• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Адабиёт ва ашъор

Авомили ақибмондагии ҷомеаҳои исломӣ

June 10, 2025
in Адабиёт ва ашъор, Мавзӯоти доғ
0
Авомили ақибмондагии ҷомеаҳои исломӣ

Авомили ақибмондагии ҷомеаҳои исломӣ

0
SHARES
2
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Авомили ақибмондагии ҷомеаҳои исломӣ

Иқбол ва ренусонси исломӣ

Парасту Кулоҳдуз, Ҳамиди Обидӣ

Бахши севвум

Иллатҳои ақибмондагии мусалмонон ва зарурати эҳёи дин

«Аввалин коре, ки як рӯшанфикри асил бояд бикунад ин аст, ки замони иҷтимоии ҷомеаи хешро таъйин кунад, яъне бифаҳмад, ки ҷомеаи ӯ дар чӣ марҳилаи торихӣ ва дар чӣ қарне зиндагӣ мекунад.» (Алии Шариатӣ)

«Аллома (Иқбол) бар ин ақида аст, ки ҳамон тавр ки фард гоҳе дучори тазалзул ва ё гум кардани шахсият мешавад ва аз худ фосила мегирад ва бо худ бегона мешавад ва ғайри худро ба ҷойи худ менишонад, ҷомеа низ чунин аст. Ҷомеа монанди фард руҳ ва шахсият дорад, монанди фард аҳёнан дучори тазалзули шахсият ва аз даст додани ҳувият мешавад. Имон ба худ ва ҳисси эҳтиром ба зот ва каромати нафсро аз даст медиҳад ва яксара суқут мекунад.» (Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Иқбол ин фалсафаро ба хусус дар мавриди ҷомеаи исломии шибҳиқорраи Ҳинд дорои мисдоқ медонист ва талош мекард, то бо гуфтаҳо ва иқдомоти худ мусалмононро аз он огоҳ созад. Ӯ на танҳо кӯшид то абъоди таҷзияшуда ва аъзои муталошишудаи идеулужии исломӣ ва пайкараи зиндаи исломиро, ки дар тӯли торих бо худъаҳои сиёсӣ ва ё гароишҳои зидду нақиз қитъа-қитъа шуда буд ҷамъ кунад, балки талош кард, то шахсияти худро бар ҳамон мабно бозсозӣ кунад.

«(Иқбол) на танҳо шоҳкораш китоби таҷдиди бинои тафаккури мазҳабӣ аст, балки шоҳкори азимтараш сохтани шахсияти бадеъ ва чандбуъдӣ ва тамомаёри худаш аст. Таҷдиди бинои як мусалмони тамом аст дар шахси худаш…» (Алии Шариатӣ)

Он чи Иқболро ба андешаи эҳёгарона савқ медод, ақибмондагии мусалмонон аз ширкат дар пирӯзӣ бар табиат ва нерӯи моддӣ ва иқтисодӣ буд. Тибқи назари ӯ, ин тасаввуфи манфӣ буд, ки мӯҷиб шуд мусалмонон аз зиндагии мусаллат бар табиат дур бимонанд. Вай мехост, мусалмононро ба кор ва намондан дар сустӣ ва рукуд водорад ва бо равиши худи ислом мусалмононро ба фаҳми ин маъно бикашонад, ки бидонанд ҷаҳоне, ки дар он зиндагӣ мекунанд амре ҷудо ва муғойир бо одамӣ нест ва пардохтан ба он инсонро аз зоти Худованд дур намекунад. Ҳадафи Иқбол водоштани мусалмонон ба ирода, ҳадаф, қудрат, ҳифзи ҳувият ва шахсият дар ҷаҳон аст. Ин дар воқеъ унсури аслии андешаи ислоҳии Иқболро ташкил медиҳад.

Иқбол, бо ишора ба зоҳири хиракунандаи фарҳанги урупоӣ, ба гароиши ҷадиди илмӣ яъне гароиши таҷрибии моддии ҳоким бар тафаккури қарни 19-ум мепардозад. Агар мусалмон надонад, ки ислом толиби таҷриба дар маърифат аст, агар огоҳ набошад, ки торихи андешаи гузаштагони ӯ ба тамоми башарият бакоргирии таҷриба дар доираи густардае нисбат ба маорифи башариро ифода кардааст, дар чунин шароите аст, ки бояд барои мусалмони муосир эҳсоси хатар кард. Ин хатар ба воситаи илҳоде, ки дар андешаи ҷадид вуҷуд дорад дар камин аст ва чи басо ба содагӣ бисёре фарифтаи он мешаванд. Ӯ ҳамаи мушкилоти ҷаҳон ба вижа мушкилоти мусалмононро ношӣ аз Ғарби сармоядор медонад ва мӯътақид аст, ки Ғарб худ низ ба доме, ки барои дигарон ниҳода ва онҳоро асир кардааст, гирифтор хоҳад шуд. Ҳамаи ин мушкилот ношӣ аз моддигароӣ ва ақли худбини Ғарб аст, ки одамиро ҷуз модда ва обу гил намедонад ва ба ин тартиб ӯро аз ҷойгоҳи воқеии худ ба зер мекашад.

Аз ин рӯст, ки Аллома Лоҳурӣ ҳар иқдомеро, ки ба мутазалзил кардани бунёни ҷомеаҳои сармоядори ғарбӣ мунҷар шавад арзишманд медонад. Бар ин асос, ҷунбиши кумунистии Морксро, ки боиси раҳоии мардум аз истисмори Ғарби сармоядор шудааст ситойиш мекунад, вале дар айни ҳол мӯътақид аст, ки чунин ҷунбишҳое чун моддагароянд ва ба буъди маънавӣ ва илоҳии мардум таваҷҷӯҳе надоранд, саранҷом раҳ ба ҷое наҷотбахш намебаранд. Вай эътиқод дорад, ки моддагароӣ ҳамаи Ғарбро иҳота карда ва сармоядорӣ ва кумунизм ҳар ду дар он гирифтор шудаанд.

Аз диди Аллома, ҷомеаҳои ҳувиятгумкарда бо рӯйкардҳо ва амалкардҳои иштибоҳи худ аст, ки заминаи истисмор ва вомондагии хешро фароҳам меоваранд. Дар ҳақиқат, кишварҳои исломӣ ва шарқӣ бо иқдомоти хатояшон бар вайронии худ меафзоянд; чаро ки дар корҳо ва барномаҳои хеш ҷиддияти лозимро надоранд ва шароити иҷтимоии муносибе барои худ фароҳам намекунанд. Иқбол афроди чунин ҷомеаеро, ки ба роҳатӣ мавриди суистифода ва беадолатӣ қарор мегиранд, дорои шахсияти «ғуломӣ» ва «бандагӣ» медоранд ва дар муқобили онон, ки ҷаҳони Шарқанд, ҷомеаҳои Ғарбро чунин муаррифӣ мекунад, ки миллатҳои дигарро истисмор мекунанд ва ҳосили талош ва дастранҷи онҳоро ба яғмо мебаранд. Пас, мояи тааҷҷуб нест, ки насли ҷавонтари ислом дар Осиё ва Офриқо тавҷеҳи ҷадиде дар имони худ бошанд.

Дар воқеъ, далоили умдаи ақибмондагии ҷаҳони ислом аз нигоҳи Иқбол, дар мавориди зайл хулоса мешавад:

Дурӣ аз ислом ва омӯзаҳои динӣ;

Ақли худро ба дасти дигарон супурдан ва баландгӯи ағёр шудан;

Рӯй овардан ба Ғарб ва ҳама чизро аз Ғарб хостан;

Зиндагии ғайри мустақил ва табаъӣ доштан ва бо оташи дигарӣ гарм шудан;

Пешонӣ бар остони арбоби қудрат сойидан ва бандагии онон кардан;

Туҳидаст будан ва надоштани азми лозим ва дарюзагӣ кардан ва миннати дигаронро пазируфтан;

Қадри худро надонистан ва ба ҷойи зиндагии шоҳинӣ, каркасвор зистан.

Аммо осор ва натоиҷи ин ғулом будан ва бандагӣ кардани мусалмонон аз диди Иқбол:

Беҳувиятӣ ва худгумкардагӣ ва дунболаравии дигарон;

Чанддастагӣ ва танозуъ ва парокандагӣ;

Дунҳимматӣ ва созиш бо шароити мавҷуд;

Дилмурдагӣ ва танпарварӣ ва рукуд;

Бе орзу будан ва дар андешаи оянда набудан;

Лаззат набурдан аз гузашта ва фаромӯшии ифтихороти он.

Бо ин тавсифот, Аллома танҳо роҳи ҳалли мушкилот ва чолишҳои ношӣ аз ин авомили ақибафтодагиро дар ду меҳвар медонад:

Ба худ омадан ва бозёфтани «худӣ» дар кишварҳои ақибмондаи шарқӣ;

Муқобила бо истеъмор ва истисмори Ғарби сармоядор.

Тарҳи назарияи ренусонси исломӣ аз сӯи Иқбол

Гарчи дар шибҳиқорраи Ҳинд эҳёгарони пуровозае бархостанд, ки тафаккурот ва таъсири онҳо аз марзҳои сарзамини хеш фаротар рафт, бояд пазируфт, ки ҳеч кас ҳамчун Аллома Иқбол таъсиргузории амиқ надоштааст.

Лоҳурӣ пеш аз ин ки таҳқиқоти худро арза кунад, девони шеъре муддаван дошт, аммо танҳо китоби андешапардозонаи ӯ «Эҳёи фикри динӣ дар ислом» аст, ки дарбаргирандаи 6 суханронии вай дар донишгоҳҳои Ҳайдаробод ва Алигире аст. Дар воқеъ, ин китоб яке аз маъдуд осоре аст, ки рӯшанфикрони мусалмон дар авоили қарни 20-уми мелодӣ ба дунё арза доштаанд.

Дар ҳақиқат, Иқбол дар ин китоб зимни тарҳи назарияи худ дар бораи фароянди ренусонси исломӣ дар ҷаҳони ҷадид, моделе аз дин низ матраҳ мекунад. Вай рӯшанандеше буд, ки ҷараёни пешрафти илмӣ ва санъатии Ғарбро аз чеҳраи истеъморӣ ва истикбории он комилан ҷудо медонист ва ҳамвора мусалмононро ташвиқ ва тарғиб ба муборизаи бо руҳияи истеъморгарии Ғарб мекард, дар ҳоле ки барои дастовардҳои илмии ғарбиён дар асри ренусонс эҳтиром қоил буд. Хулосаи калом ва назарияи Иқбол ҳамон фалсафаи «худӣ» аст, ки ин тарҳро замоне изҳор мекунад, ки ақида дорад: «Тарси мо танҳо аз ин аст, ки зоҳири хиракунандаи фарҳанги урупоӣ аз ҳаракати мо ҷилавгирӣ кунад ва аз расидан ба моҳияти воқеии фарҳанг оҷиз бимонем. Дар муддати қарнҳои рукуд ва хоби мо, Урупо бо камоли ҷиддият дар бораи масоиле меандешидааст, ки файласуфон ва донишмандони исломӣ қаблан сахт ба онҳо дил баста буданд…»

Ба назари Иқбол, бояд аз як сӯ дар тафаккури исломии хеш таҷдиди назар кард ва аз сӯи дигар ин фикри ҷадидро огоҳона мавриди доварӣ ва арзёбӣ қарор дод, «бинобар ин, бо бедории ҷадиди ислом лозим аст, ки ин бо руҳи бетарафӣ мавриди мутолеа қарор гирад… Ва аз ин рӯ вақти он расидааст, ки усули асосии ислом мавриди таҷдиди назар воқеъ шавад… Дар ин суханрониҳо ҳадафи ман баҳси фалсафӣ дар бораи баъзе мафоҳими асосӣ дар ислом аст. Ба умеди ин ки шояд ин кор лоақал дар фаҳми шоистаи маънои ислом ба унвони паёме, ки барои тамоми башарият фиристода шуда судманд афтад.»

Бо ин талош, ки Иқбол дар пайи он аст ва аз дидгоҳи ӯ ислом метавонад ба манзилаи паёме барои тамоми башарият ва ба хусус барои мусалмонон дар замоне ки вижагии таҷрибӣ бар маърифати башарӣ ғолиб аст, эътибори ом биёбад. Ин ҳиммат ва кӯшиш барои он нест, ки ба ислом арзиши куллӣ бибахшад, балки барои кашфи арзиши он дар назари инсони таҷрибагаро яъне инсони муосири Ғарб ва дар назари мусалмононе аст, ки дар ин рӯзгор зиндагӣ мекунанд.

Аллома Иқболи Лоҳурӣ дар фасли шашум аз китоби «Эҳёи фикри динӣ дар ислом«-и худ, ки дарбардорандаи нукоти қобили таъаммуле дар заминаи ренусонси исломӣ аст, бо таҳсини омехта ба интиқод аз таҳаввулоти Туркия сухан мегӯяд. Аз матолиби зайл метавон гавҳари андешаи Иқболро дар хусуси ренусонс ба даст овард:

«Мо бо камоли майл ба наҳзати озодигарӣ дар ҷаҳони ҷадиди исломӣ хушомад мегӯем, вале бояд инро пазируфт, ки зуҳури афкори озодигароёна дар ислом бӯҳронитарин лаҳзаро дар торихи ин дин ташкил медиҳад. Озодигарӣ тамоюл ба он дорад, ки ҳамчун нерӯи муталошикунанда амал кунад ва андешаи нажодӣ, ки акнун беш аз ҳар замони дигар бо нерӯмандӣ дар ҷаҳони ислом кор мекунад, мумкин аст билохира вусъати назари инсониро, ки миллатҳои мусалмон аз дини худ фаро гирифта буданд маҳв кунад. Аз ин гузашта, муслиҳони динӣ ва сиёсии мо, бо шавқ ва ҳарорате, ки барои озодигарӣ доранд, мумкин аст бо набудани садду банде дар баробари шӯру ҷавонии эшон аз андоза даргузаранд ва аз ҳудуди хосси ислоҳ таҷовуз кунанд. Мо акнун марҳилаеро мегузаронем, ки шабеҳ аст ба марҳилаи инқилоби прутестонигарии Урупо, ва аз дарсе, ки аз зуҳури Лютер мумкин аст бигирем набояд ғофил бимонем. Чун торих ба диққат хонда шавад, маълум мешавад, ки ислоҳи динии Урупо усулан як наҳзати сиёсӣ буда ва натиҷаи холиси он дар Урупо, ҷонишин шудани тадриҷии дастгоҳҳои ахлоқии миллӣ ба ҷои ахлоқи умумии масеҳият будааст. Натиҷаи ин тамоюлро бо чашмони худ дар ҷанги бузурги Урупо дидем, ки ба ҷои ин ки сабаби пайдо шудани таркибе аз ин ду дастгоҳи динии мутақобил шавад, вазъи Урупоро бештар ғайри қобили таҳаммул кардааст. Вазифаи раҳбарони ҷаҳони ислом имрӯз он аст, ки маънои он чиро дар Урупо пеш омада хуб бифаҳманд ва пас аз он бо эҳтиёти тамом ва биноии комил нисбат ба ислом ба унвони як сиёсати иҷтимоӣ, ба ҷониби пеш гом бардоранд.»

Идома дорад…

Тоҷнек

Source: Авомили ақибмондагии ҷомеаҳои исломӣ
Via: Авомили ақибмондагии ҷомеаҳои исломӣ
Tags: Авомили ақибмондагии ҷомеаҳои исломӣ
Previous Post

Дирҳамҳои бобаракат

Next Post

Қиматӣ дар шаҳри Мадина

Related Posts

Муҳаммад
Мавзӯоти доғ

Андарзе аз Расули Акрам(с)

June 10, 2025
Муҳаммад Расулуллоҳ
Адабиёт ва ашъор

Дирҳамҳои бобаракат

June 10, 2025
Дарахти хурмо
Адабиёт ва ашъор

Дарахти хурмо

June 10, 2025
Чаро ғамнок бошам?
Адабиёт ва ашъор

Чаро ғамгин бошам?

June 10, 2025
Фармонравои додгустар
Мавзӯоти доғ

Фармонравои додгустар

June 8, 2025
Мартин Хайдеггер
Машоҳир

Муруре бар андешаҳои Мартин Хайдеггер

June 8, 2025
Next Post
Қиматӣ дар шаҳри Мадина

Қиматӣ дар шаҳри Мадина

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Хайру саодат

Хайру саодат

June 10, 2025
Бандаи шукргузоре бошам

Бандаи шукргузоре бошам

June 10, 2025
Ҷамъоварии ҳезум

Ҷамъоварии ҳезум

June 10, 2025
Муҳаммад

Андарзе аз Расули Акрам(с)

June 10, 2025

Recent News

Хайру саодат

Хайру саодат

June 10, 2025
Бандаи шукргузоре бошам

Бандаи шукргузоре бошам

June 10, 2025
Ҷамъоварии ҳезум

Ҷамъоварии ҳезум

June 10, 2025
Муҳаммад

Андарзе аз Расули Акрам(с)

June 10, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Хайру саодат

Хайру саодат

June 10, 2025
Бандаи шукргузоре бошам

Бандаи шукргузоре бошам

June 10, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved