Шахсият ва фазоили Имом Содиқ(а)
Таърихи ислом
Ҷоҳиз, ки яке аз донишмандони бузурги аҳли суннат аст, дар бораи шахсияти илмии Имом Содиқ (а) менависад:
“Имом Содиқ (а) чашмаҳои дониш ва ҳикматро дар рӯйи замин шикофт ва барои мардум дарҳое аз дониш кушод, ки беш аз ӯ маъҳуд набуд ва ҷаҳон аз дониши ӯ саршор гардид.”
Исми эшон: Ҷаъфар ибни Муҳаммад (а).
Лақабашон: Содиқ, Мусаддиқ, Муҳаққиқ, Кошифул-ҳақоиқ, Фозил, Тоҳир, Собир.
Кунияҳояшон: Абӯабдуллоҳ, Абӯисмоил ва Абӯмӯсо.
Номи падар: Имом Муҳаммади Боқир (а).
Номи модар: Фотима (Умми Фарва) духтари Қосим ибни Муҳаммад ибни Абӯбакр.
Замони таваллуд: таърихнависони шиъа ва суннӣ дар бораи таърихи таваллуди он бузургвор ихтилофи назар доранд. Бархе таърихи таваллуди эшонро 17-уми Рабиъул-аввали соли 83-уми ҳиҷрии қамарӣ дар рӯзи ҷумъа ё душанбе дар ҳангоми тулӯи фаҷр мусодиф бо милоди ҳазрати Расул (с) медонанд ва аммо бархе вилодати эшонро рӯзи сешанбе 7-ум ё 8-уми Рамазони соли 80-уми ҳиҷрии қамарӣ зикр кардаанд.
Маҳалли таваллуди ин имоми бузургвор Мадинаи Мунаввара аст ва дар синни 65 солагӣ дар 25-уми Шавволи соли 148-и ҳиҷрӣ ё 25-уми Раҷаб тавассути Мансури Давониқӣ, халифаи аббосӣ, ба василаи заҳр ба шаҳодат расид ва маҳалли дафни ӯ қабристони Бақеъ дар Мадина аст.
Шахсияти илмии Имом Содиқ (а) аз нигоҳи аҳли суннат
Дар бораи шахсияти илмии Имом Содиқ (а), ҳамаи бузургони аҳли суннат бар ин матлаб, ки Имом Содиқ (а) аз улуми фаровон ва мутанаввеъ бархӯрдор аст ва талоши густардае дар тарбияти шогирдони фарҳехта ифо кардааст, иттифоқи назар доранд.
Ҷоҳиз, ки яке аз донишмандони бузурги аҳли суннат аст, дар бораи шахсияти илмии Имом Содиқ (а) менависад:
“Имом Содиқ (а) чашмаҳои дониш ва ҳикматро дар рӯйи замин шикофт ва барои мардум дарҳое аз дониш гушуд, ки беш аз ӯ маъҳуд набуд ва ҷаҳон аз дониши ӯ саршор гардид.”
Ҳамчунин, дигар бузурггони аҳли суннат чун Имом Молик ибни Анас, Имом Абӯҳанифа, Суфёни Саврӣ, Суфён ибни Уяйна, Ибни Ҷурайҳ, Руҳ ибни Қосим ва ғайра, ки аз шогирдони биловосита ё бовоситаи эшон буданд, дар мавриди шахсияти илмии он бузургвор изҳори назар карданд ва бо ифтихори тамом шогирдии худро дар маҳзари Имом Содиқ (а) бозгӯ мекарданд.
Олусӣ дар ин бора мегӯяд:
“Имом Абӯҳанифа бо он азамат ва ҷойгоҳе, ки назди аҳли суннат дорад, бар худ фахр мекард ва бо лисони фасеҳ мегуфт:
لولا السَنَتان لَهلك النعمان
“Агар он ду сол набуд Нӯъмон (Абӯҳанифа) ҳалок мешуд.”
Имом Абӯҳанифа, ки ду сол шогирди Имом Содиқ (а) буд ва ин давраро пояи улум ва дониши худ муаррифӣ карда, мегӯяд:
“Аз Ҷаъфар ибни Муҳаммад (а), фақеҳтар надидам…”
Ва низ гуфта:
“Чун Мансур ӯро хост, пайи ман фиристод ва гуфт: мардум фирефтаи Ҷаъфар ибни Муҳаммад шудаанд, чанд масъалаи душвор барои пурсиш аз ӯ омода кун! Ман чиҳил масъала фароҳам кардам. Мансур Ҷаъфар ибни Муҳаммадро, ки дар Ҳира ба сар мебурд, ба маҷлиси худ хост. Ман назди Мансур рафтам ва Ҷаъфар ибни Муҳаммадро дидам, ки самти рости ӯ нишастааст. Ҳайбати ӯ беш аз Мансур бар дилам роҳ ёфт. Мансур ба ман рухсати нишастан дод. Пас гуфт: ин Абӯҳанифа аст! Ҷаъфар ибни Муҳаммад гуфт: ӯро мешиносам. Сипас Мансур гуфт: масоилеро, ки дар хотир дорӣ ба Абӯабдуллоҳ (а) бигӯ. Ман як-як суолҳоро мегуфтам ва ӯ посух медод, ки шумо чунин мегӯед, мардуми Мадина чунин мегӯянд ва мо чунин мегӯем. Дар масоиле гуфтаи шуморо мепазирам ва дар масоиле гуфтаи ононро ва гоҳ раъйи мо мухолифи шумо ва онон аст… То он ки ҳар чиҳил масъаларо гуфтам ва ӯ ҳеч якро бе посух нагузошт. Сипас Имом Абӯҳанифа гуфт: ҳамоно донишмандтарини мардум касе аст, ки ба оро ва назарияҳои мухталифи донишварон дар масоили илмӣ иҳота ва тасаллут дошта бошад.”
Имом Молик ибни Анас, поягузори мазҳаби моликӣ, дар мавриди Имом Содиқ (а) мегӯяд:
“Чашме надида ва гӯше нашунида ва ба қалби инсоне хутур накарда мардеро, ки аз назари илм ва ибодат ва тақво, бартар аз Имом Содиқ (а) бошад.”
Шаҳристонӣ дар “Милал ва ниҳал”, дар бораи мақоми илмии Имом Содиқ (а) менависад:
“Ҷаъфар ибни Муҳаммад (а) дорои мақоми илмии бисёр ва адабии комил буд. Зуҳд ва порсоӣ дошт. На гирди меҳтаре гардид ва на бар сари хилофат бо касе ба ҷанг бархост. Он ки дар дарёи маърифат шино кунад, дар шатт намеуфтад ва он ки ба авҷи ҳақиқат расад, аз фуруд омадан наметарсад.”
Ибни Ҳаҷар дар бораи Имом Содиқ (а) навиштааст:
“Мардум аз илми ӯ чандон нақл карданд, ки овозаи он ба ҳамаи шаҳрҳо расид. Имомони бузург чун Яҳё ибни Саид, Ибни Ҷурайҳ, Молик, Суфён ибни Уяйна, Суфёни Саврӣ, Абӯҳанифа, Шуъба ва Айюби Сахтиёнӣ аз ӯ ривоят кардаанд.”
Абӯзуҳра, яке аз уламои муосир, дар китоби худ менависад:
“Уламои ислом бо тамоми ихтилофи назарҳо ва таъаддуди машрабҳояшон, дар фарде ғайр аз Имом Содиқ (а) ва илми ӯ иттифоқи назар надоранд.”
Хайриддини Заркалӣ дар “Аълом” дар бораи Имом Ҷаъфари Содиқ (а) навиштааст:
“Имом Ҷаъфари Содиқ (а) аз бузургони тобеъин ба шумор меравад ва дар илму дониш дорои манзилате рафиъ аст ва ҷамоати зиёде аз ӯ касби илм кардаанд, ки аз ҷумлаи онҳо ду нафар аз пешвоёни аҳли суннат (Абӯҳанифа ва Молик ибни Анас) ҳастанд ва лақабашон Содиқ аст ба хотири ин ки ҳаргиз касе аз ӯ кизб нашунидааст ва дар хабарҳои марбут ба ӯ омадааст, ки вай барои эътилои ҳақ, пайваста алайҳи хулафои аббосӣ дар ситез буда ва ба мубориза пардохтааст.”
Фазоили Имом Содиқ (а)
Дар ин бахш аз ёддошт, ба баёни фазоил ва маноқиби ҳазрати Содиқ (а) мепардозем. Албатта маноқиби ахлоқии эшон беш аз он аст, ки битавон дар ин ёддошт зикр кард, аммо саъй мекунем ба бархе вижагиҳои ахлоқии он ҳазрат ишора кунем.
Ҳусни хулқ: ахлоқи ҳасана яке аз муҳимтарин сифоте аст, ки дар ҷалби дилҳои мардум ва таъсиргузорӣ бар нуфус нақши басазое дорад. Имом Содиқ (а) бо ин сифат чунон вораста буд, ки ҳар кас бо ӯ дар маҷлис бархӯрд мекард, ба азамати он ҳазрат пай мебурд.
Аз Амр ибни Миқдом нақл мекунанд, ки мегуфт:
كنتُ اذا نظرتُ إلي جعفر الصادق (علیه السلام) عَلِمتُ أنّه من سلالة النبيين
“Ҳар гоҳ ба Ҷаъфари Содиқ (а) нигоҳ мекардам, медонистам, ки ӯ аз сулолаи паёмбарон аст.”
Эҳтироми хосс ба Паёмбари гиромӣ (с): Абӯзуҳра, яке аз донишмандони маъруфи аҳли суннат дар ин бора аз Имом Молик нақл мекунад, ки: “Ман пайваста ба ҳузури Ҷаъфар ибни Муҳаммад (а) рафту омад доштам. Он ҳазрат шӯхтабъ буд ва бештар табассум мекард, вале вақте номи Расулуллоҳ (с) назди ӯ бурда мешуд, ранги ҳазрат ба зардӣ мегаройид.”
Ва ин нишонгари азамати мақоми Паёмбари гиромӣ (с) назди Имом Содиқ (а) аст.
Шуҷоат: шуҷоат яке дигар аз сифоти ахлоқӣ аст, ки дар мавқеиятҳои мухталиф, дар вуҷуди Имом Содиқ (а) зоҳиру бориз мешуд. Албатта бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки шуҷоат танҳо зӯри бозу ва шамшер задан нест, балки шуҷоат гоҳе дар майдони забон зоҳир мешавад.
افضلُ الجهاد كلمةُ حقٍ عند سلطان جائر
“Бартарин ҷиҳод, гуфтани сухани ҳақ дар назди подшоҳи ситамгар аст.”
Бахшандагӣ ва саховат: эшон инсонҳоро “аёлуллоҳ” медонист ва барои хидмат ба онҳо шабу рӯз намешинохт. Ҳаёҷ ибни Бастом мегӯяд: “Ҷаъфар ибни Муҳаммад (а) ба қадре дигаронро итъом мекард, ки барои хонаводаи хеш чизе намемонд ва ҳамвора мефармуд: кори нек ба камол намерасад, магар ба се чиз: таъхир наяндохтан, кучак шумурдан ва пинҳон доштан.”
Парҳезгорӣ ва ибодат: Имом Молик дар тавсифи он ҳазрат мегӯяд: “Муддати замони зиёде назди ӯ мерафтам ва ӯро дар яке аз се ҳол медидам: ё дар ҳоли намоз буд, ё рӯза дошт, ё машғули қироати Қуръон буд. Ӯ аз зоҳидон ва обидоне буд, ки хашят аз Худо вуҷудашонро фаро гирифта.”
Ҳамчунон Ибни Ҷавзӣ дар ин бора мегӯяд: “Ҷаъфар ибни Муҳаммад (а) аз ҳубби риёсат рӯгардон ва саргарми ибодат буд.”
Эҳтиром ба уламо: Имом Молик ибни Анас ривоят мекунад: “Бар Ҷаъфар ибни Муҳаммад (а) дармеомадам, барои ман болишт мениҳод ва маро ҳурмат медошт ва мегуфт: Молик! Туро дӯст медорам. Ва ман аз гуфтаи ӯ хушнуд мешудам ва Худоро сипос мегуфтам. Ӯ ҳамеша дар яке аз се ҳолат буд: рӯзадор, истода ба намоз, зикргӯянда. Ӯ аз бузургон, обидон ва зоҳидоне буд, ки аз Худо метарсанд.”
Дар поён бар ин нукта таъкид мекунем, ки аҳли суннат ва ҷамоат ҳамаи имомони шиъа, аз ҷумла Имом Содиқ (а)-ро гиромӣ медоранд ва ба ҷойгоҳи рафиъи илмӣ ва фазоили бешумори онҳо, бо дидаи эҳтиром менигаранд ва бар асоси ояти Маваддат онҳоро дӯст медоранд ва аз нороҳатияшон нороҳат мешаванд. Зеро муҳаббати Аҳли Байт (а) аз нишонаҳои имон аст ва кина ва буғз нисбат ба онҳо, нишонаи нифоқ.
* * *
Манобеъ:
Милал ва Ниҳал, Шаҳристонӣ, ҷ1, с365.
Вафоётул-аъён, Шамсуддин ибни Халкон, таҳқиқи Эҳсон Аббос, чопи Бейрут, ҷ1, с327.
Расоили Ҷоҳиз, с106.
Наҳҷулбалоға, Ибни Абилҳадиди Мӯътазилӣ, ҷ15, с189.
Манзур ду соле аст, ки Абӯҳанифа дар маҳзари Имом Ҷаъфари Содиқ (а) таламмуз карданд.
Мухтасарут-тӯҳфатул-исноашария, Олусӣ, с8.
Маноқиби Оли Абитолиб, Ибни Шаҳрошӯб, ҷ3, с396.
Шаҳристонӣ, Милал ва Ниҳал, ҷ1, с365.
Тоҷул-маволид, Табарсӣ, чопи Қум.
Ал-имом Ас-содиқ (а), Муҳаммад Абӯзаҳра, с66.
Таърихи Яъқубӣ, с268.
Ал-аълом, Хайруддин Заркалӣ, ҷ2, с126.
Заҳабӣ, Сияру аъломин-нубало, ҷ6, с420.
Ал-имом Молик ҳаётуҳу ва асруҳу ва ороъиҳ, Абӯзаҳра, с104.
Тазкиратул-ҳуффоз, Заҳабӣ, ҷ1, с66.
Ал-имом Ас-содиқ (а), Муҳаммад Абӯзаҳра, с66.
Ал-имом Молик ҳаётуҳу ва асруҳу ва ороъиҳ, Абӯзаҳра, 77.
Шуаро, 215.
Таҳияи Сайидюнуси Истаравшанӣ
Тоҷнек