Фармонравои додгустар
Ҳазрати Муҳаммад аз нигоҳи дигарон
Таҳияи Маҳмудхон Бурҳонов
Бахши аввал
Хуштар он бошад, ки сирри дилбарон,
Гуфта ояд дар ҳадиси дигарон.
Шахсияти Паёмбари Худо ҳазрати Муҳаммади Мустафо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ ва саллам) дар назди аҳли хирад бениёз аз ҳар гуна таърифу тамҷид аст. Зеро он қадр дар машриқу мағриби олам нисбати шахсияти Паёмбари Акрам (с) матлаб навиштаанд, ки дар мавриди ҳеч касе дигар ин миқдор нанавиштаанд.
Вале ингор ҷомеаи мо берун аз ин олам бошад, ки ҳанӯз дар он афроде пайдо мешаванд, ки зоҳиран камтарин иттилоъ на аз адабиёти миллӣ ва на адабиёти ҷаҳонӣ надоранд. Бинобар ин, ҷиҳати иттилои ин афроди бехабар, тасмим гирифтем шаммае аз суханони донишмандони ғайримусалмон дар бораи шахсияти ҳазрати Паёмбари Акрам (с) баён кунем, то шояд каме ҳам бошад, бо гӯшае аз ин шахсияти истисноӣ ошно гарданд.
Нобиғаи бузурги торих
Карен Армстронг (Karen Armstrong, таваллуд 14 ноябри 1944), нависанда ва пажӯҳишгари инглисӣ менависад:
“Агар мо Муҳаммад (с)-ро аз ҳамон дидгоҳе, ки чеҳраҳои бузурги торихиро менигарем, бибинем, ба роҳатӣ ба ин бовар хоҳем расид, ки ӯ бузургтарин нобиғаи тӯли торихи башар будааст. Ин бовар, на ба хотири овардани Қуръон, ё эҷоди дине бузург, ё футуҳоти низомӣ, балки ба хотири шароити хоссе аст, ки ӯ дар он рушд ёфта, истодагӣ карда ва пирӯз гардидааст…” (1)
Инсоне дорои мароми олӣ
Сэр Перси Сайкс Молсуорт (Sir Percy Molesworth Sykes, 1868–1949), нависандаи машҳури инглисӣ менависад:
“Ба ақидаи шахсии ман, Муҳаммад (с) дар миёни олами башарият бузургтарин инсоне аст, ки бо як мароми олӣ тамоми ҳамми худро масруфи ин дошт, ки ширку бутпарастиро аз андешаҳо мунҳадим сохта ва ба ҷойи он, афкори баланди Исломро барқарор созад. Хидмати зиёд ва намоёне, ки аз ин роҳ ба навъи башар намуда, хидмате аст, ки онро ситоиш намуда ва сари таъзим фуруд меоварам.” (2)
Ифтихори Осиё
Порт Ҷон Дион (John Dion Port, 1789–1877), исломшиноси маъруфи инглисӣ чунин менависад:
“Нависандагоне, ки таҳти таъсири таъассуб қарор гирифта ва гумроҳ шудаанд ва дар натиҷа ба ҳусни шӯҳрати эҳёгари ойини яктопарасӣ иҳонат раво доштаанд, на фақат собит кардаанд, ки руҳи хайрхоҳи Масеҳ (ки бо он ҳама истиқомат ва қудрат дар анҷоми он пойдорӣ нишон дода), дар онҳо таъсир нанамудааст, балки дар қазоват низ роҳи хато паймудаанд.
Зеро бо мухтасар таъаммул ва тафаккуре метавонистанд ин нуктаро дарк кунанд ва дарёбанд, ки Пайғамбар ва таълимоти ӯро набояд аз назари як нафар масеҳӣ ё аз лиҳози фикри урупоӣ интиқод кунанд. Балки ин баҳс бояд аз назари шарқӣ мавриди қазоват қарор гирад. Ва ба иборати дигар, шахсияти Муҳаммад (с)-ро ба унвони як нафар ислоҳгари динӣ ва қонунгузоре, ки дар қарни ҳафтуми милодӣ дар Осиё қиём кардааст, бояд мавриди мутолеъа ва таҳқиқ қарор дод.
Дар ин сурат бидуни шак агар ӯро яке аз наводири ҷаҳон ва муназзаҳтарин нобиғае, ки гетӣ то кунун тавонистааст парвариш диҳад ба шумор наоварем, ситами базургеро муртакиб шудаем. Ҳамоно ӯро бояд бузургтарин ва ягона шахсияте бидонем, ки қорраи Осиё метавонад ба вуҷуди чунин фарзанде ба худ биболад.
Ҳар гоҳ вазъи аъробро қабл аз зуҳури Муҳаммад (с) дар назар бигирем ва бо вазъияти баъд аз қиёми ӯ муқоиса кунем ва ҳар гоҳ андак тафаккуре дар шӯълаи ишқу алоқае, ки дар қалбҳои пайравони ӯ барафрӯхта шуда ва то имрӯз ба ҳамон ҳол боқӣ монда таваҷҷӯҳ кунем, ба хубӣ эҳсос мекунем, ки агар аз тамҷид ва такрими чунин марди бузург ва фавқулоддае худдорӣ кунем, беинсофӣ кардаем.” (3)
Қаҳрамон
Томас Карлейль (Thomas Carlyle, 1795-1881), риҷолшинос ва мутафаккири инглисӣ чунин изҳори назар кардааст:
“Шумо мегӯед ӯро пайғамбар донистаанд? Бале, ӯ касест, ки бо онҳо (аъроби ҷоҳилӣ) рӯ ба рӯ буд, яккаву танҳо, рӯшану ошкор, бидуни ин ки дар либоси асрору рамзҳои муқаддасе даромада бошад, вазъи ӯ маҳсус ва машҳуд буд, либосашро худаш мешуст ва кафшҳояҳро руфӯ мекард ва меҷангид, машварат мекард ва дар миёни онҳо ҳукумат мекард ва фармонравоӣ дошт.
Бояд ӯро дида бошанд, ки чӣ навъ шахсе буд, шумо ҳар чӣ мехоҳед ӯро биномед, ҳеч имперотуре бо тоҷу зинату зевари подшоҳӣ монанди ин мард, ки шахсан ҷомаашро мешуст, мутоъ (итоъатшаванда) набуд. Ин мард, ки ба муддати 23 сол бо он ҳама ранҷу машаққат зиндагӣ кард, чунон озмоишҳои амалии сахту душворро аз худ нишон дод, ки ман ӯро қаҳрамон медонам ва лозим аст, ки чунин унвоне дошта бошад.” (4)
Фариштаи наҷот
Лев Толстой, нависандаи машҳури русӣ, аз касонест, ки китоби ҷолибе дар радди ашхосе, ки Паёмбари исломро ба салтанатталабӣ ва шаҳватронӣ нисбат додаанд, ба номи “Муҳаммад (с)” таълиф карда ва зимнан суханони ҳакимонаи эшонро ҳам дар рисолаи махсусе гирдоварӣ ва ба забони русӣ тарҷума карда ва ба унвони “Суханони Муҳаммад (с)” интишор додааст. Вай чунин навиштааст:
“Ҷои ҳеч гуна шубҳа ва тардиде нест, ки Пайғамбари Ислом аз ислоҳгароёни бузурги дунёст, он ҳам ислоҳгарое, ки ба ҷомеаи башарият хидмати шоёне кардааст. Ва ин фахру мубоҳот барои ӯ бас аст, ки як миллати хунрез ва ваҳширо аз чанголи аҳриманони одатҳои зишт раҳонид ва роҳи тараққиро барои онон боз кард ва ҳол ки ҳеч марди оддие наметавонад ба чунин кори шигирфе иқдом кунад ва натиҷа бигирад. Бинобар ин, шахси Паёмбари Ислом сазовори ҳама гуна эҳтиром ва икром мебошад. Шариати Ислом ба иллати созгории он бо ақл ва ҳикмат дар оянда оламгир хоҳад шуд.” (5)
Фармонравои додгустар
Франсуа Мари Вольтер (François Marie Voltaire, 1694–1778), андешманд, филсуф ва нависандаи бузурги фаронсавӣ менависад:
“Муҳаммад (с) бе гумон марде бисёр бузург буд ва мардони бузурге низ дар домони фазлу камоли худ парвариш дод. Қонунгузори хирадманд, ҷаҳонгушои тавоно, фармонравои додгустар ва паёмбаре парзеҳгор буд ва бузургтарин инқилоби рӯи заминро падид овард.” (6)
Муслиҳе бузург дар торихи Ҷаҳон
Уильям Мюр (Garlic William Muir, 1819–1905), муаррихи соҳибноми инглисӣ менависад:
“Дини Муҳаммад (с) осон буд ва суханонаш возеҳ ва аъмоле, ки анҷом додааст ақлро мабҳут мекунад. Дар торихи ҷаҳон муслиҳе набуда, ки монанди Муҳаммад (с) дар муддати кӯтоҳе дилҳоро бедор ва ахлоқи умумиро таҳзиб намуда ва бинои фазилатро устувор карда бошад.” (7)
Бузургмарди номӣ
Гюстав Лебон (Gustave Le Bon, 1841–1931), нависандаи машҳури фаронсавӣ, дар бораи шахсияти Паёмбари Ислом чунин менависад:
“Агар бихоҳем азамат ва аҳаммияти риҷоли бузурги оламро аз рӯи осор ва корҳои онҳо бисанҷем, ҳар ойина бояд гуфт, ки Паёмбари Ислом дар миёни риҷоли торих як раҷули бисёр бузургноме гузаштааст.
Муаррихини қадим ба воситаи таъассуботи мазҳабӣ аҳаммияте ба корҳои ӯ надодаанд, вале дар асри ҳозир муаррихони масеҳӣ ҳозир шудаанд, ки дар ин боб аз рӯи инсоф сухан гӯянд.” (8)
Бузургтарин инқилоб
Константин Вирджил Георгиу (Constantin Virgil Gheorghiu, 1916–1992), нависандаи румониёӣ, менависад:
“Инқилобе, ки Муҳаммад (с) мехост дар он замон дар Арабистон ба вуҷуд биёварад, бо таваҷҷӯҳ ба русуми араб ва нуфузи фавқулъодаи руасои қабилаҳо ва ин ки ҳар қабила ва тоифа як воҳиди иҷтимоии бузурро ташкил медод, аз инқилоби Фаронса бузургтар аст.” (9)
* * *
(1) Карен Армстронг, Зиндагиномаи Паёмбари Ислом, тарҷумаи Киёнуши Ҳишматӣ, Теҳрон, Ҳикмат 1383, сафҳаи 63.
(2) Сэр Перси Сайкс Молсуорт, Торихи Эрон, тарҷумаи Сайид Муҳаммадтақии Гилонӣ, чопи шишум, Теҳрон, Дунёи китоб, 1377, ҷилди 1 сафҳаи 726.
(3) Порт Ҷон Дион, Узри тақсир ба пешгоҳи Муҳаммад ва Қуръон, тарҷумаи Сайид Ғуломризо Саидӣ, Қум ва Теҳрон, Дорут-таблиғи исломӣ, сафҳаи 13 -15.
(4) Сайид Ғуломризо Саидӣ, Достонҳое аз зиндагии Паёмбари мо, чопи севвум, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ, 1373 шамсӣ, сафҳаи 153.
(5) Ҳамон, сафҳаи 21.
(6) Ҷаҳонбахши Савоқиб, Нигарише бар рӯёрӯии Ғарб бо Ислом, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ, 1379, сафҳаи 350.
(7) Ҳасан Иброҳим Ҳасан, Торихи сиёсии Ислом, тарҷумаи Абулқосими Поянда, чопи панҷум, Ҷовидон 1362, ҷилди 1 сафҳаи 221.
(8) Ҷаҳонбахши Савоқиб, Нигарише бар рӯёрӯии Ғарб бо Ислом, сафҳаи 356.
(9) Константин Вирджил Георгиу, Муҳаммад пайғамбаре, ки аз нав бояд шинохт, тарҷумаи Забеҳуллоҳи Мансурӣ, чопи 12, маҷаллаи Хонданиҳо, сафҳаи 160 – 163.
Фароҳамоваранда: Маҳмудхон Бурҳонов
Тоҷнек