• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Ниёгони гузаштаи мо

Ҷозиба ва шукӯҳи Муҳаммад (с)

June 8, 2025
in Ниёгони гузаштаи мо
0
Хислатҳои барҷастаи Паёмбари Акрам(с) дар Қуръони Карим

Хислатҳои барҷастаи Паёмбари Акрам(с) дар Қуръони Карим

0
SHARES
2
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

 

Ҷозиба ва шукӯҳи Муҳаммад (с)

Ҳазрати Муҳаммад аз нигоҳи дигарон

Таҳияи Маҳмудхон Бурҳонов

Бахши дуввум

Хуштар он бошад, ки сирри дилбарон,

Гуфта ояд дар ҳадиси дигарон.

Ҳумои саодат

Ҷорҷ Бернард Шоу (George Bernard Shaw, 1856–1905), драманависи ирландӣ, ки аз машҳуртарин чеҳраҳои адабиёти муосир ва ҳамтои Шекспир дар намоишноманависӣ ва устоди танз дар забони инглисӣ аст, менависад:

“Ба ақидаи ман, агар ба марде монанди Муҳаммад (с) зимоми ихтиёри ҳукумати тамоми дунёро бисупоранд, ҷаҳон ва ҷаҳониён таҳти ливои ҳукумати Ислом растагор хоҳанд шуд ва мактаби Ислом дунёро ба хайру саодат ва ҳалли мушкилоти зиндагӣ ҳидоят хоҳад кард, то ба он ҷое, ки бар тамоми олам ҳумои саодат партав хоҳад афканд.”

Садое аз қалби табиат

Томас Карлейль (Thomas Carlyle, 1795-1881), нависанда ва муаррихи инглисӣ менависад:

“Ин фарзанди саҳро бо қалби амиқ ва чашмони сиёҳ ва нофиз ва бо руҳи иҷтимоии васеъ ва пурдоманае, ҳама гуна афкореро бо худ ҳамроҳ дошт, ғайр аз ҷоҳталабӣ. Чӣ руҳи ором ва бузург, ӯ аз касоне буд, ки ҷуз бо шӯри ишқ ва ҳарорат сару коре надоранд ва аз касоне буд, ки табиат онҳоро холис ва самимӣ қарор додааст.

Дар ҳоле ки дигарон дар тариқи шиорҳои гумроҳкунанда ва бидъатҳо сайр мекарданд ва бо ҳамон ҳол розӣ ва хурсанд буданд, ин мард наметавонист худашро дар он шиорҳо бипечонад ва маҳсур кунад. Рамзи бузурги ҳастӣ бо ҳамаи даҳшат ва ҷабарут ва ҷалолу шукӯҳ дар назари ӯ рӯшан ва ошкор медурахшид.

Ҳеҷ гуна бидъат ва залолате он ҳақиқати ғайри қобили васфро наметавонист аз ӯ мактум ва мастур бидорад ва нидои ҳамон ҳақиқат буд, ки мегуфт: ман вуҷуд дорам! Он чӣ дар ин замина садоқат ва воқеъият номидем, дар ҳақиқат амрест малакутӣ ва ҷанбаест илоҳӣ.

Каломи чунин марде садоест мустақим аз қалби табиат, мардум бояд ба он гӯш бидиҳанд ва агар ба чунин каломе гӯш надиҳанд, ба ҳеч садое набояд эътино кунанд, зеро ҳама чиз дар баробари онон монанди бод аст.

Аз даврони қадим, чӣ дар зимни саёҳатҳо ва чӣ дар зимни зиёратҳо, ҳазор фикр дар зеҳни ин мард вуҷуд дошт. Ӯ бо худ мегуфт: ман чӣ ҳастам? Ин шайъи бекарон, ки ман дар он зиндагӣ мекунам ва мардум онро ҷаҳон меноманд чист? Зиндагӣ чист? Ман бояд ба чӣ мӯътақид бошам? Ман бояд чӣ бикунам?

Сахраҳои маҳиб, кӯҳи Ҳиро, кӯҳи Сино, регистонҳои танҳоӣ ва инзиво, ҳеч ҷавобе ба ӯ намедоданд, осмони лоҷавардӣ бо ҳамаи азамат ва шукӯҳ, бо ҳамаи ситорагони дурахшоне, ки рӯи сараш ҷилвагарӣ доштанд, ҷавобе намедоданд, аз ҳеч тарафе ҷавобе намерасид.

Фақат руҳи ин мард ва он чӣ аз илҳомоти Худо дар он ҷой гирифта буд, ба ӯ ҷавоб медоду бас.” (1)

Ҷозиба ва шукӯҳи Муҳаммад (с)

Эдвард Гиббон (Edward Gibbon, 1731-1794), муаррихи соҳибноми инглисӣ, роҷеъ ба хусусиёти Паёмбари Ислом (с) чунин менависад:

“Шахси Муҳаммад (с) аз лиҳози ҷамол ва зебоии зоҳирӣ имтиёзоте дошт. Ин имтиёзотро ҷуз аз назари касоне, ки фоқиди онанд, наметавон ночиз ангошт. Ӯ пеш аз он ки шурӯъ ба нутқ ва суханронӣ кунад, чӣ барои як нафар ва чӣ барои ҷамъ, ҳама маҷзуби лутф ва муҳаббати ӯ мешуданд ва таваҷҷӯҳи ҳама ба тарафи ӯ ҷалб мешуд ва сурати ороста, симои муваққар ва бо шукӯҳ, чашмони нофиз, табассуми малеҳ ва ҷаззоб, маҳосини пурмӯ, қиёфае, ки намояндаи тамоми эҳсосоти руҳии вай буд ва билохира нуктаҳо ва латоифе, ки дар муҳовира ба кор мебурд, ҳамаро водор мекард, ки дар баробари ӯ ҳилҳилаи такрим баланд кунанд.

Дар умури иҷтимоӣ ва корҳои марбут ба зиндагӣ, дақиқан ҳамаи одоб ва русуми кишварашро риоят мекард.

Тавозӯъ ва эҳтироми ӯ дар баробари сарватмандон ва бенавоён, ҳама ва ҳама яксон буд. Вузӯҳ ва сароҳате, ки дар гуфтор нишон медод, ҳеч ҷойи пинҳонкорӣ барои мақсади ниҳони ӯ намегузошт.

Одоби муъоширате, ки дар баробари дӯстон нишон медод, ҳамон буд, ки ба умуми афрод аз назари башардӯсти риоят мекард.

Ҳофизааш қавӣ ва пурдомана ва ҳушу идрокаш саҳл ва иҷтимоъӣ буд.

Нерӯи тасаввураш олӣ, қазоваташ сареҳ ва рӯшану сареъу қотеъ буд. Ҳам дорои қудрати тафаккур ва андеша буд ва ҳам дорои қудрати амал ва иқдом. Агарчи нақшаи ӯ ба тадриҷ бо муваффақият тавсиъа пайдо мекард, бо ин ҳол аввалин рисолати илоҳии вай дорои нишони булуғи асил ва олӣ буд.” (2)

Ислом ва дунёи мутамаддин

Ҳамильтон Гибб (Hamilton Gibb, 1895-1971), устоди донишгоҳи Лондон ва Оксфорд менависад:

”Аммо шигифтангезтар аз суръати кишваркушоиҳо, хосияти назму тартиби онҳо буд, дар тайи солҳо ҷанг мебояд харобиҳое ба бор омада бошад, аммо бар рӯи ҳам тозиён (мусалмонон), ки осоре аз вайронӣ бар ҷой нагузошта буданд, роҳро барои якпорча шудани ақвом ва фарҳангҳо ҳамвор мекарданд.

Сохти қонун ва ҳукумате, ки Муҳаммад (с) барои ахлофи худ, яъне хулафо ба мерос наҳода буд, арзиши худро дар забту назорат бар корҳои ин сипоҳи бадавӣ ба исбот расонда буд. Ислом дар баробари дунёи мутамаддини хориҷӣ ба унвони як хурофоти хоми тоифаҳои ғоратгар роҳ наёфт. Балки ба унвони як нерӯи ахлоқӣ муаррифӣ шуд, ки эҳтироми ҳамагонро бармеангехт ва ба манзилаи ойини мантиқӣ, ки масеҳияти Руми шарқӣ ва дини зартуштиро дар Эрон, яъне ҳар як аз ин ду кешро дар сарзамин ва хостгоҳи хеш, метавонист ба мубориза биталабад.” (3)

Бузургтарини бузургони торихи башар

Профессор Уильям Дюрант, муаррихи машҳур менависад:

”Агар мизони таъсири ин марди бузургро дар мардум бисанҷем, бояд бигӯем, ки ҳазрати Муҳаммад (с) аз бузургтарини бузургони торихи башар аст. Ӯ дар садад буд, сатҳи маълумот ва ахлоқи қавмеро, ки аз фарти гармои ҳаво ва хушкии саҳро ба торикии таваҳҳуш афтода буданд, авҷ диҳад. Дар ин замина тавфиқе ёфт, ки аз тавфиқоти тамоми ислоҳгароёни ҷаҳон бештар буд. Камтар касеро ҷуз ӯ метавон ёфт, ки ҳамаи орзуҳои худро дар роҳи дин анчом дода бошад, зеро ӯ ба дин эътиқод дошт. Аз қабоили бутпараст ва пароканда дар саҳро, уммати воҳид ба вуҷуд овард. Бартар ва болотар аз дини яҳуд ва дини Масеҳ ва дини қадимии Арабистон. Ойини сода ва дине равшан ва нерӯманд, бо маънавиёте, ки асоси он шуҷоат ва маноъати қавмӣ буд, падид овард, ки дар тайи як насл дар як сад маъракаи низомӣ пирӯз шуд ва дар муддати як қарн имперотурии азим ва паҳноваре ба вуҷуд овард ва дар рӯзгори мо нерӯи муҳимме аст, ки бар як нимаи ҷаҳон нуфуз дорад.” (4)

Тақлид аз Муҳаммад (с)

Профессор Аннемарӣ Шиммель (Annemarie Schimmel), исломшиноси муосири олмонӣ менависад:

“Ҳамин ормони тақлид аз Муҳаммад (с) аст, ки мусалмононро аз Марокаш гирифта то Андонезӣ ба ин андоза кирдори яксоне бахшидааст. Ҳар як аз мусалмонон дар ҳар ҷое, ки бошад, медонад, ки ҳангоми даромадан ба манзиле чӣ гуна рафтор кунад, кадом иборати таъоруфомезеро ба кор барад, дар ҳамнишинӣ аз чӣ чизе бипарҳезад, чӣ гуна ғизо бихӯрад, чӣ гуна сафар кунад. Кӯдакони мусалмон қарнҳост, ки бо ин шеваҳо парвариш ёфтаанд ва танҳо дар ин авохир буд, ки дунёи суннатӣ бар ассари ҳуҷуми фарҳанги текноложии имрӯз, аз ҳам фурӯпошид.” (5)

* * *

(1) Ба нақл аз “Таҳқиқот”-и Карлейль, ҷилди 6, сафҳаи 225.

(2) Эдвард Гиббон, Торихи инҳитот ва суқути имперотурии Рум, ҷилди панҷум, сафҳаи 335.

(3) Ҳамильтон Гибб, Ислом, Баррасии торих, тарҷумаи Манучеҳри Амирӣ, чопи дуввум, Теҳрон, нашри илмӣ ва фарҳангӣ, 1380, сафҳаи 24.

(4) Насруллоҳи Некбин, Ислом аз дидгоҳи донишмандони ғарб, сафҳаи 38.

(5) Шиммель Аннемарӣ, Муҳаммад Расулаллоҳ, сафҳаи 97.

Фароҳамоваранда: Маҳмудхон Бурҳонов

Тоҷнек

Source: Ҷозиба ва шукӯҳи Муҳаммад (с)
Via: Ҷозиба ва шукӯҳи Муҳаммад (с)
Tags: Ҷозиба ва шукӯҳи Муҳаммад (с)
Previous Post

Одоби муҳовира ва сухан гуфтан дар каломи Хоҷа Насируддин

Next Post

Касоне, ки таърихро сохтаанд

Related Posts

Фармонравои додгустар
Мавзӯоти доғ

Фармонравои додгустар

June 8, 2025
Таҷаллӣ гар расад бар кӯйи ҳастӣ
Ниёгони гузаштаи мо

Таҷаллӣ гар расад бар кӯйи ҳастӣ

June 8, 2025
Шахсият ва фазоили Имом Содиқ(а)
Ниёгони гузаштаи мо

Шахсият ва фазоили Имом Содиқ(а)

May 28, 2025
Мулло Садро
Ниёгони гузаштаи мо

Мароҳили ҳаёти илмии Мулло Садро

May 26, 2025
Ишқро бо ақл нисбат кай тавон
Ниёгони гузаштаи мо

Ишқро бо ақл нисбат кай тавон

May 25, 2025
Мусаввараи Ғуломи Хушбахт
Инсон ва инсоният

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Next Post
Касоне, ки таърихро сохтаанд

Касоне, ки таърихро сохтаанд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Касоне, ки таърихро сохтаанд

Касоне, ки таърихро сохтаанд

June 8, 2025
Хислатҳои барҷастаи Паёмбари Акрам(с) дар Қуръони Карим

Ҷозиба ва шукӯҳи Муҳаммад (с)

June 8, 2025
Одоби муҳовира ва сухан гуфтан

Одоби муҳовира ва сухан гуфтан дар каломи Хоҷа Насируддин

June 8, 2025
Шинохти нафс

Шинохти нафс

June 8, 2025

Recent News

Касоне, ки таърихро сохтаанд

Касоне, ки таърихро сохтаанд

June 8, 2025
Хислатҳои барҷастаи Паёмбари Акрам(с) дар Қуръони Карим

Ҷозиба ва шукӯҳи Муҳаммад (с)

June 8, 2025
Одоби муҳовира ва сухан гуфтан

Одоби муҳовира ва сухан гуфтан дар каломи Хоҷа Насируддин

June 8, 2025
Шинохти нафс

Шинохти нафс

June 8, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Касоне, ки таърихро сохтаанд

Касоне, ки таърихро сохтаанд

June 8, 2025
Хислатҳои барҷастаи Паёмбари Акрам(с) дар Қуръони Карим

Ҷозиба ва шукӯҳи Муҳаммад (с)

June 8, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved