем, ки Садрулмутааллиҳин бинои азими Ҳикмати мутаолияро дар мусалласе, ки як зилъи он Қуръон, як зилъи он ирфон ва зилъи дигараш бурҳон аст, тарроҳӣ ва муҳандисӣ намудааст.

Вафот

Садрулмутааллиҳин борҳо бо пойи пиёда ба зиёрати байтуллоҳ шитофт, вале дар оғоз ё поёни ҳафтумин сафар, дар соли 1050 ҳ.қ, дар синни 70 солагӣ, дар шаҳри Басра ҷон ба Ҷонофарин супурд. Пайкари ӯро ба шаҳри Наҷаф бурданд ва дар тарафи чапи саҳни ҳарами Имом Алӣ ба хок супурданд.

Осори Мулло Садроро болиғ бар 50 донистаанд, ки муҳимтарини онҳо “Ал-асфор ал-арбаа” ё “Ал-ҳикматул-мутаолия фӣ ал-асфор ал-ақлия” аст.

Source: Мароҳили ҳаёти илмии Мулло Садро
Via: Мароҳили ҳаёти илмии Мулло Садро
Tags: Мароҳили ҳаёти илмии Мулло Садро
Previous Post

Дӯсти худат бош

Next Post

Пирамарди китобфурӯш

Related Posts

Шахсият ва фазоили Имом Содиқ(а)
Ниёгони гузаштаи мо

Шахсият ва фазоили Имом Содиқ(а)

May 28, 2025
Ишқро бо ақл нисбат кай тавон
Ниёгони гузаштаи мо

Ишқро бо ақл нисбат кай тавон

May 25, 2025
Мусаввараи Ғуломи Хушбахт
Инсон ва инсоният

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум
Ниёгони гузаштаи мо

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025
История Афганистана
Ниёгони гузаштаи мо

Тоҷикони Хуросон – 3

April 26, 2025
 Тоҷикон дар меҳвари давлатҳои Хуросон то ҳуҷуми муғул
Ниёгони гузаштаи мо

 Тоҷикон дар меҳвари давлатҳои Хуросон то ҳуҷуми муғул

April 26, 2025
Next Post
Пирамарди китобфурӯш

Пирамарди китобфурӯш

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Оятуллоҳ Хоманаӣ

Паёми ваҳдат

May 31, 2025
Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

Ҳаҷ – табақаҳои иҷтимоиро ба ҳам наздик месозад

May 31, 2025
Оё Анушервон одил буд?

Оё Анушервон одил буд?

May 30, 2025
Достони ҷолиб аз Анушервон

Достони ҷолиб аз Анушервон

May 30, 2025

Recent News

Оятуллоҳ Хоманаӣ

Паёми ваҳдат

May 31, 2025
Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

Ҳаҷ – табақаҳои иҷтимоиро ба ҳам наздик месозад

May 31, 2025
Оё Анушервон одил буд?

Оё Анушервон одил буд?

May 30, 2025
Достони ҷолиб аз Анушервон

Достони ҷолиб аз Анушервон

May 30, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Оятуллоҳ Хоманаӣ

Паёми ваҳдат

May 31, 2025
Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

Ҳаҷ – табақаҳои иҷтимоиро ба ҳам наздик месозад

May 31, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved