• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Ниёгони гузаштаи мо

Аҳмади Дониш – Ҳакими Бухоро

June 10, 2025
in Ниёгони гузаштаи мо
0
Аҳмади-Дониш

Аҳмади-Дониш

0
SHARES
6
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Аҳмади Дониш – Ҳакими Бухоро

Нигоҳе ба зиндагӣ ва осори Аҳмад Махдуми Дониш

Аҳмади Дониш аз хурдсолӣ дар ҳунарҳои хушнависӣ ва нигоргарӣ истеъдоди чашмгире дошт. Дар гузари солҳои таҳсил дар мадраса ин ҳунарро дар худ такмил кард ва дар миёни аҳли илму адабу ҳунар ба хушнависӣ, нигоргарӣ ва хаттотӣ машҳур шуд.

Хаттотӣ ва нигоргарӣ тайи солҳои душвори таҳсил дар мадраса, ба Дониш як манбаи таъмини зиндагӣ буд. Дар нахустин солҳои даҳаи панҷоҳ (-и қарни 19) пас аз итмоми давраи таҳсил дар мадраса, тавассути яке аз устодонаш дар меъморӣ ва наққошӣ барои хидмат ба дарбори Амир муаррифӣ шуд. Он замон ҳукмронони Бухоро чандон ба иморат ва бинокорӣ аҳаммият намедоданд, ки меъморони махсуси дарбор ба ин кор машғул бошанд. Бинобар ин, Дониш дар дарбор бештар ба китобати рисола ва девонҳо ва коғазҳои расмии дарборӣ машғул буд. Ҳунари хаттотӣ ва нигоргарӣ ва афзун бар инҳо, дониши нуҷум, вайро назди аҳли дарбор ва бавижа Амир Насруллоҳ (ҳукмронӣ 1826-1860) соҳиби обрӯ ва мартабае шоиста гардонид.

 

Аҳмад Махдум ибни Носир — нависанда, андешаманд, шоир, хаттот, меъмор, нигоргари тоҷик ва саромади ҷараёни маорифпарвари Осиёи Миёна ва низ бунёнгузори шеваи омӯзиши адабиёти тоҷик, ба соли 1826 дар Бухоро зода шуд ва дар охири марти соли 1897 дар ҳамон шаҳр чашм аз ҷаҳон фурӯ баст.

Номи ӯ Аҳмад ва тахаллуси адабиаш “Дониш” аст. Дар осори бисёре аз муосирон ва низ дар осори Садруддин Айнӣ бо номи “Аҳмад Махдум” машҳур аст ва “Махдум” нисбате аст, ки ба олимони вобаста ба давлат эъто мешуда.

Аҳмад Махдум назди модараш, ки зане фозила буд ва духтарони маҳалларо дарс медод, савод омӯхт. Баъдҳо барои касби маълумоти ибтидоӣ ба мактабхонаи қориён рафт, аммо омӯзишҳои кӯр-кӯронаи эшон писанди табъи вай наомад ва ба ихтиёр он мактабхонаро тарк гуфт. Пас аз он, падараш ӯро ба мадраса фиристод, аммо барномаҳои таҳсилии мадраса фикри халлоқ ва ҷӯяндаашро қонеъ намекард. Ӯ берун аз барномаҳои дарсии мадраса, ба таври ҷудогона аз рӯйи китобҳои олимони бузурги форс ва араб илми табииёт, риёзиёт, нуҷум ва ҳайъат, торих, фалсафа ва адабиёт меомӯхт.

Дониш аз хурдсолӣ дар ҳунарҳои хушнависӣ ва нигоргарӣ истеъдоди чашмгире дошт. Дар гузари солҳои таҳсил дар мадраса ин ҳунарро дар худ такмил кард ва дар миёни аҳли илму адабу ҳунар ба хушнависӣ, нигоргарӣ ва хаттотӣ машҳур шуд.

Хаттотӣ ва нигоргарӣ тайи солҳои душвори таҳсил дар мадраса, ба Дониш як манбаи таъмини зиндагӣ буд. Дар нахустин солҳои даҳаи панҷоҳ (-и қарни 19) пас аз итмоми давраи таҳсил дар мадраса, тавассути яке аз устодонаш дар меъморӣ ва наққошӣ барои хидмат ба дарбори Амир муаррифӣ шуд. Он замон ҳукмронони Бухоро чандон ба иморат ва бинокорӣ аҳаммият намедоданд, ки меъморони махсуси дарбор ба ин кор машғул бошанд. Бинобар ин, Дониш дар дарбор бештар ба китобати рисола ва девонҳо ва коғазҳои расмии дарборӣ машғул буд. Ҳунари хаттотӣ ва нигоргарӣ ва афзун бар инҳо, дониши нуҷум, вайро назди аҳли дарбор ва бавижа Амир Насруллоҳ (ҳукмронӣ 1826-1860) соҳиби обрӯ ва мартабае шоиста гардонид.

Амир Насруллоҳ дар соли 1857 як ҳайъати сафоратӣ ба Петерзбург равона кард ва Аҳмади Донишро ба унвони “мирзо” (котиб) бо эшон ҳамроҳ кард. Сафар ба Русия ва шиносоии Петерзбург доираи назар ва ҷаҳонбинии Донишро густариш дод. Дониш на танҳо дар гуфтугӯҳо ва боздидҳои диплумосии расмӣ ҳузур дошт, балки бо муассисаҳои илмӣ ва маданӣ ва марокизи санъатӣ ва ҳунарии Петерзбург ошно шуд.

Дар нимаҳои соли 1858 Аҳмади Дониш ба ҳамроҳи ҳайъати сафорат ба Бухоро бозгашт ва дар бораи ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва мадании Русия ба Амир хабарҳои тоза ва ибратомӯзе арза кард. Вай бовар дошт, ки Амир бар пояи ин маълумот, ба бесомониҳо ва беназмиҳо назм хоҳад дод ва ба идораи ҳукумати Бухоро сомон хоҳад бахшид. Ҳарчанд Амир Насруллоҳ баҳраварӣ аз он маълумотро ба худ лозим медид, аммо ривоҷи низом ва тартиботи ҷомеаи Русияро салоҳ намедонист, дар ҳоле ки мекӯшид робитаи иқтисодӣ ва сиёсии он сарзаминро бо Русия мустаҳкам кунад.

Дар соли 1860 Амир Музаффар ба тахти Аморати Бухоро нишаст. Ин амири ҷоҳил ва худписанд андешамандон ва мутафаккиронро, ки дар замони ҳукмронии падараш мартаба ва мақоме дар умури давлатӣ доштанд, аз кор барканор кард, аз ҷумла Аҳмади Донишро низ мартабаи пасттаре дод ва дар корҳои мамлакатдорӣ камтар бо ӯ машварат кард.

Дар гузари ин солҳо мақом ва вазифаи Аҳмади Дониш дар дарбор маълум набуд, танҳо чизе, ки аз аҳволи вай дар даст аст он аст, ки ба суфориши Амир дар соли 1865 рисолае ба номи “Манозирул-кавокиб” (Ҷойгоҳи сайёраҳо) дар илми нуҷум таълиф намудааст. Аз ин рӯ метавон гуфт, Амир Музаффар ӯро ҳамчун як мунаҷҷим дар дарбор нигоҳ медоштааст.

Амир Музаффар дар муносибат бо Русия низ сиёсати нодурустеро пеш гирифт. Дар натиҷа муносибатҳои сиёсӣ ва давлатии Русия ва Бухоро рӯз ба рӯз тиратар шуд ва саранҷом ба низоъҳои ин ду давлат анҷомид. Аҳмади Дониш ва тарафдорони ӯ аз аввал ба Амир талқин мекарданд, ки бо Русия робита ва тарҳи дӯстӣ барқарор намояд, зеро ин иртибот пеш аз ҳама ба суди Амороти Бухоро буд. Аммо тарғибот ва талқиноти Аҳмади Дониш ба Амир таъсир накард ва ӯ душманиро бо Русия рӯз ба рӯз сахттар ва пуршиддаттар мекард. Дар натиҷа миёни Бухоро ва Русия оташи ҷанг шӯълавар гашт ва дар соли 1886 Амир Музаффар шикасти сахте дид ва маҷбур шуд бо Русия паймони дӯстӣ ва сулҳ бибандад. Пас аз имзои ин сулҳнома, Амир ба нишонаи дӯстӣ дар Русия сафорате ташкил дод ва аз Аҳмади Дониш хост, то дар он сафорат ҳузур ёбад. Дониш дар тирмоҳи соли 1869 ба ҳамроҳи ҳайъати сафорати Амир ба роҳи Петерзбург баромад. Авохири моҳи ноябр ба пойтахти Русия расид ва то марти 1870 дар онҷо монд. Пас аз ҷанг ва тазоддҳои сиёсӣ ва диплумосӣ миёни Русия ва Бухоро, лозим буд то муносибатҳои дӯстона ва равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ аз сар гирифта шавад. Бинобар ин, дар ин сафари пурмасъулият, нуфуз ва мавқеият ва таъсири Дониш бисёр муҳим буд.

Вай дар ҷараёни гуфтугӯҳои диплумосӣ ва низ мустаҳкам намудани робитаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ миёни Русия ва Бухоро ҳамчун як сиёсатмадор ва ходими хирадманди давлатӣ кӯшишҳо ва хадамоти бузурге ироа дод ва ҳамин талошҳо боис шуд, то обрӯ ва нуфузи ӯ ҳам дар доираҳои расмӣ ва ҳам дар миёни аҳли илму дониши Петерзбург афзунтар гардад.

Дар ин сафар Аҳмади Дониш на танҳо аз ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодӣ ва шеваҳои мамлакатдорӣ ва сохти давлатии режими ҳоким бар Русия хабардор шуд, балки дар бораи торихи гузаштаи инқилобҳои сиёсӣ ва иҷтимоии Русия ва Урупо огоҳиҳои чанде касб кард. Ин сафарҳо ба доираи ҷаҳонбинии ӯ вусъат дод ва боис шуд, дидгоҳи интиқодиаш дар бораи сохти феодалии ҳукумати Бухоро пурзӯр гардад.

Пас аз бозгашт аз Петерзбург, Амир Музаффар дар ивази хидматҳои Аҳмади Дониш дар сафорати Бухоро ба ӯ унвони “Авроқ”-ро дода таклиф кард, яке аз мансабҳои муҳимро ишғол намояд. Вале Дониш ин таклифро рад кард, зеро бовар дошт агар шеваи давлатдорӣ ва тарғиби ҳукумат ба ҳамин равия ва усули бесомон бошад, ҳамкории ӯ дар корҳои маъмурии мамлакат, барои кишвар ва мардум ҳеч манфиати нахоҳад дошт.

Бе сару сомонии авзоъ ва тартиби давлатдорӣ Аҳмади Донишро водор сохт, ки нахустин солҳои даҳаи ҳафтод (байни солҳои 1870-1873) дар бораи ин мавзӯъ рисолае таълиф кунад. Ибтидо ин асар бо унвони “Рисола дар назми тамаддун ва таъовун” машҳур шуд ва дар асл як барномаи ҷиддии ислоҳот ва тартиботи давлатдорӣ ва раиятпарвариро пеш аз ҳама ба адл, илм ва маърифат вобаста кард.

Тартиб ва низоми давлат аз адл бармехезад ва Аҳмади Дониш мафҳуми адлро на ба таври муҷаррад, балки равшан ва мушаххас баён карда, онро ба воқеият ва ҳаёти иҷтимоии замонаш вобаста мекунад. Аҳмади Дониш дар назарияи давлат ва сиёсати мулкдорӣ фақат ба мафҳум ва ақидаҳои мутафаккирони шарқ маҳдуд нашуд, зеро ӯ масоили бисёреро медид, ки дар китобҳои фиқҳ ва илми сиёсат пештар баён шуда буданд ва бо шароити замон ва макони асрҳои гузашта мутобиқат доштанд. Ба ҳамин сабаб, Аҳмади Дониш пешниҳод карда, ки он назарияҳое — ки дар сохт ва тартиботи давлатии бархе аз танзимоти давлатҳои Урупо ва Русия вуҷуд дорад — ҷорӣ шавад.

Яке аз пешниҳодҳои муҳимми Дониш дар ин боб, ба тарзи порлумонҳои урупоӣ таъсиси Маҷлиси Шӯрои Бухоро дар ҳузури Амир буд. Аҳмади Дониш таклиф кард, ки дар ин маҷлис намояндагони гуногуни ҷамъият ҳузур дошта бошанд ва дар иҷрои корҳои давлатӣ раъй ва андешаи худро изҳор доранд. Кори давлат ва мамлакат ба тарзи куллӣ дар ҳамин шӯро анҷом мегирад ва пас аз муҳокима ва баррасӣ бояд аз тарафи Амир тасдиқ шавад. Ин таклифи Дониш то андозае маҳдуд намудани ҳукмронии мутлақ буд.

Таклифи дуввуми Дониш дар маъмурияти ҳукумат, ташкили вазоратхонаҳо буд. Ин таклиф ҳам ба ҳадди кофӣ ҳуқуқи Амирро маҳдуд мекард, зеро бино бар пешниҳодҳои Дониш, корҳои давлат ва мамлакат набояд танҳо аз сӯйи як шахс (яъне Амир), балки бояд аз тарафи ашхоси масъули маъмур анҷом дода шавад ва бад-ин сабаб, мехост дар давлат тартибе мустаҳкам ҷорӣ шавад ва назорат бар иҷрои корҳо мумкин гардад.

Аҳмади Дониш бар пояи ислоҳи сохти давлатӣ ва иҷтимоии ҷамъият, нисбат ба тағйири усули мактаб (мадраса) ва маориф диққати ҷиддӣ нишон дода ва ташкили мактабҳои тозаеро, ки дар он таҳсили фунун ва улум барои иҷтимоъ зарурӣ ҳастанд, пешниҳод мекунад ва аз усули таҳсил ва тадриси мадрасаҳои Бухоро сахт интиқод мекунад. Ҳамчунин ҳамзамононашро ба омӯхтани забоҳои гуногун ва бавижа забони русӣ тарғиб мекунад.

Инҳо пешниҳодҳои Дониш буд, ки асоси феодалии ҳукумати Бухоро ва низ ҳокимияти мутлақаи Амирро бо хатар мувоҷеҳ месохт. Бинобар ин, на танҳо пешниҳодҳои Донишро напазируфт, балки ақоиди вайро хилофи амният ва ҳокимияти худ дониста, ӯро пас аз бозгаштан аз сафари севвуми Петерзбург (авохири соли 1873) ба унвони мушовири қозӣ ба ноҳияҳои дурдасти Бухоро фиристод. Ба ҳамин тартиб Дониш аз авохири даҳаи ҳафтод то шаш сол дар ду се шаҳр ба унвони расмӣ дар симати мушовири қозӣ хидмат мекард.

Пас аз он ки аз корҳои давлатӣ ва хидмати дарбор фориғ шуд, тамоми қувват ва вақти худро сарфи корҳои илмӣ ва ибтикорӣ намуд. Вай дар муддати 15 сол аз соли 1875 “Наводирул-вақойеъ”-ро навишта ва ба охир расонид.

Дар соли 1885 пас аз вафоти Амир Музаффар, писараш Амир Абдулаҳад вайро ба китобдории яке аз мадрасаҳои Бухоро гумошт, аммо ин баҳо лутф ва марҳамати риёкорона буд. Дар асл Амир Абдулаҳад як назорати пинҳонӣ барои Дониш муқаррар карда буд. Ӯ дар Бухоро фаъолиятҳои илмӣ ва адабии худро давом дод ва “Наводирул-вақойеъ”-ро дар нусхаҳои гуногун менавишт ва дар миёни ҳаводорони худ пахш мекард.

“Наводирул-вақойеъ” дар бедории фикрии бисёре аз мухолифони ҳукумат таъсири басазое дошт. Бинобар ин, уламои расмӣ ва табақаи ҳукмрони замони Амир ва аҳли дарбор “Наводирул-вақойеъ”-ро ҳамчун як асари зиёновар барои асоси дин ва шариат ва ҳукумат муаррифӣ карданд ва муаллифи онро ба бединӣ, куфр, илҳод ва коҳинӣ муттаҳам карданд. Барои он ки мавқеияти Донишро ҳар чӣ бештар дар миёни равшанфикрон паст кунанд, уламои дин ӯро дар надонистани ислом ва ақоиди он маломат мекарданд.

Дониш дар посух ба душманони нерӯманди худ асаре бо номи “Меъёрут-тадайюн” таълиф намуд, ки дар он ба таҳлили аҳком ва хостаҳои дини ислом аз назари масоили ҳаётӣ пардохт ва бо шеваи худ ба рақибони худ собит кард, ки дар таҳрир ва таҳқиқи масоили дин ва нуктаҳои шариат аз уламои замонаш чандмартаба болотар аст. Ӯ бо далел ва бурҳони қатъӣ нишон дод, ки ҷудо кардани аҳкоми дин аз зарурёти зиндагӣ мумкин нест, балки бояд онҳоро бо таҷрибаи ҳаёт санҷид ва дар бораашон пажӯҳиш кард.

Аҳмади Дониш дар ин солҳо чанд рисола дар илми нуҷум ва ҳайъат таълиф намуд ва нақшае аз шаҳри Бухоро низ ироа дод ва тамоми диққат ва таҳқиқи ӯ ба эҳтиёҷ ва ҷараёни рӯйдодҳои иҷтимоии давра мутаваҷҷеҳ шуда буд. Дониш кам-кам ба ин натиҷа расид, ки вазъияти мамлакат ва идораи давлати ҳукумати Бухоро бо ҷорӣ намудани ислоҳоти ҷузъӣ сару сомон намеёбад, балки сохти ҳукумати Бухоро танҳо ба воситаи барҳам задани асоси он имконпазир аст.

Дониш афкор ва ақоиди худро дар рисолае, ки дар вопасин солҳои ҳаёти худ таълиф кард, ба таври равшан ва муфассал баён намуд. Ин рисола, ки худи муаллиф унвоне барои он зикр накардааст, бештар бо номи “Шарти рисолаи торихӣ” машҳур шудааст.

Дониш дар он рисола ба таҳлил ва пажӯҳиш дар торихи ҳукмронии силсилаи Манғития пардохтааст. Давраи ҳукмронии Амир Музаффар дар ин рисола бо тафсил ва бо нақди ниҳоят тунд ва ҳаҷвнигоронае тасвир шудааст ва бештар рӯйдодҳоеро баррасӣ карда, ки бар бебунёдӣ ва буустувории ҳокимияти амирони Бухоро далолат доранд.

Дониш барои бознамоии равшантар ва муассиртари рӯйдодҳои торихӣ, бисёре аз вақойеъ ва лаҳзаҳои муҳимро аз зиндагӣ ва аз ҳаёти рӯзмарраи оммаи мардум ҳикоят мекунад ва дар поён ба иҷмол меоварад: ин давлати амирон, ки бо зулм асос ёфтааст сарнагун мешавад ва ҳуҷум бурдан ба тахти салтанати зулм ва баҳам задани поя ва асоси он лозим аст. Ҳамчунин навиштааст:

“Дар оянда касоне, ки зиндаанд хоҳанд дид, ки саркардагон охир сари худро ба дор хоҳанд супурд ва амирон ва волиён ҳамчунон бенасиб ба хусрони абадӣ гирифтор хоҳанд шуд… Давоми салтанат низ дар Мовароуннаҳр ба дасти ин тоифа пойдор намонад… Ва ин фармонфармоён, ки ҳоло мо ҳазрати Амир ва ҷаноби вазир мехонемашон… ба далели аҳкоми шаръия ҳар соат чандмартаба аслашон зоҳир мегардад ва касеро ҳам инқиёди ҳукми эшон лозим нест.”

Дар шароити нимаи дуввуми садаи 19-ум ин сухан ва даъвати Аҳмади Дониш ғояти ҷасорат буд. Мутаассифона ин рисола нотамом монда ва худи муаллиф ҳам онро ба таври махфӣ иншо кардааст ба тавре, ки дар замони зиндагӣ ва пас аз вафоти вай ҳам то муддатҳо аз назарҳо пӯшида ва номаълум монд.

Афкори маорифпарварии Дониш се вижагии барҷаста дорад:

  1. Нахуст ин ки аз сохти давлатӣ ва ҷамъиятии замонаш сахт интиқод карда ва намояндагони табақаи ҳукмрон ва ҳомиёни онҳоро мазаммат ва маҳкум намудааст;
  2. Дуввум он ки омӯзиши илмҳои дақиқ ва дунявӣ ва низ забон ва маданияти русӣ ва аз худ намудани таҷрибаҳо ва тараққиёти мамлакатҳои пешқадами Урупоро тарғиб ва усули таҳсили мадрасаро сахт мавриди интиқод қарор додааст;
  3. Севвум он ки аз манофеи оммаи меҳнаткаш ва ситамдида ҳимоят кардааст.

Ақоиди маорифпарвари Аҳмади Дониш барои тараққиёти афкори пешгоми сиёсӣ ва иҷтимоии халқи тоҷик дар нимаи дуввуми садаи 19 ва ибтидои садаи 20-ум аҳаммияти зиёде дошт. Дониш дар масоиле монанди пайдоиши олам ва моддаи ҳаракат ва ҷараёни олами наботот ва ҳайвонот, руҳ ва нафси инсон, азалият ва абадияти олам, зоти илоҳӣ ва муносибати он ба мавҷудот афкор ва андешаҳои тозае ироа додааст. Дониш дар ҳамаи ин масоил афкори худро изҳор намудааст. Дар масъалаҳои асосии фалсафа ва табиат аз таъсири идеализм фосила гирифтааст, дар баёни бисёре масоил метавон нақши улум ва фунуни бумии Русия ва Урупои ғарбиро дар афкор ва ақоиди вай ба вузуҳ дид. Дар масоили сиёсӣ ва иҷтмоӣ, ӯ бештар ба мавқеи реалистӣ наздик буд. Вай ҳаводиси иҷтимоиро на ба тарзи муҷаррад, балки бештар дар доираи мавқеияти ҳамон аср таҳлил ва ҷамъбандӣ кардааст.

Дониш бо афкор ва осори маорифпарвари худ, бар адабиёти нимаи дуввуми садаи 19-ум таъсири басазое дошта. Ӯ на танҳо олим ва мутафаккир, балки нависанда ва суханпардозе мутабаҳҳир низ будааст. Дониш дар осори бадеии худ, майли реалистии адабиёти давраҳои пешро мубтакирона идома дода ва дар усул ва услуби бадеӣ роҳи тозае падид оварда, ки мо онро “адабиёти маорифпарварӣ” меномем. Мавқеият ва нақши донишро дар адабиёти ин давра бо тавзеҳи се нукта метавон муайян кард:

  1. Нахуст ин ки Дониш дар осори бадеии худ ҳаёти воқеии он замонро ба шеваи реалистӣ ба тасвир кашидааст, ки ин ибтидои роҳе нав дар тасвири бадеии авзоъ будааст. Ин шеваи нав бо намояҳои нави адабиёт ва афкори пешқадам, ба маорифпарварӣ сахт алоқаманд буд. Ба ҳамин иллат ин равияи тоза дар торихи адабиёти тоҷик давраи нави реализми маорифпарварӣ ба шумор меравад;
  2. Дуввум он ки Аҳмади Дониш дар услуби забони бадеӣ низ нақши мусбате боқӣ гузошт ва ба он вусъат бахшид. Ҳамчунин ба забони зиндаи мардуми тоҷик, аъам аз гуфтугӯҳо ва зарбулмасалҳои муҳовираӣ фурсати худнамоӣ дод. Ин воситаҳои нави услуб ва забон, сабке бадеъ дар адабиёти тавоно ва ғании ин кишвар ба вуҷуд овард.

Ба ҳамин наҳв бисёре рисолаҳои илмӣ ва фалсафии ӯ низ (бо сохт ва устухонбандии хосси худ) бо рисолаҳои олимони гузашта фарқ доранд. Дар ин рисолаҳо баёни ҳаводиси зиндагӣ ва андешаҳои илмӣ ва фалсафиро ба наҳви зинда ва таъсирбахш матраҳ сохта ва ба зиндагӣ наздик намудааст.

Муҳимтарин вижагии афкор ва осори бадеии Аҳмади Дониш он аст, ки барои ташаккули ҷаҳонбинӣ ва такомули равиши нави ойини шоирон ва нависандгоне чун Садруддин Айнӣ, ҳайрат, Мирзо Сироҷ ва ғайра нақши пураҳаммияте доштааст.

Садруддин Айнӣ дар китоби худ бо номи “Ёддоштҳо” навиштааст: “Ошноии ман бо “Наводирул-вақойеъ” дар ман танҳо инқилоби фикриро бедор накард, балки ба сарам савдои насрнавис шуданро ҳам андохт. Дар ҳамон вақтҳо ман орзу мекардам, ки касе насрнавис шавад ва ин мақсад ба даст ояд. Касе монанди Аҳмад Махдум бояд насрнавис шавад, ки таҷассум бахшидан ба ҳаводисро дар назари хонанда бо забоне содда метавонад ба анҷом расонад.”

Осори Устод Аҳмад Махдум ва ё рисола ва китобҳое дар бораи вай, ки дар даврони Шӯравӣ наш шуда иборатанд аз:

  1. “Порчаҳо аз Наводирул-вақойеъ”, Сталинобод, 1957;
  2. “Асарҳои мунтахаб”, Сталинобод, 1959;
  3. “Рисола ё мухтасар аз торихи салтанати хонадони Манғития”, Сталинобод, 1960;
  4. “Саёҳат аз Бухоро ба Петерзбург”, Душанбе, 1976 (русӣ);
  5. “Рисола дар назм ва тамаддун ва таъовун”, Душанбе, 1977 (бо ҳуруфи арабӣ);
  6. Носирҷон Маъсумӣ, “Забон ва услуби Аҳмади Дониш”, Душанбе, 1976 (тоҷикӣ);
  7. (Зариф) Шариф Раҷабов, “Маорифпарвар Аҳмади Дониш”, Душанбе, 1964 (тоҷикӣ);
  8. Расул Ҳодизода, “Аҳмади Дониш”, Душанбе, 1976 (тоҷикӣ);
  9. Расул Ҳодизода, “Ситорае дар тирашаб”, Душанбе, 1983 (тоҷикӣ);
  10. Е.Э. Бертелс, “Дастхаттҳои осори Аҳмади Калла”, Интишороти шӯъбаи тоҷикистонии Окодемии улуми Иттиҳоди Шӯравӣ, 1936 (русӣ);
  11. “Дар бораи рисолаҳои сиёсии Аҳмади Дониш”, Душанбе, 1977 (русӣ);
  12. Доиратул-маорифи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷилди 1, Душанбе (1988).

 

Навиштаи Расул Ҳодизода

Тоҷнек

Source: Аҳмади Дониш - Ҳакими Бухоро
Via: Аҳмади Дониш - Ҳакими Бухоро
Tags: Аҳмади Дониш - Ҳакими Бухоро
Previous Post

Аз ахлоқи Расули Худо(с) пайравӣ кунем

Next Post

Достони ҳузнангези як хонаводаи тоҷик

Related Posts

Муҳаммад
Мавзӯоти доғ

Андарзе аз Расули Акрам(с)

June 10, 2025
Қиматӣ дар шаҳри Мадина
Ниёгони гузаштаи мо

Қиматӣ дар шаҳри Мадина

June 10, 2025
Интиқоди Аҳмади Дониш аз шеваи аблаҳонаи амири Бухоро
Ниёгони гузаштаи мо

Интиқоди Аҳмади Дониш аз шеваи аблаҳонаи амири Бухоро

June 10, 2025
Ренусонси исломӣ
Ниёгони гузаштаи мо

Ренусонси исломӣ

June 10, 2025
Муҳаммад
Ниёгони гузаштаи мо

Аз ахлоқи Расули Худо(с) пайравӣ кунем

June 10, 2025
Фотима Заҳро дар ашъори Иқболи Лоҳурӣ
Ниёгони гузаштаи мо

Иқболи Лоҳурӣ ва сайри рӯшанфикрии динӣ

June 10, 2025
Next Post
Хуршеда Отахонова

Достони ҳузнангези як хонаводаи тоҷик

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Хайру саодат

Хайру саодат

June 10, 2025
Бандаи шукргузоре бошам

Бандаи шукргузоре бошам

June 10, 2025
Ҷамъоварии ҳезум

Ҷамъоварии ҳезум

June 10, 2025
Муҳаммад

Андарзе аз Расули Акрам(с)

June 10, 2025

Recent News

Хайру саодат

Хайру саодат

June 10, 2025
Бандаи шукргузоре бошам

Бандаи шукргузоре бошам

June 10, 2025
Ҷамъоварии ҳезум

Ҷамъоварии ҳезум

June 10, 2025
Муҳаммад

Андарзе аз Расули Акрам(с)

June 10, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Хайру саодат

Хайру саодат

June 10, 2025
Бандаи шукргузоре бошам

Бандаи шукргузоре бошам

June 10, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved