Оё мусиқӣ аз дидгоҳи ислом ҳаром аст? – I
Бахши аввал
Баҳсе мабсут дар бораи мусиқӣ ва ғино ва дидгоҳи ойини ислом дар бораи он
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Ғино ва овоз хондан яке аз масоиле аст, ки фуқаҳои исломӣ — аз садри ислом то кунун — дар мавриди он ихтилофи назар доранд. Дар ин мақола, ки аз се бахш иборат хоҳад буд саъй шудааст, тамоми қавлҳо дар ин мавзӯъ ҳамроҳ бо далелҳояшон оварда шуда ва мавриди баррасии дақиқ қарор бигирад, то бибинем, қавли чӣ касоне бо мизони шариат дуруст аст; оё қавли касоне ки ғиноро ба сурати мутлақ (яъне ҳар навъ ғино ва мусиқиро) ҳаром донистаанд, ё гуфтори касоне ки онро мубоҳ ва ҷоиз донистаанд ва ё сухани касоне ки қоил ба тафсиланд, яъне бархе аз мавориди ғиноро ҳаром ва бархе дигарро мубоҳ ва ҷоиз шумурдаанд.
Баррасии далели фуқаҳое, ки мегӯянд, мусиқӣ ҳаром аст:
а) Фуқаҳое, ки мусиқиро ҳаром медонанд, ба гуфтори Ибни Масъуд ва Ибни Аббос ва баъзе аз тобеъин ишора мекунанд, ки онон бо истидлол ба ояти зерин аз Қуръони Карим, қоил ба ҳаром будани мусиқӣ буданд:
وَمِنَ النَّاسِ مَن یشْتَرِی لَهْوَ الْحَدِیثِ لِیضِلَّ عَن سَبِیلِ اللَّهِ بِغَیرِ عِلْمٍ وَیتَّخِذَهَا هُزُوًا أُولَئِکَ لَهُمْ عَذَابٌ مُّهِینٌ
«Баъзе аз мардум касоне ҳастанд, ки ҳарфҳои лағв ва беҳударо мехаранд, то аз рӯйи нодонӣ дигаронро аз роҳи Худо гумроҳ намоянд ва оятҳои Худоро ба масхара бигиранд. Чунин афроде дар азоби шадид ва хоркунандае қарор хоҳанд гирифт.» (Сураи Луқмон, ояти 6)
Ин гурӯҳ «лаҳвул-ҳадис» (сухани лаҳв ва беҳуда)-ро ба «овоз хондан» тафсир кардаанд. Ибни Ҳазм мегӯяд:
لا حجة في هذا كله لوجوه، أحدها أنه لا حجة لاحد دون رسول الله صلى الله عليه وسلم، والثانى أنه قد خالف غيرهم من الصحابة والتابعين، والثالث أن نص الآية يبطل احتجاجهم بها لانه فيها (ومن الناس من يشترى لهو الحديث ليضل عن سبيل الله بغير علم ويتخذها هزوا أولئك لهم عذاب مهين) وهذه صفة من فعلها كان كافرا بلا خلاف، إذا اتخذ سبيل الله تعالى هزوا، ولو أن امرءا اشترى مصحفا ليضل به عن سبيل الله ويتخذها هزوا لكان كافرا، فهذا هو الذى ذم الله وما ذم قط عزوجل من اشترى لهو الحديث ليلتهى به ويروح نفسه لا ليضل عن سبيل الله تعالى فبطل تعلقهم بقول كل من ذكرنا، وكذلك من اشتغل عامدا عن الصلاة بقراءة القرآن. أو بقراءة السنن: أو بحديث يتحدث به أو بنظر في ماله أو بغناء أو بغير ذلك عهو فاسق عاص لله تعالى. ومن لم يضيع شيئا من الفرائض اشتغالا بما ذكرنا فهو محسن
«Ин оят рабте ба «овоз хондан» надорад, ба чанд далел:
Аввалан, ба ҷуз суннати Расул Акрам (с), гуфтор ва кирдори ҳеҷ касе барои мо ҳуҷҷат нест;
Сониян, назари дигар асҳоб ва тобеъин мухолифи назари ин даста аз таҳримкунандагон аст;
Солисан, худи оят истидлоли ононро ботил мекунад, зеро оят мефармояд: «Баъзе аз мардум касоне ҳастанд, ки ҳарфҳои лағв ва беҳударо мехаранд, то…» Ва касе ки чунин коре мекунад, бидуни шак кофир аст агар роҳи Худоро ба масхара гирад. Ҳатто агар марде Қуръон бихарад, то мардумро аз роҳи Худо гумроҳ созад ва онро истеҳзо кунад, ӯ кофир хоҳад буд. Пас ин сифат аст, ки Худованди Мутаъол мазаммат мекунад. Яъне касонеро, ки динро ба масхара мегиранд, мазаммат мекунад. Вале ба ҳеҷ сурат дар инҷо дар мақоми мазаммати афроде, ки мехоҳанд барои тафреҳ овоз бихонанд, то ба руҳи худ оромиш ва таскин бидиҳанд ва дар пайи гумроҳии мардум аз роҳи Худо ва истеҳзои дин нестанд, намебошад. Бинобар ин, ҳар кас амдан ҳатто барои қироати Қуръон ва ҳадис ва ривоёт ё касби мол ва сарват ё овозхонӣ ва монанди инҳо, аз адои намози фарз рӯй гардонад, фосиқ аст ва кораш ҳаром аст, вале агар бо вуҷуди иштиғол ба ин маворид, ҳеҷ як аз воҷиботи худро зойеъ нагардонад, некӯкор аст.» (Алмуҳалло, Ибни Ҳазм, 9/60)
б) Истидлоли дуввуми таҳримкунандагон ин ояти Қуръон аст, ки дар ситоиши мӯъминон мефармояд:
وَاذَا سَمِعُوا الَّغْوَ أعْرَضُوا عَنْهُ
«Ва (мӯъминон) чун лағве бишнаванд, аз он рӯй барметобанд.» (Сураи Қасас, ояти 55)
Дар ҷавоби ин истидлол Аллома Юсуф Қарзовӣ мегӯяд:
«Зоҳири оят баёнгари он аст, ки вожаи «лағв» гуфтори қабеҳ ва зишт монанди дашном ва амсоли он аст; зеро давоми оят ҳаминро мерасонад:
وَاِذَا سَمِعُوا اللَّغْوَ اَعْرَضُوا عَنْهُ وَ قَالُوا لَنَا اَعْمَالُنا و لَکُمْ اَعْمَالُکُم سلامٌ علیکم لا نَبْتَغِی الجاهلین
«Ва (мӯъминон) чун лағве бишнаванд, аз он рӯй барметобанд ва мегӯянд: «Моро кирдорҳои мост ва шуморо кирдорҳои шумо, салом бар шумо, хоҳони (ҳамроҳӣ бо) нодонҳо нестем.»
Ин оят ҳамонанди сухани дигари Худованди Мутаол аст, ки дар тавсифи бандагони ростини Худо мефармояд:
وَإذَا خَاطَبَهُمُ الْجَاهِلُونَ قَالُوا سَلاماً
«Ва чун нодонҳо эшонро тарафи хитоб қарор диҳанд, ба мулойимат посух медиҳанд.» (Сураи Фурқон, ояти 64)
Бинобар ин, ин оят наметавонад далеле бар вуҷуби рӯй гардондан ва иҷтиноб аз «овозхонӣ» бошад. Вожаи «лағв» ҳамчун вожаи «ботил», ба маънои беарзиш ва бефоида аст, ва шунидани ҳар чизи бефоида ҳаром нест, магар ин ки ба василаи он ҳаққе зойеъ гардад ё шахс аз адои воҷиботи динӣ ва дунявӣ бозмонад.
Имом Ғаззолӣ дар китоби Эҳёи улуми дини худ овардааст: «Аз Ибни Ҷурайҳ ривоят шуда, ки ӯ самоъро ҷоиз медонист. Касе ба эшон гуфт: оё самоъ дар рӯзи қиёмат аз ҷумлаи ҳасаноти шумо ба шумор меояд ё аз ҷумлаи сайиоти шумо? Дар посух гуфт: самоъ на аз ҷумлаи ҳасанот аст ва на аз ҷумлаи сайиот, балки шабеҳи сухани лағв аст, ки Худованди Мутаол дар бораи он мефармояд:
لا یُؤاخِذُکُم اللهُ بِاللَّغْوِ فی اَیْمَانِکُمْ
«Худованд шуморо ба савгандҳои лағватон (беҳудаатон) муохиза намекунад.» (Эҳёи улуми дин, 2/280)
Сипас Имом Ғаззолӣ мегӯяд:
فإذا كان ذكر اسم الله تعالى على الشيء على طريق القسم من غير عقد عليه ولا تصميم والمخالفة فيه مع أنه لا فائدة فيه لا يؤاخذ فكيف يؤاخذ به بالشعر والرقص
«Пас агар бурдани номи Худо дар савганд бидуни ният ва тасмим ва мухолифат, мавриди муохиза набошад, пас чӣ гуна Худованди Мутаол инсонро ба воситаи шеър ва рақс мавриди муохиза қарор хоҳад дод?» (Ҳамон манбаъ)
Ибни Ҳазм дар китоби «Алмуҳалло» дар радди дидгоҳи касоне ки мусиқиро ҷоиз намедонанд, мегӯяд:
واحتجوا فقالو: من الحق الغناء أم من غير الحق ولا سبيل إلى قسم ثالث؟ فقالوا: وقد قال الله عزوجل: (فماذا بعد الحق الا الضلال) فجوابنا وبالله تعالى التوفيق ان رسول الله صلى الله عليه وسلم قال: (انما الاعمال بالنيات ولكل امرئ ما نوى) فمن نوى باستماع الغناء عونا على معصية الله تعالى فهو فاسق وكذلك كل شئ غير الغناء ومن نوى به ترويح نفسه ليقوى بذلك على طاعة الله عزوجل وينشط نفسه بذلك على البر فهو مطيع محسن وفعله هذا من الحق ومن لم ينو طاعة ولا معصية فهو لغو معفو عنه كخروج الانسان إلى بستانه متنزها وقعوده على باب داره متفرجا وصباغه ثوبه لازورديا أو أخضر أو غير ذلك ومد ساقه وقبضها وسائر أفعاله
«Истидлоли манъкунандагони мусиқӣ ин аст, ки мегӯянд: «Овоз ё ҳаққ аст ё ботил, шиққи севвуме надорад. Худованди Мутаол мефармояд: «Пас аз ҳаққ ҷуз гумроҳӣ чист?» Ба кӯмак ва тавфиқи Худованд дар ҷавоби ин идда мегӯем, ин раъй ва истидлол саҳеҳ нест, зеро Паёмбари Акрам (с) мефармояд: «Арзиши ҳар коре ба нияти он аст ва ҳар касе подоши нияти худро дарёфт медорад.» Бинобар ин, агар нияти шахс дар шунидани овоз – монанди ҳар кори дигаре — кӯмак ба маъсияти Худо бошад, он шахс фосиқ ва шунидани овоз ҳамонанди соири корҳои дигар ҳаром аст. Вале агар касе нияташ ин бошад, ки бо овозхонӣ руҳаш шод гардад ва нороҳатиро аз худ ва дигарон дур созад, то ҳама бо қалби ором ва пурнишот машғули ибодати Худо шаванд, чунин шахсе дурусткор аст ва кораш аз аъмоли дуруст маҳсуб мешавад. Аммо касоне ки одат ба овозхонӣ доранд, аммо на нияти хайр пушти он аст ва на қасди кӯмак ба гуноҳ, ин навъ овозхонӣ аз лағвҳои бахшудааст. Амали ӯ монанди рафтори фарде аст, ки барои тафреҳ ба боғ меравад ё ҷилави дари манзилаш менишинад ё фалон ранги либосро интихоб менамояд ё пояшро дароз ё ҷамъ мекунад ва монанди инҳо.» (Алмуҳалло, Ибни Ҳазм, 9/60)
ҷ) Истидлоли дигари таҳримкунандагони овоз ин ҳадис аст:
کُلُّ لَهْوٍ یَلْهُو به المُؤْمَنُ فَهُوَ باطِلٌ اِلا ثَلاثةً: مُلاعَبَةَ الرَّجُلِ اَهْلَهُ و تَاْدیبَه فَرَسَهُ وَ رَمْیَه عَنْ قَوْسِه
«Ҳар чизе ки инсонро ба худ машғул созад ботил аст, магар се хислат: бозӣ ва шӯхӣ бо ҳамсар; таълим додани аспсаворӣ; тирандозӣ.» (Ин ҳадисро соҳибони сунани ҷаҳоргона нақл кардаанд) Пас, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки овоз хондан хориҷ аз ин се маврид аст, пас ботил аст.
Аллома Юсуф Қарзовӣ мӯътақид аст, ки ин ҳадис заиф аст. Ӯ мегӯяд, ҳатто агар саҳеҳ ҳам бошад, сабаби таҳрими овоз хондан намешавад; зеро дар ҳадиси набавӣ «пас ботил аст» бар таҳрими он далолат надорад, балки баёнгари бефоида будан ва беҳудагии он аст.
Аз Абудардо ривоят шуда, ки мегуфт:
اِنِّی لأسْتَجِم نفسی بِالشَّیءِ مِنَ الْباطِلِ لِیَکُونَ أقْوْی لها عَلَی الحَقِّ
«Ман ба василаи чизе аз корҳои ботил (беҳуда), нафсамро истироҳат медиҳам, то барои анҷоми корҳои дуруст ва саҳеҳ нерӯ гирад.»
Аллома Қарзовӣ дар идома мегӯяд, илова бар ин, мавориди сегонаи зикршуда дар ҳадис инҳисорӣ нест, зеро ҳадиси рақси ҳабашиҳо дар масҷиди набавӣ ва ташвиқашон аз ҷониби Расули Худо (с) ва нигоҳ кардани ҳазрати Оиша (р) ба онон, хориҷ аз умури сегона дар ин ҳадис аст. Дар ҳадиси саҳеҳ собит шудааст, ки тафреҳ дар боғҳо ва шунидани садоҳои парандагон ва анвои бозиҳо ҳеҷ кадом ҳаром нест, ҳарчанд ки навъе беҳуда ҳастанд. Яъне ҳар беҳудае ҳаром нест.
Идома дорад…
Тоҷнек